02 Jun 2026
Submitted by Admin
35

ибни Сино (890-1037) табиб, риёзидон, мунаҷҷим, ҷуғрофидон, шоир ва аз машҳуртарин файласуфону донишмандони тоҷик мебошад.

Ибни Сино 450 китоб дар мавзӯъҳои гуногун навиштааст, ки бештари онҳо дар мавзӯи илми тиб ва фалсафа аст. Сино нависандаи китоби “Шифо” як донишномаи илмию фалсафии мукаммал ва “Алқонун фӣ тиб” яке аз маъруфтарин асарҳо дар таърихи илми тибби ҷаҳон аст.

Абуалӣ ибни Сино дар рустои Афшана наздики Бухоро ба дунё омад ва падараш яке аз соҳибмансабони дарбори Сомониён буд. Абдуллоҳ падари ибни Сино аз мардуми Балх буд ва дар рӯзгори Нӯҳ писари Мансури Сомонӣ ба Бухоро омад.

Ибни Сино осори худро ба ду забон; арабӣ ва тоҷикӣ эҷод кардааст. Аз муҳимтарин асарҳои Сино ба забони тоҷикӣ “Донишномаи алоӣ” ва рисолаи “Рагшиносӣ” мебошад, ки ҳаким барои баёни мафҳумҳои нав даст ба вожасозӣ зада, бар ғинои забони тоҷикӣ афзудааст. Аз ҷумла, бар асоси таҳқиқоти анҷомшуда Сино танҳо дар ин ду китоби хеш 1039 истилоҳи тоза сохтааст.

Ин рубоӣ аз Абуалӣ ибни Сино аст, ки тавоноии ӯро дар соҳаи илм мунъакис мекунад:

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд гушуда шуд магар банди аҷал.

      Ибни Сино донишманд ва файласуфи барҷастаи тоҷик ба хотири баён кардани афкори пешқадамонаи хеш аз тарафи фақеҳони ҳамзамонаш ба куфргӯйӣ муттаҳам гардида, таҳти таъқиб қарор гирифт. Маҳз фишору таъқиби рӯҳониёни иртиҷоъгаро сабаб шуд, ки ин донишманди маъруф сарзамини аҷдодии худро тарк намуда, ба тарафи Эрони имрӯза муҳоҷират намояд. Шояд Абуалӣ ибни Сино ин рубоии маъруфи худро дар посух ба арбобони мутаассиби динӣ ва барои дифоъ аз хеш сурудааст:

Куфри чу мане газофу осон набувад,

Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.

Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,

Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.

 Ибни Сино танҳо ба хотири баёни андешаҳои хеш дар бораи офариниши одаму олам, ҷойгоҳи офаридгор, робитаи байни инсон ва Худо мавриди туҳмату таъқиби рӯҳониёни давр қарор гирифтааст. Ин донишманди барҷаста ба вуҷуди Худованд бовар дошт, аммо дар баъзе масъалаҳои дунявӣ андешаҳои ӯ аз афкори мутлақгароёни ҳоким фарқ мекард.

      Сино муътақид буд, ки оламу одамро Худованд халқ кардааст, аммо пас аз хилқат оламу одам бар асоси қонунҳои ақлонӣ такомул пайдо мекунанд. Фақеҳони давр ин тарзи тафаккурро инкори Худо маънидод карда, Ибни Синоро таҳти таъқиб қарор доданд. Дар назари фақеҳон ин назария ба маънии инкори Худованд арзёбӣ мешуд.

      Сипас, дар ҳудуди 60 сол пас аз фавти Ибни Сино Муҳаммад Ғаззолӣ дар китобе, ки дар нақди фалсафа навишта буд, Ибни Синоро такфир кард. Аз назари Муҳаммад Ғаззолӣ Ибни Сино дар се масъалаи фалсафӣ ба хато рафта ва андешаҳое баён кардааст, ки бо зоҳири дин созгорӣ надоштанд. Албатта, дар он замон на танҳо Ибни Сино ба куфргӯйӣ муттаҳам шуда буд, балки шайх Шаҳобиддини Суҳравардӣ, Мулло Садро ва бисёре аз файласуфони исломӣ такфир шуда, омоҷи ҳамлаҳои зоҳиргароён қарор гирифта буданд. Ин такфирҳо ва ҳамла ба донишмандон чунон сахт буд, ки баъд аз ин бо вуҷуди талошҳое, ки баъзе файласуфон, монанди Ибни Рушд анҷом доданд, аммо ҳаргиз оби рафта ба ҷӯй бознагашт ва фалсафа шукӯҳи пешинаи худро аз даст дод.

      Сабаби такфири Сино ин буд, ки Ғаззолӣ дар хидмати ҳукумати Салҷуқиён ва хилофати Аббосиён буд ва дар муқобили онҳо давлати Фотимиён дар Миср қудрат гирифта буд. Исмоилиён, ки тарафдори ҳукумати Фотимӣ буданд, бештар ба андешаҳои ақлонӣ маъруф буданд. Бинобар ин ҳар файласуфе, ки андешаҳои худро бар асоси ақлоният матраҳ мекард, ӯро ба иттиҳоми исмоилӣ будан, муттаҳам намуда, маҳкум мекарданд. Ғаззолӣ дар китоби худ бо номи “Мақосид ал-фалосифа” ба шарҳи андешаҳои файласуфон пардохтааст. Аммо имрӯз донишмандон муайян кардаанд, ки Ғаззолӣ ин китоби худро дар пайравӣ аз китоби ба забони арабӣ таълифнамудаи Ибни Сино -- “Донишномаи алоӣ” навиштааст, балки ин китоби Ғаззолиро тарҷумаи китоби мазкур донистаанд.

      Яке аз сабабҳои такфири Сино ин буд, ки зоҳиргароён бар ҳудус[1] ва пайдоиши замонии олам бовар доранд, аммо Ибни Сино ва дигар файласуфон тибқи далелҳои ақлонӣ оламро қадим[2] донистаанд. Сабаби дигари ихтилофи Муҳаммад Ғаззолӣ ва Ибни Сино дар мавзӯи илми Худованд аст. Ибни Сино муътақид буд, ки Худованд пас аз офариниши олам дар умури ҷузъии он дахолат надорад. Ғаззолӣ мефармуд, ки дар ин масъала Ибни Сино натавонистааст ба ин савол посухи дуруст пешниҳод намояд.

 Ихтилофи савуми Муҳаммад Ғаззолӣ бо Ибни Сино бар сари масъалаи маъод сар задааст. Муҳаммад Ғаззолӣ бо такя бар зоҳири ояҳои қуръонӣ муътақид буд, ки одамон дар рӯзи қиёмат бо ҳамин ҷисми худ барои саволу ҷавоб ҳозир мешаванд. Аммо Ибни Сино дар китоби “Шифо” ва дар баҳси маъод навиштааст, ки наметавонад маъоди ҷисмониро аз назари ақлонӣ собит кунад. Ибни Сино дар рисолаи “Азҳавия”, ки ба муносибати Иди Қурбон иншо кардааст, маъоди ҳақиқиро маъоди руҳонӣ донистааст. Тибқи гуфтаи Сино ба сабаби он ки оммаи мардум лаззату алами рӯҳониро дарк намекунанд, Худованд барои фаҳми онҳо маъоди рӯҳониро ба маъоди ҷисмонӣ ташбеҳ кардааст. Ибни Сино масъалаи мазкурро чунин шарҳ додааст: “[Худованд] маъоди рӯҳониро ба ваҷҳе баён кардӣ, ки авом фаҳм кунанду бидонанд ва рағбат намоянду битарсанд...аз барои он ки саодати ҳақиқӣ ва лаззоти рӯҳонӣ эшонро мафҳум нест ва дар ваҳми эшон наояд...балки маҳол шиносанд ва агарчи баъзе мардум ба забон гӯянд, ба дил эътиқод надоранд”.

Масъалаи ихтилофи Ибни Сино бо рӯҳониён ва дигар арбобони дин перомуни ақлу имон, на танҳо дар рисолаҳои илмӣ, балки дар ашъори ӯ низ ба равшанӣ инъикос ёфтааст. Сино фаҳми зоҳирӣ ва сатҳӣ аз мафҳуми таваккул ва ба умеди тақдир хомӯшу бекор нишастани инсонро сарзаниш карда, мардумро ба амалгароӣ ва кӯшишу талош кардан ташвиқ мекард:

З-он пеш, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард,

Он беҳ, ки набоядат пушаймонӣ х-вард.

Имрӯз бикун чу метавонӣ коре,

Фардо чӣ кунӣ, чун натавонӣ кард.

 Ба назари Ибни Сино маърифати нодуруст аз тақдир, таваккул ва сабру қаноат дар тинати инсон хислатҳои коҳилиро парвариш хоҳад дод. Ин бардоштҳои ғалат дар адабиёти классикӣ таърифу тавсифи меҳнат ва мазаммати бекорию беҳунариро ба вуҷуд овардааст:

Ҳамон кас, ки бигрезад аз коргард,

Аз ӯ дур шуд ному нангу набард.

Ҳама коҳилӣ мардум аз баддилист,

Ҳамовоз бо баддилӣ коҳилист.

Таносоию коҳилӣ дур кун,

Бикӯшу зи ранҷи танат сур кун.

Ки андар ҷаҳон суди беранҷ нест,

Касеро, ки коҳил бувад ганҷ нест.

Чу коҳил бувад марди барно ба кор,

Аз ӯ сер гардад дили рӯзгор. 

Маълум мешавад, ки шоирони классик ба муқобили фаҳми нодурусти таваккул ва фарқи он аз танбалӣ, коҳилӣ ва муфтхӯрӣ кӯшиш намуда, инсонро ба меҳнатдӯстӣ даъват кардаанд.

Ибни Сино илмро аз ҷон беҳтар ва сабаби пешрафти ҳаёт дониста, онро ба чароғ ва ҳикматашро ба равғани он ташбеҳ кардааст:

Тарк бинмо ҷумларо, ҷон бар ҳама маъво бувад,

Пешрафту беҳтарӣ ҷонро яқин бо илмҳост.

Ҷон мисоли шиша асту илм монанди чароғ,

Ҳикмати инсониро равған ҳисобидан равост.

Дар ҳақиқат зинда ҳастӣ дар дами рахшиданаш,

Гар шавад торик он лаҳза ҳаёташ дар фаност.

Дар адабиёти классик дар аксар маврид май мавзӯи мунозираи шоирону рӯҳониён қарор гирифта, дар бораи ҳарому ҳалол, ҳақ ё ноҳақ будани он баҳс рафтааст. Шоирон бо такя ба зарбулмасали “Сухани ҳақ талх аст” аз санъати суханбозӣ ва мантиқи калом (ҳақ талх, май талх, пас май ҳақ аст) истифода карда, дар муқобили мардумозорию риё, майро ҳалол донистаанд. Ба гуфтаи Ибни Сино май бо ҳукми шариат барои ҷоҳилон (афроде, ки аз ҳад берун менӯшанд ва даст ба авбошию бадкирдорӣ мезананд) ҳаром аст, вале бо иҷозати ақл барои одамони доно ҳалол мебошад:

Ба таъм талх чу панди падар валек муфид,

Ба назди мубтил ботил, ба назди доно ҳақ.

Ҳалол гашта ба фатвои ақл бар доно,

Ҳаром гашта ба аҳкоми шаръ бар аҳмақ.

Ҳалол бар уқалову ҳаром бар ҷуҳҳол,

Ки май маҳак бувад, хайру шарр аз ӯ муштақ.

Май аз ҷаҳолати ҷуҳҳол шуд ба шаҳр ҳаром,

Чу маҳ, ки аз сабаби мункирони дин шуд шақ.

Май нӯшидану ишқи некӯвон варзидан ба фиребгарӣ ва дурӯягии руҳониён зид гузошта шудааст. Шоирони озодихоҳ бо ин восита фиребу найрангбозии рӯҳониёнро фош мекарданд. Май дар адабиёти риндӣ дар баробари мардумозорӣ, ришвахорӣ ва зулми ҳокимону арбобони дин муқобил гузошта шудааст.

Дар адабиёти классикӣ ба ғайр аз май, ки моҳият ва маъонии хосе дорад, “ишқ” ҳам мақоми муҳимме ишғол кардааст. Ин категория низ бар зидди бардоштҳои нодуруст аз маъно ва мафҳуми ишқи ҳақиқӣ ба кор бурда шудааст. Ин даста аз шоирон воизони даврро ба хотири шарҳу тафсири нодурусти мафҳуми ишқ ва ё ишқи илоҳӣ, ки мардумро ба дунёбезорӣ ва тарки неъматҳои дунявӣ мерасонид, мавриди танқиду мазаммат қарор медоданд.

Мавзӯи дигари доғ дар ҷомеаи асримиёнагӣ бархӯрди ношоистаи рӯҳониёни ҷаҳолатпараст бо аҳли илму дониш буд. Онҳо дар ҳаққи донишмандони ҳақиқӣ туҳмату буҳтон баста ба фоидаи идораҳои динию давлатӣ ҷосусӣ мекарданд ва беҳтарин фарзандони халқу ватанро қурбон менамуданд. Ибни Сино дар яке аз қитъаҳои арабиаш аз ҳасадхӯрӣ, таҳқир, сарзанишҳои ноҳақ, айби худро ба каси дигар ҳавола кардан ва дигар хулқу атвори нопоки баъзе арбобони дин шикоят карда, дар айни ҳол мегӯяд, ки агар роҳи кас яқин, яъне дуруст бошад, ӯ бояд аз ин туҳматҳо натарсад:

Чӣ қавме, ки ҳосид ба фазли мананд,

Зи ғайбат бихоҳанд азоби маро.

Камолу фану ҳикматам сарзаниш,

Намоянд аз нуқси худ ҳар куҷо.

Чу бузҳои ваҳшӣ ба кӯҳи баланд,

Зада шох ҷӯянд таҳқири мо.

Вале бар ҷавон то яқин шуд роҳ,

Натарсад зи гуфтори нофаҳмҳо.

Дар шеъри дигараш Ибни Сино рӯҳониёни туҳматчиро ба сагҳои аввос ва худро ба шери нотарс монанд кардааст:

Ба дилҳо ваҳм агар аз ман намебудӣ, намегуфтанд,

Сухан аз бахшиши айбам, намекарданд таҳқирам.

Зи тарси шери ғуррон чоҳ кованду зананд ав-ав,

Гирифт овози он сагҳо, валекин ман ҳамон шерам.

Пагоҳӣ ҷаста аз ҷо каҷ назар созанд сӯи ман,

Зи бас бедораму шабҳо зи меҳнат дил намегирам.

Агар чашми адолат будӣ дар ҷои адоват, пас,

Намедидӣ қабеҳ он корҳои нағзтаъсирам.

Масъалаи инкори ақлу дониш аз сӯи баъзе намояндагони динӣ дар асрҳои миёна дар меҳвари эҷодиёти шоирону донишмандони озодипарасти давр қарор дошт. Рӯҳониёни манфиатҷӯ ба баҳонаи ҷудо кардани дин аз илм ба донишмандон ҳамла мекарданд. Муборизаи шоирони озодихоҳу донишманд алайҳи асли дин набуд, балки мазмуни ғоявии ин шоирони халқпарвар нафрат ба намояндагони табақаи ҳоким ва арбобони диние буд, ки бо зулму заҷр ҳамаи неъматҳои моддии ҷамъиятро мисли баҳр барои худ ҷамъ намуда, аксарияти халқро аз он маҳрум мекарданд.

Донишмандону озодихоҳон аз чунин вазъият ба сутӯҳ омада, ҳақиқатро ошкор мекарданд, то мардуми омиро аз вартаи ғуломӣ наҷот диҳанд. Табиатан, ин ҳаракати мардуми оқил хашми давлатмардон ва арбобони диниро бармеангехт ва ба хотири ҳифзи манфиатҳои хеш, онҳоро бо туҳматҳои нораво, бахусус ба баддинӣ туҳмат зада, онҳоро аз майдон берун мекарданд.

      Ибни Сино танҳо шоир набуд, балки донишманду табиби тавоно ва ҳакими ҳамагуна дарду даво буд. Ба иловаи ин, Сино дар фалсафа, мантиқ, илми мусиқӣ ва забони арабӣ низ нодираи даврони хеш буд. Сино тавоноии ақлонии худро дар як рубоӣ чунин тавсиф кардааст:

Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,

Як мӯй надонист, вале мӯй шикофт.

Андар дили ман ҳазор хуршед битофт,

Охир ба камоли заррае роҳ наёфт.

“Андар дили ман ҳазор хуршед битофт” ишораи Сино ба доноию тавоноии хеш дар улуми гуногун будааст. Бинобар ин, Ҷорҷ Сартр дар китоби “Таърихи илм”-и хеш аз Сино ба унвони яке аз бузургтарин андешамандон ва донишмандони соҳаи тиб ном бурдааст. Ӯ ҳамчунин Синоро машҳуртарин донишманди эронзамин медонад, ки яке аз маъруфтаринҳо дар ҳамаи замонҳову маконҳо ва нажодҳо аст.

Аз Ибни Сино ҳамчун бузургтарин мантиқдони асрҳои миёна ва яке аз чеҳраҳои давронсози таърихи илми мантиқ ном бурдаанд. Зиё Муваҳҳид, донишманди эронӣ дар бораи хидматҳои Ибни Сино дар илми мантиқ гуфтааст: “Шояд ҳеч файласуфе ба андозаи Ибни Сино ба аҳамияти мантиқ ва зарурати ёд гирифтани он иноят надоштааст”. Ӯ дар бораи илми мантиқ беш аз 20 китобу рисолаи мустақил эҷод кардааст. Аз ҷумла, панҷ ҷилд аз даҳ ҷилди доират-ул-маорифи “Шифо”-и ӯ ба мантиқ ихтисос ёфтааст. Мантиқдонони маъруфи ҷаҳонӣ сабаби ҳассосияти Синоро ба мантиқ бархоста аз алоқаи шадиди ӯ ба забон дарёфтаанд. Ишқи ӯ ба забон ва кӯшишҳояш барои равнақ бахшидани он, дар байни мардум афсонаҳое паҳн кардааст.

Унсури дигари фалсафаи табии Ибни Сино хидмати ӯ ба мантиқ ва истифодаи мантиқ дар илми риёзӣ будааст. Сино пас аз таҳлили равиши қиёсии Арасту бори нахуст иҷозат дод, ки сабабҳои табиӣ ҳам дар қиёс мавриди истифода қарор гиранд. Яке аз бузургтарин хидматҳои Ибни Сино исботи ин идея буд, ки барои кашфи ҳақиқат на аз як равиш, балки аз равишҳои гуногун, монанди озмоишҳои таҷрибавӣ, қиёсу истидлол ва шуҳуди ақлонӣ барои дарёфти дониш бояд истифода шавад. Акнун дар илми муосир, ки аз методҳои гуногун барои исботи назарияҳои хеш истифода мекунад, ин идеяи Сино аз аҳаммияти калоне бархӯрдор аст. Аз тарафи дигар, фалсафаи Ибни Сино бар асоси ҷаҳонбинии табии шакл гирифтааст. Бо вуҷуди он ки Сино мисли Насируддини Тусӣ як риёзидони ҳирфаӣ набуд, вале ба фалсафаи риёзиёт хидмати калоне кардааст. Ӯ бо таҳқиқи робитаи байни мантиқи сурӣ ва мантиқи риёзӣ дар заминаи пайдоиши фалсафаи риёзиёт ҳамчун шохае аз фалсафаи илм нақши муҳим бозидааст. Ҷанбаҳои гуногуни фалсафаи табии ва риёзии Ибни Сино дар китоби машҳури ӯ “Шифо” ба чашм мехӯрад.

Ибни Сино дар баробари фаъолиятҳои илмии хеш ҳамчунин барои тарбияту табобати аҳли башар хидмати калон кардааст. Хидмати ӯ ба илми тиб, дорушиносӣ ва мавзӯи вобаста ба онҳо зиёд аст. Сино бо омезиши фалсафаи тиби юнонӣ, ҳиндӣ, эронӣ ва табибони қабл аз ислом дар боби табобат равишҳои тоза пайдо намудааст. Вай барои дармони беморӣ аз ҳеч равиши муфид худдорӣ намекард. Ибни Сино аз аввалин ҳакимонест, ки дар бораи таъсири мутақобили режими хӯрокхӯрӣ ва истеъмоли доруҳо ва қоидаи истифодаи онҳо дастуруламали мушаххас пешниҳод кардааст. Ӯ дар замони хеш таблиғгари густариши огоҳию ақлоният дар миёни оммаи мардум будааст. Аз суханони гуҳарбори Сино аст, ки гуфтааст: “Агар барои як хато ҳазор далел биёваред, дар ҳақиқат ҳазору як хато аз шумо сар задааст”. Ин фарзия худ далели гароиши мудовими ӯ ба ақлоният ва мантиқ мебошад.

Ибни Сино якравиро нишонаи таассуб ва хомии одам медонист. Аз ин рӯ фармудааст, ки “Таассуб дар донишу фалсафа монанди ҳар таассуби дигар нишонаи хомӣ ва бемоягист ва ҳамеша ба зиёни ҳақиқат тамом мешавад”.

Ибни Сино дар илми тиб ҳам хидмати беназире барои тамоми башарият анҷом додааст. Илмҳои тиббу мантиқ илмҳои таҷрибавӣ ҳастанд ва равнақу пешрафти онҳо ба инкишофи илм вобастагӣ дорад. Ибни Сино ташкили ҷомеаи солимро ба вуҷуди ҷисми солим вобаста медонист. Алоқаи ӯ ба илми тиб ҳам аз ҳамин ҷо сар задааст. Ибни Сино фармудааст, ки “ҳеч чиз бар саломатии инсон бештар аз он садама намезанад, ки хӯрок бар рӯи хӯрок тановул намояд”. Бинобар ин ӯ мардумро ба варзиш ва анҷоми ҳаракатҳои ҷисмонӣ ташвиқ мекард. Ибни Сино ҳаракатро беҳтарин равиши дармон медонистааст. Ба ин гуфтаҳои ҳакимонаи ӯ диққат кунед, ки фармуда: “Касе ки ба тамринҳои баданӣ мепардозад ба ҳеч дорӯе ниёз надорад, дармони ӯ дар ҷунбиш ва ҳаракат аст”. Тибби муосир ҳам имрӯз ба ҳамин натиҷа расида ва ташвиқи варзиши баданӣ ба яке аз усулҳои табобатӣ табдил шудааст. Мисолҳои боло возеҳу равшан менамоянд, ки Ибни Сино як донишманди дунявӣ буда, дар фаъолиятҳои рӯзмарраи хеш ҳамеша аз ақлу мантиқ ва фалсафа истифода мекардааст. Агар ҷомеаи суннатии асримиёнагӣ мантиқи Ибни Синоро хуб дарк мекард, шояд аз вазъияти кунунии хеш асрҳо пеш мерафт. Мутаассифона, таассуб, ифрот ва хурофоти ҳоким дар он давра иҷозат намедод, ки андешаҳои пешқадами фарзандони фарзонаи миллат ба гӯши ҳамагон бирасад ва дар ҷомеа татбиқ гардад. Ибни Сино дар пандҳои ҳакимонаи хеш ба равшанӣ мегӯяд, ки “Ҳар ки дунё хоҳад дониш омӯзад ва ҳар ки охират хоҳад дар амал кӯшад”.

Ба иловаи илмҳои номбурда, хидмати Ибни Сино дар рушди илми кимиё, коншиносӣ ва маъданшиносӣ ва таркиби оҳан ҳам чашмрас мебошад. Ин донишманди тавоно бо таҳлили сохтори як шаҳобсанг, ба ташкили сахраҳои русубӣ ва нақши заминларза дар пайдоиши кӯҳҳо андешаҳои ҷолибе баён кардааст. Имрӯза кишварҳои шарқӣ башиддат ниёзманди рушди фалсафаи табии худ ҳастанд ва дар ин замина метавонанд ба назарияҳои фалсафаи илми Ибни Сино такя намоянд. Пас аз гузашти ҳазор сол ҳанӯз Ибни Сино чизҳои бисёре дорад, ки ворисонаш бояд биёмӯзанд.

Аз назари Ибни Сино арбобони дин дар он замон на барои омӯзиши илму дониш талош мекарданд ва на ба он чи ки мегуфтанду бовар доштанд, амал менамуданд. Дурӯғу беамалии рӯҳониёни иртиҷогаро дар ҳар давру замон монеи пешрафту тараққии ҷомеа шудааст.

 

 

Беҳрӯзи Забеҳулло

 


[1] Ҳудус-истилоҳи фалсафӣ ба маънои пайдоиш, падид омадан ва эҷод шудани олам.

[2] Қадим ё қидам истилоҳи фалсафӣ ба маънои ҷовидонагӣ, деринагии олам, мухолифи ҳудус.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО