01 Jul 2023
Submitted by Admin
1096

«Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноъат-ит-танҷим» (Китоби раҳнамо барои навомӯзони ҳунари шинохти ситорагон)-и устодурраис Абурайҳони Берунӣ (973-1048) бидуни тардид бузургтарин ёдгори миллӣ ва пурбаҳотарин дурдонаи илм ба забони модарии мо ба ҳисоб меравад, ки ба бахти мардуми мо, аз тӯфони ҳодисаҳои рӯзгор ба амри тасодуф дар амон монда, то ба ин замон расидааст. Ба андешаи мусаҳҳеҳи нашри илмии ин китоб Ҷалолиддини Ҳумоӣ «Китоб-ут-тафҳим» на танҳо аз назари эътирофу эътибор «дасти каме аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ надорад», балки «бар форсинависии фалайсуфи муосираш Абуалии Сино низ мазийяту бартарии возеҳ дорад».

Дар ин асари ҷомеи илмии мондагор, ки дар олами худ аз назари фарогирии бахшҳои мухталифи илм беназиру беҳамтост, масъалаҳои муҳимтарини чанд соҳаи муҳимми илми замони муаллиф: ҳандаса (геометрия), илми шумор (арифметика), ҷуғрофия (география), илми нуҷум (астрономия) ва аҳкоми нуҷум (астрология) мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ба сифати ёдгори забону адаб ин асар ҳамчунин барои омӯзиши вежагиҳои ташаккулу таҳаввули забони илм ва забони адабии форсӣ- тоҷикӣ дар давраи рушду боландагии он (асрҳои IX-XI), ҳамчунин бархурду тамосҳои фарҳангию забонии мавҷуди он аҳд миёни забону фарҳангҳои мухталиф, доираи амалкарди забони модарӣ ва забонҳои суғдию хоразмию бохтарӣ (тахорӣ) маводи пурарзиш дар ихтиёр дорад.

Номи пуррааш «Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноъат-ит-танҷим» ё «ат-Тафҳим ли авоили саноъат-ит-танҷим» буда, бештар бо номҳои «Китоб-ут-тафҳим», «Китоби тафҳим», «ат-Тафҳим» ё «Тафҳим» машҳур аст, чунонки дар шеъри Масъуди Саъди Салмон омадааст:

Ба сол панҷаҳ аз ин пеш гуфт Бурайҳон

Бад-он китоб, ки кардаст номи ӯ «Тафҳим».

Абурайҳони Берунӣ “Китоби тафҳим”-ро ба ду забон: форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ бо хоҳиши Райҳона ном духтари навомӯзи хоразмии муқими Ғазна таълиф кардааст. Берунӣ дар панҷ ҷойи китоб, ду бор ба солшумории ҳиҷрӣ («ва ба рӯзгори мо, ки чаҳорсаду бист аст аз ҳиҷрат» ва «рӯзи сешанбе, ки бисту панҷуми моҳи рамазон аст, андар соли чаҳорсаду бистум аз ҳиҷрат»), ду бор ба солшумории искандарӣ («бад-ин замона, ки ҳазору сесаду чиҳил аст аз таърихи Искандар» ва «ҳафтум аст аз тишрин-ул-аввал андар соли ҳазору сесаду чиҳилу якум аз Искандар») ва як бор ба солшумории яздгирдии сосонӣ («ва рӯзи ардибиҳишт аст севуми обонмоҳ андар соли сесаду наваду ҳаштум аз Яздгирд») аз таърихи таълифи он ёдовар шудааст, ки ба соли 1029 мелодӣ мутобиқ мебошад.

Аз баёни пухтаву ширин ва сабки расои нигориши илмии муаллифи китоб ҳамин ҳақиқат ба назар мерасад, ки Абурайҳони Берунӣ бар замми ин ки олими асили чанд бахши илм: риёзию нуҷум, таъриху ҷуғрофия ва маъданшиносию дорушиносӣ ва ғайра эътироф гардидааст, ҳамчунин устоди забардасти забони модарии мо ва аз нахустин поягузорони забони илм ба ин забон маҳсуб мегардад.

“Китоби тафҳим”-и Абурайҳони Берунӣ аз як муқаддимаи кӯтоҳ ва панҷ боб иборат аст: «Боби нахустин – дар ҳандаса»; «Боби дувум – дар шумор»; «Боби севум – дар ҳолҳои Осмону Замин (ҳайат, илми нуҷум)»; «Боби чаҳорум – дар устурлоб» ва «Боби панҷум – дар аҳкоми нуҷум». Муаллиф дар ин панҷ боб истилоҳоти марбут ба илм ё фанни мавриди баҳсро дар 530 пурсишу посух шарҳ додааст.

Дар муқаддима нигоранда ба мақсади таълифи асар ишорат фармуда, онро мадхали чор илми маъруфи замонаш: ҳандасаву шумор ва нуҷуму аҳкоми нуҷум маънидод кардааст: “Ва ибтидо кардам ба ҳандаса, пас ба шумор, пас ба сурати олам, пас ба аҳкоми нуҷум. Азеро-к мардум номи мунаҷҷимиро сазовор нашавад, то ин чаҳор илмро ба тамомӣ надонад...”.

Боби нахустин ба ҳандаса (геометрия) ва таърифи мафҳумҳои асосии он бахшида шуда, аз 71 пурсишу посух иборат аст. Масалан, дар таърифи илми ҳандаса дар ин китоб омадааст, ки ҳандаса «донистани андозаҳо ва чандии як аз дигар ва хосияти суратҳову шаклҳо, ки андар ҷисм мавҷуд аст. Ва илми адад (яъне илми шумор - Ҳ.С.) бад-ӯ куллӣ гардад аз паси он-к ҷузъӣ бувад ва илми сурати олам (яъне илми нуҷум, ҳайат - Ҳ.С.) ҳақиқат гардад аз паси он-к бо тахмин ва гумоне бувад».

Боби дувум дар илми шумор (арифметика) аст ва ҳамчунин фасли ҷабр ва муқобаларо (алгебра) низ дар бар мегирад. Ин боб аз 49 саволу ҷавоб иборат аст. Муаллиф илми шуморро ба қисматҳои назарӣ ва амалӣ ҷудо карда, дар шумори назарӣ аз таърифи якӣ (воҳид) оғоз кардааст. Ӯ якиро мафҳуми асосӣ ба ҳисоб оварда, дар ҳамин поя ададро таъриф додааст: «(Адад – Ҳ.С) ҷумлаест аз якҳо гирд омада. Ва аз ин ҷиҳат якиро аз адад берун оварданд ва гуфтанд, ки адад нест зеро ки ҷумла нест». Муаллиф дар ин боб дар бораи адад ва анвоъи он маълумоти муфассалу мукаммал овардааст.

Боби севуми “Китоби тафҳим” «Дар ҳолҳои Осмону Замин» (ҳайат, илми нуҷум, астрономия) ном дорад. Ин боб аз 203 пурсишу посух иборат буда, фаслҳои «Дар ниҳоди маъмура ва ободониҳо», «Дар моҳу сол ва таърихҳову рӯзҳои умматон» ва «Дар шинохтани тақвиму дафтари сол»-ро низ дар бар мегирад.

Муаллиф дар оғози ин боб дар асоси таҳқиқу мушоҳидаҳои худ дар бобати чигунагии фалак, ситорагони ба истилоҳ истодаву раванда, сӯҳои олам, шаборӯз ва гунаи соатҳо, бурҷҳо, майлу арзи ситора, сӯхтани ситора, ситорагони андармонда, ситорагони зерию забарӣ, сурату пайкарҳои осмонӣ, фузудану костани Моҳ, манзилҳои Моҳ, ҷавзаҳру авҷҳои ситорагон ва ғайра сухан рондааст.

Дар фасли «Дар ниҳоди маъмура ва ободониҳо» (ҷуғрофия) масъалаҳои марбут ба тарзи ҳисоби андозаву шакл ва андозагирии Замин, тулу арзи ободониҳо, ниҳоди дарёҳову баҳрҳо, масофаи байни шаҳрҳо, ситорагони ҳамешапайдо ва ҳамешаниҳон, иқлими шаҳру кишварҳо, гирифтани Моҳу Офтоб ва ғ. баррасӣ гардидаанд.

Фасли «Дар моҳу сол ва таърихҳову рӯзҳои умматон» ба таъриху солу моҳҳои мардумони гуногун: форсиён, арабҳо, яҳудиён, ҳиндувон, суриёниён, румиён, қибтиён ва ҷашну рӯзҳои маъруфи яҳудиён, насрониён, мусулмонон, расмҳои порсиён, рӯзгори муғони Суғду Хоразм, рӯзҳои хоразмшоҳӣ ва ғ. бахшида шудааст.

Фасли «Дар шинохтани тақвим ва дафтари сол» масъалаҳои марбут ба чигунагии сохтану шинохтани дафтари солро дар бар гирифтааст.

Боби чорум дар устурлоб аст. Мавзуи баҳси ин боб тасвири устурлоб ва сохту тарзи истифодаи он буда, аз 23 саволу ҷавоб иборат мебошад. Дар бобати чигунагии устурлоб дар китоб омадааст, ки устурлоб «олатест юнониёнро, номаш астурлобун, ай (яъне) ойинаи нуҷум. Ва Ҳамзаи Испоҳонӣ ӯро аз порсӣ берун овард, ки номаш ситораёб аст. Ва бад-ин олат дониста ояд вақтҳо, он-ч аз рӯзу шаб гузашта бувад ба осонӣ ва ғояти дурустӣ. Ва низ дигар корҳо, ки аз бисёрӣ натвон шумурдан». Берунӣ бо ёрии устурлоб тарзи дурусти назарӣ ва амалии ҳисоби вақт, давомияти шабу рӯз, ҳаракати Офтоб вобаста ба минтақатулбуруҷ, самтурраъс ва ғайраро нишон додааст.

Боби панҷуми “Китоби тафҳим” «Дар аҳкоми нуҷум» (астрология) ном дошта, 184 пурсишу посухро дар бар мегирад. Ин боб ҳамчунин аз шаш фасли ба ҳам алоқаманд, ки тавсифи комили саноати танҷимро (астрономия ва астрология) фаро мегирад, таркиб ёфтааст. Фаслҳои боби панҷум инҳоянд: «Дар ҳолҳои буруҷ як бо дигар»; «Дар ҳолҳои ситорагон»; «Баҳраҳои ситорагон андар буруҷ»; «Дар саҳмҳои машҳур»; «Дар ҳолҳои ситорагон аз Офтоб»; «Андар ақсоми илми нуҷум».

Боби мазкурро метавон қисмати асосии асар донист, зеро ба гуфтаи худи муаллиф манзури хоҳандаи китоб Райҳона бинти Ҳусайни Хоразмӣ низ маҳз донистани аҳкоми нуҷум будааст. Муаллиф дар ин бобат чунин мегӯяд: «Чун бад-ин ҷой расидем ва ишорат кардем ба суханоне, ки ба илми ададу ҳандаса равад ва огаҳӣ додем аз чигунагии афлок ва роҳ намудем ба донистани тақвим ва ба кор доштани устурлоб ва з-он бипардохтем, вақт омад, ки низ суханоне, ки миёни мунаҷҷимон равад, андар аҳкоми нуҷум ба ҷой орем, ки қасди пурсанда ин буд».

“Китоби тафҳим” чунонки гуфтем, бар замми он ки аҳаммияти бузурги илмию таърихӣ дорад, аз шоҳасарҳои илмии форсӣ-тоҷикист, ки дар ташаккулу таҳаввули забони илмии мо нақши муҳимму мондагор дорад.

Зикри ин нукта муҳим аст, ки ба андешаи аксари муҳаққиқони осори Берунӣ, муаллифи асар ҳангоми баёни матлаби илмӣ аз калимаву истилоҳоти қадиму асили форсӣ-тоҷикӣ ба таври фаровон истифода карда, ҳар ҷо, ки зарур донистааст, бо риояи қатъии қоидаҳои забони модарӣ калимаву истилоҳоти нав сохтааст. Бояд таъкид кард, ки ин калимаву истилоҳот имрӯз ҷузъи муҳимми истилоҳоти илмии моро ташкил медиҳанд.

Чанде аз истилоҳоти қадиму асили “Китоби тафҳим” ба мисли: ҳазорот (бо аломати ҷамъи занонаи арабӣ), канорирӯзӣ, каноришабӣ, ҷавзаҳр, дастурият (бо аломати масдари арабӣ), кадхузоҳ=кадхудо, нуҳбаҳр, нимбаҳр, нимбурид, ҷонбахтор, намудор, солхузоҳ=солхудо, баҳизак, базиҷаҷ... дар нусхаи арабии «Китоб-ут-тафҳим» ва китобҳои арабии дигар низ омада, бархе аз ин истилоҳот ба баъзе забонҳои Аврупо (чун намудор – animodar, кадхудо – al-cochoden ва ғ.) интиқол ёфтаанд.

Гуфтем, ки “Китоби тафҳим” ганҷинаи бебаҳои калимаву истилоҳоти қадиму асили забони модарии мост ва китоби дигаре аз пешиниён, ки назири он бошад, вуҷуд надорад.

Аксари вожагону истилоҳоти забони зиндаи замони муаллиф, яъне номи гиёҳону дарахтон – наргис, бунафша, нилуфар, гандум, ҷав, арзан, нахуд, мош, пиёз, турб, бодиринг, гурунҷ, харбуза, себ, зардолу, шафтолу, олу, ангур, анҷир, нор (анор), тут, амруд, биҳ(ӣ), бодом, бед, пада, шоҳбалут; ҷонварону парандагон – шер, паланг, хирс, рӯбоҳ, шағол, санҷоб, дала, оҳу, нахчир, гӯрхар, мурғобӣ, мурғи шаб, акка, калоғ, парастук, кабӯтар, хурӯс, мокиён, ҳудҳуд, фохта, гунҷишк, булбул; маъдану ҷавоҳир – арзиз, қалъӣ, сим, зар, оҳан, алмос, симоб, биринҷ, руй (мис), сурма, марворид, ёқут, каҳрабо, обгина, мурдосанг, пирӯза, оҳанрабой; пешаву машғулият – оҳангарӣ, заргарӣ, шубонӣ, дабирӣ, бозаргонӣ, кишоварзӣ, дасткорӣ ва ғайраву ғайра, ки дар ҳамин китоб омадаанд, то кунун бетағйир монда, бештари онҳо мавриди истифодаи ҳамагон қарор доранд. Илова бар ин, гурӯҳбандии муаллиф дарахтонро ба дарахтони дарозу дарозмиёна ва миёнаву хурд, ҷонваронро ба баҳимаи хонагӣ ё унсгиранда – буз, гӯсфанд, гов, уштур; хӯкунандаву омӯхта – шери омӯхта, саги омӯхта, паланг; хазандагон – мор, гурза, морони бузург; бисёрпоҳо – каждум, занбӯр; кафшакдорону сумдорон – буз, гӯсфанд, нахҷир, гавазн, асп, хар; ҷонварони ваҳшӣ ё дадаи палиду зиёнкор – шер, паланг, гург, хуки даштӣ; парандагонро ба донахор – кабӯтар, хурӯс, мокиён, чаковак; гӯштхорагон – боша, каркас; маъданҳоро ба гудозанда – усруб, арзиз, қалъӣ, испедруй, биринҷ(ӣ), оҳан, мис ва санги баҳоӣ – гавҳар, ёқут, беҷода, пирӯза, марворид ҷолиб ва барои мутахассисони илмҳои гуногуни рустанишиносию ҷонваршиносӣ ва зистшиносию маъданшиносӣ судманду манфиатовар аст.

Ба андешаи ғолиб, сабабҳои асосии нахуст ба забони модарии мо таълиф ва баъдан ба забони арабӣ баргардон шудани “Китоби тафҳим” инҳоянд:

1. Абурайҳони Берунӣ “Китоби тафҳим”-ро ба хоҳиши як духтари навомӯзи хоразмӣ таълиф кардааст ва дар муқаддимаи китоб ишорате ҳам ба ин маънӣ дорад: «Ва ин ёдгор ҳамчунин кардам мар Райҳона бинти ал-Ҳусайн (ал-Ҳасан) ал-Хоразмиро, ки хоҳандаи ӯ буд бар тариқи пурсидан ва ҷавоб додан ба рӯе ки хубтар буд ва сурат бастани он осонтар». Бидуни шак Райҳона духтари Ҳусайн ё Ҳасани Хоразмӣ аз хонаводаи хоразмшоҳон ё асилзодагони Хоразм буд, ки Султон Маҳмуди Ғазнавӣ баъди фатҳи Хоразм дар соли 1017 хонаводаи онҳоро ба Ғазна овард ва ҳамроҳи онҳо чанд тан аз донишмандон, аз ҷумла Беруниро низ оварда буд. Мусаллам аст, ки забони модарии духтари хоразмӣ забони форсӣ-тоҷикӣ буд ва ҳар навомӯзи форсизабон дар оғози таҳсил забони модарияшро беҳтару хубтар аз арабӣ мефаҳмад. Андешаи донишмандоне чун Ҷалолиддини Ҳумоӣ, Забеҳуллоҳи Сафо ва академик Муҳаммади Осимӣ низ ҳамин аст.

Ҳамчунин шоистаи зикр аст, ки майлу рағбати парвардагони хонадонҳои сомонию хоразмшоҳӣ ба забони модарии мо бештар аз арабӣ будааст. Тавзеҳан хоразмшоҳони қадим, ки гуфтем, насаби худ ба подшоҳони Эрони бостон мепайвастанд, аз посдорону хоҳандагони забони форсӣ-тоҷикӣ буданд. Ин анъана ҳатто ба рӯзгори Қутбиддин Муҳаммади Хоразмшоҳ низ идома доштааст (ҳарчанд худи ӯ аз хоразмшоҳони асил набуд) то ҷое, ки Сайид Исмоили Ҷурҷонӣ тибномаи маъруфи «Захираи Хоразмшоҳӣ»-ро ба забони форсӣ ба номи ӯ таълиф кард.

2. Ҳадафи олӣ ва мақсади асосии Берунӣ аз таълифи “Китоби тафҳим” ёд додан ва ошкор сохтани матолиби асосии саноати танҷим барои навомӯзони ин фан будааст. Номи китоб низ ба ҳамин далолат мекунад, яъне раҳнамои фаҳмонидани матолиби аввалия ба навомӯзони саноати танҷим. Зимнан истилоҳи «саноати танҷим» баёнгари ду илм аст: илми нуҷум (астрономия) ва аҳкоми нуҷум (астрология). Муаллиф дар оғози асар ҳадаф аз таълифи онро раҳнамои навомӯзон, муқаддимаи илм ва ворид шудан ба боргоҳи он («ъало тариқи-л-мадхали») маънидод кардааст.

Ҷалолиддини Ҳумоӣ ба ин назар аст, ки Ҳасани Қаттони Марвазӣ дар китоби «Кайҳоншинохт», ки пас аз 78 соли таълифи Китоби тафҳим дар соли 1107 бо тақлиду пайравӣ аз он ба форсӣ таълиф намудааст, чунин мегӯяд: «Ва китобҳое, ки устодони ин дониш сохтаанд аз баҳри навомӯзон, ки онҳоро мадхал хонанд, бисёр дидам». Ҷалолиддини Ҳумоӣ шубҳа надорад, ки Ҳасани Қаттони Марвазӣ дар иқтибосе, ки аз ӯ ёд шуд, дар шумори китобҳои форсии ин замина «Китоб-ут-тафҳим»-ро низ дар назар дорад.

3. Илова бар ин, сабаби умдаи ба порсии дарӣ таълиф шудани асарҳои илмӣ, аз ҷумла “Китоби тафҳим”-ро академик Акбари Турсон «рӯ ба бедорӣ ниҳодани руҳи азалии Аҷам» дониста, ин матлабро дар китоби маъруфи “Эҳёи Аҷам” чунин қаламдод кардааст: «Таълифи осорро ба порсии дарӣ пеш аз ҳама аломати рӯ ба бедорӣ ниҳодани руҳи азалии Аҷам донистан шояд, ки дар арзи дусад соли истилои араб ба сони оби дарёи баста ботинан беқарору зоҳиран ором истода буд». Воқеан, Абурайҳони Берунӣ аз ҷумлаи он бузургони камназири забону адаб ва таъриху фарҳанги мост, ки бо таълифи осори гаронмояи худ, ба хусус Китоби тафҳим ва Ёдгори мондагор («Осор-ул-боқия») дар амри зинда кардани расму ойинҳои қадими Аҷам ва дар маҷмуъ бедории руҳи он нақши мондагор дорад.

4. Баёни расои матлаб, истилоҳсозӣ, ибораороӣ ва ҷумлабандиҳои зебову дилраси ин китоб далели возеҳ ва бурҳони қотеи дигарест, ки таълифи ин китоб нахуст ба забони форсӣ-тоҷикӣ будааст ва баъдан худи муаллиф онро айнан ба арабӣ нақл намудааст.

Масалан, Абурайҳони Берунӣ ҳангоми таъйини аслу баромади баъзе вожагону истилоҳоти китоб ба манзури он, ки хоҳандаву хонанда ба осонӣ аз асли матлаб огоҳ шавад, вожагону истилоҳоти куҳани форсӣ-тоҷикиро басе моҳиронаву устодона маънидод мекунад: «Ҳандаса чист? Донистани андозаҳо ва чандии як аз дигар ва хосияти суратҳову шаклҳо, ки андар ҷисм мавҷуд аст»; «Ва порсиён ӯро осмон ном карданд, яъне монандаи ос аз ҷиҳати ҳаракати ӯ, ки кардааст»; «Ва ба порсӣ нимбурид ном карданд, ки нури Қамар андар ин ду вақт ба нимаи он-ч дида ояд, аз танаи вай рост бошад, пиндорӣ, ки ба ду ним буридааст»; «(Наврӯз – Ҳ.С) нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав ном карданд, зеро-к пешонии соли нав аст»; «Ва аммо сабаби номаш (яъне ҷашни Сада – Ҳ.С.) чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб»; «Ва ба порсӣ эшонро (ситорагони истодаро – Ҳ.С.) биёбонӣ хонанд. Зеро ки гумшуда бад-он роҳ боз ёбад ба биёбон...» ва ғ. Яъне услуби нигориши худи асар ва тарзи маънидоди калимаҳо (ҳандаса – гунаи муарраби андоза; осмон – монандаи ос; нимбурид – ба ду ним бурида...; Наврӯз – рӯзи нав ва диг.) ва содагию равонии забони асар баёнгари возеҳи таълифи китоб ба забонии форсӣ-тоҷикист.

Дар феҳристи осори Берунӣ, ки соли 1955 муҳаққиқи фаронсавӣ Д.Ҷ. Буало тартиб дода буд, 15 дастнависи “Китоби тафҳим” – 9 гунаи форсӣ ва 6 гунаи арабӣ ёдрас шудааст. Ҳоли ҳозир дар китобхонаҳои олам 35 дастнависи ин асар – 21 гунаи форсӣ ба 14 гунаи арабии он маҳфуз аст. Афзун будани гунаҳои форсӣ-тоҷикӣ назар бар арабӣ ҳамчунин аз асолат ва маъруфият доштани нусхаҳои форсӣ-тоҷикӣ шаҳодат медиҳад.

Соли 1934 муҳаққиқи ингилис Рамзай Райт нусхаи аксии арабии Китоби тафҳимро аз Осорхонаи Британия (8349) бо муқоисаву муқобалаи гунаи форсии он, ҳамзамон ба тарҷумаи ингилисӣ дар Лондон ба табъ расонд.

Донишманди маъруф Ҷалолиддини Ҳумоӣ соли 1316/1938 дар асоси шаш нусхаи хаттии “Китоби тафҳим” (чор нусхаи форсӣ ва ду нусхаи арабӣ) матни интиқодии ин китобро бо муқаддима ва тасҳеҳу ҳавошӣ дар Теҳрон чоп кард. Баъдтар бо даст ёфтан ба “Китоби тафҳим”-и арабии чопи Рамзай Райт устод Ҳумоӣ бори дигар чопи аввалро аз оғоз то ба анҷом бо муқоисаи “Китоби тафҳим”-и арабӣ ва тарҷумаи ингилисӣ таҷдиди назар карда, бо таълиқоту тасҳеҳоти тоза онро бори дувум соли 1318/ 1940 чоп намуд. Муассисаи интишороти Бобаки Теҳрон табъи севуми ин китобро соли 1362/1984 анҷом дод.

Ҳамчунин ба ифтихори ҳазораи Берунӣ соли 1973 дар Душанбе дар асоси нусхаи хаттии форсии №358-и Ганҷинаи дастнависҳои Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон (ҳоло Маркази мероси хаттӣ) ва матни тасҳеҳи Ҷалолиддини Ҳумоӣ матни форсӣ-тоҷикии “Китоби тафҳим” бо муқаддимаи фозилонаи академик М.Осимӣ аз чоп баромад. Бо вуҷуди баъзе лағжишҳо дар таҳияи матн арзиши ин чопи асар баланд аст, зеро нахустин иқдоме дар нашри осори Берунӣ дар Тоҷикистон ва ҳадяи гаронбаҳо ба хонандаи тоҷик буд.

Баргардони тозаи ин шоҳкор бо шарҳи луғоту истилоҳот ва тавзеҳот аз тарафи муаллифи ҳамин мақола анҷом пазируфт ва ба ифтихори 1050-солагии Абурайҳони Берунӣ соли 2022 тавассути нашриёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – “Дониш” ба табъ расид.

Дар маҷмуъ, “Китоби тафҳим”-и Абурайҳони Берунӣ ёдгори беназири забони модарии мост, ки аз назари аҳаммияту эътибор ҳампояву ҳамрадифи осори гаронбаҳои бузургони забону адабиёти мо, аз қабили устод Рӯдакӣ, ҳаким Фирдавсӣ, шайхурраис Абуалии Сино, ҳаким Носири Хусрав, ҳаким Умари Хайём, шайх Саъдӣ, мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, хоҷа Ҳофиз, мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон арзёбӣ мегардад ва шоиста аст дар рӯзгори имрӯзаи давлатдории миллӣ ба сифати сарвати бузурги миллӣ мавриди эътирофу эҳтироми сазовор қарор бигирад.

Ҳасани Султон, д.и.ф., узви вобастаи АМИТ, сарходими шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти ИЗА ба номи Рӯдакии АМИ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО