24 Sep 2026
Submitted by Admin
25

Қасидаи «Пирӣ»-и Рӯдакиро метавон яке аз намунаҳои барҷастаи суратбандии шоиронаи мафҳуми сайрурат (дигаргунӣ, таҳаввул) дар адабиёти порсӣ тоҷикӣ дарӣ донист; ҷаҳоне ки Рӯдакӣ дар ин қасида тарсим мекунад, ҷаҳони суботу сукун нест, балки ҷаҳонест, ки дар он ҳар вазъият дар маърази дигаргунӣ ва ҳатто табдил шудан ба зидди худ қарор дорад. Аз ин манзар, хониши ҳераклитусии қасида имкони фаҳми амиқтари мафҳуми «гардон будани ҷаҳон»-ро дар шеъри Рӯдакӣ фароҳам мекунад.

Мавзуи зоҳирии қасида пирӣ аст: дандонҳои рехта, мӯи сафед, аз миён рафтани зебоӣ, коҳиши нишот ва ҳасрати рӯзгори ҷавонӣ, аммо сохтори қасида нишон медиҳад, ки пирӣ барои Рӯдакӣ сирфан як ҳодисаи шахсӣ нест, балки таҷрибаи фарогири дигаргунӣ аз сохтори ҷаҳон ва инсон аст:

Ҷаҳон ҳамеша чунин аст, гирд гардон аст,

Ҳамеша то бувад оини гирд, гардон буд.

Ин сатрро бояд меҳвари маъноии қасида донист. Рӯдакӣ дар ин ҷо аз «ман» ба «ҷаҳон» гузар мекунад: он чи бар бадани ӯ рафта, намунаи қонуни умумии ҷаҳон аст. Ҷаҳон «гардон» аст ва гардон будан на ҳодисаи гузаро, балки «оин»-и он аст. Ба баёни дигар, тағйир чизе нест, ки гоҳ-гоҳ бар ҷаҳони собит ориз шавад, худи ҷаҳон дар ҳоли тағйир аст.

Ин ҳамон нуқтаест, ки мафҳуми ҳераклитусии сайрурат ба унвони як уфуқи тафсирӣ аҳаммият пайдо мекунад. Мақсуд албатта иддаои таъсири Ҳераклитус бар Рӯдакӣ нест, балки истифода аз мафҳуми “сайрурат” барои ошкор кардани мантиқест, ки дар худи қасида ҳузур дорад. Рӯдакӣ ҷаҳонро на маҷмуаи суратҳои собит, балки шабакаи вазъиятҳои гузаро мебинад, ки пайваста ҷойи худро ба вазъиятҳои дигар медиҳанд: «гардиш ва табодул».

Билофосила пас аз баёни қонуни куллии ҷаҳон, Рӯдакӣ онро бо намунаҳое равшан мекунад:

Ҳамон ки дармон бошад, ба ҷойи дард шавад,

Ва боз дард, ҳамон к-аз нахуст дармон буд.

Ин ҷо сухан фақат аз тағйир нест, сухан аз табодули мутақобили аздод аст. Дармону дард ду вазъияти собит ва мустақил нестанд, яке метавонад ба дигаре мубодила шавад. Ин сохтор дар байти баъд низ такрор мешавад:

Куҳан кунад ба замоне, ҳамон куҷо нав буд,

Ва нав кунад ба замоне, ҳамон ки хулқон буд.

“Нав” ва “куҳан” низ сифатҳои зотӣ ва ниҳоии чизҳо нестанд. Он чи нав аст, ба ҳукми замон куҳан мешавад ва куҳна низ метавонад дар замони дигар нав шавад. Бино бар ин, «нав» ва «куҳан» на ду қаламрави собит, балки ду лаҳза дар фароянди шудан ҳастанд.

Аз ин ҷо метавон дарёфт, ки «гардон будан»-и ҷаҳон назди Рӯдакӣ маънои дақиқтаре аз сирфи ҳаракат дорад. Ҷаҳон фақат аз вазъияте ба вазъияти дигар намеравад, вазъиятҳо дар он ба зидҳои худ мубаддал мешаванд. Ҳамин мантиқ дар тасвири табиат ба камол мерасад:

Басо шикастабиёбон, ки боғи хуррам буд

Ва боғи хуррам гашт, он куҷо биёбон буд.

Боғу биёбон ду сурати мутазоди ҷаҳонанд, аммо ҳеҷ кадом сурати ниҳоии он нест. Боғ метавонад биёбон шавад ва биёбон боғ. Бино бар ин, он чи дар нигоҳи нахуст ду «чиз»-и мухталиф ба назар мерасад, дар мантиқи сайрурат ду марҳала аз як фароянд аст.

Ин нукта барои хониши ҳераклитусӣ муайянкунанда аст: зидҳо дар ҷаҳони Рӯдакӣ сирфан дар баробари якдигар қарор нагирифтаанд, аз тариқи замон ба якдигар роҳ меёбанд. Пас аз ин таъмими табиии Рӯдакӣ дубора ба инсон бармегардад ва пириро ба монанди намунаи инсонии сайрурат баён мекунад:

Ҳаме чӣ донӣ, эй моҳрӯйи мушкинмӯй,

Ки ҳоли банда аз ин пеш бар чӣ сомон буд!

Ва хитоб ба ҷавон мегӯяд:

Ба зулфи чавгон нозиш ҳаме кунӣ ту бад-ӯ

Надидӣ он гаҳ ӯро ки зулф чавгон буд?!.

Ҷавоне, ки акнун зулфи сиёҳ дорад, ҳанӯз худро дар вазъияти ҷавонӣ меёбад, аммо Рӯдакӣ аз берун ба ин вазъият нигоҳ мекунад ва медонад, ки он низ муваққатист. Он чи имрӯз табиӣ ва пойдор ба назар мерасад, дар воқеъ лаҳзае аз як фароянд аст. Ин маъно дар байти баъд ошкортар мешавад:

Шуд он замона, ки рӯяш ба сони дебо буд,

Шуд он замона, ки мӯяш ба сони қатрон буд.

Такрори «шуд» дар ин ҷо муҳим аст. Шоир намегӯяд сирфан «он замон буд»; мегӯяд “он замон шуд”. Вазъияти зебоӣ аз «будан» ба «шудан» (гузаштан ва рафтан) табдил шудааст.

Аз ин манзар, пирӣ чизе берун аз ҷавонӣ нест, ҷавонии дигаргуншуда аст. Дуруст ҳамон гуна, ки куҳнагӣ сурати баъдии нав будан ва дард сурати дигари дармон аст. Бино бар ин, пирӣ дар қасида на як истисно, балки яке аз равшантарин намунаҳои қонуни умумии сайрурат аст, ки замон омили дигаргунии суратҳо (пирӣ, ҷавонӣ ва...) аст. Дар ин қасида, замон сирфан зарфе нест, ки ҳаводис даруни он иттифоқ биафтанд. Замон худ омили дигаргунӣ аст: навро куҳна мекунад, боғро ба биёбон бадал мекунад, мӯи сиёҳро сафед мекунад, чеҳраи зеборо фарсуда мекунад ва шодиро ба андӯҳ наздик мекунад.

Аз ин рӯ, ҳамаи суратҳои ҷаҳон замонманданд. Чизе ки акнун ҳаст, дар маърази он аст, ки «дигар» шавад. Аммо нуктаи муҳим ин аст, ки Рӯдакӣ аз замон танҳо ба унвони нерӯи нобудкунанда сухан намегӯяд. Замон дар айни он ки мефарсояд, суратҳои тоза низ падид меоварад. Биёбон боғ мешавад, куҳна нав мешавад ва дард метавонад дармон шавад. Пас сайрурати Рӯдакӣ як масири яктарафаи «пайдоиш ва завол» нест, гардиш миёни суратҳост. Ин ҳамон чизест, ки таъбири «гирдгардон» бар он далолат мекунад. Ҳеч вазъияте ниҳоӣ нест. Акнун метавон риштаи мисолҳои қасидаро дар як сохтори воҳид дид: «дармон ← дард; нав ← куҳна; биёбон ← боғ; ҷавонӣ ← пирӣ; зебоӣ ← завол; ва шодӣ ← андӯҳ. Аммо ҷиҳати ҳаракат ҳамеша яктарафа нест: «дард ← дармон, куҳна ← нав ва боғ ← биёбон».

Бино бар ин, ҷаҳони Рӯдакиро набояд ҷаҳони заволи сирф донист. Агар танҳо абёти марбут ба пириро дар назар бигирем, мумкин аст чунин ба назар расад, ки замон нерӯест, ки ҳама чизро мефарсояд. Аммо абёти марбут ба боғу биёбон, наву куҳна ва дармону дард нишон медиҳанд, ки масъала густардатар аст. Ҷаҳон на фақат ҷаҳони завол, балки ҷаҳони табодул аст. Пирӣ танҳо як ҷиҳат аз ин гардиш ва табодул аст.

Дар ин ҷо пурсише бунёдӣ падид меояд, ки баёнгари парадокси ҳувият аст: агар ҳама чиз тағйир мекунад, пас, чӣ гуна чизе «ҳамон» боқӣ мемонад?

Рӯдакии пир ҳамон касест, ки замоне ҷавон будааст, аммо дигар ҷавон нест. Боғе, ки биёбон шуда, ҳамон боғи собиқ нест, аммо метавон гуфт «ин ҳамон ҷоест, ки боғ буд». Дандонҳои рехта ҳамон дандонҳое ҳастанд, ки замоне дурахшон буданд, аммо дигар он суратро надоранд.

Пас, ҳувият дар ин ҷаҳон на ба маънои суботи мутлақ, балки ба маънои идомадорӣ дар дили тағйир аст. Ин нукта моро ба яке аз масоили асосии хониши ҳераклитусӣ наздик мекунад: чӣ гуна метавон аз «ҳамон» сухан гуфт, вақте ҳар чиз дар маърази шудан аст?

Посухи зимнии қасида ин аст, ки «ҳамон» будан, монеъи тағйир нест. Ҳувият метавонад таърихи дигаргунӣ бошад. Рӯдакии пир аз Рӯдакии ҷавон ҷудо нест, пирии ӯ таърихи ҷавонии ӯст. Аммо дар ин ҷо як нуктаи дигар аҳаммият пайдо мекунад, худи шеър маҳсули ҳамин огоҳӣ аз сайрурат аст. Рӯдакӣ наметавонад ҷавониро боз гардонад, аммо метавонад онро ба забон бозгардонад:

Сафеду симрада буду дурру марҷон буд,

Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд.

Ҷавонӣ дар воқеият гузаштааст, аммо дар шеър ҳозир мешавад. Дандонҳо рехтаанд, аммо тасвири онҳо боқист, зебоӣ аз миён рафтааст, аммо забон онро ба хотира супурдааст. Дар ин маъно шеър дар баробари сайрурат қарор намегирад ва намекӯшад онро инкор кунад. Шеър худ маҳсули огоҳӣ аз сайрурат аст. Рӯдакӣ чун медонад, ки ҳама чиз мегузарад, гузаштаро ба забон меоварад. Пас, шеър на таваққуфи замон, балки навъе табдили завол ба хотира аст.

Агар кулли қасидаро аз манзари «ҷаҳон ба манзилаи шудан» бихонем, пайвастагии он ошкор мешавад. Рӯдакӣ аз фарсудагии дандон ва бадани худ оғоз мекунад; сипас аз иллати ин завол мепурсад; аз таҷрибаи шахсӣ ба қонуни умумии ҷаҳон мерасад ва он қонунро дар табдили дармону дард, наву куҳна, боғу биёбон ва саранҷом ҷавонию пирӣ нишон медиҳад, бар асоси ин мисраъ: «Ҷаҳон ҳамеша чунин аст, гирдгардон аст». Аммо ин гирдгардон сирфан як панди ахлоқӣ дар бораи нопойдории дунё нест. Ин байт асли созмондиҳандаи кулли қасида аст. Ҷаҳон гардон аст, зеро ҳеч «сурат»-и он ниҳоӣ нест: «дармон метавонад дард шавад; нав метавонад куҳна шавад; биёбон метавонад боғ шавад; ҷавон метавонад пир шавад ва ҳар вазъият, имкони убур ба вазъияти дигарро дар худ дорад».

Аз ин чашмандоз хониши ҳераклитусии қасида моро аз таъбири ошнои «нопойдории дунё» як гом пештар мебарад. Масъала фақат ин нест, ки дунё нопойдор аст ва чизҳо аз миён мераванд. Масъала ин аст, ки ҳастӣ дар худ фароянди табдил аст.

Рӯдакӣ ҷаҳонро ҷаҳоне намебинад, ки дар он тағйир бар субот ориз шавад; ҷаҳони ӯ ҷаҳонест, ки суботҳои он суратҳои муваққати сайруратанд. Пирӣ дар ин миён чизе ҷуз ошкортарин таҷрибаи инсонии ҳамин ҳақиқат нест. Рӯдакӣ аввал аз ин ҳақиқат ранҷ мебарад, сипас онро мебинад, ва саранҷом онро ба шеър табдил мекунад. Аз ҳамин ҷо аст, ки «Қасидаи пирӣ» аз марсияе барои ҷавонии аз дастрафта фаротар меравад ва ба тааммуле дар бораи «шудани ҷаҳон» бадал мешавад. На ин ки ҷаҳон гоҳе тағйир кунад, балки:

Ҷаҳон ҳамеша чунин аст, гирдгардон аст!

Яъқуб Ясно, адабиётшинос

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО