07 Jun 2023
Submitted by Admin
1213

ЧАНД АНДЕША ДАР БОРАИ АФКОРИ ИНТИҚОДИИ

АМИНҶОН ШУКӮҲӢ

(идомаи мақола)

Бино бар ин, Шукӯҳӣ хоҳиши нависандагонро барои эҷоди осори адабӣ дастгирӣ мекунад ва таъкид менамояд, ки «барои офаридани асари бадеӣ ин корҳо фақат қадами якум, нақша ва орзуҳо мебошанд. Кори асосӣ, навиштани китоб дар гӯшаи танҳоӣ дар натиҷаи азобу машаққати эҷодӣ бо шабзиндадориҳо, бо навиштану рӯнавис кардан, хат задан, ислоҳ намудан, дар натиҷаи задухӯрди фикрҳои мухталифи қаҳрамони асар, хулоса бо хуни дил ба дунё меояд». Барои таълифи асари мақбул вай омӯхтани ҳаёт, офаридани қаҳрамони мусбат ва тасвири ҳақиқати ҳаёт ва нишон додани камбудҳо ва рафъи онҳоро муҳим медонад.

Тибқи мушоҳидаи Шукӯҳӣ дар асарҳои нависандагони тоҷик бисёр вақтҳо типҳои манфӣ табиитар, пурқувваттар нисбат ба типҳои мусбат мебарояд… Албатта, офаридани типи одамони хоксору қаҳрамон, одамоне, ки бо заҳмати ҳаррӯзаи худ неъматҳои моддӣ ва маънавиро афзун мекунанд, дар коллектив, дар оила намунаанд, хеле душвор аст. Офаридани типи мусбат кашфиёти бузурги нависанда аст. Ин амалро наметавон бо тасвири қаҳрамони мусбати беайбу нақсон ва ҳама кораш гулистон ба амал бароврд. Ба андешаи Шукӯҳӣ на тасвири ҳайкал-одам, балки инсони зиндаи бо ҳамаи мураккабиҳои ахлоқӣ ва равонӣ бояд вазифаи эҷодии нависандагон бошад.

Барои амалӣ шудани ин ният лозим дониста аст, ки нависандагони ҳамаи синну сол фаъол бошанд, нависандагони ҷавон ба воя расанд, дар ин амал калонсолон масъул бошанд, нақди адабӣ ба ҷараёни адабӣ ва эҷодиёти нависандагон ҷиддӣ ва фаврӣ дахл кунад ва нашрияву нашриёт ба нашру нақди ин корҳо манфаатдор бошанд.

Мақолаи «Шоири дилбастаи халқ» (1963) ба муносибати 70-солагии Владимир Маяковский таълиф шудааст. Дар он аз мақоми шоир дар адабиёт ва ибтикороти вай сухан меравад. Маяковский бо асарҳои хуби худ, пафоси револютсионии худ ҳамчун мунодии бузурги бахту саодати халқи меҳнаткаш…. ба сафи муборизони озодии синфи коргари ватани мо дохил шуд, барои ғолибони сотсисализм мубориза бурд ва имрӯз дар ҳарбу зарбҳои бузург барои тантанаи коммунизм ҳамсафи мо мебошад.

Шукӯҳӣ гуфтааст агар моҳияти осори Маяковскийро «бо як калима ифода карданӣ шавем, фақат калимаи «мубориза» мувофиқ меояду халос».

Маяковский… назмро ба мутобиқ ба талаботи замон ва ҷамъияти худ бардошта, ба воситаи мубориза барои бахту саодат мубадал намуд. Ниҳоят ба моҳияти навовариҳои шоир таъкид мешавад, ки вай «барои инъикоси дунёи нав образҳои навро ёфт. Вай калимаҳои нави интернатсионалиро бо ибораҳои ширини забони бои халқи бузурги рус моҳирона пайванд карда тавонист. Барои ифодаи фикрҳои барҷастаи худ шаклҳои наверо ихтиёр кард ва хеле ҳунармандона ҳам ихтироъ кард».

Ҳамчунин мақолаи дигари Шукӯҳӣ дар бораи Абдурраҳмони Ҷомист, ки ба муносибати 550-солагии ӯ таълиф шудааст, дар бораи ҷойгоҳи адиб дар адабиёти миллӣ баҳс мекунад: «Шоири ҳақиқӣ ҳамроҳи халқ, ҳамроҳи ворисони маданият абадӣ зинда мемонад, ба онҳо дар кору мубориза барои бахту саодат ҳамсаф, дар рӯзҳои бахту мушкил ва тӯю тантанаҳо ҳамдаму ҳамнафас аст». Вай аз сутунҳои мустаҳкаму пойдори бинои адабиёти тоҷику форс аст, ки осораш инсондӯстона буда, дӯстии миллатҳо, хосса мардуми тоҷику ӯзбекро тарғиб менамояд.

Дар хотима мегӯяд, ки агар Ҷомӣ имрӯз зинда мебуд, албатта, ин байти худро тараннум мекард:

Шудам фирӯз бар васлат ба рағми чархи фирӯза,

Кӣ дорад дар ҷаҳон ин бахти фирӯзе, ки ман дорам?

Мақолаи «Ба истиқболи ду санаи таърихӣ» (1965) сухан аз ҷараёни имрӯзи адабиёт ва аз дастовардҳои адабиёти тоҷикӣ дар зарфи 50 сол дар назму наср ва драматургия, саҳми устодон Айнӣ, Лоҳутӣ ва дигар адибони ботаҷриба ва вазифаҳои адабиёт дар партави пешвозгирии ду санаи бузург меравад. Яке аз ин гуна воқеаҳои фаромӯшнашаванда Револютсияи Кабири Состиалистии Октябр ва дигаре рӯзи таваллуди доҳии меҳнаткашони ҷаҳон В.И. Ленин ба шумор оварда шудааст. Дар мақола аз дастовардҳои адабиёти тоҷикии панҷ соли ахир чи дар наср, чи дар назм, чи дар драмнависӣ¸очерку публитистика ва адабиёти кӯдак, саҳми ҳар адиби алҳида дар шакли обзор ва баррасии мавзуъу масъалаҳо муфассал сухан рафтааст. Ниҳоят Шукӯҳӣ бори нахуст аз нақди адабӣ сухан мегӯяд, ки зикраш ин ҷо бефоида намебошад: «Роли танқиди адабӣ дар адабиёт хеле калон аст. Танҳо танқиди ҳақиқӣ ба асари бадеӣ муаллифи осарро руҳбаланд мекунад, ба кори эҷоди ӯ ёрии калон мерасонад. Мунаққиде, ки мақсаду нияти нависандаро нағз мефаҳмад ва ба лаёқати нависанда баҳои объективӣ ва холисона медиҳад, кори бошарафонае мекунад. Дар вақтҳои охир мунаққидони адабӣ Ш. Ҳусейнзода, М. Шукуров, А. Маниёзов, А. Сайфуллоев, Ю. Бобоев ва дигарон дар… ошкор кардани ҳусну кубҳи эҷодии баъзе нависандагон ташаббус нишон дода истодаанд».

Ҳамчунон ки гуфта шуд, Шукӯҳӣ ба назм ва шеър таваҷҷуҳи хоса дорад. Дигар аз мақолаҳое, ки дар ин мавзуъ навиштааст, «Баъзе мулоҳизаҳо дар бораи лирикаи ишқии имрӯза» (1966) мебошад. Дар мақола сухан дар бори шеъри ишқӣ дар байни анҷуманҳои 1У-У Инттифоқи нависандагон меравад.

Дар ҳамаи асру замонҳо дар қатори дигар жанрҳои адабӣ, назм ифодакунандаи руҳи замон, паҳнкунандаи ғояву мақсадҳои муайян буд. Мавқеи шоир ба воситаи асарҳои ӯ муайян мешавад. Шеър ҳамеша сарвати халқ аст. Аммо дуруст гуфтааст Шукӯҳӣ, ки «як шеъри бад ба сад шеъри бади дигар роҳ мекушояд вар рафта-рафта тарозуи шеърфаҳмӣ ва шеърсанҷиро вайрон карданаш мумкин аст...

Мо шоирони тоҷик ҳақ надорем, шеъри пастсифат нависем. Мо шоирони бузурги классикӣ дорем, ки доди суханро додаанд, ба мо назми пешқадами рус ва дигар халқҳои бародарӣ дастрас аст».

Ба сифати намунаи беҳтарини шеъри дилпазири замонавӣ шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода шуморида шудааст. Ҳамчунин эҷодиёти Мирсаид Миршакар, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Муҳиддин Аминзода, Боқӣ Раҳимзода ва дигаронро намунаи омӯзиш медонад. Аммо Шукӯҳӣ зарур донистааст, ки «дар бораи нуқсонҳои лирика» сухан гуфта бошад. Ба ақидаи вай дар шеъри лирикии рӯз лирикаи гражданӣ, ватандӯстӣ, лирикаи тараннуми меҳнат кам шуда, ҷои онро бештар лирикаи ишқии шахсӣ гирифта истодааст, ки дар онҳо «ҳиссиётҳои маҳдуд, ноумедӣ ва руҳафтодагӣ мушоҳида мешаванд». Ва дар ҳамин замина шеърҳои ишқии Бобо Ҳоҷӣ, Бозор Собир ва Қутбӣ Киромро танқид мекунад, ки асосан дуруст мебошанд.

Ба фикри Шукӯҳӣ сабаби ба миён омадани чунин камбудҳо, пеш аз ҳама, суст будани танқиди адабӣ ва иттифоқи нависандагон, аз ҷумла сексияи назм аст, ки роҳи халтуранависиро ҳанӯз нагирифтааст ва боз ин гуна осорро газетаҳо ё ба шакли китобчаҳои алоҳида нашриёти «Ирфон» чоп мекунад. Шукӯҳӣ масъала ба миён гузоштааст, ки бояд анҷумани нависандагон барои аз байн бурдани камбудҳо марҳилаи наве гардад.

Мақолаҳои «Пленуми мо» (1967) ва «Назм бояд оинаи аср бошад» (1968) давом ва дурустараш такмили якдигар мебошанд.

Мақолаҳои мазкур ба пленуми Иттифоқи нависандагони Тоҷиистон ба сифати маъруза ироа шудааст ва дар мавриди лирикаи гражданӣ баҳс мекунад. Шукӯҳӣ огоҳ мекунад, ки баҳсу мунозира берун аз муносибатҳои шахсӣ дар асоси принсипнокии партиявӣ ва объективона баҳо додан ба асарҳо бо далелҳо, оромона ошкор кардани камбудҳо ба амал ояд.

Сипас, аз гузаштаи шеъри тоҷикӣ ёд мешавад. Ба андешаи вай, шеърҳои бо ҳиссёти баланд ва ҷасорати гражданӣ навиштаи Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Муҳиддин Аминзода ва баъдтар асарҳои Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода ҳамчун дурдонаҳои гаронбаҳо то ҳанӯз қимати худро гум накардаанд ва гум нахоҳанд кард. Ҳамчунин сухан дар бораи шеърҳои бисёри замонавие меравад, ки на худ дар хотирҳо монданду на номи муаллифони худро шуҳратманд кардаанд. Мақсад аз гуфтани ин ҳақиқат он аст, ки дар мавзуи замонавӣ навиштан ҳанӯз маънои офаридани асарҳои хубро надорад ва ба хонанда худ аз худ ғизои маънавӣ додан наметавонад.

Ба мушоҳидаи Шукӯҳӣ агар лирикаи граждании ҳозираи назми тоҷикиро бо шоирҳои солҳои сӣ ва чил муқоиса кунем, фарқи калонеро мебинем. Шоирон аз умумигӯӣ, шиорофарӣ даст кашида, аз паи ҷустуҷӯи образҳо, характерҳо ва ташбеҳу истиораҳои нав мешаванд ва барои кушодани олами ботинии одамон қадами калоне ба пеш гузоштаанд.

Дар адабиёти тоҷик ҳамаи шоирон шеъру достонҳои гражданӣ меофаранд. Шукӯҳӣ шоирони шеъру достони гражданинависро ном мебарад, ки онҳо Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ғаффор Мирзоев, Муъмин Қаноат, Муҳиддин Фарҳат, Абдумалик Баҳорӣ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ва шоирони ҷавон Қутбӣ Киром ва Убайд Раҷаб будаанд.

Ба қавли вай дар шеърҳои Мирзо Турсунзода хулосаҳои ғайричашмдошт, гардишҳои ногаҳонӣ, дар ҷараёни фикрронӣ, мадду ҷазрҳо нестанд. Ҳар шеъри ӯ сатр ба сатр банд ба банд мантиқан гӯё чун ниҳол аввал сабз мешавад, шоху барг мебарорад, гул мекунад ва ҳосил медиҳад. Оре, ҳосил медиҳад, яъне вай ба хонанда таъсир карда, завқ медиҳад ва кас гумон мекунад, дар ҳамин мавзуъ ба ҳамин вазн, маҳз ҳамин тавр навиштан даркор аст. Дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода ҳам ибораҳои суст, образҳои такрор баъзан вомехӯранд. Аммо мо инро фақат бо шеърҳои худи ӯ муқоиса карда, фаҳмида метавонем.

Ғаффор Мирзо дар эҷоди шеъри гражданӣ муваффақият дорад. Мутаассифона, дар онҳо бисёр вақтҳо мавзуъ, проблема номбар карда мешаваду ҳалли оқилона, шоирона ва ҳақиқатнигоронаи он ноқис ё норавшан мемонад. Достони «366 паҳлу»-и ӯ аз рӯи идеяи худ, саршавии худ бад нест. Аммо рафта-рафта бобҳои алоҳида чунон дароз ва баъзе масъалаҳои дувум ва сеюмдараҷа дохил шуда, риштаҳои достонро аз ҳам гусистанд».

Дар бораи Муъмин Қаноат сухан ронда, қайд мекунад ки истеъдоди шоирии вай бо достони «Мавҷҳои Днепр» хеле равшан зоҳир шуда буд. Дар достон «мавзуъ, манзараҳои гуногуни зиндагӣ ва эҳсосоти қалбии шоир, дар шеърҳои алоҳида инъикос ёфта, бо риштаи ботинӣ ба ҳам пайваст шуда, як асари комилро ба вуҷуд оварда буданд. Бо қалами шоир мавҷҳо, мавҷҳои одамон, мавҷҳои гандумзор, мавҷҳои Днепр ва ғайраҳо якҷоя шуда, дар пеши назари хонанда мавҷи эҳсосиро ҷилвагар мекунад». Ҳамчунин, ба наздикӣ Қаноат дар бораи бинокорони ГЭС-и Норак «Достони оташ» ном шеъри хударо ба охир расондааст, ки дар мавзуи актуалӣ баҳс мекунад.

Шоир Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ низ бо силсилаи шеърҳои «Оҳангҳои дӯстӣ» ва достони «Шаби пеш аз марг» диққати танқиди адабӣ ва хонандагонро ба худ ҷалб карда будааст. Дар ҳақиқат ин асарҳо, барои Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, ки пеш шеърҳои суст ва содалавҳона менавиштааст, пешравии калон дониста шудаанд.

Шукуҳӣ изҳор доштааст, ки баъзе шоирон тарафҳои суст ва хуби эҷодиёти худро худашон фаҳмида наметавонанд. Дар ин ҳолат ба таври боварбахш бо далелҳо ба муаллиф фаҳмондан вазифаи мунаққидон мебошад. Роҳ додан мумкин нест, ки шоир ба шеърнавис табдил ёбад.

Шеъри Қутбӣ Киром, силсилаи Убайд Раҷаб хуб арзёбӣ мешавад. Дар ду-се соли ахир маҷмуаи шеърҳои шоирони ҷавон Лоиқ Шералӣ, Мастон Шералиев, Ҳабибулло Файзулло, Бурҳон Фаррух, Мавҷуда Ҳакимова, Озод Аминова, Алӣ Бобоҷон ва дигарон ки чоп шуда баромаданд. Аз ин гурӯҳи шоирон Лоиқ бо эҳсоси баланд, бо образҳои тару тоза, бо салосати худ фарқи калон дорад», - таъкид намудааст Шукӯҳӣ.

Дар адабиёт, аз он ҷумла дар назм сифати асар дар ҷои аввал меистад ва Шукӯҳи суханони шоири рус Михаил Светловро мисол меоварад, ки гуфта будааст: «Бисёр навиштан мушкил нест, аммо кам навиштан ва хуб навиштан мушкил аст, бисёр навиштан ва хуб навиштан бошад, ин идеал аст». Пас, Шукӯҳӣ дар мавриди эҷодиёти Муҳиддин Фарҳат гуфтааст, ки вай дар мавзуи гражданӣ аз ҳама бисёртар асар менависад. Ӯ шоири баркамол буда, қоидаву қонунҳои назмро хеле хуб медонанд, забони бой дорад. Аммо, мутаассифона, аксар шеърҳои ӯ ба хонанда ҳаяҷон, завқи бадеӣ бахшида наметавонанд. Ва сабаби ин ҳамин дониста шудааст, ки «Фарҳат дар вақти навиштан фақат ақл ва мантиқро ба кор меандозаду дил ва ҳиссиётро фаромӯш мекунад». Минбаъд шеърҳои Убайд Раҷаб, Қутбӣ Киром, Мастон, Шоҳмзаффар Ёдгорӣ, Бобо Ҳоҷӣ, С. Шафақ ва аз шуарои русзабон Мариана Фофанова, В. Крилов ва А. Усенко нақду баррасӣ мешаванд.

Дар ниҳоят ба ин натиҷа мерасад, ки: «пленуми имрӯзаи мо, ки дар арафаи съезди чоруми нависандагони умумииттифоқӣ мегузарад, бояд тамоми диққати худро ба проблемаҳои муҳимми назми имрӯза, пешравӣ ва нуқсонҳои он нигаронад».

Дигар мақола аз силсилаи мақолоти интиқодии Шукӯҳӣ «Қувваи ҷозибаи сухан» (1969) аст, ки ба муносибати 60-солагии Ҷалол Икромӣ таълиф шудааст. Шукӯҳӣ, мисли дигар мақолаҳо, ин ҷо низ бо сабки зеҳнгароёна қалам меронад ва аз сеҳри қалами нависанда сухан ронда, аз ташбеҳу тамсилот кор мегирад, ки албатта ба асли мавзуъ иртибот дорад: «...Ҳашамати кӯҳҳо, туғёни дарёҳо, латофати баҳорон ва рангҳои дилрабои тиру камонро қалами одии нависанда, чӣ тавре ки дар зиндагӣ ҳаст, ҳамон тавр тасвир мекунад ва зиёда аз ин дар он ҷое, ки табиат хасисӣ кардааст, онро зеботар ва пурратар карда метавонад.

Истеъдоди нависанда, сеҳри қалами ӯ ҳам дар ҳамин аст», - хулоса мекунад ӯ. Ба ташбеҳи Шукӯҳӣ Икромӣ бо асарҳои худ шаҳре бунёд карда ва дар ҳар кӯчаи он қаҳрамонони асарҳои вай зиндагӣ мекунанд.

Сипас, ба таври шоирона аз кору осори Икромӣ ҳарф зада, таъкид мекунад, ки «Роҳи нависанда роҳи ҳамвор ва беозор нест… Икромӣ, хушбахтона, аз ин роҳ натарсида сафар мекунад, ба танқид, истеҳзо ва ришхандҳои ҳаққонӣ ва ноҳақ мардона нигоҳ карда, хулоса бароварда, қуллаҳои баланди эҷодиро паси ҳам фатҳ мекунад. Ӯ ҳоло ба дараҷаи камолот расидааст». Барои исботи он ки асарҳои Ҷалол Икромӣ ба хонандагони худӣ ва дигар миллатҳо чи хел таассуроти хубе бахшидаанд, намунаҳои номаҳои онҳоро оварда, зимнан шуҳрати ӯро таъкид мекунад. Аз ҷумла, хонандаи фаронсавие бо номи Ҷон Були ба номи директори нашриёти «Прогресс», ки романи «Духтари оташ»-ро соли 1966 ба забони франсавӣ тарҷима карда буд, чунин менависад:

«Ман романи «Духтари оташ»-ро, ки шумо тарҷима карда, чоп кунондаед, бо шавқи тамом хондам. Вай ба ман хеле маъқул шуд. Бори якум ба ман муяссар шуд, ки вақти худро ба хондани чунин романи аҷоиб бахшам. Ман аз дилу ҷон ба шавқ омадани худро самимона изҳор мекунам. Аз баски ба муаллиф аниқ ва равшан тасвир кардани қаҳрамонон муяссар шудааст, ман инро китоби хеле аҷоиб ҳисоб мекунам. Бори дигар қаҳрамонони романро, ки онҳо ҳамаи мушкилиҳои дар сари роҳашон бударо бартараф мекунанд, мехоҳам ба хотир оварем. Рӯирост мегӯям, ки қаҳрамонони ҳақиқӣ намемиранд.

Ба чор қаҳрамони ин китоб (Дилором-каниз, Асои содаю содиқ, Ҳайдарқули қаҳрамон, ки барои зан ва духтари ягонаи худ интиқом мегирад ва духтари оташ – Фирӯза) ва инчунин, сокинони мазлуми ин диёр дилам хеле сӯхт.

Хушбахтона, он рӯзҳо гузашта рафтанд ва мардуми озоду соҳибистиқлоли он ба ҳаёти фирӯз расидаанд. Ман ин мактубро навишта, мехоҳам донам, ки оё Фирӯза Ҷаҳонгирова ва Асо, ки аз рӯи китоб бояд вай ҳоло ба 80 даромада бошад, зиндаанд. Агар ин қаҳрамонон зинда бошанд, сураташонро ба ман фиристонед. Ман мехоҳам қаҳрамонони ҳақиқиро бо чашмони худ бинам».

Сипас, аз номаҳои хонандагони тоҷик хеле намунаҳо оварда, зимнан дар миёни мардум шуҳрати том доштани нависанда ва асарҳояш боэътимод таъкид мешавад. Хосса, манзараи таъсири очерки Икромӣ ба падару модар ва маҳбубаи аскаре, ки дар ҷанг аст, хеле муассир аст. Ва Шукӯҳӣ ба ин васила дар анҷоми мақола бо таъсири як асари хурди Икромӣ тавассути мисолҳо шуҳрати нависанда ва истеъдоди нотакрори ӯро хеле хуб ва муассир таъкид мекунад. Аслан, нақди Шукӯҳӣ нақди зеҳнӣ, чунонки мегӯянд ба нақди нависандагӣ мутааллиқ мебошад ва бештар аз эҳсосу таассурот иборат аст, ки банда дар ин бора навиштаам.Ин нақд хеле ҷолиб аст, агар нақднавис беғараз ва мутобиқ ба асли шинохти осори адабӣ қалам ронда бошад. Хушбахтона, нақди Шукӯҳӣ аз намунаҳои беҳтарини нақди нависандагист.

Инро аз мақолаи ба эҷодиёти Турсунзода бахшида хеле хуб ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Мақолаи мазкур беунвон аст. Аз ин ҷаҳат низ бояд ҷолиби диққат бошад, зеро пайдост, ки мақсади мушаххас дар он пешбинӣ нашудааст ва муаллиф асли андешаҳои худро баён кардан мехоҳад. Зоҳиран дар он масъалаҳо дар шакли куллӣ баён шудаанд, вале тавсифҳо моҳияти масъаларо дақиқ ифода мекунанд.

Ҳамин тавр, ба мушоҳидаи Шукӯҳӣ Турсунзода «аз дарёи дили пуртуғёни худ бо нуги қалами сеҳрбаён дурдонаҳои пурқимате берун оварда, ба хонандагони худ бо самимият пешкаш мекунад». Ин дурдонаҳо фикрҳои бикр, ташбеҳҳои наву тоза, ғояҳои баланди инсонпарварӣ, муҳаббати бепоён ба Ватан, ишқ, ҷавонӣ мебошанд. Ва хулоса мекунад, ки: «Шеърҳои Мирзо Турсунзода ...аз сарчашмаи дил об хӯрда, чун ниҳолони боғи адабиёт реша давонаанд ва меваҳои лазиз овараанд».

Ин андешаи ӯ низ бисёр ҷолиб аст: «Дар бораи эҷодиёти Мирзо Турсунзода сухан рондан гуворо бошад ҳам, мушкил аст. Чунки ӯ то ба дараҷае равшан, равон ва мафтункунанда менависад, ки сухани дигарон дар шарҳи ашъори ӯ барзиёд аст. Дар ин ҷо чунин ҳикмати халқӣ: «аёнро чӣ ҳоҷати баён» хеле мувофиқ меояд». Метавонем илова кунем, ки дар онҳо аз аносири саҳлу мумтанеъ низ чизҳое ба мушоҳида мерасанд. Дар воқеъ, Турсунзода «шохаҳои беҳтарини шеърсароии классикиро бо ғояҳои баланди имрӯза, бо шаклҳои нав моҳирона пайванд мекунад. Образу ибораҳои нав, фикрҳои тару тоза бо қалами ӯ дар қолаби рӯз гӯё бо ихтиёри худ медароянд».

Ҳамчунин, пайванди ӯ ба ватани худ махсус таъкид мешавад: Мирзо Турсунзода шоири ҷаҳондида мебошад. Ӯ қариб тамоми кураи арзро давр зада, мамлакатҳои бисёреро дидааст. Баъди сафарҳои дуру дароз дар соҳили рӯди шӯхи Варзоб, дар Душанбе нишаста, шеър менависад. Аз ҳамин сабаб вай хоҳ дар бораи Ҳиндустону Бирма ва хоҳ дар бораи Африкою Америкаи Лотинӣ осоре офарида, аз онҳо бӯйи боғҳои шукуфони сарзамини озоди тоҷикон ба димоғ мерасад….

Ниҳоят, халқ шеърҳои хуби ӯро дар дили худ ҷой медиҳад ва дар ҳар қадам ҳамнафасу ҳамроҳи худ медонад. Аз ин сабаб Мирзо Турсунзода шоири маҳбуби халқ аст, зеро масъалаҳои зиндагии ӯро бо забони худи вай равони дилнишин баён медорад.

Дар охир ҳаминро илова бояд кард, ки мо дар бораи нақди Шукӯҳӣ хеле умумӣ ва гоҳо тавсифӣ андеша рондем ва бисёр масъалаҳои онҳо ногуфта монд, ки хонандаи закӣ ҳангоми мутолиаи маҷмӯаи онҳоро пай хоҳад бурд. Аммо ҳаминро ҳам гуфтан лозим аст, ки асарҳои интиқодии Шукӯҳӣ чизи тасодуфӣ набуда, як паҳлуи хуби эҷодиёти эшонро ташкил медиҳад. Мо дар заминаи осори дар бойгонӣ маҳфузи муаллиф изҳори назар кардем, аммо хеле аз мақолаҳои ӯ дар нашрияҳо ба чоп расидаанд ва маҷмуъ метавон дар бораи хусусиятҳои нақди Шукӯҳӣ мулоҳизаҳои муфассалеро минбаъд иброз дошт.

Абдухолиқи НАБАВӢ, ходими пешбари илмии шуъбаи адабиёти муосири тоҷики ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО