02 Oct 2026
Submitted by Admin
19

Забони имрӯзаи тоҷикии Тоҷикистон минбари забони тоҷикони саросари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Вай намуна аз гӯйиши тоҷикии тоҷикони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва махсусан Ӯзбекистон аст ва ба қавле “дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон, сарҳадди тоҷик забони тоҷик аст”. Дар таҳқиқи рушди имрӯзаи забони тоҷикӣ намояндагони ҳамаи тоҷикони кишварҳои мазкур дирӯзу имрӯз ширкат доштанд ва доранд. Забони китобии имрӯзаи тоҷикиро Садриддин Айнӣ, Деҳотию Зеҳнию Раҳим Ҳошим ва даҳҳо намоянда аз Самарқанду Бухоро ва ҳатто Лоҳутию Ализода ва Баҳром Сирус барин касон ва дигарон бунёд гузоштаанд.

Ҳамзамон бо касби истиқлоли кишвар мавқеи забони тоҷикӣ ба зинаи бартар расида, мақоми давлатиро соҳиб шуд. Истиқлоли давлатӣ, яъне истиқлоли сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангию забонӣ аст. Истиқлоли давлатӣ боис шуд, ки дар кишвари мо – Тоҷикистон, рӯзи забон ва Қонуни забон бо қарори Ҳукумат ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва таъин шаванд. Мавқеи забони миллӣ дар даврони истиқлол устувор ва аз банди фишору маҳдудияту таъзиқ раҳо шуд ва тибқи банди 5 Қонуни ҶТ дар бораи забон, “забони давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ”-и кишвар истифода мешавад. Маҳз дар даврони истиқлол уфуқҳои нав дар ривоҷу тавсеаи забон падид омаданд:

• Забони тоҷикӣ аз рӯйи дараҷаи истеъмол аз поёнтарин зинаи замони шуравӣ – аз забони хонагию маҳаллӣ раҳо гардида, дар зинаи забони давлатӣ қарор гирифт. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” чунин омадааст: “Моддаи 3. 1. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. 2. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, забони давлатиро донад” (Сарқонуни ҶТ). Бо қудуми мубораки Истиқлол забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд.

• Дар замони Истиқлол таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати ҶТ бештар шуда, қонунҳои мутааддид дар бораи рушду устуворӣ ва дар амал татбиқ кардани забони давлатӣ қабул шудаанд, аз ҷумла: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 5 октябри соли 2009, №553), Қонун дар бораи забон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013, №1004), Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 ноябри соли 2020, №647);

• Дар замони Истиқлол забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот – дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ аз синфи дуюм то синфи 11 дар гурӯҳҳои таълимашон ба забонҳои ғайритоҷикӣ дар ҳаҷми 102 соат ва дар мактабҳои олӣ дар ҳаҷми 48 соат тадрис мешавад.

• Бо мақсади ба дараҷаи забони илм расонидани забони тоҷикӣ ва баҳри дурусту дақиқ баён кардани матлаби илмӣ теъдоди зиёди луғатномаҳои тафсирӣ ва соҳавӣ дар сиву чанд соли Истиқлол интишор ёфтанд, ки чанде аз онҳо кӯшиши ходимони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ”, ҷмлдҳои аввали “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ”, “Фарҳанги гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ”, “Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ”. “Фарҳанги “Китобут -уттафҳими” Берунӣ, “Фарщанги Шоҳнома” интишор ёфтаанд.

• Бори аввал Пайкараи миллии забони тоҷикӣ (2019-2021) аз ҷониби мутахассисони варзида бо фарогирии 31 миллион вожа таҳия шуд.

• Комиссияи олии аттестатсионӣ ва шуроҳои дифои тоҷикӣ таъсис ёфта, аксари рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ навишта ва дифоъ мешаванд.

• Тамоми ҳуҷҷатнигорӣ ва асноди меъёриву ҳуқуқӣ шуруъ аз корхонаву муассисаҳову идороти давлатӣ то вазоратҳову парлумону дастгоҳи иҷроияи Президенту ҳукумат ба забони давлатӣ сурат мегирад.

• Дар тамоми соҳаҳо ва бахшҳои илм истилоҳоти илмӣ ба забони тоҷикӣ то дараҷае ҷорӣ шудаанд.

• Сухани радио ва телевизион, матбуот нисбат ба солҳои шуравӣ хеле беҳтар шудааст.

• Ба забони тоҷикӣ сухан гуфтан дар мақомоти давлатию маъмурӣ ба расмият даромадааст. Дар навиштаҳои фикрию таҳлилӣ ва илмӣ ибрози андеша озодтар ва баёни фикр равону суфтатар, тақлиди андеша ва таркиботи сохта камтар гардидаанд.

Хушбахтона, чуноне ки мебинем, имрӯз мавқеи забони тоҷикӣ ҳамчун забони забони давлативу умумиллӣ устувору побарҷост, вале ин ҳанӯз кам аст, зеро забони расмии адабии тоҷикӣ ба кадом гӯйиш ё гӯйишҳо такя дорад, посухи дақиқ гуфтан душвор аст. Падидаҳои умумигуфторӣ, махсусан дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе, мушоҳида мешавад, лекин умумияти гуфторӣ то ба ҷое инкишоф наёфтааст, ки онро лаҳҷаи ягона ва марказии забони гуфторӣ гуфтан битавонем. Ин ҳолат махсусан аз он ҷо сар задааст, ки дар аҳди шуравӣ забони расмию коргузорӣ бештар забони русӣ буд. Бо ин сабаб гӯйиши мардуми шаҳришудаи Душанбе таҳти таъсири забони русӣ қарор ёфта, гӯйиши онҳо, агар чунин таъбир ҷоиз бошад, сахт русизада буд ва ин таъсир то имрӯз асароти худро нигоҳ медорад ва барои ташаккули забони “софи” тоҷикӣ мушкилӣ пеш меорад.

27-уми сентябр соли 2022 Сарвари давлат дар мулоқот бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳо вобаста ба заминаҳои рушди забони давлатӣ – риояи покизагии забон, қайд намуданд: “зарур аст, ки мо асолат ва покизагии забони худро нигоҳ дорем ва аз истифодаи безарурати калимаҳо аз забонҳои дигар худдорӣ кунем”.

Забони ҳазорсолаи мо забони илмӣ ва фарҳангӣ аст ва забони гуфтору навиштори имрӯза бояд ба фарогири ҳамон қабатҳои ҳазорсолаи фарҳангӣ ғановат ёфта, ҳусну зебоӣ ва умқи маънӣ бигирад. Содагии омиёнаи забон ишора ба гусастагӣ аз суннатҳои илмӣ ва фарҳангии забонӣ медиҳад ва барои гӯшу ҳуш гуворо нест. Барои такомули забони адабӣ мутобиқи сатҳи имрӯзаи инкишофи ҷомеа истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳои муомилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, маъмурию хоҷагӣ, ҳарбӣ, илмию фарҳангӣ ва дар гӯйиши ом аз боло ба поён, дар ҳамаи қишрҳои иҷтимоӣ лозим аст.

Дар раванди рушди илму технологияи навин сели луғоту истилоҳоти бегона ба забони мо ворид мешаванд ва садди роҳи он шудан басо мушкил аст. Моро зарур аст, тамоми ин луғотро дар якҷоягӣ бо тамоми ниҳодҳои дахлдор ба танзим дарорем, зеро ноҳамгуниҳо дар истилоҳот ҷой доранд. Сарвари давлат дуруст қайд карданд, ки “Вақти он расидааст, ки таҳияи фарҳангу луғатҳои соҳавӣ вусъат дода шуда, милликунонии забони технологияҳои навин ва умуман, тамоми соҳаҳо таъмин ва иқтидори забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм тақвият бахшида шавад”.

Бо дарки масъулият ва муҳаббат ба фарҳангу забони миллиамон барои гирифтани пеши роҳи падидаҳои хатарзо, ки теша ба решаи миллати мо мезананд, чанд пешниҳод дорем:

1. Забони ҳазорсолаи зоёву пӯёву тавонои мо қудрату тавонмандиеро дорад, ки номи муассисаву корхонаҳову идороти маъмуриро бо вожаҳои нобу асили тоҷикӣ бо меъёрсозии онҳо иваз кунем. Мо таҷрибаи иваз кардани номҳои ҷуғрофиро паси сар кардем ва аз уҳдаи ин кор ҳам мебароем. Мебояд аз истилоҳҳои нодурусту дурушту тарҷумаи ҳарф ба ҳарф даст кашем.

2. Тамоми таблиғоти бозаргонӣ ҳам аз тариқи радио ва телевизион, ҳам дар нашрияҳо ва торнамоҳо дар дохили Тоҷикистон бояд ба забони давлатӣ сурат гирад.

3. Паёмҳои ширкатҳои мобилӣ, вазорату корхонаҳо ва марказҳои тиҷоратӣ ба забони давлатӣ дурусту беғалат ва бо риояи имлои забони тоҷикӣ сурат гиранд. Тамоми ширкатҳо ҳангоми таҳияи матн аз ҳуруфи тоҷикӣ истифода баранд, зеро таҳияи матн бидуни истифодаи ҳуруфи хоси алифбои тоҷикии Ҳ, Ғ,Ҷ, Қ таҳқир ба забони тоҷикист.

4. Ширкатҳо огоҳиномаҳоро барои ҷойҳои холии кор ба забони тоҷикӣ диҳанд ва ба донандагони забони давлатӣ барои қабул ба кор авлавият дода шавад.

5. Шарти ҳатмии ба кор қабул кардани шаҳрвандони Тоҷикистон донистани забони давлатист ва ба ин мақсад бояд низоми имтиҳонии қавие барои забони миллӣ сохта шавад.

6. Соатҳои дарсии забони тоҷикӣ ва забони давлатӣ ба ҳадди кофӣ барои омӯхтани забони давлатӣ ва алифбои ниёгон муқаррар шуда, имтиҳони он сахту ҷиддӣ гирифта шавад.

7. Аломатгузории (маркировка) бастабандии маводди хурокӣ ва либосию колоҳои ба Тоҷикистон воридшуда бо ду забон – забони кишвари тавлидкунандаи маҳсулот ва забони давлатӣ тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ анҷом шавад.

8. Пахши филмҳои тасвирию кинофилмҳои хориҷӣ дар шабакаҳои Тоҷикистон бидуни тарҷума мамнуъ шавад.

9. Тамоми муомилоти созмону ташкилоти хориҷӣ дар Тоҷикистон бо давлат ва вазорату муассисаҳои дохилии Тоҷикистон ба забони давлатӣ анҷом шавад.

10. Барномаи вежа барои тақвияти омӯзиши забони давлатӣ ва расмулхати пешини он дар саросари кишвар ва пурзӯр кардани имтиҳони донистани ин забон роҳандозӣ гардад.

11. Ба ҷанбаҳои қонунӣ ва табъизу беэҳтиромӣ ба забони миллӣ бештар бояд аҳаммият дод ва шахсонеро, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро риоя намекунанд, мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ бояд кашид.

Дар ҳамоиши байналмилалии Анҷумани Пайванд Пешвои миллат бисёр бомаврид вазоифи забонро қайд намуданд: “ Мо бояд забонро на танҳо гиромӣ дорем, балки онро ба забони қудратманди илму фановарӣ, технологияҳои муосир ва иқтисоду дипломатия табдил диҳем”.

Барои рушду ривоҷи забон бояд ангезаҳои иқтисодӣ мавҷуд бошанд, агар ин корҳо анҷом шаванд, ҳазорон тоҷики забондон дар арсаи таблиғот (реклама), дар нашрияҳо, дар марказҳои тарҷума, дар ширкатҳову созмонҳо кор пайдо мекунанд ва забони тоҷикӣ тарвиҷу густариш ёфта, дар мақоми шоиста нигаҳдорӣ хоҳад шуд. Агар чунин ангезаҳо аз роҳи қонун сурат гирад, мардум барои забондонӣ рақобат мекунанд ва ин рақобат боиси пешрафти забон мешавад ва қолабу таркибҳои маснуӣ ва русизада аз забон берун хоҳад шуд ва қолаби пешина – забони фасеҳу равони Рӯдакиро хоҳад гирифт.

Фазо ва муҳити олуда забонро олуда месозад, аз ин рӯ фазоро бояд полуда кард, то забон ҳам покизаву полуда шавад. Забони модарии мо беш аз пеш ба фазои покизаву полуда ниёз дорад.

Умед аст, ки ниҳодҳои дахлдор, донишмандон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон норасоию костагиҳои номбурдаро дар дар муддати кутоҳ бартараф хоҳад кард, зеро забон муҳимтарин унсури фарҳангии миллат аст ва монанди дигар аносири фарҳангӣ, дар навбати аввал, такмилу тақвият ва ба ҳимояти соҳибони худ ниёз дорад. Таманнои онро дорем, ки ҷомеаи Тоҷикистон ин асоси ҳувияти миллии хешро дар мақоми шоиста нигаҳ хоҳад дошт ва уфуқҳои тозае дар таҳкими забони ҳазорсолаи мо падид хоҳад омад.

Адабиёт:

1.Айнӣ С. Мунтахаби асарҳои илмӣ. Ҷ 1.-Душанбе:Дониш, 2008.-256с.

2.Ғафуров Б.Тоҷикон.-Душанбе: Ирфон,1998.- 412 с.

3.Қосимова М.Н.Таърихи забони адабии тоҷик.-Душанбе,2003.-490с.

4.Мирзоев А. Забони адабиёти классикӣ ва муносибати он ба забони имрӯзаи тоҷик//Шарқи сурх,1949.-№4.-С.7-15.

5.Раҳмон Э. Забони миллат- ҳастии миллат....

6.Шакурӣ М. Забони миллӣ ва ҷаҳонгаройӣ.-Душанбе,2010.-219с. 7.Шарифзода Х. Сарнавишти забон ва имконоти фикрӣ // Истиқлол, №1(7). – 01.1997.

8 .Шарифзода Х. Забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ //Ваҳдат. – № 09. –2000.

9.Шарифзода Х. Сухан аз адабиёти миллӣ (маҷмӯаи мақолаҳо). –Душанбе, 2009. – 476 с.

Шарифзода Фарангис, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО