15 Nov 2023
Submitted by Admin
306

Имрӯз дар толори Шурои олимони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи "Забонҳо ва гӯйишҳои Бадахшон" дар якҷоягӣ бо Институти забоншиносии Академияи илмҳои Россия тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор шуд. Ба кори конференсия раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ д.и.ф. Муҳаммадҷонзода О. ҳусни оғоз бахшид. Сипас муовини директори Институти забоншиносии Академияи илмҳои Россия Сиделтсев Андрей Владимирович паёми шодбошӣ ва ҳамкориҳои минбаъдаро ба ширкаткунандагон ироа намуд. Аз ҷониби АМИТ директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ суханронӣ карда, иштирокчиёнро хайра мақдам гуфт.

Дар ҷараёни конференсияи илмӣ доктори илмҳои филологӣ, профессор, сарходими илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ Офаридаев Н. дар мавзуи «Масъалаҳои таҳқиқи топонимияи кӯҳистони Бадахшон», доктори илмҳои филологӣ Хушназари Помирзод (Канада) дар мавзуи «Иртиботи забони шуғнонӣ ва забони авестоӣ», муҳаққиқ ва нависандаи Афғонистон Шареҳ Шеван дар мавзуи «Ба дунболи забоне аз даст рафта: Вазъияти забонҳо ва гӯйишҳои маҳаллӣ дар Бадахшон», ходими калони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Бобохонов Б. дар мавзуи «Бозтоби «-ēi-u-i»-и ҳиндуаврупоӣ дар забонҳои эронӣ», муҳаққиқ Рейчел Ҷеймсон (ИМА) дар мавзуи «Клитикҳо дар забони язғуломӣ», доктори илмҳои филологӣ Хушқадамова Ҳ. (Россия) дар мавзуи «Вазъи помиршиносии муосир (қисмати забоншиносӣ) дар Россия» суханронӣ намуданд.

Бахши дуюми Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Забонҳо ва гӯйишҳои Бадахшон” имрӯз баъди нисфирӯзӣ дар толори Шурои олимони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ гузаронида шуд. Дар ин бахш паёмҳои шодбошии Азизи Бориз раиси бунёди Мавлоно аз Оксфорди Англия, доктор Хайрмуҳаммад Ҳайдарӣ раиси Институти забонҳои бародари Академияи илмҳои Афғонистон ва Хусрав Назарӣ номзади илмҳои филологӣ, забоншинос аз Олмон тариқи онлайн шунида шуд.

Дар раванди конференсия доктори илмҳои филологӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Матробиён С. дар мавзуи “Бозтоби бархе аз номҳои устураии куҳан дар забони вахонӣ”, мудири сектори эроншиносии Институти забоншиносии Академияи илмҳои Россия Беляев Олег Игоревич дар мавзуи “Мавқеи пайвандакҳои тобеъкунандаи ca ва di дар забони бартангӣ”, муҳаққиқи Донишгоҳи тиббию стоматологии Москва Головизнин М. дар мавзуи “Забони тибби суннатии минтақаи Помир дар шароити таҳаввулоти даҳсолаҳои охир”, муҳаққиқи Маркази таҳқиқоти палеоэтнологии Москва Каверин Святослав дар мавзуи “Дар бораи вазъи забон ва мардуми мунҷонӣ”, муҳаққиқ Меленченко М. (НИУ ВШЭ, Россия) дар мавзуи “Компютеркунонии расмулхати шуғнонӣ”, номзади илмҳои филологӣ Мирзоев Ш. дар мавзуи “Равандҳои рушди забон (дар асоси забонҳои бехати помирӣ)”, номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи забони тоҷикии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Мирзоев С. дар мавзуи “Баррасии бархе аз истилоҳоти кишоварзии марбут ба касбу ҳунар (бар пояи маводи забони яғнобӣ)”, номзади илмҳои филологӣ Қурбонхонова М. дар мавзуи “Саҳми И.И.Зарубин дар ҷамъоварӣ ва пажуҳиши фолклори мардуми Бадахшон”, муҳаққиқ Сергиенко А. (НИУ ВШЭ, Москва) дар мавзуи “Ҳолати эргативӣ дар забони бартангӣ”, номзади илмҳои филологӣ Маҳмадаминова З. дар мавзуи “Равандҳои куҳнашавӣ ва навпазирии таркиби луғавии забони вахонӣ дар шароити бисёрзабонӣ”, муҳаққиқ Неъматова Б. дар мавзуи “Сохти эргативӣ дар ҷонишинҳои забони вахонӣ”, номзади илмҳои филологӣ Назаршоева Ч. дар мавзуи “Забон-хазинаи фаҳмишу арзишҳои мардумӣ” суханронӣ намуданд. Дар музокира олимон Бобохонов Бобоназар, Парвона Ҷамшедов, Беляев Олег (Россия), Азизи Бориз (Англия), Алишо Саббор (Афғонистон) баромад намуда, фикру мулоҳизаҳо худро доир ба маърузаҳо баён намуда. Пас аз қабули ва пешниҳодҳо эъломияи конференсия аз ҷониби директори Институт Шарифзода Фарангис ироа шуда, якдилона аз ҷониби ширкаткунандагони конференсия қабул шуд. Сипас Шарифзода Фаранги барои ҳамкорӣ дар таҷлили конференсия ба раёсати Институти забрншиноси АИР ва ширкаткунандагони конференсия аз кишварҳои дуру наздик сипосу миннатдорӣ баён намуд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО