30 Aug 2026
Submitted by Admin
48

Истиқлол на танҳо соҳибихтиёриву озодии давлат, ҳудуд ва мардумони он аст, балки раҳоӣ аз сукути андешаи мустақил ҳам мебошад. Яъне истиқлоли фикрист, ки андешаи мустақили сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, мазҳабӣ ва ҳуқуқӣ аз он сахт вобаста аст. Истиқлоли фикрӣ пояи ягонаи матонату мустаҳкамии ватану миллат ва масъалаи меҳварии давлати миллӣ буда, решаву шохаҳои зиёде дорад ва фақат дар сурати ба эътибор гирифтани тарҳи дурусти ташаккули тафаккури миллӣ (менталитет) дар шаҳрвандон ба истиқлолу пешрафту манофеи миллӣ хидмат хоҳад кард. Яъне фард бояст дар қиболи тафаккури худ масъул ва оғозгари афкор ва аъмоли лозим барои вуҷуди худ бошад, ки дар маҷмуъ тафаккури миллиро созмон медиҳад. Тафаккури солими миллӣ дар инсон ангеза ва заминасози меҳру муҳаббат ба ватан, забону фарҳанг, гузаштаи таърихӣ, майл ба истиқлоли сиёсӣ, амнияти миллат ва ҳифзи шаъну эътибори он мебошад. Тафаккури миллӣ зери таъсири сиёсату маҳдудияти маданию фарҳангӣ ва забонӣ ба нузули сатҳи фикрӣ оварда мерасонад. Таърих гувоҳ аст, ки барои аз байн бурдани як миллат кофист тафаккури миллии онҳо зери бори зӯру таъзиқ қарор гирад.

Тоҷикон дар масири таърих зулму ситами зиёд дидаанд ва пайваста дучори фишору таъқибҳо аз ҷониби қабоили аъробу, ғосибони турку муғул ва ҳамсояҳои бетараҳҳум шудаанд, ки мислашро инсоният кам дидааст. Дар чунин вазъият ташкили Ҷумҳурияти Тоҷикистон дар ҳайати шуравӣ, гарчанде тақсимот аз ҷониби ҳокимони давр бисёр беадолатона буд, шуълаи умеде ба доштани марзу бум барои мардумони куҳанбунёду азиятдида шуд. “Таърих чунон ҳуққабозӣ кард, ки тоҷикон дар байни қавму миллатҳои дигари Осиёи Миёна дар ҳудуди васеъ ҷой гирифтанд, қисми зиёди онҳо ба ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ ва Афғонистон дохил шуданд. Ба монанди порае аз пираҳани бутун Ҷумҳурияти Тоҷикистон ташкил шуд. Тадриҷан робита бо тоҷикони дигар ҷумҳуриҳо ва аз ҷумла, Самарқанду Бухоро дар сатҳи расмӣ ва илмию фарҳангӣ чунон қатъ гардид, ки ба хотири наранҷондани ҳокими бузурги ҷумҳурияти ҳамсоя ҳатто аз вуҷуди онҳо ба таври ошкоро на касе лаб мекушод ва на касе ёрои сухан гуфтан дошт. Баръакс, гоҳ-гоҳе, боз ба хотири ҳамон ҳоким, бегонагию каноргирӣ ишора мешуд. Фақат мо, тоҷикони Иттиҳоди Шӯравӣ, монанди шахси айбӣ рӯйи худро бо остини ҳақорати беҷуръатӣ пӯшонданӣ мешавем” (Шарифзода Х. Рӯзномаи «Адабиёт ва санъат». – 21 сентябри 1989).

Замони шуравӣ маҳз маҳдудиятҳои иҷтимоию сиёсиву фарҳангӣ боиси хушкидани тану шохаҳои дарахти тановари миллат шуд, ки дар охир ба нигилизми миллӣ оварда расонд.

Замони бозсозӣ падидаи умедбахше зоҳир шуда, миллату халқҳои шуравӣ шароиту имконияте ба ояндаи беҳтаре барои нигоҳ доштани забону фарҳанг ва раҳоӣ аз тамоюли ассимилятсия шудан, ки зери шиори “пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!” сурат мегирифт, фароҳам омад. Ҷунбишҳои маданӣ ва бедории фикрӣ боис шуд, ки 22 июли соли 1989 мардуми тоҷик дар роҳи дар мақоми расмии давлатӣ пазируфтани забони тоҷикӣ пирӯз шаванд. Аммо барои нигоҳ доштани ягонагии миллат мавҷудияти давлати миллӣ чун обу ҳаво барои тоҷикон зарур буд, зеро танҳо давлати миллӣ суннатҳои фарҳангӣ, бехатарии миллӣ ва озодии ҳар як шаҳрвандро метавонад таъмин кунад.

Истиқлоли миллӣ соли 1991 боис шуд, ки кишвари мустақиле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон падид ояд ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шавад. Агар мушкили марзиву ҳудудӣ як тарафи мушкилоти давлати тозабунёд бошад, мушкили дигаре падидаҳои манфии замони шуравӣ бохтану гум кардани шахсияти мустақилфикри фарҳангӣ буд. Имкони истиқлоли фикрӣ надоштан барои андешаи пешраву ҷӯянда ҷо намондан, бозмондагии фикриро ба таври урёну бепарда намоиш доданд. Сабаб ин буд, ки забону адабиёти рус, агарчи дар бархе аз ҷумҳуриҳои навтаъсиси шуравӣ боиси баланд бардоштани сатҳи фарҳангу забони онҳо шуда бошад, аммо барои тоҷикон ин раванд боиси якбора аз тамаддуну фарҳанги ҳазорсолаи худ ҷудо шудан буд, ки натиҷаи фоҷиаборашро имрӯз ҳам эҳсос мекунем. Албатта, буданд касоне, ки ин ду сарчашмаи тамаддунро, яъне форсии тоҷикӣ ва русиро пайванд доданӣ буданд, ки ҳамин гуна касон дар миёни тоҷикон эътибору иззату икроми зиёдеро соҳиб шуданд ва Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Муҳаммадҷон Шакурӣ аз зумраи онҳоанд.

Вақте як ходими сиёсию маъмурӣ ё илмию адабии тоҷик аз заминаи тафаккуру фарҳанги миллӣ дур шуд, миёни ӯ ва мардум аз мавқеи ҳамин суннатҳои бунёдии илмию фарҳангию маънавӣ як навъ ҷудоӣ ва садди азими фарҳангӣ ба вуҷуд омад. Дар воқеъ бохтану гум кардани шахсияти мустақилфикри фарҳангӣ яке аз падидаҳои манфии замони шуравӣ мебошад. Дар он замон сиёсатмадорону маъмурон аз суннатҳои фарҳангии халқи худ ҷудо монданд ва ягона чизе, ки онҳоро бо мардум мепайваст, риояи баъзе аносири русуму одоби мардумӣ буд, вале онро ҳам ба пуррагӣ ба ҷой намеоварданд.

Хушбахтона, истиқлоли миллие, ки насиби мо тоҷикистониён гаштааст, боиси парвариш ёфтани тафаккури миллӣ дар афроди ҷомеа мебошад, ки аз ташаккули ҳувияти миллӣ дар инсон маншаъ мегирад. Аносири ҳувияти миллӣ аз арзишҳои муштарак дар зиндагиву рӯзгори мардум, ба монанди намодҳои миллӣ, забон, таърихи миллат, ҳудуд, расму ойин, тафаккури миллӣ, хешии хунӣ, огоҳиҳои миллӣ ва осори бостонӣ маншаъ мегирад. Тафаккури миллӣ аз таҷрибаву андӯхтани донишҳо, муҳиту фарҳанги миллӣ, расму анъанот ва дину ойин дар инсон шакл мегирад.

Фарҳанг мафҳуми густардаест, ки аз забон, адабиёт, ҳунар, илм, офаринишҳо, фалсафа ва дин, боварҳо, арзишҳо, рафторҳои хоси мардумони он, одобу русуми иҷтимоӣ ва суннатҳо иборат аст. Фарҳанг ҳама вақт реша дар аъмоқи суннатҳои миллӣ дорад. Барои доштани тафаккури солими миллӣ афроди ҷомеаро зарур аст, чунин аркони фарҳанги миллиро омӯхта ва аз бар карда бошанд: 1) забони тоҷикиро ба ҳадди аъло донанд, меъёрҳои забони адабиро дар гуфтору навиштор риоя кунанд ва забонро поку беолоиш нигоҳ доранд. Сарвари давлат борҳо перомуни покизагии забон қайд намудаанд: 1) “зарур аст, ки мо асолат ва покизагии забони худро нигоҳ дорем ва аз истифодаи безарурати калимаҳо аз забонҳои дигар худдорӣ кунем”; 2) адабиёти ҳазорсолаи адабии тоҷикиро мутолиа карда, аз он андӯхтаҳое дар зеҳну тафаккуру захоири дониш дошта бошанд. 3) Дар китобхонаҳои ҷаҳон имрӯз наздики 120 ҳазор нусха китоби дастнависи форсӣ мавҷуд аст, ки тақрибан 35 ҳазор номгӯй китобро ба шумор меоранд ва мутолиаи онҳо барои ҳар як тоҷики боору номусу бедордил фарз аст; 4) аз илмҳои бунёдӣ ва муосир баҳравар бошанд, зеро танҳо шахси бофазлу дониш метавонад ба ҷомеа хидмати дурусту бедареғ кунад, аз ин рӯ бузургони мо илму донишро дар ҳама давру замон ситоиш кардаанд: “Дониш андар дил чароғи равшан аст” (Рӯдакӣ); “Илм нони ҷони тусту нон туро илми тан аст” (Носири Хусрав), “Дониш талабу бузургӣ омӯз...” (Ганҷавӣ); 5) аз суннатҳову боварҳои мардуми тоҷик огоҳии хуб дошта, ба онҳо арҷ гузоранд, зеро онҳо маҷмуаи афкори мардуманд, ки тайи қарнҳо омада, зиндагиро маъно мебахшанд; 6) дониши диниву мазҳабӣ дошта бошад, зеро дину ойин “башариятро ба аносири мовароуттабиӣ, мовароӣ ва маънавӣ пайванд месозад” ва омӯзишу доштани дониши динӣ боиси риояи дурусти фароизи он ва ахлоқи хуб мешавад. Дин барои осон кардани ҳаёту мамоти инсон аст. Бинобар ин, бояд ислом асоси русуму одоб ва тамомияти кирдори одамӣ бошад. Аммо динро ҳамчун силоҳи сиёсат истифода кардан на фақат пояи инсофро, балки асоси диёнатро хароб мекунад. Ҳар гоҳ дар саҳнаи таърих аз ин вазифаи муқаддаси дину мазҳаб касе сӯистеъмол карда бошад, ҷабру ситами бадномиоваре ба номи худ содир кардааст. Бино бар ин, ҷомеаи мусалмонони мо бояд сурату маънои демократӣ дошта бошад.

Ҷомеаи мо ниёз ба шахсиятҳои миллие дорад, ки фидокору бетамаъ ва дар роҳи манфиату саодати халқи худ хидмат расонанд, аммо вақте ки илму фарҳанг мояи ифтихори шахсияти шинохта нест, чӣ ҷои сухан аз мақоми тафаккури миллӣ аст?

Дар маҷмуъ тамоми унсурҳои фарҳанги миллӣ сарчашмаи дар сиришт инсон рустану парвариш ёфтани тафаккури миллӣ аст, ки тамомияти комили ҷомеа, сулҳу субот дар кишвар, ваҳдату якпорчагӣ ва андешаи солиму бедор ва ҳамбастагиву ҳамдилиро дар аъзоёни ҷомеаи Тоҷикистон таъмин менамояд. Ҳоло пурсиш ин аст, ки то куҷо афроди ҷомеа аз унсурҳои фарҳангӣ бархурдоранд ва оё дараҷаи донишу андухтаҳои онҳо аз аносири фарҳанги миллӣ дар ташаккули тафаккури миллии онҳо нақш бозидаанд? Агар тафаккури миллӣ дар шакли бояду зарурӣ дар афроди ҷомеа парвариш наёфта бошад, пас вазъи хатарзоеро бар появу бунёди давлати миллӣ ба бор меорад. Мутаассифона, имрӯз як ҷараёни номатлуб ва басо нороҳаткунандаю нигаронкунанда ба назар мерасад, ки бархе аз афроди ҷомеаи мо фарҳанги миллию суннатиро мояи намуна ва ифтихор намедонанд ва ба назари беътиноӣ ба фарҳанги миллӣ ва забони давлатӣ менигаранд, ки далели зафъу нотавонии фикрӣ аст. Имрӯз, бо таассуф ақибмондагии фикрӣ дар кулли табақоти ҷомеа эҳсос мегардад. Дар сифати сухану гуфтори мардуми кӯчаву бозор ва муассисаву корхонаҳо фарқе намондааст.

Тафаккури миллии мо аз забон, маънавият, руҳоният, илму дониш, фарҳанг ва таҷрибаи таърихии мо ҷудо нест ва онро ба хотири тамосу пайвастагӣ бо тамаддуни беш аз ҳазорсолаамон ва давлати мустақили миллиамон бояд нигоҳ дошт. Рукнҳои асосии мафкуравию фарҳангӣ ва урфии миллӣ, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ, ки барои пойдории асолат заруранд, бояд мавриди эътибор қарор дошта бошанд. Вобаста ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ишора карданд: “Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари паҳлӯҳои мусбати худ имрӯз башариятро дар рӯбарӯи омезишу бархӯрди арзишҳо ва фарҳангҳои гуногун қарор додааст. Мо ҳамчун миллати қадима ва фарҳангӣ ҳаргиз мухолифи шинохтани фарҳангу тамаддунҳои мухталиф нестем. Баръакс, мо ҷонибдори гуфтугӯи тамаддунҳо ва истифода аз сарватҳои илмӣ ва дастовардҳои фарҳангии халқҳои Ғарбу Шарқ ба хотири таҳкими низоми дунявии давлати худ мебошем. Маҳз, бо дарназардошти чунин воқеият фарҳангу арзишҳо ва ҳувияти миллии мо ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеа ва давлат ниёз доранд”.

Имрӯз дар ҷаҳони басо ҳассосу ноором ҳодисаву воқеаҳои ғайриинтизор пешорӯи инсонҳо рух медиҳанд ва инро бояд донист, ки танҳо тафаккури солиму устувори миллии афроди ҷомеа метавонад аз ин гуна хатарҳо Тоҷикистонро эмин нигаҳ дорад. Фаромӯш набояд кард, ки тоҷикистониёнро аз шикасту бенавоӣ танҳо ва танҳо давлати Тоҷикистон нигоҳ дошта метавонад. Бино бар ин, дар миёни гирудорҳои ҷаҳони имрӯз тоҷикон бояд ғаразҳоро як сӯ гузошта, давлати миллии худро бо дасту дандон бидоранд. Барои побарҷой мондани ин марзу бум бояст аз фарҳанги миллӣ, ки аз зербиноҳои давлати миллӣ ва сайқалдиҳандаи тафаккури миллӣ аст, дифоъ кунем ва нагузорем, ки тафаккури миллӣ коста гардад ва бо нузули сатҳи фикрӣ мувоҷеҳ шавем.

Шарифзода Фарангис директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО