29 Sep 2026
Submitted by Admin
18

Сароғоз, ин ки тавфиқи зиёрати мақбараи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар шаҳри Қунияи Туркия чаҳор сол пеш бар банда муяссар шуда буд, сарафрозу шукргузорӣ ҳастам.

Шоҳкориҳои меъмории шаҳри Қуния воқеан беназиранд ва қисмати марказии он низ дар Рӯйхати мероси умумибашарии ЮНЕСКО сабт шудааст. Шаҳри зебоест, вале ин шаҳрро бештар бо унвонҳои “Шаҳри Мавлоно” ва ё “Шаҳри қалбҳо” мешиносанд. Инро ҳам бояд зикр кард, ки туркҳо ҳатто номи як навъ питзои худро ба номи Мавлоно – “Mevlana Pide” ном мебаранд, ки воқеан болаззат ва хос аст.

Аз саросари ҷаҳон мардум ба ин шаҳр барои зиёрати мақбараи Мавлоно меоянд. Ваҳдат ва ягонагии инсонҳо мароми меҳварии Мавлоно буд ва ин аст, ки тамоми башарият эҷодиёти ӯро мутолеа мекунад, лаззати маънавӣ мебарад ва аз зиёрати мазори Мавлоно оромиши хоссае ба онҳо насиб мешавад.

Чаро Мавлоноро башарият дӯст медорад? Иқтибосе аз мусоҳибаи Эсин Челебӣ Байру:

“Ҳазрати Мавлоно инсон буданро барои инсонҳо шарҳ медод ва қудрати даруни инсонро ба онҳо ёдоварӣ мекард ва аз зебогиҳое, ки Худо ба онҳо додааст, бохабарашон мекард”.

Паёми Мавлоно барои башарият якдигарро дӯст доштан, меҳр варзидан ва дилро аз кибру ғуруру кина пок сохтан аст:

Дар ин хок, дар ин хок, дар ин марзааи пок,

Ба ҷуз ишқ, ба ҷуз меҳр, дигар тухм накоред.

Ин байт дар замони муосир беш аз ҳар замоне муҳим аст ва ҷомеаи муосирро зарур аст, то ботинан ин матлабро дарк кунанд ва мувофиқи он аъмоли хешро муназзам созанд.

Ин аст, ки Мавлоно дар Балх ба дунё омад, дар Қуния умр ба сар бурду унвони “Муллои Рум”-ро гирифт ва шеъраш оламгир шуд.

Шаҳри Мавлоно

(Қуния, Туркия, 2022)

Ин ки Кунияро “Шаҳри Мавлоно” ё “Шаҳри қалбҳо” номидаанд, тааҷҷубе нест ва ин унвон ҳамзамон мояи ифтихори мо тоҷикон аст, вале тасаввур намекардам, ки туркҳо ҳатто номи як навъ питзои худро ба номи Мавлоно яъне “Mevlana Pide” ном мебаранд. Дувумин чизи тааҷҷубовар (он замон) бароям ин буд, ки вақте дар шаҳрҳои Истанбул, Анталия ва Куния бо чанд нафар турк (авомро дар назар дорам) ҳамсуҳбат шудам, онҳо Мавлоноро турк хитоб карда аз ин ки Мавлоно зодаи Балх - шоири тоҷику форс аст, тасаввуроте надоштанд. (Ё амдан инкор мекарданд)

Бо эҷожиёти Мавлоно тавассути падар ва дигар калонсолони деҳа аз хурдӣ ошноӣ доштам, хусусан ҳар вақте ки падар аз Мавлоно байте ё ғазале қироат мекарданд, бо тамоми вуҷуд номи Мавлоноро мегирифтанд ва беихтиёр баданро ларза мегирифт ва ҳамчунин дар мадҳиясароӣ, ки ағлаб ашъори Мавлоноро мадҳ мекарданд.

Аз ҳамон лаҳзаи аввал, ки ба хоки Туркия шаҳри Истанбул қадам ниҳодам, шавқу шӯри зиёрати мақбараи Мавлоно дар дилам ҷӯш мезад. Хушбахтона, бароям муяссар шуду ман бо ҳамроҳии ду дӯстам роҳии Қуния шудем. Ҳамин ки ба шаҳри Қуния расидем, хастагии роҳ фавран бартараф шуд. Шаҳри хеле ором буд. Дар кӯчаҳо қариб ки одам наменамуд. Аз вокзал то мақбараи Мавлоно роҳ каме дуртар буд. Дар трамвай нишаста равон шудем. Дар паҳлуям як нафар турк нишаста буд. Телефонашро ба ман нишон дода диққатамро ба худ ҷалб кард. “Гугл переводчик” будааст. Чунин навиша буд: “Шумо аз куҷо ҳастед ва барои чӣ омадед?” Ман низ телефонамро бароварда, бо “гугл переводчик” ҷавоб додам.

- Аз Тоҷикистон, барои зиёрати Мавлоно омадем.

-Аз он ҷо то Қуния роҳаш дур аст?

-Бале, хеле дур аст. Тавассути ҳавопаймо омадем.

-Ин қадар роҳи дарозро барои чӣ омадед? Чаро маҳз ба Қуния?

-Барои зиёрати Мавлоно. Мавлоно шоири ҳаммиллати мо аст. Шоири тоҷик аст. Ифтихори мо аст.

Турк бо тааҷҷуб ба ман нигоҳ карда навишт:

-Кӣ мегӯяд Мавлоно тоҷик аст? Ӯ турк аст.

Маро ханда гирифт.

-Мавлоно турк аст, ҳамаи мо медонем. - инро саросема нишон доду мунтазири ҷавоби ман нашуда дар истгоҳ фаромад. Дуруст пай набурдам, ки оё ӯ воқеан намедонист ва ё вонамуд мекард, ки намедонад. Тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ медонад ва эътироф мекунад, ки Мавлоно шоири бузурги тоҷику форс аст, вале дар Қуния инро намедонанд. Ба эҳтимоли зиёд ҳамсуҳбати ман инро медонисту вале эътироф кардан намехост. Фикр мекардам, ки дар деворҳои ҳарам тарҷумаи ашъори Мавлоно овезон аст. Агар медонистам, ки ашъори Мавлоно бо форсӣ овезон будааст, ҳамсуҳбатамро бо худ бурда нишон медодам, то худ инро дида дарк кунад.

Дар истгоҳи мақбара фаромадем. Гунбази даврашакли кабуди мақбара, ки онро дар аксҳо бисёр медидам, дар назар намоён шуд. Чӣ ҳиссиёти аҷибе, чӣ фазои маҷозие буд. Аз дарвозаи “Густохон” дохили ҳарам шудем. Аз тарафи дасти чап якчанд қабр буд ва аз роҳи мустақим утоқчаҳо намоён шуданд. Онҳо макони дарвешон буданд, ки ҳоло осорхона ҳастанд, ки дар он ҷо найҳо, дастхатҳои Мавлоно ва шогирдонашон, саллаю дастор ва ҷомаю кулоҳи махсуси Шамси Табрезӣ нигаҳдорӣ мешуд. Бо навбат аз ҳамаи онҳо дидан кардем. Аз пайи онҳо утоқи махсусе буд ва даруни он ҷой барои чилланишинӣ. Дар даромадгоҳи он кафш. Пурсон шудем. Маълумамон шуд, ки агар кафшҳо баъд аз чил рӯз ба самти баромадгоҳ гузошта мешуданд, маънои онро дошт, ки дарвешон ҳанӯз ба шогирдии Мавлоно қабул намешуданд, яъне ҳанӯз хом ҳастанд ва баромада мерафтанд ва агар кафшҳо баръакс (ба самти утоқча) гузошта мешуд, пас дарвешон ба сифати шогирд қабул мешуданд ва ба дунёи Мавлоно роҳ меёфтанд...

Акнун вақти вориди ҳарам шудан расид. Болои дари ҳарам бо ҳуруфи калон дида мешуд: “Ё ҳазрати Мавлоно” ва зери он бо ҳарфҳои хурдтар байти зерин навишта буд:

Каъбатулушшоқ бошад ин мақом,

Ҳар кӣ ноқис омад ин ҷо, шуд тамом.

Дохили ҳарам шуда ба мақбара наздик шудем. Мақбараи Мавлоно ва дар гирди он аз хонадонашон. Болои мақбара саллаи дарвешии Мавлоно гузошта шуда буд. Бар деворҳо ашъорашон бо ҳуруфи форсӣ дида мешуд. Ҳиссиёти аҷибе буд. Дар зиндагӣ яке аз рисолатҳои худро анҷом додем. Дохил пур аз зиёраткунандагон буд. Меҳри Мавлоно дар вуҷуди ҳама аён буд. Ҳама аз физилати Мавлоно ҳарф мезад. Аз фазилати марде, ки тамоми инсонҳоро баробар мешумурд. Якеро аз дигарӣ болотар намеҳисобид. Барои Мавлоно ҳама инсонҳо новобаста аз забону миллат ва дину нажод як буд ва инро низ ба мардум талқин мекард. Ин аст, ки Мавлоно то кунун маҳбуби ҳамагон буда, ашъорашон дар қалби башар ҷой гирифта.

Бо ризоияти комил аз ҳарам берун шудем. Боғи гирду атрофи мақбараро анбуҳи зиёраткунандагон фаро гирифта буд. Шаҳре, ки аз оромияш гумон кардем, ин ҷо касе зиндагӣ намекунад, акнун ҷойи қадам мондан набуд ...

Шералиев Шералӣ- ходими хурди илмии шуъбаи таърихи забон ва забоншиносии қиёсии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО