08 Dec 2022
Submitted by Admin
1335

Таърихи нақду адабиётшиносии нави тоҷикӣ таърихи зиёда аз садсолро дорад. Он аз ибтидои асри XX замони таҷаддудхоҳӣ ва ҷӯяндагиҳои ҷадидон оғоз гирифта, минбаъд дар вазъу шароитҳои гуногуну мухталифи сиёсиву идеоложӣ ба мушкилу монеаҳои зиёд нигоҳ накарда, рушду камол кардааст. Хосса, замони шуравӣ дар иртибот ба тақозои сиёсии он даврон ба фаъолияти амалӣ оғоз намуд. Ин оғоз ҳам якрангу ҳирфаӣ набуд, балки ҷанбаи пурқуввати идеоложӣ дошт. Вале ба ҳадафҳои сиёсӣ нигоҳ накарда, ҳизб мехост аҳдофи фарҳангии худро ба қадри имкон дар қолабҳои ҳирфаӣ амалӣ карда бошад. Ва ин ғарази дугона сабаби дар қолаби ҳирфаӣ анҷом ёфтани корҳо дар илми адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ мегардид. Метавон гуфт, ки имрӯз нақду адабиётшиносии тоҷикии муосир шакл гирифтааст ва имкон дорад аз дастоварду ғаноии шакливу жанрӣ ва шахсиятҳои нақднавису пажӯҳишгар бо сабку мактаби хос сухан ба миён овард.

Дар ин миён хеле аз ноқидону адабиётштносоне ба воя расиданд, ки аз як тараф агар барои шаклгирии илми суханшиносӣ саҳм гирифта бошанд, аз ҷониби дигар, барои ташаккули нақднависии ҳирфаӣ мусоидат намуданд. Ва ин иттифоқ бо таълифи асари машҳури устод Садриддин Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) вобаста дониста шудааст. Ва дар солҳои баъдина гурӯҳи зиёде ба ҷодаи таҳқиқ ва нақднависӣ ворид омаданд. Навиштаҳои Турақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим, Шарифҷон Ҳусейнзода, Нарзуллоҳи Бектош, Сотим Улуғзода, Набӣ Фахрӣ, Fанӣ Абдулло, Абдуғанӣ Мирзоев, Баҳриддин Азизӣ, Ҳамид Бақозода, Xолиқ Мирзоода, Ҳабиб Юсуфӣ дар канори мақолаву тадқи¬қотҳои устод Айнӣ маҳз бо баррасиҳо ва баҳсу натиҷагириҳои илмӣ тафовут доштанд. Нақди тоҷикӣ аз ибтидо вобаста ба талаботи замон дар риштаҳои иҷтимоъгароии муътадил ва дурушт, ҳукмҳои сиёисиву мафкуравӣ ва омехтагии ин ҷанбаҳо, гоҳо истиқлоли яке аз онҳо ба рушду такомул оғоз кард.

Марҳалаи нав дар нақднависӣ дар солҳои ҷанг ва пасазҷангии то солҳои шаст, замни об шудани яхҳои замони «хрушёвӣ» рост омад. Мунаққидони пуркору соҳибтаҷриба Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, Соҳиб Табаров, Раҷаб Амонов, Юрий Бобоев, Расул Ҳодизода, баъдтар Абдуқодир Маниёзов, Атахон Сайфуллоев ва дигарон пасу пеш маҳз дар ҳамин айёми «пурмоҷаро» ба нақди адабӣ ворид гардиданд. Хуршеда Отахонова низ дар ҳамин айём аз пайи эшон қадам ба арсаи илму адаб ниҳодааст.

Аммо зиндагӣ барои Хуршеда Отахонова росту ҳамвор набудааст. Гузаштагонаш аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон (модараш аз Истаравшан ва падараш аз Фалғар, пайвандони Туғрали Аҳрорӣ будаанд) ва худ тибқи ҳуҷҷатҳо дар Душанбе ба дунё омадааст. Вале баччагиаш сахту сангинеро паси сар кардааст: соли 1937 падарашро ҳамроҳ бо амакаш чун «душмани халқ» ба ҳабс мегиранд. Аммо ин кӯдаки бехабар аз асли гaп, аз хушиҳои зиндагӣ баҳравар, мактабхон мешавад, талабаи аълохон аст, суруд мехонаду шеър мегӯяд. Хуршеда аз синни мактабхонӣ ба шеърнависӣ (1947) ва аз соли 1952 ба баъд ба навиштани мақолаву тақризҳо таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Баъдтар мефаҳмад, ки ҳабси падар домангири фарзандон ҳам будааст. Вай инро баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷи¬кистон (ДМТ), замоне ки хоҳиши ба аспирантура дохил шудану муҳаққиқ шуданро кард, дарк намуд. Беадо¬латиҳо ӯро ба ҳақталошӣ во доштанд ва Хуршедаи ҷавон ҳам барои номи падар ва ҳам барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба талош даромад ва ниҳоят ба барқарор кардани ҳақиқат муваффақ гардид: ҳам номи падарро ба сафедӣ баровард ва ҳам худ ба аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶШС Тоҷикистон дохил гардид. Ҳамин тавр вай наздик ба 60 сол, то охирин рӯзҳои зиндагонӣ дар ин даргоҳи илм поку ҳалол хидмат карда, ҳам чандин бахши илму адаби тоҷикиро пеш бурд ва ҳам дар тарбияи олимони ҷавон саҳм гирифт…

Чизи муҳим дар ибтидои фаъолияти илмии Хуршеда Отахонова ҳамин аст, ки вай аз оғоз ба пажӯҳиши соҳаҳои мухталифи адабиёт машғул гардид: оид ба Зебуннисо, Фирдавсӣ (воқеан, ин мавзуи поённомаи донишгоҳиаш будааст), Саъдии Шерозӣ, Чехов, тарҷума, силсилаи шеърҳо, насри бадеӣ ва тақризу мақолаҳо менавишт. Ва ин ҳама ӯро ба он водоштанд, ки дар ҷара¬ёни кори илмӣ фарохназар ва ҷиддикор бошад.

Аммо замони ба майдони илм омадан ва нақду тақриз кардани ӯ аз давраҳои мураккабе дар нақду адабшиносӣ ба шумор меомадааст, аз як ҷониб, асари даврони шахспарастӣ, дурушткори иҷтимоӣ дар нақд ва таҳқиқ, аз ҷониби дигар, замони ях шудани обҳо ва ба миён омадани озодиҳои маънавӣ чигунагии оғоз ва рушду нумуи устодро муайян кардаанд. Хуршеда Отахонова аз оғози кори нақднависӣ ба баҳсу талош ва ба ҳақиқат баровардани асли ҳодисаҳои адабӣ майл дошт. Руҳи мубоҳисавӣ барои равшан кардани масъалаҳо ва таҳрики ҷараёни адабӣ бисёр муҳим мебошад, ҳарчанд ки дар ин раванд на ҳамаи му¬ло¬ҳизаҳо бебаҳс буда метавонанд (масалан мақолаи вай ва гурӯҳи ҳамкорон дар бораи ҳикояи Толис “Муаллим”). Мақолаҳои нахусти¬ни вай дар бораи силсилаи шеърҳои Ғаффор Мирзо, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, «Чанд сухан дар бораи журнали «Шарқи Сурх», мақола-тақриз ва баҳсҳо дар атрофи романи Ҷалол Икромӣ «Maн гунаҳгорам» (1958, 1959), «Симои шоири бузург» (1961), «Сухан дар хусуси сурудҳо» (1966), «Назми тоҷик дар соли 1966» (1967), «Шеъри соли 1976» (1977), «Барои шеъри асил» ва «Лирика ва достони эпикӣ», «Назаре ба танқиди солона» (1981), «Инсофро аз худ талабед!» (1990), «Мақоми Муъмин Қаноат дар инкишофи достони муосири тоҷик» (2002) ва даҳҳои дигар мақолаҳои илмии ӯ аз андешаҳои тозаву асоснок ба ҳам омада, тавассути баҳсу талошҳои илмӣ бисёр аз сифатҳои адабиёти муосирро одилона рӯшан кардаанд. Ӯ ҳамеша кӯшидааст, ки то дар бораи падидаҳои тозаи адабиёти муосир сухани аввалро бигӯяд ва бисёр муҳим аст, ки ин андешаҳо ӯ бо гузашти солҳо асолати худро гум намекунанд. Дар ин маврид мақола-тақризҳои ӯро дар бораи романи Ҷалоли Икромӣ «Ман гунаҳгорам» (1958) ва бахусус романи машҳури Сотим Улуғзода «Восеъ» (1967) ёдовар шудан мумкин аст. Ин нахустин тақризи бода-лелу ҳирфаӣ ба ин романи беҳтарини насри воқеъгароёнаи тоҷик буд ва устод Улуғзода мулоҳизаҳои танқидии мунаққидро (масалан дар мавриди тасвири маорифпарварон ва бахусус нокифоягии образи Мулло Сафар) ба эътибор гирифта, онро таҳриру такмил кардааст. Ба ин маънӣ X. Отахонова аз мунаққидони моҳиятбин ва тозаназари тоҷик ба шумор меравад ва маҷмуи осори беҳтарини интиқодиаш дар китобҳои «Падидаҳои навҷӯӣ» (1972) ва «Пайванди ҳис ва андеша» (1982) гирд омадаанд.

Ин мазиятҳо дар монография ва рисолаҳои ӯ «Абулқосим Фирдавсӣ» (1960), «Раҳим Ҷалил ва эҷодиёти ӯ» (1962, таҳрири нав 20015), «Пади¬даҳои навҷӯӣ» (1972), «Аз рӯйи меҳр меҳр» (1979), «Таҳаввули жанри достон дар назми муосири тоҷик» (1983, 2015), «Абулқосим Лоҳутӣ» (1987, бо ҳамқаламии А. Абдуманнонов ва Ҳ. Шодиқулов), «Ду адиби ном¬вар» (дар бораи Зуфархон Ҷавҳарӣ ва Суҳайлӣ Ҷав¬ҳари¬зода, 2002), «Чеҳраҳои шинохта» (2004) мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ин асарҳо маълум аст, ки муҳақ¬қиқ бештар мутаваҷҷеҳи баррасӣ ва пажӯҳиши масоили муҳим ва номакшуфи таърихи адабиёт ва нақди адабии муосир аст. Вай бо ин хусусияти таҳқиқ худро дар миқёси умумишуравӣ шиносонид. Аз ҷумла, дар мавриди рисолаи вай оид ба Раҳим Ҷалил яке аз адабиётшиносони босалоҳияти шуравӣ З.Г. Усмонова дар саҳифаҳои маҷаллаи бонуфузи адабиётшиносӣ - «Вопросы литературы» тақризи мусбат навишт.

Баъд аз ин X. Отахонова дар доираи дониш¬мандо¬ни шуравӣ шинохта гардид ва таълифи бахши муҳимми асари бисёрҷилдаи «Таърихи адабиёти сермиллати шуравӣ» - «Насру назми солҳои пасазҷангии тоҷикӣ (1945-1956)»-ро (1972) дар ин китоб ба ӯ бовар карданд, ки он баъдтар бо номи «Адабиёти пасазҷангии тоҷик» (1945-1956) дар энсиклопедияи якҷилдаи «Республикаи Шуравии Сотси-алистии Тоҷикистон» (1984) низ чоп гардид. Ҳамчунин, таълифи «Хроникаи ҳаводис ва воқеаҳои муҳимми адабиёти тоҷик дар солҳои 1917-1967» ба қалами ӯ тааллуқ дошта, дар ҷилди ниҳоии таърихи мазкур чоп гардидааст. Ҳаминро бояд гуфт, ки ин таълифоти муаллима дар канори масъулияти бузурги илмӣ, меҳнату ҷустуҷӯҳои хеле зиёдеро тақозо дошт. Ниҳоят, натиҷаи пуркорӣ рисолаҳои бунёдии ӯ «Таҳаввули жанри достон дар назми муосири тоҷик» гардид, ки асоси рисолаи доктории эшонро ташкил кардааст ва бори нахуст заминаву сарчашмаҳои зуҳур, шаклгирӣ ва таҳаввули мазмуну мундариҷа, шаклҳои жанрӣ ва сабку услуби достон¬нависӣ дар назми тоҷикиро аз оғоз то аввали солҳои 80 асри гузашта фаро гирифтааст.

Муаллима X. Отахонова аз пажӯҳишгарони хеле меҳнатдӯст ва пуркор буд. Ҳамеша масъалаҳои мурак¬каб ва гоҳо ба фаромӯшӣ супоридашуда ва роҳу равиш¬ҳои нави адабиётшиносиро наҳаросида бо камоли шавқ ба таҳқиқ гирифтааст. Аз аввалин мақолаҳои вай дар ин равиш «Чанд шеъри номаълуми Зуфархон Ҷавҳарӣ» («Шарқи Сурх, 1957, № 3») ном дорад. Минбаъд рӯйи об баровардани саҳифаҳои номаълуми таърихи адабиёти навини тоҷикӣ яке аз риштаҳои пажӯҳишҳои илмии ӯ қарор мегирад. Мулоҳиза дар бораи шеърҳои Шайх Алии Пинадӯз (1957), «А. Лоҳутӣ ва С. Айнӣ» (1962, 1967), «Қиссаи ду байти Пайрав» (1971), «Ганҷинаи осори устоди сухан» (1973), хроникаи «Адабиёти то¬ҷик» дар зарфи қариб 60 сол (дар китоби «Таърихи адабиёти сермиллати шуравӣ», Ҷ. VI. – М., 1974), «Ёде аз Толис» (1979), «Даври сари зулфи ту ё ду сари зулфи ту?» (1984), «Лоҳутӣ кай ба Душанбе омада буд?» (1987), «Таърихи эҷоди «Эй ранҷбари сиёҳтолеъ» (1987), «Арзи ҳол»-и Абдулвоҳиди Мунзим» (1988), «Боз як далел аз ҳаёти Сарвар» (1991), «Оё ин бозёфт аст?» (1991), «Оид ба як мактуби устод Айнӣ» (1991), «Китоби ҷанҷолӣ» (1992), «Шеърҳои тоза ба даст омадаи Пайрав Сулаймонӣ» (1999), «Ду мақола» (мақолаҳои устод Айнӣ» (2002), «Оид ба шарҳи ҳол ва нашри осори Зуфархон Ҷавҳарӣ» (2002), «Сайре ба бойгонии Сотим Улуғзода» (2003), «Фарзанди фарзонаи миллат» (2006), «Як шоири ношинохта» (2011) ва бисёр навиштаҳои ӯ аз ҷустуҷӯ ва заҳматҳои зиёд барои барқарор кардани ҳодисаҳои адабӣ ва ҳақиқати лаҳзаҳои зиндагии адибону осори гумноми онҳо гувоҳӣ медиҳанд.

Матншиносии адабиёти замони шуравӣ аз бахшҳои мураккаб ва пурмушкилест, ки аз муҳаққиқ ба ҷуз аз дақиқназарии ҳирфаӣ, дарки вазъи замону шароити эҷод ва тамиз додани таҳрирҳои хоставу нохостаи осори адабӣ, боз ҳам инсофу адолатро тақозо дорад. Х. Отахонова ҷиддияти масъалаи мазкурро дарк карда, ба омӯзиши масъалаи мазкур мушғул шуда, дар ин боб мақолаҳои «Архиви нависанда чист?» (1980), «Матни асосӣ дар нашри илмӣ» (1990), «Чанд масъалаи матн¬шиносии адабиёти муосири тоҷик» (2004),«Устод Маъсумӣ ва матншиносии адабиёти муосири тоҷик» (2005)-ро навишт ва ниҳоят китоби ӯ «Масъалаҳои матн¬шиносии адабиёти муосири тоҷик» (1999) ба чоп расид.

Дар ин маврид аз як шохаи дигари бисёр муҳимми пажӯҳишҳои муаллима Отахонова ёдовар шудан лозим аст. Ин ҳам бошад, ба таври мунтазам омӯхтан, таҳия ва ба чоп омода кардани мунтахаби асарҳо, куллиёти интиқодии осор ва номаҳои адибон мебошад. Аз ҷумла вай дар омодаи чоп кардани «Куллиёт»-и Абдусалом Деҳотӣ (ҷ. 1, 1965), «Девон»-и Суҳайлӣ Ҷавҳаризода (1968), «Ашъори мунтахаб»-и Муҳаммадҷон Раҳимӣ (ҷ.1, 1978; ҷ.2, 1980; ҷ.3, 1982), «Осори мунтахаб» (ҷ.1-2, 1981) ва «Куллиёт»-и Мирзо Турсунзода (ҷ. 4, 1985), маҷмуаи шеъру достонҳои Абулқосим Лоҳутӣ (1978, 1984,1987) саҳм гирфтааст. Аммо хидмати вай дар таҳияву нашри «Куллиёт»-и Пайрав Сулаймонӣ ва «Куллиёт»-и ҳафтҷилдаи Абулқосим Лоҳутӣ сазовор ба таъкиди махсус мебошад. Аввалан, ин ду асар нашри интиқодӣ буда, ба навъи худ дар матншиносии тоҷикӣ аз корҳои аввалин ба шумор меоянд. Сониян, бори аввал дар онҳо кулли осори ин ду шоир асосан пурра фаро гирифта шудааст. Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки «Куллиёт»-и Пайрав комилан маҳсули кору заҳмати муаллима аст ва таҳияи хафтҷилдаи Лоҳутӣ таҳти раҳна¬моии эшон анҷомида, ӯ худ ҷилдҳои яку ду, ҳамчунин номаҳои устод Лоҳутиро (дар ҷилди 7) омода намудааст, ки ҳамагӣ чоп шудаанд (2020).

Ҳамин нуктаро низ бояд ёдовар шуд, дарвоқеъ, матншиносии адабиёти муосир пас аз он ҷоннок гардид, ки мероси адабии аҳли адаби тоҷик ба бой¬гонӣ ворид омад ва барои дастрасӣ ба дастнависҳои адибон имкон ба миён омад. Лозим ба зикр аст, ки дар саргаҳи ин кор низ Х. Отахонова меистад. Ин заруратро роҳбарияти Институти забон ва адабиёт Носирҷон Маъсумӣ ва мудири бахши адабиёти муосир Муҳаммадҷон Шукуров (Шакурӣ) дарк карда, ташкили ин ниҳодро ба муаллима бовар карданд. Вай бо ҷиддияти том ба кор пардохта, дар як муддати кӯтоҳ аз Бойгониҳои марказии адабиёт ва санъати Маскав, Бойгонии Горкий дар назди Институти ҷаҳонӣ, Хонаи Пушкин дар Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург), Бойгонии Мухтор Авезов дар Алма-Ато дидан карда, тарзу тариқи илми¬ву фаннии сабту нигаҳдории мероси адибонро омӯхт. Дар натиҷа муваффақ ҳам шуд. Натиҷаи ин ҷӯяндагиҳои вай рисолаи “Дастуруламал доир ба танзими илмии бойгонии адибон” (2013) гардид, ки дар зоти худаш ягона мебошад.

Инак, имрӯз тавассути меҳнату ташаббуси X. Отахонова як бахши тоза – шубаи мероси адабӣ ва бойгонии адибон дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ амал мекунад, ки зиёда аз 40 фондро дар бар мегирад. Бойгони мазкур бо чунин фарогирии густурда, ба қавле, дар миқёси собиқ ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ягона аз ин қабил марказҳо ба шумор меомад. X. Отахонова ҳамеша дар ғами беҳбуд бахшидан ба шароити нигоҳдошту ҳифозати ин ганҷинаи бебаҳо - фарзанди дастпарварди худ буд, ки вазъаш имрӯз ҳам беҳбудӣ мехоҳад. Ӯ чи мероси адибон, чи тадқиқоти худу устодон ва ҳамкоронашро мисли фарзанд азиз медошт, ба онҳо ғамхорона рафтор менамуд ва аз пайи ба сифати тоза табъу нашр кардани онҳо мекӯшид. Басо рамзист, ки инак як ҷузъи ин бойгониро мероси дастнависҳои худи ӯ ташкил медиҳанд…

Месазад, ки дар бораи заҳматҳои муаллима Отахонова дар таҳия ва чопи номаҳои адибон махсусан таваққуф кард. Албатта номанигорӣ ва номаҳои ашхоси бузург, олимону адибон ва кормандони расмиву давлатӣ барои омӯхтани бисёр ҳодисаҳои таърихӣ, ҷамъиятӣ, сиёсиву адабӣ ва фарҳангӣ, бахусус зиндагии шахсӣ, адабӣ ва ҷамъиятии эшон аҳаммияти хоссаеро молик мебошад. Дар матбуоти мо номаҳои адибони тоҷик солҳост, ки ба таври паро-канда ба табъ мерасанд. Аммо мо то ба ҳол дар бораи тартиби омӯхтан ва табъу нашри номаҳои адибон фикр накардаем. Хеле кам аз осори мунтахаб ва ё мукаммали адибони мо бахши номаҳоро дар бар гирифтаанд. X. Отахонова ин камбуди адабиётшиносии моро ҳис карда, барои ислоҳи он кӯшид. Кӯшиши нахустини ӯ дар ин маврид аз чопи мактубҳои устод Айнӣ, бахусус он номаҳое, ки то ба ҳол рӯйи чопро надида буданд, оғоз ёфт. Аввал ду номаи ҷудогонаи устод Айнӣ ва сипас китоби «Мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ» (1978) бо иловаи тавзеҳоти лозима ба чоп расид. Устод Муҳаммад Осимӣ, ки аз хеле сирру асрори зиндагӣ ва номаву номанигории аҳли адаб бохабар буд, дар сарсухани маҷмуаи мазкур заҳмати X. Oтахоноваро қадр карда, таъкид карда буд: «Дар бораи аҳаммияти мукотибаи Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, ки саҳифаҳои дурах¬шони таърихи адабиёти советии тоҷикро дар назари хонанда муҷассам мекунанд, сухан дароз аст». X. Отахонова низ дар поёни гуфтори худ таъкид намудааст, ки «... ҳанӯз ҳамаи мактубҳои онҳо (Айнӣ ва Лоҳутӣ - А.Н.) ба даст надаромадааст. Умедворем, ки онҳо дар оянда ба даст меоянд ва ба нашри нави мукотиба дохил мешаванд. Вай худ аз пайи иҷрои ин кор шуд ва пас аз ҷустуҷӯҳои зиёде маҷмуаи авваларо хеле пурра намуда, нашри дувуми онро бо такмилу иловаҳо ва тавзеҳот соли 2003 аз чоп баровард (Душанбе: «Деваштич», 2003). Баъди як сол китоби дигари ӯ «Абулқосим Лоҳутӣ. Номаҳо», ки нашри илмӣ буда, ба он сарсухан ва тавзеҳоти муфассале илова шудааст (Душанбе: «Адиб», 2004), ба дасти хонандагон расид.

Дар ҳар ду китоб ҳам хеле аз номаҳои дар нашрҳои аввал бо тақозои давру замон ихтисоршуда мукаммал гардида, боз бисёре аз номаҳои номаълуми устодон, ки чопашон дар замони шуравӣ аз имкон берун буд, фаро гирифта шуданд. Акнун ин тарзи кор ба дастури амали муҳаққиқ табдил ёфт ва ҳангоми чопи осори адибон (зикраш боло омад), вай ба ин ҷиҳати фаъолияти онҳо албатта диққати махсус медиҳад. Масалан, дар «Куллиёт»-и Пайрав Сулаймонӣ, як бахши муҳим ба мактубҳо ихтисос дода шудааст. Зиёда аз он, дар заминаи ин номаҳо корҳои илмӣ ба миён омаданд. Худи X. Отахонова дар асоси маводи онҳо мақолае дар бораи масъалаҳои забон дар номаҳои устод Айнӣ ва мубо¬ҳисаҳои ин ду устод дар бораи шеъри муосирро навишт. Дигар аз аҳли тадқиқ низ ин китобҳоро ба бар¬расиҳои илмӣ кашиданд. Банда низ ҳангоми танқиди нақди адабии тоҷикии солҳои 20-30 ин номаҳоро як навъи хоси нақди адабӣ - нақди номаӣ ё дарунӣ (зеҳнӣ) номзад карда, аҳам¬мияти махсуси онҳоро таъкид намуда¬ам (Адабиёт ва нақди адабӣ. - Душанбе: Адиб, 1993). Масъала сари он аст, ки дар замони ҳукмронии ҳокимияти худкома (диктотурӣ) хеле аз андешаҳои адабиро дар шакли мақола озодона дар матбуот гуфтан имкон надошт. Ва ин ногуфтаҳо бисёр вақт дар номаҳои маҳрамонаи адибон, бахусус ин ду устоди бузурги адабиёти тоҷик – Айнӣ ва Лоҳутӣ ифода ёфтаанд. Аз ин ҷиҳат номаҳо аз ҷиҳати таърихӣ ба аҳаммияти калон моликанд. Аммо фаромӯш набояд кард, ки нома жанри зеҳнист ва ҳангоми истифода аз он андешаҳои беғаразро аз баёни фикри хусусӣ тафовут додан лозим аст. Бинобар ин, чопи номаи адибон аз корҳои хеле муҳимми таҳқиқи адабӣ ба шумор меояд ва кӯшишу ғайрати муаллима Отахонова дар ин ришта низ ҷанбаи ибтикорӣ дорад ва аз навназарии эшон гувоҳӣ медиҳад…

Ба мавлуди муаллима Хуршеда Отахонова - доктори илми суханшиносӣ, узви Иттифоқи наисандагони Тоҷикистон, узви пайвастаи АИ ҶТ, Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ инак 90 сол пур мешвад.

Мо ҳамкорону дӯстон, хонандагону мухлисон номи эшонро ба некӣ ёд мекунем ва ба хидматҳои илмиву адабиаш арҷ мегузорем.

Абдухолиқи НАБАВӢ, ходими пешбари илмии ИЗА ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО