17 Sep 2026
Submitted by Admin
44

Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби шоистаи ҳунари мамлакат Сотим Улуғзода дар радифи фарзандони бузурги суханвари миллати тоҷик ҷою мақоми хосса дорад.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавзуи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) дар адабиёти шуравӣ яке аз мавзуъҳои мубрам дар замони ҷанг ва баъд аз он маҳсуб ёфта, дар эҷодиёти аҳли адаб дар тамоми навъҳои адабӣ ба зуҳур омадааст. Барои Иттифоқи Шуравӣ, давлати навбунёди бародарӣ мудҳиштарин ва даҳшаттарин замон ҳуҷуми ногаҳонии Германияи фашистӣ буд, ки дар он миллионҳо аскарон, занону кӯдакон, пиру барно ваҳшиёна ба ҳалокат расонида шуда буданд. Бар асари ин ҷанг миллионҳо шавҳарон, бародарон, фарзандон, падарон, бобоҳо, хешу ақраборо аз даст дода, ғуссамарг гардидаанд. Аммо дар Давлати Шуравӣ руҳу иродаи қавӣ, ягонагии матонат, якдилу якҷон шудани халқҳои понздаҳ ҷумҳурии бародар абарқудратии иттиҳодро дар музаффариятҳои бузург бар душмани истилогар дар амал нишон дод. Дар ин маврид аҳли қалам, чун анъанаи аҷдодӣ воқеаҳоро дар саҳифаҳои таърих ба риштаи тасвир гирифта, барои ояндагон хотира ва дарси сабақ бардоштан аз таърихи гузашта осори зиёдеро боқӣ гузоштаанд.Сотим Улуғзода насли ана ҳамин давра, аз ҷумлаи он нависандагонест, ки соли 1940 ба аспирантураи Институти адабиёти ҷаҳонии Маскав дохил шуда, вале як сол пас баробари оғоз гардидани ҷанг ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб гардид ва то соли 1944 дар рӯзномае, ки ба фронти ҳарбӣ тааллуқ дошт, ҳамчун мухбири ҳарбӣ фаъолият кард. Воқеаҳои майдони ҷанг, ҳарбу зарб ва қаҳрамониҳои ҷанговарони Давлати Шуравӣ дар осори Сотим Улуғзода маводи зинда ва мушоҳидаву эҳсосоти худи нависанда мебошанд, ки дар адабиёти тоҷик мақоми хоссаеро дар бар мегиранд. Адибони дигари тоҷик, аз ҷумла Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Лутфуллоҳ Бузургзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Боқӣ Раҳимзода, Ҳабиб Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Аширмат Назаров, Ҳамид Обидӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Тоҷӣ Усмон ва дигарон дар ҷанг вазифаи фарзандии худро дар назди халқу Ватан иҷро намудаанд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ халқҳои бародарро танҳо як мақсад бо ҳам муттаҳид сохта буд: мубориза бар зидди душман – фашизм, қувваҳои истилогар ва шикаст додани онҳо дар роҳи озодии Ватан, ки дар ин ҷода аҳли адаб ба ғайр аз яроқ боз бо қалам низ бар зидди душман муборизаи беамон мебурданд. Адабиётшинос А.Набавӣ замони ҷангро ёдовар шуда, чунин андеша баён кардааст: «...аҳли адаби ҳирфаӣ на танҳо дар сафи пеши ашхоси майдонталаб қарор ёфтанд ва як қисми эшон ба ҷабҳа рафтаву яроқ ба даст гирифтанд, балки муҳимтар аз ҳама, қаламро ба яроқи мубориза табдил доданд» (Набавӣ А. Ҷанги Ватанӣ ва афкори адабиёти тоҷикӣ (Нашри дувум бо таҳриру иловаҳои нав). – Душанбе: Адиб, 2015. – С. 126).

Сотим Улуғзода мавзуи ҷангро дар жанри ҳикояву очеркҳо ба тасвир гирифта, дар онҳо, пеш аз ҳама, руҳи баланди вафодорию диловарии ҷанговарони тоҷик ва халқҳои бародари шуравиро дар роҳи мубориза бар зидди душман – фашистони лаин баҳри Ватан, халқ, қаҳрамонию фидокориҳо ва маҳорати баланди ҷангии аскарҳоро дар майдони ҷанг басо воқеъгарона ва бо маҳорати баланд нишон додаааст. Насри нависанда аз ибтидои фаъолияти адабии ӯ майл ба реализми сирф дошт, ки минбаъд дар асарҳои офаридааш боз ҳам вусъат ёфт. Мавзуву мундариҷаи ҳикояву очеркҳои ҷангии нависанда «Як ва саду як», «Атака», «Бибӣ», «Дар размгоҳ», «Ҳалокати «Шоҳ-паланг», «Марги ҳофиз», «Бачамард», «Сатрҳои зарин дар достони ҷовидонӣ. Набераи Мулломир-ботур», «Бачамард», «Пятачок», «Пас аз сӣ сол», «Қасами Тешабой», «Ҷонбозӣ», «Қаҳрамони Днестр, Висла ва Одер» ба ғайр аз ҳикояи «Марги ҳофиз» маводи ҳаёти муосирони моро ташкил медиҳанд, ки барои абадзинда гардонидани қаҳрамонони муборизи дар майдони ҷанги хунин ҷангида, нишон додани матонат ва неруи шикастнопазири бародарии халқҳои шуравӣ, ки дар ҳар ваҷаб хоки Ватан хун рехта, аз душман интиқом гирифтанду фидокорию далериҳои гӯшношунид нишон додаанд, дар насри имрӯзи тоҷик низ мақоми баландро ишғол мекунанд.

Сотим Улуғзода дар ҳикояву очеркҳояш қаҳрамонии ибратбахши ҷанговарони тоҷик ва ҳалқҳои бародарро дар майдони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба таври хеле воқеӣ ва табиӣ тасвир менамояд: ба монанди қаҳрамон Отахон Низомов, ки дар байни ҷанговарони сурхи фронти Шимолӣ-Ғарбӣ ҳамчун снайпери нишонрас шуҳрат дошт ва эҳтироми махсусро дар байни ҷанговарон соҳиб гашта буд; Фахриддин Аминов – сержанти калони гвардия ва командири дастаи автоматчиҳо, бо вуҷуди гарданшахӣ, бадфеълӣ ва худсариаш корнамоиҳои зиёди ҷангӣ нишон дода, бо далерию шуҷоати бемисл ва матонату мардонагӣ дар назди на танҳо ҷанговарон, балки дар назди генералу полковник ном бароварда буд, вале дар арафаи ғалаба мардонавор ҷангида, ба ҳалокат расид; Бачамард Одинаев ном ҷанговари тоҷик, мергани нишонрас, ки ба дасти душман асир афтида ва ба истинтоқи сахти душман тоб оварда, мардонавор ба ҳалокат расид; Тешабой Одилбеков қаҳрамони дигари номдори тоҷик, дар майдони ҷанг фидокорию садоқати бемисл нишон дода, аз муҳосираи душман раҳо кардани мардуми Ленинград (Санкт-Петербурги ҳозира) корнамоиҳои қаҳрамонона нишон додааст. Дар бораи ӯ ҳатто нависанда П.Н. Лукнитский, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар фронти Ленинград ҳамчун мухбири ҳарбӣ иштирок доштааст, корнамоии Тешабой Одиловро низ дар қатори қаҳрамониҳои ҷанговарони далери шуравӣ дар очеркҳояш қайд кардааст. Маҳз нишон додани матонат, диловарӣ, шуҷоат ва корнамоиҳои бузург дар майдони ҷанг, доштани мароми ягона ҷанговарони Давлати Шуравӣ, иттиҳоди понздаҳ давлати бародар дар мубориза бар зидди душмани бешумори сар то по яроқнокшуда ва бо техникаи нави ҷангӣ мусаллаҳ ба музаффарият даст ёфтанд. Мушоҳидаҳову ҳиссиёт ва назари бевоситаи Сотим Улуғзода дар бораи ҷанг, ҷанговарони мо, амалиёту корнамоиҳои онҳо бар зидди фашистони истилогар дар осори ҷангии ӯ маводи зиндаи ҳаётӣ мебошанд.

Нависанда дар бораи музаффариятҳои Армияи Советӣ барои шараф ва Истиқлолияти Ватан ва барои озодии тамоми халқҳои аврупоӣ ба асорати гитлерчиён афтодаро ёдовар шуда, таъкид мекунад, ки дар роҳи озодии башар ҷанговарон омода буданд, ки ҷони худро фидо намоянд. Хабарҳои матбуотро дар бораи ҷанговарони тоҷик вобаста ба ин нависанда чунин менигорад: «Аз хабарҳои матбуот мо медонем ҷанговарони тоҷик, ки дар ҳолати маҷруҳӣ ба дасти истилогарони немис асир афтода ба хоки Франсияи истилошуда бурда шуда буданд, нигаҳбонони лагерҳои немисро кушта ва аз асорати ғуломдорони фашистӣ гурехта ба партизанҳои франсуз ҳамроҳ шуданд ва барои озодии Франсия ҷангидаанд» (Улуғзода С. Баҳори инсоният // Тоҷикистони сурх. – 1945. – 1 май. – С.3). Дар баробари ҷанговарон дар ақибгоҳ падару модарон, бародарону хоҳарон ва занон фидокориҳо нишон медоданд, ки вазъу ҳолати руҳии онҳоро Сотим Улуғзода аз дидгоҳи худ чунин ба тасвир овардааст: «Онҳо чӣ будани истироҳатро фаромӯш карда, ба сахтиҳои беҳад тоб оварда, фидокорона меҳнат мекарданд, то ки ба армияи маҳбуби худ ҳамаи чизҳои барои ғалаба зарур бударо расонда диҳанд. Оташи ғазаби онҳо нисбат ба душмани одамхури тороҷгар иродаи онҳоро чун фулод обу тоб дода, қувваи руҳ ва ҷисми онҳоро даҳчандон зиёд карда буд» (Улуғзода С. Баҳори инсоният, С.3). Метавон гуфт, ки нахустин асарҳои насрии Сотим Улуғзода ёддошту мақола ва очерк будааст, ки дар солҳои ҷанг дар тасвири воқеияти ҷанг, қаҳрамонии ҷанговарони Иттиҳоди Шуравӣ, руҳи тавоно ва шикастнопазири аскарон, дар мудҳиштарин лаҳзаҳои ҷангӣ нишон додани матонат, диловарию шуҷоат ва ҷонфидоии қаҳрамонони тоҷик маҳорати нависандагии ӯро такмил дода, насри тоҷикро дар таҳқиқи рӯйдодҳои солҳои ҷанг вусъат бахшидаанд. Нависанда дар шароити мураккаб ва вазъияти мушкил нигоҳ доштани сифатҳои баланди инсониро дар ҳар яке аз ин ҳикояву очеркҳо зимни офариниши характер, олами андеша, тасвири фоҷиаю мусибат, руҳи қаҳрамононро барҷаста нишон медиҳад. Масалан, дар ҳикояи «Бибӣ» нависанда, на танҳо сифати баланди одамгарӣ, балки дар суханони вопасини ҷанговари тоҷик Муродҷон Каримов мардонагӣ, ҷонфидоӣ ва садоқат ба Ватанро нишон додааст. Муродҷон Каримов дар вақти ҳуҷум ба Берлин, дар арафаи ғалаба кушта мешавад ва ин хабарро мебоист ҳамсари лейтенант Аҳмад Ҷураев – Фотима мерасонд, ки бо ӯ дар фронт дар як қисм ҷангида будаанд. Аммо ин хабари барои модар гаронро Фотима муддате то баргаштани шавҳараш нигоҳ медорад ва бо расонидани хурдание аз ҳоли ӯ хабардорӣ мекунад. Хабари фоҷиавиро ба Бибӣ-Розия Аҳмад Ҷураев бо аҳли оила хабар дода, дар ғами вай шарик мешаванд. Ин оила Бибӣ-Розия ва набераи ӯ Гулҷамолро ба оилаи худ гирифта, ҳамчун аъзои оила қабул мекунанд, ки ин иқдом сифати баланди Одамиятро нишон медиҳад. Дар суханони вопасини Муродҷон Каримов «ман ба Ватанам ва халқам софдилона хизмат кардам, акнун ҷони худамро бе ҳеҷ дареғ ба онҳо мебахшам. Аз модарам ва аз Гулҷамол хотири ман ҷамъ аст, Ватанам онҳоро хор намегузорад» фарзанди диловари тоҷик ва содиқ ба Ватан нишон дода шудааст, ки дар дами марг ёди Ватан мекунад. Моҳияти меҳварии ҳикояву очеркҳои ҷангии нависанда тасвири воқеии драмаи баланди инсоният мебошад, ки дар характер ва сарнавишти қаҳрамонони ҷудогонааш хеле барҷаста тасвир намудааст.

Дар дафтари ёддоштҳои ҷанговар ҳикояи «Дар рамзгоҳ» нависанда на танҳо ҳамчун мухбири ҳарбӣ, балки ҳамчун иштирокчии воқеаҳо амал мекунад. Аз аввалин навиштаҳои хуби ӯ, – қайд мекунад адабиётшинос А.Набавӣ, – ҳикояи одилона «Дар размгоҳ» буд, ки бо назари тоза ба воқеияти ҷанг ва аз дидгоҳи ахлоқиву психологӣ ба тасвир гирифтани маводи ҳаётӣ имтиёз дошт. (Афсус, ки дар вақташ танқиди адабӣ ба ин ҳикоя баҳои одилона надода буд) (Набавӣ А. Гавҳари сухан // Ду чеҳраи дурахшони адабиёти муосир. – Душанбе: Дониш, 2021. – С.126.). Воқеаи ҳикоя воқеаҳои ҷангии зимистони соли 1942-ро дар бар мегирад, ки қушунҳои фронти Шимолӣ-Ғарбӣ дар райони Демянск армияи понздаҳуми Германияро иҳота карда буданд. Дар ин солҳо Гитлер барои ҳалқаи иҳотаи қушунҳои шуравии фронтро пора кардан як армияи махсуси зарбдорашро ба ҷанг дароварда буд. Мундариҷаи ғоявии ин ҳикояро дар ҷараёни муборизаи шадид бо душман ва рӯ ба рӯ шудан ба марг ва аз пеши назар гузаштани лавҳаҳои зиндагӣ ташкил мекунад, ки танҳо дар ҳамин лаҳзаи хатарнок ва дар дами марг чизҳои ҷузъии ҳаётӣ аҳаммияти калон ва муҳиммият пайдо мекунанд: ба монанди расидан ба қадри зиндагӣ, наздикон, ёру дӯстон ҳар лаҳзаву ҳар нафаси ӯро фаро мегирад. Ин лаҳзаи мудҳишро нависанда ҳангоме аз сар мегузаронад, ки муддате командири рота таъин шуда ва дар майдони ҷанг ҷавобгари ҳаёти ҷанговарон гардида буд. Кайфияти руҳии худро зимни андешаҳояш дар ҳикоя нависанда чунин ба тасвир овардааст: «Бо тезии барқвор ба назарам сурати зан ва бачагонам, ёру дӯстонам, манзараи шаҳрҳои дидагӣ ва истиқомат кардагиам, асарҳои ба навиштан сар кардагӣ ва накардагиам ҷилвагар мешуданд... Боз дар бораи ҷанговароне, ки на як ва на ду, балки даҳҳо бор ва дар шароити аз ин сахттар ба атака мераванд, фикр мекардам ва дар дили худ ба онҳо офарин мехондам. Алиев аз ман дида оромтар менамуд, аммо аз чашмонаш мехондам, ки вайро ҳам худи ҳамон ҳиссиёт, худи ҳамон фикру хаёлҳо ба ҳаяҷон оварданд» (Улуғзода С. Атака. Ҳикояи воқеӣ // Тоҷикистони сурх. – 1944. – 8-9 январ. – С.4). Нависанда олами ботинӣ, ҳиссиёту ҳаяҷон ва ҳолати руҳии худро дар лаҳзаи ба ӯ таҳдид кардани марг ба тасвир оварда, қаҳрамонии ҷанговаронро дар шароити вазнини фронт, дар сурате ки техникаи ҳарбӣ ва ҷанговарони таҷрибадори душман миқдоран хеле ҳам зиёд буданд, офарин мехонад. Дар ин лаҳза ӯ гӯё зери фикру хаёл ба худ қавл медиҳад ва ин қавл дар лаҳзаи рӯ ба рӯ шудан ба марг дода шуда, ҳар нафари бо нангро ба андеша мекашад: «... Оҳ, зинда мондан, боз ба кору меҳнати осуда расидан, агарчи он кор вазнин, беором ва ҳар шабонарӯз 20 соат бошад ҳам, агарчи ҳеҷ истироҳат надошта бошад ҳам, – ба он расидан, бо мардум, бо ёру дӯст будан чӣ гуна саодат аст! «Агар зинда саломат монам, фикр мекардам ман, ҳар як зарби набз ва ҳар як таппиши диламро ба нафъи ватанам ва халқам, ба кор, ба меҳнат медиҳам, ҳеҷ ба хурду калони кор нигоҳ намекунам, ҳар он коре, ки лоақал ба як инсон фоида расонда тавонад, мекунам, касеро озор намедиҳам, ҳамаи ҳамватанони худамро дӯст медорам. Дар дунё ин хел рӯзҳо будаасту, одам ин хел ба аҷали бемурувват рӯ ба рӯ мешудаасту боз вай дар ҳаёти осуда аз ногувориҳои майда, аз дуто нашудани ҷома, аз кам хобидани вақти шаб, аз танқиди рафиқ, аз дода нашудани отпуска дар сари вақт, аз набудани моли даркорӣ дар магазин ва ғайра ва монанди ин чизҳо шикоят мекунад, норозӣ мешавад, меранҷад, асабонӣ мешавад, моҷаро мекунад, дӯстон ва наздиконашро озор медиҳад. Нисбат ба азобҳои бетаг ва бемаҳалле, ки ҳоло миллион-миллион ҳамватанони мо дар роҳи ватан ва ҳаёт кашида истодаанд, ногувориҳои майдаи осуда чист? Ҳеҷ аст ва кирои он намекунад, ки одам дар бораи онҳо гап занад». Лаҳзаи дигари муҳимми ин ҳикоя дар ҳолати ҳаяҷон қаҳрамонии Алиев ном ҷанговарро нависанда мушоҳида карда тайёр буд, ки оташи пулемётро ба ҳар кадом немиси ба Алиев қасди ҷон карда резад, балки ҳангоми мондагӣ қувваи охирини худро ба ӯ бахшад. Он лаҳза даҳ дақиқа, ки хеле суст мегузашт, ҳаёти ҷанговарон дар хатар буда, ҳар дам ба талаф шудани онҳо таҳдид мекард. Ҳамин гуна лаҳзаҳои мушкил ва вазнинро Сотим Улуғзода дар фронт, ҳамроҳи ҷанговарони қаҳрамон, дар амалиёти ҷангӣ дар ҷисму ҷони хеш аз сар мегузаронад.

Ҳамин тавр, ҳикояҳои «Атака» ва «Дар размгоҳ» аз ёддоштҳои дафтари фронтии Сотим Улуғзода ҳаҷман калон буда, дар онҳо лавҳаҳо, амалиёт дар муборизаи шадид бо душман якдилу якҷон будани халқҳои бародари Иттиҳоди Шуравӣ ва маҳз бо ҳамин сабаб ба даст овардани музаффарият бар душманро хеле муассир ва барҷаста нишон дода шудааст.

Назар мекунем ба ҳикояи дигари нависанда, ки ба мавзуи ҷанг бахшида шудааст: қаҳрамони ҳикояи «Як ва саду як» Отахон Низомов ҷанговари тоҷик бо ҳунари баланди снайперӣ дар миёни ҷанговарон эҳтироми хоссае дошт. Нависанда дар баробари нишон додани амалиёти ҷангии Низомов, ки саду як немисро кушта буд ва бо донистани нозукиҳои нишонгирии оптикӣ аз тири душман саломат мемонд, ба хонанда чандин сифатҳои хоси снайпериро шарҳ медиҳад. Дар ҳикояи «Бачамард» ҳамчунин қаҳрамонии Бачамард Одинаев ҷанговари дигари тоҷик, мергани моҳир, ки командир бинобар корнамоиҳояш нисбат ба ӯ эҳтироми хоссае дошт, таҳкия шудааст. Нависанда симои ин қаҳрамони тоҷикро чунин ба тасвир овардааст: «Аз онҳо яке Бачамард Одинаев ном ҷанговари тоҷик буд. Аскарбачаи майдаяки чаққон, сиёҳаки камгап, мисли духтар шармгин буд. Вай аз мерганҳои хуби ротаи ман ҳисоб меёфт ва сию шаш немисро кушта буд. Аз разведкаравӣ як рӯз пештар вай немиси сию ҳафтумро кушт. Хурсандона ба блиндажи ман даромада лафзҳои русиро шикаста-шикаста ба лаҳҷаи худ талаффуз карда «Рафиқ лейтенант, имрӯз немиси сию ҳафтумро куштам, мана акт..» (Улуғзода С. Бачамард // Хрестоматияи адабиёт (Барои синфи чоруми мактаби ибтидоӣ). – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон. – 1949. – С.150).

Очерки «Қаҳрамони Днестр, Висла ва Одер» дар адабиёти тоҷик яке аз беҳтарин очеркҳои замони ҷанг эътироф гардида, ба муносибати 20-солагии ғалабаи таърихии халқи советӣ бар Германияи фашистӣ бахшида шудааст. Дар ин очерк қаҳрамонӣ ва диловарии ҷанговари тоҷик, сержанти калони гвардия Мирзо Бобоҷонов таҳкия мешавад, ки дар армияи 5-уми гвардиягӣ дар Днестр, Висла ва Одер корнамоиҳои ҷангӣ нишон дода, моҳи марти соли 1945 бо сабаби захмӣ шудан дар вақти ҳуҷуми Штерлн ғалабаи Армияи Советиро дар госпитал пешвоз гирифта буд. Нависанда дар таҳкияи субъективона ба хонанда хонаводаи Бобоҷон-амак ва Хатича-холаро, ки ҳафт писар ва се духтар доштанд ва бо оилаи калони фарзандону наберагон хушбахту шод буданд, шинос менамояд. Бобоҷон-амак, марди хушсавод ва ба қавли нависанда, чун шахси меҳнатӣ ва ҳалолкор фарзандонро дуруст тарбия карда буданд, вале соли 1942 аз олам гузашта бо ҳамин қаҳрамонӣ ва корнамоиҳои фарзанди худро надиданд. Мирзо Бобоҷонов, хатмкардаи омӯзишгоҳи педагогӣ, муаллими мактаби ибтидоӣ соли 1943 пас аз пур кардани ҳаждаҳ сол ба ҷанг сафарбар карда мешавад. Дар ин синну соли ҷавонӣ бо машқҳои ҳарбии ақибгоҳ ӯ дар миёни оташи ҷанг обутоб меёбад. Дар фронт Мирзои ҷавон дар тарбияи командири ғамхор, старшина И.Ф. Бураков, майор Косой, капитани сапёрҳо ва дӯстӣ бо ҷанговарони содиқ Антон Главинский, Алексей Матигулин таълими комили ҷангиро бо тамоми нозукиҳояш аз бар мекунад. Нависанда тамоми хислати Мирзоро дар майдони ҷанг ҳангоми ҳарбу зарб бо душман, дар ҷанги тан ба тан бо фашист, дар муносибати дӯстонаю ҷанговарӣ, дар обутоби ҳарбӣ ва нишон додани матонату садоқат дар ҳифзи Ватан ва иҷроиши фармонҳо муфассал ва бо ҷузъиёт тасвир намудааст. Ба муносибати дағал ва сарзаниши беадолатонаи ёрирасони командири полк – лейтенанти хурд, Мирзо дар вазъияти бардоштани ҷароҳат ба ӯ бо некӣ ҷавоб дод: ӯро ғамхорона бо душворӣ, пуштора ба госпитал расонд, ки пас аз ба худ омаданаш лейтенанти хурд аз ӯ узр мепурсад. Мирзоро ҷанговарони кордидаи ҷанг, ротаи сапёрҳо, воқеан ҳам муносибати хуби командир, машғулиятҳои пайваста ва машқҳои ҳарбӣ бебоку қавиирода гардонда буданд. Бобоҷонов Мирзо, ҷанговари тоҷик бо гирифтани рутбаи сержанти калон ба ротаи ҳаштуми баталёни савуми полки 297-ум таъин шуда, бо пулемёти чархдори № 265 қаҳрамониҳо нишон дод, ки бо ду ордени Байрақи Сурх мукофотонида мешавад.

Дар очерк корнамоии дигари ҷанговари тоҷик Аминов Фахриддин ҳам дар муносибати дӯстонаи Мирзо ва дар корнамоиҳои бемисли майдони ҷанг таҳкия мешавад. Аммо дар хислату рафтор Аминов баъзе худсариҳо дошт, ки чандин маротиба ба ротаи ҷазоӣ фиристода шуда, аз он танҳо бо ягон корнамоии қаҳрамонӣ озод мегардид: дар муҳориба бо душман диловарона ва бебок амал мекард; ба осонӣ ба қисми душман гузашта, тамоку ва автоматҳои онҳоро ба даст оварда буд; «Шоҳ-паланг» ном танки душманро тарконда, бекор кард; капитани немисро барои гирифтани маълумот асир гирифта, ба дивизия овард, ки командири дивизия, генерал Ансиферов ба корнамоии ӯ офарин хонда буд. Нависанда тамоми қаҳрамониҳо ва бадфеълиҳои Аминов Фахриддинро ботафсил нақл карда, маҳорат ва шуҷоати ӯро дар майдони ҷанг ба таври воқеӣ нишон медиҳад. Ӯ бо чандин нишон ордену медалҳо мушарраф гардида буд, аммо афсус, ки ба рӯзи ғалаба нарасид: моҳи январи соли 1945 дар амалиёти ҳуҷуми қушунҳои шуравӣ, зимни озод кардани Полша ба ҳалокат расид.

Нависанда дар ҳикояву очеркҳои ба мавзуи ҷанг бахшидааш ботафсил корнамоиҳо, диловарию шуҷоат ва мардонагию матонати ҷанговарони тоҷик Бобоҷонов Мирзо, Аминов Фахриддин ва халқҳои бародарро таҳкия намуда, олами ботинӣ, ҳиссиёту ҳаяҷон ва кайфияти руҳии онҳоро низ воқеӣ тасвир менамояд. Фоҷиаи ҷанг бар асари душмани истилогар миллионҳо одамонро аз байн бурд, аммо фидокориҳо, матонат, якдилию якмаромӣ ва далерию шуҷоати бемисли ҷанговарони халқҳои бародар душманро шикаст, ғалабаро насиб гардонд, ки ин музаффарият бар душман ба руҳи шикастнопазири ба монанди ҷанговарон Мирзо Бобоҷонов, Аминов Фахриддин, Антон Гливинский, Виноградов ва дигарон муяссар гашт.

Сотим Улуғзода дар назм низ қаҳрамониҳои ҷанговарони тоҷикро сурудааст. Аз ҷумла дар шеъри ба қаҳрамонии Исмоил Ҳамзаалиев бахшидааш неруи баланди ватандӯстӣ, қаҳрамонию диловарӣ ва корнамоии ӯро дар майдони ҷанг чунин васф менамояд:

ҚАҲРАМОН ҲАМЗААЛИЕВ

Майдони пур аз оташу саҳрои пур аз дуд,

На сабза, на себарга, ҳама сӯхта, нобуд.

Аз шуълаву торикии якҷо шуда мавҷуд,

На шом намудор ва на субҳ аён буд.

Шерона биистод дар он Ҳамзаалиев,

Чун тупи худаш наъразанон Ҳамзаалиев!

Саф баста фашистони лаин рӯй ба рӯяш,

Бо ҳамла пайёпай бидавиданд ба сӯяш,

Аммо наҳаросид аз ин қалби накӯяш,

Хам карда нашуд пеши хатар як сари мӯяш.

Рад кард ҳама ҳамлаашон Ҳамзаалиев,

Бар душмани худ офати ҷон, Ҳамзаалиев.

Ин тупчиву туп чу ду ёри вафодор,

Истода бари ҳамдигар омодаву тайёр.

Бар хасми худ оташ бикушоданд чу ҳар бор,

Хошоксифат сӯхт басе хунхури мурдор,

Бар душман овард қирон Ҳамзаалиев,

Фарзанди вафодори замон Ҳамзаалиев!

Гарчанд ки маҷруҳ шуд аз тарафи фашистон,

Дар ҷанги калон якка худаш монда зи ёрон,

Таслим нашуд, рӯй гардонд зи майдон,

Зад бар дили хасм аз дами туп оташи сӯзон,

Баҳри ватанаш ҷангкунон Ҳамзаалиев!

Шуд лоиқи ҳар шавкату шон, Ҳамзаалиев!

Драматизми инсониро нависанда дар ҳикояи «Марги ҳофиз» (1975) баръакси қаҳрамонони майдони ҷанг, фарзанди хиёнаткори Ватан барҷаста тасвир намуда, фоҷиаи на танҳо халқу Ватан, балки фоҷиаи бузурги падарро хеле муассир ва дар пояи баланд ба таҳқиқи бадеӣ мекашад. Ривояти таърихӣ дар ин ҳикоя бештар мазмуни иҷтимоӣ гирифта, хиёнат ба халқу Ватан қисмати асосии ғоявии ҳикояро ташкил медиҳад. Нависанда тавассути воқеа ва ҳодисаҳои таърихии сарзамини Ҳиндустон исёни сипоҳиёну шуришгарони ҳинду мусулмонро, ки дар соли 1857 дар Канпур рух дода буд, фоҷиаи ҳофизи маҳбуби ҳинд – Шивоҷиро тасвир менамояд. Суруду навои ин ҳофизи овозадор ба шунавандагон солҳо шуру ҳаяҷон ва саодати бепоён мебахшид. Савту навои руҳбахши Шивоҷӣ ганҷинаи ҳикмату ривоятҳо буд, ки ӯро ҳофизи овозадори Ҳиндустон гардонида буд. Нависанда дар ҳикоя дар зимни тасвири муборизаи шадиди сипоҳиёну шуришгарон зери роҳбарии сипаҳсолор Нана-соҳиб ниҳоди ду қаҳрамони марказии ҳикоя – ҳофиз Шивоҷӣ ва писари ӯ Шондипро ба ҳам муқобил мегузорад. Шивоҷӣ солҳо то дами пирӣ бо сурудҳои дилнишин ва пурҳаяҷонаш, ситоиши муҳаббату садоқат ба Ватан, ривояту ҳикматҳои пурқимати зиндагӣ миёни мардуми Ҳиндустон маҳбуб гашта буд. Достонҳои сурудаҳои ҳофиз ба дили ҳар шунаванда шавқу сурур, ҳаяҷон ва ба руҳи онҳо қувват мебахшид. Хусусан барои муборизони роҳи озодӣ, сипоҳиёну шуришгарон дар мубориза бар зидди истилогарони инглис сурудҳои Шивоҷӣ руҳи ҷанговарона бахшида, ҳисси баланди ватандӯстонаро дар замири онҳо устувор месохт. Дар ҳикоя образи Шивоҷиро нависанда ҳамчун илҳомбахши маънавии мардуми ҳинд ба тасвир кашидааст, ки неруи баланди ватандӯстона дорад ва тавассути сурудҳояш зери савту наво ҳикмату ривоятҳоро бисёр муассир суруда, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқатро дар замири ҳар як шунаванда мепарварад. Вале писари ҳофиз Шондип бар хилофи падари ватандӯсту ватанпарвараш хоину хиёнатгар баромад, ки бар ивази «мансабу зиндагии пурайшу нуш» Ватану халқи худ ва падарашро ба душман фурухт. Илова бар он, Шондип аз хиёнати нангини хеш пушаймон ҳам нест, зери истинтоқ дар назди сипаҳсолор Нана-соҳиб ва падараш ба хиёнати худ иқрор мешавад ва дар бораи ҳамлаи нави душман генерал Ҳавелок ба Канпур хабар медиҳад. Барои Нана-соҳиб ин маълумот хабари зарурӣ буд ва нависанда дар андешарониҳои сипаҳсолор аз оқибати ҳолу аҳволи ҳофиз Шивоҷӣ дар фикру хаёли ӯ чунин муҳокимаҳои ботиниро меорад: оё бо шунидани ҳукми қатли писар, падар таҳаммул карда метавониста бошад?

Дар образи Нана-соҳиб нависанда, на танҳо сипаҳсолори далеру шуҷоъ, ки ҳатто сарлашкари инглис Уиллер аз ӯ шикаст ёфта буд, балки инсони дурандешро ба тасвир кашидааст: ҳофизи овозадор Шивоҷӣ, ки солҳо дар сурудҳои хеш ривояту ҳикматҳои пандомезро ситоишу васф мекард, ҷанговаронро ба муборизаи зидди душмани истисморгар даъват мекарду ба онҳо руҳу қувват мебахшид, оё ба хиёнати ҷигарбандаш таҳаммул мекарда бошад? Нуқтаи дигари файласуфонаи нависанда дар ҳамин лаҳзаи андешаронии Нана-соҳиб ниҳон аст: барои кирдору рафтори писари хиёнатгар, падар гунаҳгор буда наметавонад. Аз ин рӯ, Нана-соҳиб ба хотири ҳурмату эҳтиром ва пирии ҳофиз Шивоҷӣ, хиёнати Шондипро бахшиданӣ мешавад, гарчи хилофи табиати ӯ буд. Вале ҳукми қатлро Шивоҷӣ барои писараш худ амалӣ мегардонад, бо ин амал ҳофиз устувории муҳаббати худро нисбат ба халқу Ватани маҳбуби хеш, сарзамини Ҳиндустон нишон медиҳад. Бо вуҷуди ин, Шивоҷӣ баъд аз ба қатл расонидани писари худ – Шондипи хиёнатгар аз ақл бегона мешавад, вале дар ин лаҳза ҳам нангу номуси ҳофиз ӯро ором намегузорад, ки ҳиндувонро ба ҷанг даъват мекунад ва гӯё маргро ҷӯё мешавад: «Шивоҷиам ман, бас аст суруд! Эй Ганг, оташ бидам!». Ҳарр-ҳарр Махадев!...» ( Улуғзода С. Марги ҳофиз // Маориф ва маданият. – 1972. – 26 август / / Садои Шарқ. – 2012. – № 3. – С.10). Ниҳоят, бори гарони зиндагӣ, фоҷиаи ба сари ӯ омада, ҳофиз Шивоҷиро ба бадтарин гуноҳ ӯро водор месозад, он ҳам бошад, даст задан ба худкушист.

Дар ҳикоя дар муносибати падару писар тазоди ниҳод, кайфияти руҳии ду шахсият дар яке ҳисси баланди ватандӯстӣ ҷӯш мезанаду дар сурудҳояш садо медод, дигаре пайи ҳавою ҳаваси хеш, ҳирси баланди дунё барбодаш дод. Тасвири ботафсили ҳаяҷону ҳолат ва олами ботинии Шивоҷӣ, ки қалби ӯ аз меҳру муҳаббат ба халқу Ватани маҳбуби худ саршор аст, дар бархурди ботинӣ аз кирдори писари хоинаш ҷонаш дар азоб монда буд. Дар ин ҳикоя нависанда се симо – ҳофиз Шивоҷӣ, Нана-соҳиб ва Шондипро ба тасвир мегирад, ки дар асоси муносибати иҷтимоӣ ба гурӯҳи образҳои мусбат ва манфӣ ҷудо шудаанд. Аз як тараф, образҳои Шивоҷӣ ва Нана-соҳиб ҳамдигарро аз нуқтаи назари ғоявӣ доштани як мақсаду маром: озодии мардуми Ҳиндустон аз асорати мустамликавии инглисҳо ва ба даст овардани истиқлолият комил мегардонад. Вале роҳу равиши муборизаи онҳо аз ҳам тафовут дорад: Шивоҷӣ дар ин мубориза бо сурудани ривояту ҳикматҳо ва достонҳои беназираш ба шуришгарон, сипоҳиёну саркардагон руҳи тавоно ва шикастнопазир мебахшад, яъне руҳи ҷанговаронро вусъат медиҳад. Нана-соҳиб бошад, ҳамчун сипаҳсолори далер, сипоҳу шуришгаронро сарварӣ намуда, онҳоро дар муборизаи шадиди душман барои зафар ёфтан бар душман роҳбаладӣ менамояд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки яке ба тарбияи руҳӣ, бедории ҳисси баланди ватандӯстӣ ва дигаре ба тарбияи ҳарбии муборизони роҳи озодӣ сару кор дорад. Шондип на танҳо ба халқу Ватан, балки ба нангу номуси падар ва шарафи инсонӣ хиёнатро раво донист.

Дар ҳикояи «Марги ҳофиз» нависанда мураккабии ҳаёти инсонро дар тазоди зиндагӣ тасвир менамояд. Таҳаммули ин тазодҳои ногаҳониро на ҳар дил ва қудрати инсонӣ бардошт карда метавонад, ки инро мо дар хотимаи ҳикоя мушоҳида мекунем. Ҳолати руҳии ҳофизи пир, бо ҳолати руҳиву равонии худи нависанда тавъам хеле тезу тунд ва пурҳаяҷон тасвир шуда, аз ин лиҳоз драматизми ҳикояро қувват бахшидааст. Назари амиқи нависанда ба психологизм ва олами руҳии қаҳрамон таҳлили бадеиро дар ҳикоя вусъат додааст.

Муносибати С. Улуғзода ба асарҳои худаш ва ҳам ба осори адибони дигар адибон, – қайд мекунад Х. Отахонова, – аз ҳувияти миллӣ, аз ифтихори миллӣ, аз ҳифозати манфиатҳои миллат манша гирифтааст. Ӯ кушиш намудааст, ки меҳри ватан, меҳри миллат, меҳри тамаддуни рангини онро дар дили хонанда ҷойгир созад (Отахонова Х. Сайре ба бойгонии Сотим Улуғзода // Чеҳраҳои шинохта. – Душанбе: Деваштич, 2004. – С.83). Ҳамаи ин ҷиҳатҳо дар ҳикояву очеркҳои дар солҳои ҷанг навиштаи нависанда низ ба назар мерасад, ки дар баробари ҳисси баланди ватандӯстӣ, диловарию иродатнокӣ, кордонӣ, зиракӣ, хислатҳои баланди инсонӣ ва хислатҳои наҷиби қаҳрамонони майдони ҷанг ва ақибгоҳ амиқ ба тасвир гирифта шудаанд.

Дар тамоми ҳикояҳои ҷангии нависанда шуҷоати ҷанговарони тоҷик ва халқҳои бародар, дар вазъияти душвор, бо руҳи тавонои қаҳрамонон, нишон додани қатъият ва устуворӣ дар майдони ҷанг, боварӣ ба ғалаба ва музаффариятҳо, бо нишон додани олитарин хислатҳои инсонӣ амиқ, боварибахш ва боэътимод тасвир шудааст, зеро Сотим Удуғзода ҳамчун мухбири ҳарбӣ дар амалиёти ҷангӣ дар қатори ҷанговарон буд, ҳар қадам, ҳар нафаси ҷанговарон ва ҳар лаҳзаи дар майдони ҷанг ба амаломадаро дар худ эҳсос карда, аз сар гузаронид, балки бо марг ҳам рӯ ба рӯ шуда, дар ин лаҳзаҳо қадри зиндагӣ ва ҳар он чизе, ки ба инсон азиз аст, амиқ дарк кард. Воқеаҳо ва ҳолати руҳии ҷанговарон дар насри ба мавзуи ҷанг бахшидаи нависанда аз дидгоҳи психологӣ, воқеият ва таълиф, воқеан ҳам дар пояи баланди бадеӣ ба тасвир оварда шудаанд.

Ҳошимова Хуршеда, д.и.ф., ходими пешбари илмии шуъбаи адабиёти муосири ИЗА АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО