Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
14 Jul 2026
Submitted by Admin
76

Сиёсати оқилонаву дурандешонаи давлатдории хонадони Сомониён (875-999), бахусус дар роҳи арҷ ниҳодан ба таърихи гузашта, ифтихор аз асолат, худшиносию худогоҳии қавмиятӣ, гиромидошти забони модарӣ ва фарҳанги миллӣ барои ба майдон омадани як силсила бузургони оламшумули забону адаб ва илму фарҳанги мо шароити мусоид ва заминаи созгор фароҳам овард. Дар байни ҳамаи он шахсиятҳо ва истеъдодҳои камназир, ки бар асари ин сиёсат зуҳуру таҷаллӣ ёфта, эътибору эътирофи ҷаҳонӣ пайдо намудаанд, ду донишманди бузурги миллии мо барои ҳамаи замонҳо – шайхурраис Абуалии Сино (980-1037) ва устозурраис Абурайҳонӣ Берунӣ (973-1048) мақоми хос доранд.

Зикри ин нукта ҳам муҳим аст, ки ин ду донишманди ҳамадон аз соли 1004 то 1012, яъне тақрибан ҳашт сол дар “Маҷлиси уламо” ё “Фарҳангистони Маъмун”-и Хоразм фаъолияти муштараки илмӣ анҷом додаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки Абуалии Сино зодаву парвардаи деҳаи Афшанаи Бухоро – пойтахти давлати Сомониён аст. Айёми кӯдакӣ ва донишомӯзияш ба рӯзгори шукӯҳи илми тиб дар қаламрави давлати Сомониён рост омадааст. Дар ин рӯзгор осори тиббии донишманди маъруф Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865-925), бахусус китоби «Ал-Мансурӣ фи-т-тиб» ё «Ал-Куннош-ул-Мансурӣ»-и ӯ, ки ба номи яке аз асилзодагони сомонӣ – Мансур ибни Исҳоқ ба забони арабӣ таълиф шуда буд, эътибори фаровон дошт. Ҳамчунин дар ин давра осори зиёд дар илми тиб, аз ҷумла “Ҳидоят-ул-мутааллимин фи-т-тиб”-и Аҳмади Ахавайнии Бухороӣ [12], “Китоб-ул-абния ан ил-ҳақоиқ-ил-адвия”-и Муваффақуддини Ҳиравӣ [5] ба забони модарии мо таълиф гардид.

Гузашта аз ин, дар ҳамин рӯзгор забони модарии мо дар намунаи «Донишнома»-и Майсарӣ (таълифаш тақрибан дар соли 980) [25] дар илми тиб ба пояи баёни шеърӣ расид. Шояд ҳамаи ин заминаҳои созгор барои ташаккули шахсияти илмӣ ва тадриҷан ба пояи донишманди ҷаҳонӣ дар илми тиб расидани Абуалии Сино имкони мусоид фароҳам овард.

Гуфтаанд, ки Абуалии Сино дар шонздаҳсолагӣ пизишки маъруф буд. Дар ҷавонӣ ба дарбори Сомониён ҷалб шуданаш ҳам гувоҳи он аст, ки истеъдоди ӯ аз назари бузургони ин хонадони некном пинҳон набуд ва Сомониён дар ташаккули шахсияти ҷаҳонии ӯ саҳми назаррас доранд. Вале таназзул ва баъдан фурӯпошии давлати ин хонадон барои оворагию саргардонии Абуалии Сино ва оқибат дар Ҳамадон вафот кардани ӯ сабаб шуд. Абуалии Сино руҳияи баланди қавмию ватанхоҳӣ дошт ва ба ҳеч ваҷҳ пеши Султон Маҳмуд, ки теша ба решаи давлати Сомониёну Хоразмшоҳиён зад, сари таслим фуруд наовард ва орзуи Султон Маҳмудро, ки мехост Абуалии Сино аҳли дарбораш бошад, ба таври ҳамеша ба бод дод.

Муҳаққиқон миқдори осори илмии таълифкардаи Абуалии Синоро бештар аз 240, аз ҷумла 33 асар ба забони модарияш эҳтимол додаанд. Асарҳои то ба замони мо боқимондаи ӯ «Китоб-уш-шифо», «Ал-қонун фи-т-тиб», «Ишорот ва танбеҳот», «Донишномаи Алоӣ» аҳаммияти бузурги илмӣ доранд.

Муҳаббати Абуалии Сино ба забони модарӣ ва ба ин забон шеър сурудану асар навиштанаш ҳам аз тарбияти кӯдакию хонаводагияш маншаъ мегирад. Аз сурудаҳои ӯ ба забони модарӣ то замони мо ҳамагӣ шасту панҷ байт, аз ҷумла рубоии зер ёдгор мондааст:

Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Се асари боқимондаи ӯ ба забони модарӣ – «Донишномаи Алоӣ», «Меъроҷнома» ва «Рисола дар набз» аз маҳорату устодии камназири ӯ дар ин забон гувоҳӣ медиҳанд.

Бузургтарин хидмати Абуалии Сино дар амри ташаккули забони модарии мо дар илм таълифи «Донишномаи Алоӣ» мебошад. Ин асарро Абуалии Сино, чунонки дар муқаддимаи худи асар таъкид шудааст, бо дархости ҳокими Исфаҳон – Алоуддавлаи Кокавайҳ навишта, ба ин хотир «Донишномаи Алоӣ» ном ниҳодааст. Соли таълифи китоб мушаххас нест. Муҳаққиқон таълифи онро байни солҳои 1023-1037 эҳтимол додаанд. Худи муаллиф дар бобати таълифи «Донишномаи Алоӣ» чунин мегӯяд: «Фармони бузурги худованди мо малики одил муаййиди мансур Азудуддин Алоуддавла... омад ба мани банда ва ходими даргоҳи вай, ...ки мар ходимони маҷлиси вайро китобе тасниф кунам ба порсии дарӣ, ки андар вай аслҳо ва нуктаҳои панҷ илм аз илмҳои ҳикмати пешинагон гирд оварам ба ғояти ихтисор...» [13, 29].

Дар идомаи ҳамин матлаб Абуалии Сино ин панҷ илмро аз 1) мантиқ, 2) табииёт, 3) ҳайат (нуҷум), 4) мусиқӣ ва 5) илми фавқуттабиа («он чи берун аз табиат аст» [13, 29]) иборат донистааст.

«Донишномаи Алоӣ» дар асл аз қисматҳои мухталиф - мантиқ, илоҳиёт, табииёт ва риёзиёт (ҳандаса, ҳайат, арисмотиқӣ, мусиқӣ) иборат будааст. Вале ба қавли шогирди ӯ Абуубайди Ҷузҷонӣ қисмати риёзиёти китоб зуд аз байн рафтааст ва Ҷузҷонӣ ин қисматро аз осори дигари Абуалии Сино, бахусус «Китоб-уш-шифо» гирд оварда, ба ин асар ҳамроҳ кардааст.

Дар ин асар масъалаҳои гуногуни фалсафаи асрҳои миёна, аз ҷумла лафз, қазия, қиёс, бурҳон, ҷавҳар, араз, кайфият, каммият, ҳастӣ, ҳақиқат, модда, сурат, сабаб, мусаббиб, воҷибулвуҷуд, мумкинулвуҷуд, макон, замон, нафси наботӣ, нафси ҳайвонӣ ва ғ. баррасӣ гардидааст.

Дар бораи вожагону истилоҳоти ин китоб Муҳаммади Муин дар мақолаи «Луғоти форсии Ибни Сино ва таъсири онҳо дар адабиёт» [19], В.А.Лившитс ва Л.П.Смирнова дар мақолаи «Забони «Донишнома» ва нақши Ибни Сино дар инкишофи истилоҳоти илмии форсии тоҷикӣ» [17], А.Байзоев дар рисолаи «Забони «Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино» (истилоҳот ва калимасозӣ) [7], М. Диноршоев, С. Сулаймонов [22] дар силсилаи таҳқиқоти худ ва М. Қосимова [16] андешаҳои ҷолиб баён кардаанд.

Ба андешаи Муҳаммади Муин луғоту таркиботе чун: истодагӣ ба худи худ, истода ба худ, ба хештан истодан, баҳрапазириш, бегусастагӣ, пайвандпазир, таркибпазир, ҷунбишпазир, ҷунбишдор, ҷунбиши рост, ҷунбиши гирд, писаргар, ҷиҳатгар, хонагар, дучандонӣ, илми зерин, илми барин, илми фарҳанг, куҷоӣ, кадомӣ, кайӣ, монандагӣ ҷустан, моягӣ, маъшуқмонӣ, ҳастидеҳ ва ғ. нахустин бор дар осори Ибни Сино омада, дар китоби муаллифони пеш аз ӯ дида намешавад [19, 10].

Абуалии Сино дар «Донишномаи Алоӣ» кӯшиш ба харҷ додааст, ки дар баробари истилоҳоти илмии арабии маъмули он замон муодили форсии тоҷикӣ гузорад ва барои он, ки хонанда аз асли матлаб хуб огоҳ шавад, истилоҳи форсии тоҷикиро бештар ба сифати истилоҳи асосӣ оварда, аз истилоҳи арабӣ чун истилоҳи фаръӣ ёд мекунад: «донистан ду гуна аст: яке андаррасидан, ки ба тозӣ тасаввур хонанд... ва дувум гаравидан... ва инро ба тозӣ тасдиқ хонанд» [13, 29], «ва ба тозӣ номро исм хонанд ва мар кунишро наҳвиён феъл хонанд ва мантиқиён калима хонанд» [13, 34], «...яке куҷоӣ, ки ба тозӣ айна хонанд ва яке кайӣ, ки ба тозӣ мато хонанд ва яке ниҳод, ки ба тозӣ вазъ хонанд ва яке дошт, ки ба тозӣ милк хонанд ва яке куниш, ки ба тозӣ аняфъал ва яке бикунидан, ки ба тозӣ анянфаъил хонанд» [13, 65], «чандӣ хонанд ва ба тозӣ каммият… чигунагӣ хонанд ва ба тозӣ кайфият» [13, 65], «каммият ду гуна аст: яке пайваста, ки ба тозияш муттасил хонанд ва яке гусаста, ки ба тозӣ мунфасил хонанд» [13, 65], «қуввати ғизодеҳ, ки ғозия хонанд… қуввати болишдеҳ, ки мунмия хонанд… қуввати зоишдеҳ, ки муваллида хонанд», [13, 125] «қуввати ёддошт, ки ҳофиза ва зокира хонанд» [13, 128] ва ғ.

Дигар асари илмии боқимондаи Абуалии Сино ба забони модарии мо «Рагшиносӣ» ё «Рисола дар набз» аст. Ин рисолаи ҳаҷман хурд ягона асари тиббии боқимондаи шайхурраис Абуалии Синост, ки ба забони модарии муаллиф – забони форсии тоҷикӣ таълиф шудааст. Ин рисола ҳам мисли «Донишномаи Алоӣ» бо хоҳиши ҳокими Исфаҳон Алоуддавлаи Кокавайҳ (1007-1041), ки Абуалии Сино муддате дар ҳалқаи дарбориёни ӯ даромада буд, тасниф шудааст. Дар ташвиқи таълифи рисола муаллиф аз Абуҷаъфари Ҳусом ном марди фозил низ ёд мекунад, ки ба забони модарии мо муҳаббати беандоза доштааст.

Абуалии Сино сабаби таълифи «Рагшиносӣ ё Рисола дар набз»-ро чунин шарҳ медиҳад: «… фармони худованд, малики одил… Азудиддин Алоуддавла ва… Абуҷаъфари Ҳусом… ба ман омад, ки андар боби дониши раг китобе бикун ҷомеъ, ки ҳама аслҳо андар вай бувад ба тафсил. Пас, фармонро пеш гирифтам ва ба андозаи донишу тоқати хеш ин китобро тасниф кардам ба забони порсӣ, чунон ки фармон буд…» [14, 386].

Соли таълифи рисола ба таври мушаххас маълум нест. Эҳтимол ин рисола низ мисли «Донишномаи Алоӣ» дар ҳудуди солҳои 1023-1037 таълиф шудааст.

Рисола аз нуҳ фасл иборат буда, забони таълифи он ба мисли дигар осори илмии ҳамин давра содаву равон аст. Муаллиф матлабро, чунонки ба услуби таълифи осори илмӣ хос аст, кӯтоҳу муҷаз баён мекунад: «(Офаридгор - Ҳ.С) оташро гарм офарид ва аз хушкӣ баҳра дод. Ва ҳаворо тар офариду гудохта ва аз тарӣ баҳра дод. Ва хоку заминро хушк офарид ва аз сардӣ баҳра дод» [14, 386].

Зикри ин матлаб ҳам муҳим аст, ки рисолаи «Рагшиносӣ ё Рисола дар набз»-и Абуалии Сино дар ин мавзуъ нахустин рисолаи илмӣ ба забони модарии мо нест. Маълумоти нисбатан муфассал дар бораи набз дар ганҷинаи яке аз нахустин осори илмӣ ба ин забон «Ҳидоят-ул-мутааллимин фи-т-тиб» (“Раҳнамои навомӯзон дар тиб”)-и Аҳмади Ахавайнии Бухороӣ, ки дар боло ёдовар шудем, низ маҳфуз аст. Таълифи ин китоби ҷомеи тиббӣ тақрибан панҷоҳ сол пештар аз таснифи рисолаи «Рагшиносӣ» дар соли 983 иттифоқ афтодааст. Ду боби қисмати охири «Ҳидоят-ул-мутааллимин» ба мавзуи набз бахшида шудааст. Ин бобҳо «Фӣ-н-набзи ва аҷносиҳо» (Дар бораи набз ва ҷинсҳои вай) ва «Ал-қавлу фи таарруфи асбоб-ин-набз» (Сухан дар шинохтани сабабҳои набз) [12, 786; 803] ном доранд. Аз муқоисаву муқобалаи ин ду асар чунин ба мушоҳида мерасад, ки матолиби марбут ба мавзуи набз дар ҳар ду асар ба ҳамдигар бешабоҳат нестанд. Танҳо матолиб дар «Рагшиносӣ» бештар ба таври фишурда ва ҳакимона, вале дар «Ҳидоят-ул-мутааллимин» ба таври муфассал ва муншиёна баён гардидааст.

Вале бояд таъкид кард, ки истифодаи калимаву истилоҳот дар ҳар ду асар яксон нест. Муаллифи «Ҳидоят-ул-мутааллимин» дар баёни матолиби марбут ба набз аксаран аз истилоҳоти арабӣ, ки шояд дар он рӯзгор миёни мардум маълуму машҳур буданд, бештар истифода кардааст. Масалан: тул, арз, самк, тавил, ариз, шоҳиқ, қасир, заййиқ, мунхафиз, занабулфорӣ, зулқаъратайн, ғизолӣ, муншорӣ, муртаъиш ва ғ.

Вале муаллифи «Рагшиносӣ» дар баёни матлаб бештар аз истилоҳоти асили тоҷикӣ ва истилоҳоти дурага, ки аз таркибҳои тоҷикию арабӣ, арабию тоҷикӣ ё арабию арабӣ иборатанд, истифода ба амал овардааст: а) истилоҳоти асили тоҷикӣ: дил, ҷигар, мағз, устухон, раг, равон, тан, гармӣ, сардӣ, хушкӣ, тарӣ, дарозо, паҳно, боло, дониши раг, рагҳои ноҷунбанда, дурдии хун, нимхун ва ғ; б) истилоҳоти дурага, ки аз таркибҳои тоҷикию арабӣ иборат мебошанд: гусаставазн, гузаштавазн, ҷудовазн, дутабақа ва ғ.; в) истилоҳоти дурага, ки аз таркибҳои арабию тоҷикӣ сохта шудаанд: набзи дароз, набзи кӯтоҳ, набзи танг, набзи баланд, набзи хурд, набзи гарм, набзи сард, набзи пур, набзи тиҳӣ, набзи ҳамвор, набзи пешин, набзи сипасин, набзи думӯягон, набзи аррагӣ, набзи ҷуволдӯзӣ, набзи ларзанда, муътадилпаҳно, илми раг, қуввати ҷунбиш ва ғ.; г) истилоҳоте, ки аз ду калимаи арабиасл бо бандаки изофӣ (йо-и изофат) ё бидуни он сохта шудаанд: руҳи ҳайвонӣ, руҳи нафсонӣ, муътадилсуръат, муътадилқувват ва ғ.

Бартарии назарраси шеваи истилоҳгузинии Абуалии Сино дар «Рагшиносӣ» аз Аҳмади Ахавайнии Бухороӣ дар «Ҳидоят-ул-мутааллимин» он аст, ки Абуалии Сино дар баробари аксари истилоҳоти арабии ин шохаи илми тиб муодили форсии тоҷикӣ гузошта, аз истилоҳи форсии тоҷикӣ ба сифати истилоҳи асосӣ истифода менамояд. Дар чунин маврид истилоҳи арабӣ танҳо барои шарҳу тавзеҳи истилоҳи асли форсии тоҷикӣ истифода мегардад.

Баъзе истилоҳоти форсии дар ҳамин замина истифодакардаи Абуалии Сино, ба пиндори мо, сохтаи завқи худи муаллифанд ва дар осори қаблии илмӣ, аз ҷумла дар «Ҳидоят-ул-мутааллимин» ба мушоҳида намерасанд. Гумон меравад, ки баъзе аз ин истилоҳотро Абуалии Сино аз арабӣ ба забони модарии мо тарҷума кардааст, зеро соҳиби «Ҳидоят-ул-мутааллимин» танҳо шакли арабии ин истилоҳотро зикр мекунад. Масалан: гусаставазн (мутағаййир-ул-вазн), гузаштавазн (муҷовиз-ул-вазн), ҷудовазн (мубоин-ул-вазн), гусалида (мунқатеъ), андармиёнафтода (ал-воқеъ фи-л-васат), ҷуволдӯзӣ (мисаллӣ), думимушӣ (дар «Ҳидоят-ул-мутааллимин» занаб-ул-фор), дузахмӣ (дар «Ҳидоят-ул-мутааллимин»» зулқаъратайн), аррагӣ (дар «Ҳидоят-ул-мутааллимин» муншорӣ), мурчагӣ (дар «Ҳидоят-ул-мутааллимин» намлӣ), оҳуӣ (дар «Ҳидоят-ул-мутааллимин» ғизолӣ) ва ғ.

Аз баррасии мухтасари забони «Донишномаи Алоӣ» ва «Рагшиносӣ ё Рисола дар набз» ҳамин ҳақиқати маҳз бори дигар ошкор мешавад, ки шайхурраис Абуалии Сино на танҳо дар ривоҷу равнақ ёфтани соҳаҳои мухталифи илм, аз ҷумла илми тиб дар саросари ҷаҳон саҳми арзанда гузоштааст, балки ӯ барҳақ яке аз бунёнгузорони забони илмии форсии тоҷикӣ низ мебошад, ки бо таълифи ин асарҳо номи худро дар таърихи ин забон бо ҳарфҳои заррин сабт кардааст.

Дигар аз бузургтарин донишмандони парвардаи давлати Сомониёну Хоразмшоҳиён Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунист.

Номи ӯро чунонки яке аз муосиронаш Абулфазли Байҳақӣ (995-1077) дар «Таърихи Байҳақӣ» ёд кардааст, маъмулан бо унвони «устод» [26, 836; 8, 703] ба забон мегиранд ва шогирдону ҳамзамононаш аз ӯ ҳамчунин ба унвонҳои «устозурраис» ва «имомурраис» [21, 13] ном бурдаанд. Дар рисолаи «ал-Мушотату ли-рисолат-ил-Фиҳрист» (Ороише ба рисолаи Феҳрист)-и Ғазанфари Табрезӣ (1232-1292), ки аз нахустин муҳаққиқони осори Берунист, ӯ ҳамчунин «имомурраис», «устозурраис», «имомушшайх» [24, 77-78], «шайхулолам» [24, 80] ва дар оғози нусхаи ягонаи «Феҳристи кутуби Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ»-и худи Берунӣ аз тарафи котиби ношинохтае «шайхи ҳакими фозили муаззам» [24, 1] ёд шудааст. Дар баъзе кутуби таъриху ҳикмату ахбор аз ӯ ҳамчунин бо унвонҳои «ҳаким» [6, 78] ва «хоҷа» [20, 49] низ ёд кардаанд. Дар таърихи забону адаб ва илму фарҳанги мо Берунӣ ягона донишмандест, ки ба ин ҳама унвонҳои баланди ифтихорӣ сазовор дониста шудааст. Унвонҳои ифтихории «устод», «устозурраис» (устодурраис), «имомурраис», «имомушшайх», «шайхулолам», «шайх», «ҳаким» ва «хоҷа» бидуни шак аз баландии мақому мартабаи ӯ дар илму фарҳангу сиёсат шаҳодат медиҳанд.

 Ғазанфари Табрезӣ (1232-1292) дар рисолаи худ дар бораи рӯзу моҳу соли таваллуди ӯ тавзеҳи мукаммал медиҳад. Хулосаи гуфтори вай ин аст, ки Берунӣ рӯзи панҷшанбеи 3 зилҳиҷҷаи соли 362 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқи меҳррӯзи (16) шаҳривармоҳи соли 442 порсиён (яздгирдӣ) ва 4 айлули соли 1242 юнониён (искандарӣ) по ба олами ҳастӣ ниҳодааст [24, 78]. Ин таърих, ки Абуисҳоқи Табрезӣ мегӯяд, ба 4 сентябри соли 973 мелодӣ мутобиқ меояд. Таърихи вафоти Берунӣ шаби 2 раҷаби соли 440 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба 11 декабри 1048 мелодӣ муқаррар гардидааст.

Берунӣ аз оғози ҷавонӣ ба хонадони Оли Ироқ, маъруф ба «хоразмшоҳиёни қадим» пайваст, ки дар Хоразм фармонраво буданд ва насаби худро ба подшоҳони Эрони бостон марбут медонистанд. Вай дар оғӯши пурмеҳри хоразмшоҳиёни Оли Ироқ ва баъдтар хоразмшоҳиёни Оли Маъмун, ки ҳама дар тобеияти Сомониён қарор доштанд ва дар парвариши илму адаб ва забону фарҳанги миллӣ аз амирони фозили ин хонадон пайравӣ мекарданд, тарбия ёфт ва ба таълифу тадвини осори илмӣ пардохт. Мегӯянд, ки Берунӣ зотан истеъдоди фавқулода ва фаҳму ҳофизаи қавӣ дошт ва ба ғайр аз забони модарии мо, инчунин забонҳои арабӣ, ибрӣ, сурёнӣ, юнонӣ, ҳиндӣ (санскрит)-ро аз бар намуда буд.

Абурайҳони Берунӣ илова бар ин, ки олими асили чанд соҳаи илм: риёзӣ, нуҷум, таърих, ҷуғрофияи риёзӣ, маъданшиносӣ, дорушиносӣ ва ғайра буд, ҳамчунин устоди забардасти забони форсии тоҷикӣ ва дар баробари Абуалии Сино аз нахустин поягузорони забони илм ба забони модарии мо ба ҳисоб меравад.

Вай аз лаҳҷаву гӯйишҳои мухталифи забони модарии мо низ хуб огоҳ буд. Шаҳодати возеҳи лаҳҷаву гӯишдонии ӯ «Китоб-ус-сайдана фи-т-тиб» аст, ки дар он рустанию маъдану доруҳоро ба лаҳҷаҳои гуногуни забони модарии мо ном мебарад. Масалан, дар бобати гиёҳи хурфа мегӯяд, ки «аҳли Ҷурҷон хурфаро «парпаҳн» гӯянд… омма ва ҷуҳҳоли сайодина ӯро «фарфир» гӯянд ва нун”-ро ба ро мубаддал кунанд. Ва «фарфир» араб бунафшаро гӯянд ва лавни арҷавонро низ фарфирӣ гӯянд. Ва ба луғати сиҷзӣ «вашфанг» гӯянд ва ба луғати бустӣ «килнакак» гӯянд ва аҳли Ҳарӣ «синҷоб» гӯянд ва аҳли Нишобур «бавхал» гӯянд ва аҳли Балху Зовулистон «хафраҷ» гӯянд» [4, 119].

Ё дар бораи гиёҳи фушоғ мегӯяд, ки «вайро ба (гӯйиши – Ҳ.С.) бухорӣ «афзағанҷ», ба суғдӣ «фажғанд», ба тирмизӣ «фуҷ» ва ба балхию тахорӣ «ҷудрӣ» гӯянд» [4, 461].

Ё дар бораи каттон дар ҳамин китоб чунин мегӯяд: «ба луғати порсӣ ӯро «тухми каттон» гӯянд ва дар баъзе мавозеъ «кафшдонак» гӯянд. Ва гуфтаанд, баъзе тухми ӯро «базр» гӯянд, бо касри бо (бизр) раво бувад ва ба фатҳ фасеҳтар аст. Ва ба Суғду Самарқанду Фарғона «зағер» ва «зағера» ҳам гӯянд» [4, 521].

Ё ин ки дар бобати рустании карафс овардааст, ки «аҳли Тирмизу Хутталу Тахористон карафсро «сунбул» гӯянд» [4, 531].

Берунӣ аз шеъру адаби форсии тоҷикӣ низ хуб огоҳ буд. Намунаи огоҳӣ ва нуктасанҷии ӯ дар шеъри фасеҳи форсӣ ба андешаи Ҷалолиддини Ҳумоӣ ду байти зер аст, ки дар «фасли алвони ҷавоҳир ва явоқит» дар «Китоб-ул-ҷамоҳир фи маърифат-ил-ҷавоҳир» аз Ғазоирӣ ва Мансури Муваррид мисол овардааст:

Қола ал-Ғазоирӣ (Ғазоирӣ мефармояд):

Аз басе гаштан ба ҳол аз ҳол шуд ёқут пок,

Пештар асфар бибошад в-он гаҳе аҳмар шавад.

Ё қола Мансур Муваррид (Мансури Муваррид мефармояд):

Куҷо хоки даргоҳаш аз кимиёст,

Ки ёқут гардад ҳаме з-ӯ мадар [2, 80-81].

Аммо беҳтарин намунаи маҳорату устодии ӯ дар таълифи асар ба забони модарии мо «Китоб-ут-тафҳим ли авойили саноъат-ит-танҷим» аст. Берунӣ ин шоҳкори ҷомеи илмии худро соли 1029 бо хоҳиши Райҳона бинти Ҳусайн (ё Ҳасан) ном духтари навомӯзи хоразмии муқими Ғазна ба забони модарии мо таълиф карда, баъдан худаш онро айнан ба арабӣ гардонидааст.

Бояд таъкид намуд, ки Берунӣ дар ин асар дар баробари истилоҳоти мутадовили арабии илмҳои машҳури замонаш: ҳандасаву шумору нуҷуму ҷуғрофияву ғайра муодили форсии тоҷикӣ сохтаву баргузида, дар ҳақиқати ҳол кори бузургу шоистаи таҳсине анҷом додааст, ки чунин иқдом дар таърихи ташаккули забони модарии мо ба сифати забони илм беназиру бесобиқа аст.

Китоб аз як муқаддимаи кӯтоҳ ва панҷ боб иборат аст: Боби нахустин – дар ҳандаса; боби дувум – дар шумор (ҳисоб); боби севум – дар ҳолҳои осмону замин (ҳайат, илми нуҷум); боби чаҳорум – дар устурлоб; боби панҷум – дар аҳкоми нуҷум.

Муаллиф дар ҳамаи ин панҷ боб истилоҳоти марбут ба илм ё фанни мавриди баҳсро дар 530 пурсишу посух шарҳ додааст.

Ин китоб бар замми он, ки аҳаммияти бузурги илмию таърихӣ дорад, аз шоҳасарҳои илмӣ ба забони модарии мост, ки дар ташаккулу таҳаввули забони илм ва истилоҳоти илмии тоҷикӣ нақши муҳим дорад.

Аксари вожагону калимаҳои забони зиндаи замони Берунӣ, яъне, номи рустанию дарахтон (наргис, бунафша, нилуфар..., гандум, ҷав, арзан, нахуд, мош, пиёз, турб, бодиринг, гурунҷ, харбуза..., себ, зардолу, шафтолу, олу, ангур, анҷир, нор (=анор), тут, биҳӣ, бодом, бед, пада, шоҳбалут…); ҷонварону парандагон (шер, паланг, хирс, рӯбоҳ, шағол, санҷоб, дала, оҳу, нахчир, гӯрхар..., мурғобӣ, мурғи шаб, акка, калоғ, парастук, кабӯтар, хурӯс, мокиён, ҳудҳуд, фохта, гунҷишк, булбул…); маъдану ҷавоҳир (арзиз, қалъӣ, сим, зар, оҳан, алмос, симоб, биринҷ, мис, сурма, марворид, ёқут, каҳрабо, обгина, мурдосанг, пирӯза, оҳанрубой...), пешаву машғулият (оҳангарӣ, руйгарӣ (мисгарӣ), заргарӣ, шубонӣ, дабирӣ, бозаргонӣ, кишоварзӣ, дасткорӣ…) ва ғайраҳо, ки дар ҳамин китоб омадаанд, то кунун бетағйир монда, мавриди истифода қарор доранд. Илова бар ин, гурӯҳбандии Берунӣ дарахтонро ба дарахтони дарозу дарозмиёна ва миёнаву хурд, ҷонваронро ба баҳимаи хонагӣ ё унсгиранда (буз, гӯсфанд, гов, уштур...), хӯкунандаву омӯхта (шери омӯхта, саги омӯхта, паланг), хазандагон (мор, гурза, морони бузург), бисёрпоҳо (каждум, занбӯр), кафшакдорону сумдорон (буз, гӯсфанд, нахчир, гавазн, асп, хар), ҷонварони ваҳшӣ ё дадаи палиду зиёнкор (шер, паланг, гург, хуки даштӣ), парандагонро ба донахор (кабӯтар, хурӯс, мокиён, чаковак) ва гӯштхорагон (боша, каркас, шабпар); маъданҳоро ба гудозанда (усруб, арзиз, қалъӣ, испедруй, биринҷ, оҳан, мис...) ва санги баҳоӣ (гавҳар, ёқут, беҷода, пирӯза, марворид…) басе ҷолиб ва барои мутахассисони илмҳои гуногуни рустанишиносию ҷонваршиносӣ, ҳаётшиносию маъданшиносӣ ва диг. судманду аҳаммиятнок аст.

Чунонки ба мушоҳида мерасад, Берунӣ ҳангоми баёни матлаби илмӣ аз вожагону истилоҳоти қадиму деринарӯзгори тоҷикӣ фаровон истифода карда, ҳамчунин ҳар ҷо, ки зарур донистааст, бо риояи қатъии қолабҳои вожасозии забони модарии мо вожагону истилоҳоти нав сохтааст, ки ҳама зебову шевову хушоянданд.

Аз ҷумла, дар «Китоб-ут-тафҳим» истилоҳи тиббии дасткорӣ [10, 329] ба маънии амали ҷарроҳӣ ба назар мерасад, ки дар гузашта маъруф будааст. Азрақии Ҳиравӣ (ваф. тақ. 1131-32) мегӯяд:

Боди хоразмӣ чу сангиндил пизишки дасткор

Даст пурмисмор дорад, остин пурнештар.

Ин истилоҳ ба забони арабӣ низ ба ҳамин маънӣ ворид шудааст. Саолибӣ ба василаи чорпоён машқ кардани дасткоронро таъкид кардааст: «мин-ад-дасткориин тарохама aла-д-даввоб» [18, 528].

Дар «Китоб-ут-тафҳим» пешванду пасвандҳо аз унсурҳои асосӣ ва фаъоли калимасозӣ ба ҳисоб мераванд: но- (на-) (маънии инкорӣ дорад): нополуда, ноҳамвор, нокусуф, норост, наростпаҳлу..; бо- (дороӣ ва соҳибиятро ифода мекунад): босаховат, босиёсат, боҳайбат, боамонат, боандеша..; -гар (маънии шуғлӣ дошта, касбу ҳунарро мефаҳмонад): оҳангар, руйгар, барзгар, лавҳгар, шуморгар, илоҷгар, обгинагар, бозигар, хунёгар, арзизгар, тавонгар, астурлобгар, тадбиргар, фаромӯшгар, ишногар (=шиногар)..; -гоҳ (исми макон месозад): оромгоҳ (оромгоҳи дуздон, оромгоҳи киштиҳо ва ғ., яъне на ба он маънии маҷозии гӯрхона, ки имрӯз дорад), сайдгоҳ, ҷойгоҳ, ибодатгоҳ, расадгоҳ, хуфтангоҳ, гузаргоҳ, боргоҳ, хиргоҳ, нишастгоҳ, захмгоҳ, бунгоҳ, баҳоргоҳ, миёнгоҳ, тиҳигоҳ; -нок (бо исм таркиб шуда сифат месозад): беморнок, гарднок, дуднок, обнок, хорнок, гӯштнок; -истон (маънии маконӣ дорад): найистон, шӯристон, дарахтистон, Зангистон; -ак (-как), (маънии тасғир ва хурд буданро дорад): дарёяк, ситоракак, шикамак, асбак, хиштак, деворак, чӯбак, тӯморак, хасак, кафшак; -манд (-уманд) (маънии дорандагиро ифода мекунад): судманд, андӯҳманд, орзуманд, киштманд (заминҳои киштманд), тануманд, донишуманд, фазлуманд; -бон (касбу кору машғулиятро ифода мекунад): Бузбон, киштибон, сутурбон; -вар (маънии ба чизе доро буданро мефаҳмонад): кинавар, пешавар…; -ин (сохта шудани чизеро аз чизе ифода мекунад): заррин, мисин, симин, арзизин, оҳанин, чӯбин (косаи чӯбин)…; -бор (макон ё соҳилро ифода менамояд): оташбор, дарёбор; -гун (шабоҳат ва монандиро ифода месозад): гулгун, гандумгун, осмонгун…; -сер (маънии маконӣ дорад): гармсер, сардсер; -ият (аломати масдари арабист): дастурият; -ча (маънии хурду ночизро дорад): думча, боғча

Аз воситаҳои дигари маъруфи калимасозӣ дар ҳамин китоб истифодаи фаровон аз феълу шаклу асосҳои феълист, монанди: хуфтангоҳ (масдар+пасванд), огандатан, (сифати феълӣ+исм), бонгкунанда, хӯкунанда (исм+сифати феълӣ), овеза, гузаргоҳ (асоси замони ҳозираи феъл+пасванд), хашмолуд (исм+асоси замони гузаштаи феъл) ва ғ. Бахусус вожагони бо асоси замони ҳозираи феъл сохташуда дар ин китоб фаровон истифода шудаанд: сухунгӯй, шеъргӯй, сурудгӯй, некугӯй, ростгӯй, забарнигар, фурӯнигар, тезнигар, хештаннигар, жарфнигар, роздор, душмандор, вафодор, соядор, гандумфурӯш, майфурӯш, секифурӯш, сабукрав, зудрав, сахтрав, дурӯғзан, ишнозан (=шиногар), пархошҷӯй, ҷӯйкан, обрез, куштигир, дурандеш, сапедадам, сахтгир, обгир, доддеҳ, ситораёб, удсӯз, тирандоз

Дигар аз фаъолтарин ва муҳимтарин воситаҳои калимаву истилоҳсозии «Китоб-ут-тафҳим» сохтани вожагони мураккабу ибораҳои зебову хушандом аз таркиби исму исм, исму сифат, сифату исм, шумораву исм ва дигар ҳиссаҳои нутқу аҷзои калимасоз аст. Зимнан бояд хотирнишон кард, ки ин вожагону истилоҳот басе моҳирона ва устодона сохта (аз ҷумла бо унсурҳои иқтибосӣ) ё баргузида шудаанд: соҳибдевон, соҳибхироҷ, тандуруст, маликтабъ, парҳезкор, бузургманиш, хушманиш, салимандом, хубтан, хубчеҳра, хубрӯй, ростпаҳлу, бисёрпаҳлу, панҷпаҳлу, шашпаҳлу (дар ҳандаса); оби истода, оби равон, оби хуш, оби омехта, оби пушт (=нутфа), оби ганда, оби нохуш, ситораи истода, ситораи раванда, ситораи бодунбол, ситораи богесу, худованди хона, худованди давр, худованди рӯз, худованди сол, худованди соат, худованди ҳафта...

Вожагони сетаркиба ҳам баъзан дар китоб истифода гардидаанд: бодреса (исм+асоси замони ҳозираи феъл+пасванд), гӯспандкушон (иди Гӯспандкушон, яъне, иди Қурбон ё иди Азҳо) (исм+асоси замони ҳозираи феъл+пасванд), уштурговпаланг (заррофа) (исм+исм+исм), сурхфоммӯй (сифат+пасванд+исм), гармоба (сифат+исм+пасванд).

Аз вижагию махсусиятҳои хоси вожагону истилоҳоти «Китоб-ут-тафҳим» бо аломати ҷамъи форсии тоҷикӣ овардани калимаҳои ҷамъи музаккари арабист. Дар боло ҳам ёдовар шудем, ки ҷамъи шикаста ё дохиливожагӣ, ки аз шаклҳои асосии ҷамъбандии забони арабӣ ба шумор меравад, ба табиати забони модарии мо созгор нест ва ҳамеша маънои ҷамъро ифода намекунад. Аз ҳамин хотир Абурайҳони Берунӣ ҳарчанд худаш аз беҳтарин донандагони сарфу наҳви арабии замони худ буд, калимаҳои ҷамъи шикастаи арабиро вобаста ба табиати забони модарӣ бо аломати ҷамъи -ҳо (-он) ҷамъ бастааст: аҷзоҳова аммо аҷзоҳо… ҳар гоҳ ки зарб кунӣ, бикоҳанд ва ки қисмат кунӣ, биафзоянд»), ҳуруфҳоғараз андар ин ҳуруфҳо ихтисор аст ва сабукии набиштани ададҳо андар ҷадовили шумори нуҷум»), маротибҳо, азмонҳо, манозилҳо, буруҷҳо, кавокибонҳама кавокибони мутағаййира»), аҳволҳо ва ғ.

Ҳамчунин дар бисёр мавридҳо ҳамин калимаҳои арабӣ, ки дар тоҷикӣ ҷамъи шикастаи онҳо машҳур аст, ҳангоми ифодаи ҷамъ бо аломати -ҳо (-он) ҷамъбандӣ шудаанд: бурҷҳо, манзилҳо, аслҳо, шаклҳо, ҳолҳо, вақтҳо, фалакҳо, асарҳо, яъне, ба ҷои буруҷ, манозил, усул, ашкол, аҳвол, авқот, афлок, осор.

Илова бар ин, баъзе истилоҳоту ибораҳои арабӣ дар навишти форсии тоҷикӣ бе риояти мувофиқати сифату мавсуф истифода шудаанд, чун: мусовоти музтариб (на мусовоти музтариба), мусалласҳои муташобеҳ (на мусалласоти муташобеҳа), нисбати муаллаф (на нисбати муаллафа) ва диг.

Берунӣ муодили форсии тоҷикии як гурӯҳ вожагони арабиро, ки дар охир аломати -айн (-он) доранд, дар ҳамин китоб бо ҷузъи калимасози «ду» овардааст. Зимнан аломати -айн (-он) дар арабӣ ифодагари ду чизи ҷуфт ё ба ҳам пайваст аст ва ҳамин маъниро дар забони модарии мо ҷузъи калимасози «ду» комилан баён мекунад: Авҳақайн = Дугург, Ҳиморайн = Духар, Зафдаъайн = Дучағз, Тавъамон = Дупайкар, Самакатайн = Думоҳӣ - номи ситорагон ва бурҷҳои фалак; зуҷасадайн = дутан, дусоя, дулавн, дутабъ ва ғ.

Лозим ба ёдоварист, ки тамоми вожагону истилоҳоти иқтибосӣ дар китоб бо назардошти табиати забони форсии тоҷикӣ ва қоидаҳои овоии он истифода гардидаанд. Истилоҳоти арабӣ вобаста ба он, ки забонҳои арабию тоҷикӣ то андозае дар ифодаву баён қавоиди овоии ба ҳамдигар ҳамгун доранд, бетағйир монда (инқилоб, кусуф, ҳазиз, самт, муаддилуннаҳор …) истилоҳоти иқтибосии ҳиндӣ, юнонӣ, ибрӣ ва диг. ба тағйироти зиёди овоӣ дучор шудаанд: адмоса (adhimasa), буҳт (bhukti), навоншак (navanchaka), бинтиқисти (pentekoste), афиҷиюн (apogee), африҷиюн (perigee), басито (башита), хасорин (хасера), касадрон (кесидра)…

Аз вижагиҳои дигари вожагону истилоҳоти «Китоб-ут-тафҳим» ин аст, ки Берунӣ дар бештари мавридҳо ҳамзамон бо овардани вожагону истилоҳоти иқтибосии арабӣ, ҳиндӣ, ибрӣ, юнонӣ ё диг. тарҷума ё тафсири дақиқи форсии тоҷикии онҳоро низ меорад. Масалан: «иртифоъ – баландӣ бошад» [10, 24], «маънии соъид бароянда бувад ва маънии ҳобит фурӯраванда» [10, 144]; «чатр (сhatra), ай [=яъне] соявон; нова (nova), ай киштӣ; дҳан (dhanu), ай камон» [10, 453], «сурмон (surmana), ай андозаи офтобӣ, чандрамон (chandramana), ай андозаи қамарӣ» [10, 233], «шакакал (shakakala) ва маънияш вақти Шак» [10, 239]; «ибурро (иббур), ай кабиса, …хасорин (хасера), ай ноқиса ва кам…, шаломин (шелема), ай тамом» [10, 232]; «бинтиқисти (pentekoste)… аз панҷоҳ муштақ аст» [10, 150]; «нуқтаи дурро ба ҳиндӣ «авҷ» (auga) хонанд, ай баландӣ. Ва ҳамчунин ба юнонӣ афиҷиюн (apogee) хонанд, ай дуртарини дурӣ. Ва нуқтаи наздикро ба юнонӣ африҷиюн (perigee) хонанд, ай наздиктарини дурӣ» [10, 116].

Аслу решаи баъзе вожагону истилоҳоти асили тоҷикиро Абурайҳони Берунӣ дар асарҳои худ, аз ҷумла дар «Китоб-ут-тафҳим» дақиқан таъйину таъкид кардааст. Масалан, вай дар ин китоб дар бораи номи ҷашни Сада чунин мегӯяд: «Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб» [10, 258]. Ё дар бораи маънии худи рӯзи Наврӯз мегӯяд, ки «нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ в-аз ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном кардаанд, зеро-к пешонии соли нав аст» [10, 253] ё дар бораи маънои луғавии само мегӯяд: «ва порсиён ӯро «осмон» ном карданд, яъне монанди ос (санг), аз ҷиҳати ҳаракати ӯ, ки кардааст» [10, 58] ва ғ.

Илова бар «Китоб-ут-тафҳим» осори дигари Берунӣ монанди «Ал-осор-ул-боқия ан ил-қурун-ил-холия» (Осор-ул-боқия), «Китоб-ул-ҷамоҳир фи маърифат-ил-ҷавоҳир», «Китобу фи таҳдиди ниҳоёт-ил-амокин», ки ба забони арабӣ таълиф шудаанд, хазинаи бемисли вожагону истилоҳоти асили тоҷикӣ маҳсуб мешаванд.

Масалан, Берунӣ дар «Осор-ул-боқия», ки дар маҷмуъ таърихномаи бузурги миллии мост ва хидматеро чун «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар илм бар зимма дорад, дар баъзе маврид калима ё ҷумлаи форсии тоҷикӣ меорад, чун руқъаи афсуни каждум, ки дар боби «Ҷашнҳо ва рӯзҳои таърихию одобу русуми форсиён» омадааст:

«Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим. Исфандормузмоҳ ва исфандормуз-рӯз. Бастам раму рафти зеру забар аз ҳама, ҷуз сутурон. Ба номи Яздон ва ба номи Ҷаму Фаридун» [1, 229].

Берунӣ дар «Китоб-ул-ҷамоҳир фи маърифат-ил-ҷавоҳир», ки дар бораи гавҳарҳо ва аҷсоми маъданӣ навиштааст, ҳамчунин номи тоҷикии гавҳару маъданҳои зиёдеро ном мебарад, чун хушоб, хушкоб, хӯша, ширбом, шаҳвор, оромарворид, бодресакӣ, ҷавдона, камарбаст, шарроба – анвоъи дур(р); арҷавонӣ (=арғавонӣ), осмонҷунӣ (=осмонгунӣ), ҷулианорӣ (=гулианорӣ), обҷун (=обгун) – анвои ёқут; фирӯзаҷ, ширфом – навъи фирӯза; испедчашм, озаршуст, оҳанрубой, каҳрабо, санги муҳра, чароғсанҷ, нӯшозар ва ғайра.

Дар ҳамин китоб муаллиф дар решашиносии калимаҳои тоҷикӣ кӯшише ба харҷ додааст, ки назири онро метавон дар аксари осори ӯ пайдо кард. Масалан, мегӯяд, ки «гумон мекунам Миррих вобаста ба ранги сурхе, ки дорад, дар форсӣ Баҳром номгузорӣ шудааст» [3, 36].

«Китоб-ус-сайдана» ҳам, чунон ки қаблан таъкид шуд, илова бар маълумоти амиқу дақиқе, ки дар бораи дорушиносию рустанишиносӣ медиҳад, аз назари вожагону истилоҳот ва решашиносию лаҳҷашиносии тоҷикӣ бисёр муфид ва аҳаммиятнок аст.

Берунӣ бо мақсади ошкор намудани маънии аслии номи форсии анвоъи дору, рустанӣ ё маодин дар ин китоб аксаран тарҷума ё муодили онро ба арабӣ, ҳамчунин зимни истифодаи истилоҳи арабӣ тарҷумаи онро ба форсӣ меорад. Масалан, дар бораи гиёҳи бодовард мегӯяд, ки «исми форсист ва ба сабукии вазн далолат мекунад» [4, 91].

Дар «Китобу фи таҳдиди ниҳоёт-ил-амокин» низ намунаи таҳқиқоти Абурайҳони Берунӣ дар иштиқоқ ва решашиносии тоҷикӣ ба назар мерасад. Масалан, дар фасли тақсими ободонии Замин ба ҳафт кишвар калимаи «кишвар»-ро аз решаи «киш – киша» ба маънии “хат” медонад [11, 154].

Абурайҳони Берунӣ ҳамчунин нахустин тарҷумони асарҳои адабию тамсилии мо ба забони арабист. Худи ӯ дар рисолаи «Феҳристи кутуби Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ» дар бораи тарҷумаи достонҳои маъруфи «Вомиқу Азро», «Ҳадиси Урмуздёру Меҳрёр», «Ҳадиси Қасимуссуруру Айнулҳаёт» (яъне, достони «Шодбаҳру Айнулҳаёт»), «Ҳадиси ду санами Бомиён» (яъне, Сурхбуту Хингбут - ду бути сангии Бомиён) ва «Ҳадиси Додмоҳу Гиромидухт»-ро ба забони арабӣ анҷом доданаш ишора кардааст [23, 100, 121-122; 24].

Ёдоварӣ мебояд, ки аз достонҳои номбурда, баъдан яке аз муосирон ва ҳамнишинони Берунӣ, маликушшуарои дарбори Ғазнавиён – ҳаким Унсурӣ достонҳои «Вомиқу Азро», «Шодбаҳру Айнулҳаёт» ва «Сурхбуту Хингбут»-ро ба назм овард.

Дар маҷмуъ, бояд тазаккур дод, ки Абуалии Сино ва Абурайҳони Бурунӣ бо таълифи «Донишномаи Алоӣ» ва «Китоб-ут-тафҳим» дар ташаккули забони илмии мо нақши ба истилоҳ меҳварӣ дошта, барҳақ бунёнгузорони забони модарии мо дар илм маҳсуб мешаванд. Бидуни шак,  ду шоҳкор ва ду асари мондагори илмии онҳо – «Донишномаи Алоӣ» ва «Китоб-ут-тафҳим» аз нигоҳи истилоҳот ва сабки нигориши илмӣ дар миёни дигар ҳама осори қадимтарини илмӣ ба забони модарии мо мақоми хос ва бартарии возеҳ доранд.

Бино бар ин, зарур аст ҳар кадом вожаву истилоҳи асилу сара ва ибораву ҷумлаи зебову хушандоми сохтаву дар таълифоти худ истифодакардаи ин ду донишманди асил ва устоди бузурги забони модарӣ ба таври шоиста таҳқиқу тадқиқ гардад, то шеваву равиши калимасозию истилоҳнигорӣ ва сабку услуби ҷумлабандию ибораороии илмии онҳо аз ин пас моро раҳнамову раҳнамун бошад.

АДАБИЁТ

 

1. Ал-Байрунӣ, Абу ар-Райҳон. Ал-осор-ул-боқия ’ан-ил-қурун-ил-холия. Қад илтазама табъаҳу Эдуорд Захов. – Лейпсиг, 1923.

2. Ал-Байрунӣ. Китоб-ул-ҷамоҳир фи маърифат-ил-ҷавоҳир. – Ҳайдаробод, 1355.

3. Ал-Бируни, Абу Райхан. Собрание сведений для познания драгоценностей (Минералогия). Перевод А.М. Беленицкого. – М., 1963.

4. Ал-Бирунӣ. Китоб-ус-сайдана фи-т-тиб. Ба тасҳеҳу муқаддима ва таҳшияи Аббоси Зарёб. – Теҳрон, 1368.

5. Ал-Ҳиравӣ, Муваффақуддин Абумансур. Ал-абния ’ан ҳақоиқ-ил-адвия ё Равзат-ул-унс ва манфаат-ун-нафс. Ба тасҳеҳи шодравон Аҳмади Баҳманёр. Ба кӯшиши Ҳусайни Маҳбубии Ардаконӣ. – Теҳрон, 1371.

6. Алии Сафӣ, Мавлоно Фахриддин. Латоиф ут-тавоиф. – Душанбе, 1968. 

7. Байзоев А.М. Забони "Донишнома"-и Абӯалӣ ибни Сино (истилоҳот ва калимасозӣ). - Дис. ... номзади илми филология (дастхат). – Душанбе, 1992. - 203 в.

8. Байҳақӣ, Абулфазл. Таърихи Байҳақӣ. Таҳиягари матн, муаллифи муқаддима, ҳавошӣ ва феҳристҳо Сайфуллоҳи Муллоҷон. – Душанбе: Бухоро, 2014.

9. Беруни, Абу Райхан. Фармакогнозия в медицине (Исследование, перевод, примечания, и указатели У.И. Каримова). Избранные произведения . Т.IV. – Ташкент, 1973.

10. Берунӣ, Абурайҳон. Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноат-ит-танҷим. Тасҳеҳ ва муқаддимаву ҳавошӣ ба хомаи устод Ҷалолиддини Ҳумоӣ. – Теҳрон, 1362.

11. Бируни, Абу Райхан. Определение границ мест для уточнения расстояний между населенными пунктами (Геодезия). (Пер. и примеч. П.Г. Булгакова). Избранные произведения. Т.III. – Ташкент, 1966.

12. Бухороӣ, Аҳмади Ахавайнӣ. Ҳидоят-ул-мута’аллимин фи-т-тиб. Бо эҳтимоми дуктур Ҷалоли Матинӣ. – Машҳад, 1344.

13. Ибни Сино, Абӯалӣ. Осори мунтахаб. Ҷ.1. Донишнома. – Душанбе, 1980.

14. Ибни Сино, Абӯалӣ. Осори мунтахаб. Ҷ.2. Рагшиносӣ ё Рисола дар набз. Душанбе, 1983.

15. Крачковский И.Ю. Избранные сочинения. –М.,– Л., Т.IV. 1957.

16. Қосимова М.Н. Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои X-XI). Ҷилди 1. – Душанбе, 2011.

17. Лившиц В.А., Смирнова Л.П. Язык Данишнама и роль Ибн Сины в развитии персидско-таджикской научной терминологии // Письменные памятники и проблемы истории культуры народов Востока. Ч.III. - М., 1981. - С.115-151.

18. Маҷмуаи мақолоти семинори забони форсӣ ва забони илм. – Теҳрон, 1372.

19. Муин, Муҳаммад. Луғоти форсии Ибни Сино ва таъсири онҳо дар адабиёт // маҷаллаи Донишкадаи адабиёт, шумораи 2, соли дувум. – Теҳрон, 1332. – С.2-38.

20. Самарқандӣ, Низомии Арӯзии. Чаҳор мақола. Аз рӯйи матни нусхаи мусаҳҳаҳаи ҳазрати устоди муаззам оқои Муҳаммади Қазвинӣ адома-л-Лоҳу зиллаҳу. – Теҳрон, 1319.

21. Сафо, Забеҳуллоҳ. Аҳвол ва осори Абурайҳони Берунӣ. – Теҳрон, 1352.

22. Сулаймонов. С. Становление арабской и таджикской философской терминологии (на базе философского наследия Ибн Сины). Автореф. дис. д-ра фил. наук. – Душанбе, 1997.

23. Султон, Мирзо Ҳасан. Мушкилоти забони илм ва истилоҳот. – Душанбе: Дониш, 2015.

24. Феҳристи китобҳои Розӣ ва номҳои китобҳои Берунӣ аз Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ ва ал-Мушотату ли-рисолати-л-Фиҳрист. Тасҳеҳ ва тарҷумаву таҳқиқ аз дуктур Маҳдии Муҳаққиқ. Шумораи интишор 1406. Шумораи мусалсал 3232. – Теҳрон, 1371/1992. – С. 77-78.

25. Ҳаким Майсарӣ. Донишнома. Интихоб, баргардон, пешгуфтор ва тавзеҳоти Мирзо Муллоаҳмад. – Душанбе, 1999.

26. The Tarikh-и-Baihaki. ed. by W.H. Morley. – Calcutta, 1862.

Ҳасани СУЛТОН,

узви вобастаи АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО