22 Jun 2023
Submitted by Admin
302

Имрӯз дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ мизи мудаввар дар мавзуи “Вазъи фолклоршиносии тоҷик дар давраи Истиқлол” бо ташаббуси мудири шуъбаи фолклори Институт, н.и.ф. Мажнунов Абдуламин баргузор гардид.

Барнома бо сухани ифтитоҳии директори Институт д.и.ф. Шарифзода Ф.Х. оғоз ёфта, сипас маърӯзаҳо дар мавзуи “Вазъи фолклоршиносии тоҷик дар давраи Истиқлол” аз тарафи д.и.ф профессор Равшан Раҳмонӣ, “Фаъолияти фолклоршиносии Нисор Шакармамадов дар даврони Истиқлол”- Шамсиддин Орумбекзода пешниҳод шуданд. Инчунин дар музокира ва мубоҳиса фолклоршиносон директори Пажуҳишгоҳи иттилоот ва фарҳанги назди Вазорати фарҳанги ҶТ н.и.ф. Абдуфаттоҳ Аминов ва муҳаққиқ аз Афғонистон Ализода Наврӯз Алӣ сухан ронданд.

Ҳамчунин дар мизи мудаввар рӯнамоии китобҳои “Таджикские сказки”, “Фолклори диёри Рӯдакӣ дар сабти Р. Аҳмадов”, низ гузаронида шуд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО