10 Sep 2026
Submitted by Admin
12

Истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони азиз пас аз чанд рӯз 35 – сола мешавад. Он ҷавони тануманди боҳуш ва ғаюру болобаландеро мемонад, ки боифтихор ва ғуруру сарафрозии ба худ зебандаи озоданажодонаи омехта бо хиради замонаҳо, аз гузаштаи ғанӣ ва пурнусрати ниёгони хеш болида, ба майдони созандагӣ ва иззатмандӣ даромада, эъҷози ҳунари ватансозӣ ва ободгарии худро бори дигар хастагинопазирона ба кор даровардааст.

Хусусан маҳорати шаҳрсозӣ ва боғпарварии худро дар сохтмони шаҳрҳои ободи замонавӣ ва тазйини боғҳои сарсабзу сердарахт дар сартосари кишвари азизамон ба кор андохтани сокинони он гувоҳӣ аз таърихи дерини шаҳрдориву шаҳрсозӣ ва шаҳрнишинии онон медиҳад. Акнун фасли навбатии шукуфоии дарахти тановари умри ҷавони давлати тоҷикон, ки реша дар умқи асрҳо дорад, фаро расидааст.

Шиори созандагӣ ва бунёдкории сокинони бонангу ори он – «Тоҷикистон ба пеш!» чун зикри хайри руҳбахш ва нидои ҳамосаофари миллӣ ҳамарӯза дар тамоми арсаҳои созандагӣ вирди забони хурду бузурги кишвар гардидааст.

Истиқлоли давлатии миллати наҷиби тоҷик истеъдоди созандагӣ ва маҳорати ободкории ӯро бори дигар дар арсаи мардонагӣ ба ҷавлон овард ва ба ҷаҳониён исбот намуд, ки ӯ мардуми бунёдкору аҳли ҳунар ва донишманду хирадгустар ва тамаддунофар аст.

Илҳоми бунёдкорӣ ва ҳунарпарварии тоҷикон аз ҳувиятдорӣ ва ҳисси ифтихор аз ниёгони оқилу хирадманди хеш ба зуҳур омадааст. Ҳувиятмандии миллии мо аз эҳсоси амиқи худшиносӣ ва худогоҳии таърихӣ буда, дар давраҳои гуногуни инкишофи худ боиси ба вуҷуд овардани Эҳёи бузурги илму адаби порсии тоҷикӣ шудааст. Ҳар гоҳе, ки қавмҳои ғосибе бар сари миллати мо тохтаву фарҳанги худро бар мо таҳмил кардан хостаанд, мо бо нерӯи шадиди ҳувиятдории миллии худ дар муқобили онҳо муқовимат намуда ҳадафи нопоку муғризонаи онҳоро замингир кардаем. Яъне ба фарҳанги онҳо нагароида, баръакс фарҳанги онҳоро дар тамаддуни ғании хеш гудохтаем. Дар натиҷаи ин гуна гудозиши ҳушмандона ҳувияти миллии худро бештар аз пеш нигаҳ доштаем.

Ҳувиятдорӣ ва ҳувиятбонии таърихии мо тоҷикон боиси иззатмандиямон дар миёни ҳамтаборони эрониву хуросонии худ гардидааст. Зеро ҳувиятдории мо сабаби асолатдорӣ ва муқовимати мудофеона хусусан аз забон ва ҳастии маънавии мо тоҷикон аз ошӯбҳо ва ҳодисаҳои сангину харобиовари ғосибон гардидааст. Бояд гуфт, ки асолатдорӣ ва ҳувияти миллии мо баробар ба таъриху фарҳанг ва забону адаби миллати мо шакл гирифтаву таърихи дерина дорад. Аз ин сабаб ҳамеша ғозибони таъриху тамаддуни миллати мо талош бар он доштаанд, ки ҳувияти миллии моро бо ҳар роҳе аз байн бибаранд ва несту нобуд намоянд. Онҳо аз асолатдорӣ ва ҳувиятнигаҳдории мардуми мо ҳароси сахте доштаанду доранд. Зеро ҳувиятдории тоҷик дар тули замонҳо боиси зинда мондани ӯ гардидааст ва ҳамеша дар шаклҳои гуногун, ки онро ба навъе гузаштагароии мудофеона метавон номид, зуҳур намудааст. Неҳзати шуубӣ пас аз истилои араб яке аз ҷараёнҳои муқовиматгари равшанфикрони ҷонсахти тоҷик буд, ки бар алайҳи нестангорони вежагиҳои барҷастаи миллӣ ва нажодии мардуми мо бунёд ёфта буд, ва намояндагони он талош мекарданд, ки бо андешамандии хирадгароёна ва тааммуле амиқ ба маърифати таърихи ниёгон аз ҳастии маънавии худ дифоъ намоянд. Маҳз ин неҳзати муқовиматгари миллӣ дар такя ва баҳрагирӣ аз таърихи ғании ниёгон боиси тавлиди андешаҳои наҷиби инсондӯстона ва ба амал омадани эҳёи навини илму адаби ориёӣ гардида буд. Ин неҳзати миллатпарварона дар навъи худ ба таконоварандаи озодандешӣ ва равшанфикрии миллӣ низ ба шумор меомад. Осори шоирони асри Сомонӣ комилан дар руҳияи бедории фикрӣ ва озодандешии миллӣ ва башардӯстӣ эҷод гардидааст.

Он абзори қавии муқовимати шадиди мудофеона аз миллат, маънавият ва таърихи ғании ниёгон ба шумор меомад. Бунёдгузорони шоҳномасароӣ аз байни намояндагони ин нехзати миллӣ сабзида, ба воя расидаанд. Абулмуайяди Балхӣ, Дақиқии Балхӣ, Абушакури Балхӣ, Ҳаким Майсарӣ, Бадеи Балхӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Носири Хисрав ва дигарон аз намояндагони барҷастаи ин неҳзати муқовиматгари миллӣ буда, таърихи давлатдорӣ, ҳамосаи маърифатгароӣ ва таърихи шоҳони ориёиро дар «Шоҳнома» ва маснавиҳои безаволи ахлоқии худ барои ҷовидон ба ёдгор гузоштаанд. Дар саргаҳи ин бедории фикрӣ ва неҳзати дифоъгару арзишҳои миллӣ Устод Рӯдакӣ ва ҳамзамонони ӯ қарор доштаанд.

Дар масири ҳувиятдорӣ ва гузаштагароии иьратангез ба таври озоду эҷодкорона рафтор намудани тоҷикон, онҳо ба такомули илму дониш роҳ ёфтаву бо кашфиёту дастовардҳои нави илмӣ ҷаҳониёнро ба шигифт овардаанд. Гузаштагароии хушк ва ба таърихи худ муқаллидона пойбанд набудан, яъне ба тариқи озод ва баҳрабардории эҷодкоронаву ибратомӯзона рафтор намудани мо тоҷикон, боиси пешравии фавқулодаи илму адаб шудаву хоҳад шуд.

Дар ҳассостарин лаҳзаҳои сарнавиштсоз низ тоҷик ҳувияти миллӣ ва асолати озоданажодии худро бо қимати ҷонаш ҳифз намудааст.

Онҳо ҳувияти миллии худро бо руҷӯъи амиқ ба таърих ва адаби гузаштаи худ устувор нигаҳ доштаанд. Ба ифодаи дигар ҳувиятмандии мо тоҷиконро тамаддун, таърих ва адабиёти бумие, ки фарзандони асилу хирадманди халқамон дар сарзаминҳои аҷдодии худ бо нерӯи заковату дониши худ офаридаанд, такмил додаву ба дараҷаи миллати комил расонидаанд, ки намунаи барҷастаи он замони наҷибзодагони Сомонӣ мебошад. Зеро ин миллати заковатманд хуб медонад, ки бо зӯр аз худ кардани таъриху тамаддун ва фарзандони миллати худ хондани шахсиятҳои ақвоми дигар ба худшиносиву худогоҳии ростину воқеӣ ва ҳувиятмандии милливу инсонӣ расидан ғайриимкон ва ҳатто номумкин аст. Зеро таърих таҳрифнопазир буда, чархи онро муносиби хостаҳо ва ҳоли худ чархондан кори носавоб ба шумор меояд. Гузашта аз ин ҳисси худшиносиву худогоҳии миллии ҳар халқу миллатеро танҳо бо ҳодисаву воқеаҳои таърихии бумии онҳо метавон шакл дод, зеро таърих офарандагони аслии худро, ки дар навбати худ боасолатана, хуб мешиносад ва ба онон содиқона арҷ мегузорад. Ва аз сӯйи дигар таъриху адаб ягона василаи ҳувиятсози миллати мост, ки симои маънавӣ ва вежагиҳои қавмиву нажодӣ ва инсонии миллати моро дар худ акс намудааст. Фарзандони фарзонаи миллати мо таърихи инсониятро бо офаридаҳои намоёни худ барҷаста намудаву бо нерӯи эҷоди бадеӣ тамоюлҳои нодири адабиро шакл додаанд. Бинобар ин нақши таъриху адабиёт барои миллати мо ҳамрадиф бо унсурҳои барҷастаи миллатсозе чун забон, ватан, марзу буми аҷдодӣ чашмгиру сарнавиштсоз мебошад.

Синову Берунӣ, Форобиву Абубакри Розӣ, Абумаҳмуди Хуҷандиву, Носири Хисрав ва ҳазорон бузургони шеъру адаб ва илму фарҳанги тоҷикон маҳз бо нажоду қавм, зодгоҳу ватани аҷдодӣ ва андешаҳои асилу созандаи ориёӣ дар таърихи ҷаҳон сабт гардидаанд. Гузашта аз ин онҳо дар батну матни зидагӣ, андешаву оро, маниш ва фарҳангу тамаддуни ориёӣ тарбият дидаву осорашонро дар рӯҳияи боландаи эҳёи илму адаби ориёӣ офаридаанд ва аз ҳарф ҳарфи онон фарзанди тоҷикон буданашон аён аст. Бинобар ин ононро таҳрифкорона фарзанди миллати дигар хондан кори носавоб ва дур аз ҳақиқат мебошад. Зеро осори ин бузургмардон шиносномаи миллати онҳост, ки дигар кардани он ғайри имкон ва дурӯғи қотеъи шармовар аст!

Маҳз ҳувияти баланди миллӣ, ки аз пешинаи ғаниву пурбори маънавӣ сарчашма мегирад, фарҳангҳо ва расму одоти ғосибони моро дар худ гудохтаву дар шакли пешрафтаи замонӣ ба зуҳур овардааст. Ҳувиятнигаҳдории таърихӣ дар тинати мардуми мо зотиву азалист. Ҳувиятмандии миллии мо тоҷикон дар замонҳои бедавлативу ғасбкориҳои таъриху фарҳангу адаби ба сари халқамон омада низ дар натиҷаи зӯру тааррузи бегонагон, агар то ҷое коҳиш ёфта бошад ҳам, аммо ба тамом аз байн нарафтааст. Зеро омӯзиши таърихи ғанӣ ва адаби оламгири халқамон чароғи ин ҳувиятмандиро чун оташи зери хокистар дар сиришти мардум нигаҳ доштааст. Ва ҳар гоҳе, ки тоҷикон соҳиби давлати мустақили худ будаанд, ҳувияти миллӣ ва таърихии худро беш аз пеш инкишоф додаву онро такмил бахшидаанд. Бинобар ин такмили ҳувияти миллӣ ва ё ҳувиятмандии тоҷикон боиси такони ҷиддӣ ва пешрафти илму адаб ва фарҳангу тамаддуни онҳо шудааст. Зеро ҳувияти мазҳабии ориёиён таконбахши ҳувияти миллии онҳо будааст. Дини беҳӣ, ки бар пояи маниши сегона пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек устувор буд ва сарчашмаи он аз хираду ҳикмати озодандешии рӯшангароёнаи озоданажодон шодоб мегардид, бинобар он нерӯбахши ҳувиятмандии инсонӣ ва миллии мо ориёиён будааст. Ҳувияти мазҳабии мо ба ҳувияти миллии мо ва баръакс, ҳувияти миллии мо ба ҳувияти мазҳабии мо дар робитаи зичу амиқ рушд кардааст, ки шакли комилу барҷастаи зуҳури ингуна ҳувиятмандӣ ва ҳувиятбонии тоҷиктаборон замони салтанати Сосониён ва пас аз онҳо наҷибзодагони Сомонӣ будааст.

Дар замони ҳукмронии ҳарду сулола ҳувияти миллии моро ҳувияти мазҳабии гузаштагони мо, ки бар пояи манишии сегона қавист тақвият бахшидаву неруманд нигаҳдоштааст. Ва ин гуна ҳувиятмандии ростини тоҷикона, ки дар такя бар фарҳанг ва суннату ойинҳои миллӣ ва мазҳабии гузаштагони худ устувор буд, ба инкишофи бесобиқаи илму фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшид. Зеро ҳувияти миллӣ ва мазҳабии мо тоҷиктаборон дар асоси омӯзиши илму дониш ва маърифати дунявӣ дар ҳолати бесобиқа инкишоф ёфтааст.

Шукӯҳи Истиқлолу озодӣ ва озодандешии давлати Сомониён дар тасаллути комил ва дастёбӣ ба донишҳои муҳимму роиҷи он замон ба монанди илмҳои нуҷум, ҳандаса, риёзиёт, тиб, ҳикмат, илмҳои табиатшиносӣ, таъриху адабиёт ва мисли инҳо будааст, ки таҷаллии он имрӯз ҳам мушоҳида мегардад. Сомониён тавонмандӣ ва қудрати беминнати давлат ва ҷомиаи худро дар тавонмандии илмӣ дониставу баҳри такмили илму донишҳои муҳимму пешбарандаи ҷомиа кӯшидаанд. Сомониёни хирадпарвар чун амирони асолатдор суннату ойинҳо ва илму донишҳои замони Сосониёнро чун идомадиҳандагони кори онҳо ривоҷу равнақ бахшидаву ҳувияти миллии таърихиро пурқувват кардаанд. Бинобар ин ҳувиятдорӣ ба эҳёи илму адаб ва донишҳои муҳимми замон шарафёб гардидаву неруи зеҳнии сартосарии мардумро афзоиш бахшидаанд. Ҳувиятмандии тоҷикон бо хираду дониш ва ҳикмату фалсафа дар робитаи қавӣ будааст. Ин навъи ҳувиятмандӣ бар асоси арзишҳои маънавӣ ва расму ойинҳои миллӣ устувору побарҷо ва ҷаҳонсозу ободгар мебошад, зеро бо хираду ҳикмат такя дорад. Хираду ҳикмат сарчашмаи озодандешӣ ва рӯшанфикрӣ буда, андешаҳои ифротгароёнаи хурофотиро маҳкум ва решакан менамояд.

Тоҷикон ҳувияти миллии худро ба василаи донишҳои таърихӣ ва адабии гузаштагони худ нигаҳ доштаанд. Ба ифодаи дигар ҳувиятмандии мо тоҷиконро таърих ва адабиёти бумие, ки фарзандони хирадманди халқамон дар сарзаминҳои аҷдодии худ офаридаанд, такмил додаву ба дараҷаи миллати комил расидааст. Ба ин гуфтаамон тавлиди китобҳои «Намунаи адабиёт»-и Устод Айнӣ ва «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров мисоли барҷаста шуда метавонад. Ҳар ду китоб ҳам дар лаҳзаҳои сарнавиштсозу ҳассос, дар он замоне, ки ҳастии маънавии миллати тоҷикро душманону бадхоҳонаш зери суол бурда буданд, навишта шудаву аз ҳастии маънавии халқи тоҷик дифоъ намуда ҳувияту тоҷикияти миллатро таъмин намудааст.

Имрӯз низ Тоҷикистони маҳбуби соҳибистиқлол чун фарзанди содиқу вафодори Сомониён роҳу равиши хирадгустарии ононро ворисона идома медиҳад ва ба донишомӯзиву рӯшанфикрии афроди миллат бештар аз ҳар омили дигаре саъю талош менамояд. Барои эҳёи ҳофизаи таърихии соҳибмиллатон китобҳои «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Фирдавсиро ба ҳар як хонадони тоҷик эҳдо намудани Ҳукумати кишвар идомаи ҳувиятдорӣ ва таърихназарии суннатии мардуми мо мебошад.

Абзори неруманди муқовимати ориёиён бар алайҳи таҳоҷуми бегонагон ва ифроту тафрит асосан ҳувиятмандӣ ва хештандории худогоҳонаи миллӣ будааст. Таърихи дерини миллатамон шоҳиди он аст, ки ин абзор бар алайҳи таҳоҷуми бегонагон аз нерӯмандтарин аслиҳаи ҳамосаофар ба шумор меомад.

Ҳувияти милли тоҷикии мо ҳувияти миллии «натсионалистӣ» ва «натсионализм» набуда, балки миллатпарварии оқилонаву хирадмандонаест, ки ҳастии таърихиву фарҳангии миллату халқиятҳои дигарро чун «саҳюнистҳо» нодида гирифтаву арзишҳои асили фарҳангии онҳоро яккатозона тасарруф наменамояд, балки баръакс дар шаклгирии фарҳангу тамаддуни халқҳои дунё низ ёрмандӣ кардаву мекунад.

Дилбастагии амиқи тоҷиконро ба таърих ва адаби гузаштаашро набояд ба «натсионализм – миллатпарастӣ» ҳосил намуд. Он мутлақо аз ҳисси миллатпарастии онҳо набуда ва дағдағаи яккатозиву бузургманишии онҳоро ифода намекунад, балки аз таарузу зулми бешумор ва кашидани ҷабри амиқи таърих эҳсоси худдифоӣ пайдо кардаву ҳастии таърихии худро тавассути далелҳои қотеъ овардан аз таърихи гузаштагонаш ба исбот расонидааст.

Намунаи барҷастаи онро дар мисоли давлати соҳибистиқлоли Тоҷикикстони азизамон борҳо мушоҳида намудаем, ки сарвари ҳукумат бо пешниҳодҳои ҷолиби инсондӯстона аз тариқи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ обрӯи давлати тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштаанд ва ҳам миллати ботадбиру рой будани моро ба исбот расонданд.

Имрӯз ҳам барои устувории бинои Истиқлоли кишвар беш аз пеш зарур аст, ки ҳувият ва тоҷикияти худро бештар аз ҳар вақти дигар қавию устувор намоем ва ҳушёру ҳассос нисбат ба масоил ва манофеи миллиямон бошем ва ваҳдату ягонагӣ ва сарҷамъии ҳаммиллатонро таъмин намуда, пос дорем.

Анзурати Маликзод, н.и.ф., ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи адабиёти ИЗА АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО