24 Jul 2023
Submitted by Admin
1617

«Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ (934-1020) бузургтарин ва маъруфтарин ҳамосаи миллии мост, ки қисматҳое аз ин шоҳасар таърихи устуравию ривоятӣ ва бахшҳое аз он таърихи ростини мардуми моро дар бар мегирад. Матлаби таърихи ростини пурифтихор ва ибратомӯзи мардуми мо будани «Шоҳнома»-ро худи Фирдавсӣ сареҳан таъкид кардааст:

Ту инро дурӯғу фасона мадон,
Ба яксон равиш дар замона мадон.
Аз ӯ ҳар чӣ андархурад бо хирад,
Дигар пардаи рамз маънӣ барад [1, с.36].
 

Мардуми мо дар ҳама давру замон «Шоҳнома» мехонд ва аз гузаштагони шарафмандаш дар симои қаҳрамонони ин асари безавол, чун Рустаму Ҷамшед, Фаридуну Эраҷ... сар ба осмон месуд.

Мутаассифона, дар садаи бист, шояд бар асари ду бор дигар шудани алифбо, яъне дар даврони Ҳукумати шӯроӣ иваз шудани алифбои арабиасос аввал ба алифбои лотинӣ ва баъдан ба алифбои кириллӣ дар мамлакати мо шоҳномахонӣ андак коҳиш ёфт, ҳарчанд бахшҳое аз «Шоҳнома» ҳам ба алифбои лотинӣ ва ҳам кириллӣ дар шаҳрҳои Ленинграду Сталинобод ва баъдан «Шоҳнома» дар шакли мукаммал ба алифбои кириллӣ дар шаҳри Душанбе ба нашр расид.

Вале шуҳрати бештар пайдо кардани достонҳои «Шоҳнома» дар рӯзгори авҷи давлатдории шӯравӣ дар байни мардуми Тоҷикистон бо номи устод Сотим Улуғзода алоқаманд аст. Ба баёни дигар, нависандаи маъруфу маҳбуб, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Сотим Улуғзода, ки аз саромадони адабиёти муосири тоҷикӣ маҳсуб мешавад, дар амри шуҳрати дубора пайдо кардани «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар байни мардуми тоҷик ва Тоҷикистон нақши мондагор дорад. Соли 1976 китоби якуми достонҳои «Шоҳнома” бо теъдоди 50 000 нусха ва соли 1977 китоби дувуми ин достонҳо бо теъдоди 50 000 нусха дар нигориши Улуғзода тавассути нашриёти «Маориф» ба нашр расид, ки ин ду китобро дар маҷмуъ метавон «Шоҳнома»-и мансури Улуғзода ном бурд.

Зикри ин матлаб ҳам муҳим аст, ки «Шоҳнома» дар ибтидо шакли мансур дошт. Ишораи Фирдавсӣ дар хусуси иқдоми ба назм овардани «Шоҳнома» аз тарафи Дақиқӣ дар рӯзгори Сомониён ин матлабро таъйид мекунад:

«Ба назм орам ин номаро, - гуфт, ман»
Аз ӯ шодмон шуд дили анҷуман... [1, с.37]
 

Дар байни «Шоҳнома»-ҳои мансур аҳли назар ба «Гаршосбнома»-и Абулмуайяди Балхӣ ва «Шоҳнома»-и Абумансурӣ, ки муқаддимаи он то рӯзгори мо расидааст, арҷ ниҳодаанд [4, с.68-74].

Нигориши достонҳои «Шоҳнома» ба қалами Улуғзодаро метавон аз «Шоҳнома»-ҳои хуби мансур дар таърихи адабиёти ҳазорсолаи мо ва аз хидматҳои мондагори Улуғзода дар адабиёти тоҷикии садаи бист арзёбӣ кард.

Муҳаққиқони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ин асари безаволро асосан аз се бахш: асотирӣ (аз рӯзгори Каюмарс то зуҳури Фаридун), ривоятӣ (аз шӯриши Кова то куштани Рустам) ва таърихӣ (рӯзгори давлатдории Ашкониёну Сосониён) иборат донистаанд.

Шоистаи таъкид аст, ки достонҳои «Шоҳнома» дар нигориши Улуғзода ҳам ҳар се бахши ёдшударо дар бар мегирад. Яъне дар китоби якум қисматҳои «Каюмарс ва авлоди ӯ», «Заҳҳок» ва «Фаридун» бозгӯӣ шудаанд, ки ҷанбаи асотирӣ доранд. Қисматҳои «Коваи оҳангар», «Достони Фаридун ва писарони ӯ», «Эраҷ», «Манучеҳр», «Достони Симурғ ва Зол», «Достони Зол ва Рӯдоба», «Зодани Рустам аз модар», «Ҷанг», «Рустами Достон», «Достони Рустам ва Суҳроб», «Достони Сиёвуш» дар китоби якум ва «Достони Бежан ва Манижа», «Достони Исфандиёри рӯинтан», «Ҳафт хони Исфандиёр», «Достони разми Рустам бо Исфандиёр» ва «Ҳалоки Рустам» дар китоби дувум ҷанбаи ривоятӣ дошта, қисматҳои «Достони Ардашери Бобакон», «Достони Баҳроми Чӯбина», «Борбад ва Хусрав», «Тохтани Саъди Ваққос ба Эрон» дар китоби дувум ҷанбаи таърихӣ доранд.

Ба назари мо, «Достонҳои «Шоҳнома» дар нигориши Улуғзода» чанд фазилати муҳим дорад, ки тавассути ин фазилатҳо асари мазкур дар таърихи забону фарҳанги муосири миллии мо ҷойгоҳи хос ва муҳимеро сазовор гардидааст.

Муҳимтар аз ҳама дар ин нигориш забони баёни шевову ширини он аст. Сотим Улуғзода, ки аз устодони муҳаққақи забону адаби мо буд, дар нигориши достонҳо тавонистааст, азамату шукӯҳи забони калассикии моро нигоҳ дорад. Худи ӯ дар муқаддимаи кӯтоҳ ба достонҳо зери унвони «Сухане чанд аз нигоранда» ба ин матлаб ишора дорад: «Дар навиштан, то ҷое ки мумкин ва лозим буд, ман услуби баёни Фирдавсӣ, луғату таъбиру ташбеҳоти ӯро нигоҳ доштам». Яъне, бо шарофати корбурди «луғату таъбиру ташбеҳот»-и Фирдавсӣ садҳо калимаи ноб (кох, солор, сипаҳсолор, ҷаҳонпаҳлавон, рӯинтан, пизишк, разм, размгоҳ, размовар, ромишгар, набард, гурд, марзбон, пардадор, суханвар, бадсиришт, ҳушманд, шаҳриёр, боргоҳ, лашкаргоҳ, ҷигаргоҳ, нишемангоҳ, овардгоҳ, гуроз, пайкар, паймон, порсо, парастор, зиреҳ, ҷавшан, хӯд, гурз, хафтон, яздони пок, тахту кулоҳ, ганҷу сипоҳ...) дигарбора дар забони модарии мо мавриди истифода қарор гирифт.

Дигар аз фазилатҳои муҳимми «Достонҳои «Шоҳнома» дар нигориши Улуғзода» ин аст, ки ҳисси ватанхоҳию меҳандӯстӣ ва ифтихор аз таърихи гузаштаро дар ниҳоди мардуми мо дубора зинда кард. Ҳамин сабаб гардид, ки номи қаҳрамонони «Шоҳнома» дигарбора ба сари забонҳо афтод ва мардум ба фарзандони навзоди худ номи зебои қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-ро ниҳоданд. Яъне, қаблан дар байни мардуми мо номҳои Рустаму Суҳроб, Ҷамшеду Эраҷ, Баҳрому Наримон ва дигар қаҳрамонони маъруфи «Шоҳнома» бештар машруъият доштанд, пас аз нашри «Достонҳои «Шоҳнома» дар нигориши Улуғзода», аз нимаи дуюми солҳои ҳафтоди садаи бист ба ин сӯ номҳои Фаридун, Таҳмурас, Ҳушанг, Манучеҳр, Меҳроб, Кайхусрав, Сиёвуш, Бежан, Исфандиёр, Бузургмеҳр, Фаромарз, Ардашер, Баҳман, Хусрав, Парвиз, Афросиёб, Ковус ва ғ. дар байни мардум машруъияти бештар пайдо карданд. Бахусус, номҳои духтаронаи Гурдофарид, Таҳмина, Манижа, Фарангис, Рӯдоба... имрӯз ҷузъи муҳимми номҳои миллии моро ташкил медиҳанд ва хонаводаҳои бузурги моро, махсусан, бидуни номҳои духтаронаи Таҳминаву Манижа тасаввур кардан душвор аст.

Гузашта аз ин, ба хотири киромидошт ва расмият бахшидан ба оинҳои миллӣ дар «Достонҳои «Шоҳнома» дар нигориши Улуғзода» чигунагии оин ниҳодани ҷашнҳои миллии Сада [2, с.8-9] дар рӯзгори Ҳушанг ва Меҳргон [2, с.33] дар даврони Фаридун баён гардидааст ва хушбахтона имрӯз, дар рӯзгори давлатдории миллӣ ин ҷашнҳои қадим дубора эҳё гардида, дар мамлакати мо бо шукӯҳу шаҳомати тамом таҷлил карда мешаванд.

Дар ин асар ҳамчунин бо мақсади равшантар ифода гардидани матлаб ё муҳтавои баъзе ҳодисаву воқеаҳои ривоятию таърихӣ порчаҳои назмӣ аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ басе моҳиронаву устодона истифода шудаанд, ки ба нигориши Улуғзода зебу зинат ва шукӯҳу шуҳрати хос бахшидаанд. Барои намуна пас аз тадбир ҷустани Рустам аз Симурғ моҷарои кушта шудани Исфандиёр ба дасти Рустам дар нигориши Улуғзода чунин омадааст: «- Эй размовари аз разм сернагашта! – хитоб кард Рустам. – Аз яздони пок битарс, дилу хирадатро дар мағок наяндоз. Ман имрӯз на барои ҷанг, балки барои сулҳ омадам. Биёву меҳмони ман бош. Дари ганҷи деринаамро, ки ба рӯзгори дароз гирд кардаам, мекушояму ҳамаро ба ту мебахшам ва бо ту ба назди шоҳ меравам: маро хоҳ бандад ва хоҳ кушад, фармон аз ӯст.

Исфандиёр гуфт:

- Ман на он мардам, ки рӯзи набард фиреби рақибро хӯрам! То чанд аз оштӣ суханони нобакор мегӯӣ? Мехоҳӣ, ки ман аз фармони шоҳ баргардаму ба ғазаби худо гирифтор шавам? На! Ё ин фусунро бас кун ва дастатро ба банд бинеҳ ва ё ман туро ба зӯрӣ мебандам, агар дар ин разм зинда монӣ.

Рустамро дигар чора намонд.
Таҳамтан газ андар камон ронд зуд
Бад-он сон ки Симурғ фармуда буд,
Бизад рост бар чашми Исфандиёр,
Сияҳ шуд ҷаҳон пеши он номдор.
Нигун шуд сари шоҳи яздонпараст,
Бияфтод чочӣ камонаш зи даст.
Гирифташ фашу ёли аспи сиёҳ,
Зи хун лаъл шуд хоки овардгоҳ» [3. с.102].
 

Устод Улуғзода дар асар дар ду маврид, дар охири китоби якум «Шикояти Фирдавсӣ аз пирии худ» ва дар қисмати охири китоби дуюм «Гиряи Фирдавсӣ ба марги писараш»-ро аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба назм айнан нақл кардааст, ки бидуни шак ба ҳолати равонии онрӯзии худи нигоранда иртибот дорад.

Ба назар чунин мерасад, ки устод Сотим Улуғзода зимни нигориши «Достонҳои «Шоҳнома» чанд ҳадафи олиро пайгирӣ кардааст, ки муҳимтарини онҳо, ба назари мо, инҳоянд:

1) муаррифии шоистаи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ ба аҳли ҷомеаи Тоҷикистон дар замони муосир;

2) арҷгузорӣ ба асолати забони модарӣ тавассути корбасти калимаву ибораҳои қадиму асил ва сабки нигориши адабии классикӣ;

3) эҳёи калимаву ибораҳои ноби забони модарӣ (кох, солор, ҷаҳонпаҳлавон, пизишк, размовар, ромишгар, набард, гурд, марзбон, суханвар, ҳушманд, шаҳриёр, пайкар, паймон, порсо, парастор, яздони пок...);

4) киромидошти таъриху фарҳанги қадими миллӣ дар заминаи таҳрик бахшидан ба ҳофизаи таърихию фарҳангӣ, бедор кардани ҳисси ватанхоҳию меҳанпарастӣ ва худшиносию худогоҳӣ дар ниҳоди пиру ҷавон, марду зан тавассути пеши назар ба ҷилва овардани корномаи шахсиятҳои миллии устуравию таърихӣ (Каюмарс, Ҳушанг, Таҳмурас, Ҷамшед, Кова, Фаридун, Эраҷ, Манучеҳр, Соми Наримон, Золи Зар, Рустам, Қорани Кова, Суҳроб, Гурдофарид, Сиёвуш, Бежан, Исфандиёр, Дороб, Нӯширавон, Ардашери Бобакон, Баҳроми Чӯбина, Борбад, Рустами Ҳурмузд...);

5) эҳёи номҳои миллию таърихӣ (Сиёвуш, Фарангис, Бежан, Манижа, Исфандиёр...);

6) эҳёи расму ойинҳои қадими миллӣ (Сада, Меҳргон) ва дар маҷмуъ эҳёи миллат ва ифтихору сарфарозӣ аз асолат ва ҳувияти миллӣ.

Ҳосили сухан, «Достонҳои «Шоҳнома» дар нигориши Улуғзода» асари шуҳратёру мондагорест, ки имрӯзи мардуми моро ба дирӯзи пурифтихор ва фардои дурахшони он пайванд медиҳад ва пиру барноро дар ҷаҳони пуртазоди муосир ба шоҳномахонию шоҳномадонӣ ва аҳли таҳқиқро ба шоҳномапажуҳию шоҳномашиносии густардатар фаро мехонад.

Адабиёти истифодашуда:

  1. Абулқосими Фирдавсӣ. Шоҳнома. ҷилди якум. – Душанбе: Адиб, 1987.
  2. Достонҳои Шоҳнома (нигориши Сотим Улуғзода). ҷилди якум. – Душанбе: Маориф, 1976.
  3. Достонҳои Шоҳнома (нигориши Сотим Улуғзода). ҷилди дуюм. – Душанбе: Маориф, 1977.
  4. Султон Ҳ. Забони давлати Сомониён. – Душанбе: Дониш, 2020.
Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО