21 Nov 2023
Submitted by Admin
1169

Раҷаб Амонов тамоми умри пурбаракати худро баҳри гирд овардан, нашр намудан, баррасӣ кардани фолклори тоҷикон ва ҳамчунин навиштани асарҳои адабӣ ва публитсистӣ сарф кардааст. Устод ин роҳи пурмасъулро чи гуна тай намудааст? Амонов соли 1923 дар шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан), дар хонаводаи мӯзадӯз чашм ба дунё кушода, хеле зуд аз падар маҳрум шуд ва дар парвариши модарбузург монд. Аз ҳамон замони кӯдакӣ меҳр ба дунёи рангини афсона баста, ки худ дар ин бора навиштааст: “Ман, кӯдаки панҷ-шашсола, мафтуни он олами пурасрору пур аз муъҷиза будам, ки тавассути афсона дар назарам ҷилва мегардид. Ин олам маро ба ваҷд меовард, гоҳе шоду гоҳе ғамгин мекард ва мурғи хаёламро ба парвоз меовард.

Барои шабҳои дарози зимистон беҳтарин соатҳои умр буд. Аҷаб лаззате дошт ба ҷойгаҳ, ба даруни кӯрпаи дуққати гарм даромада, аз забони ширини хешованде ва ё меҳмони хонаамон гӯш кардани саргузашти бузаки ҷингилапою бузичаҳои номашон яке аз дигаре аҷибтар: Алӯлак, Булӯлак, Хиштаки сари танӯрак... ё гунҷишкаки ҳушёру доно ва ё канаяки рӯкандаю мӯканда.

Ман он замон ҳанӯз бисёр чизҳоро намефаҳмидам, вале афсона шунида, бо дили хурдтараки худ эҳсос мекардам, ки дар дунё ду қувваи ба ҳам зид вуҷуд дорад: бад ва нек. Бад беист сайъ менамояд, ки ба нек зарар оварад, онро аз байн бардорад, нек бошад, бо ҳар восита худро муҳофизат мекунад” (Афсонаҳои халқи тоҷик, Душанбе, 2001, с.3).

Амонов дар солҳои сиюм дар мактаби зодгоҳаш таҳсил кард ва соли 1938 омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Ӯротеппаро ба поён расонида, чанд муддат ба шогирдони он мактаб дарс гуфт. Соли 1939 барои дарёфти мадраки таҳсилоти олӣ ба Институти давлатии педагогии ба номи Т.Г.Шевченкои шаҳри Сталинобод (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории давлатии ба номи С.Айнӣ) ворид гашт. Вале ҳанӯз аз донишгоҳ фориғ нашуда, дарсҳо дар нимароҳ, ӯро аз соли 1941 барои иштирок кардан ба Ҷанги Ҷаҳони Дуюм фиристоданд. Маълум аст, ки дар ин ҷанги хонумонсӯз миллионҳо одамон кушта шуданд, ки дар байни онҳо шоирон, нависандагон, рӯзноманигорон, олимон низ буданд.

Хушбахтона, Раҷаб Амонов зиндаву саломат, соли 1945 аз ҷанг баргашт ва боз ба фаъолияти кории худ идома дод. Аввал чанд муддат дар бахши маорифи шаҳри Ӯротеппа кор кард ва баъд аз муддаи кӯтоҳ барои идомаи таҳсил ба шаҳри Сталинобод (ҳоло шаҳри Душанбе) омад. Дубора таҳсилашро ба Институти давлатии педагогӣ (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории давалтии ба номи С.Айнӣ) идома дод ва соли 1947 бо муваффақият аз донишгоҳ фориғ ва соҳиби мадраки таҳсили олӣ шуд.

Пас аз хатми донишгоҳи мазкур як сол ба мактаби шумораи 10 дар шаҳри Сталинобод ба фаъолияти тадрис ва таълим шурӯъ кард. Аз соли 1948 то соли 1951 шомили давраи аспирантура дар бахши Тоҷикистонии фарҳангистони Иттиҳоди Шӯравӣ гардид. Маъмулан давраи таҳсил дар аспирантура се сол аст. Р.Амонов пас аз поёни давраи се солаи аспирантура аз соли 1951 то 1954 корманди хурди илмии Институти забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон буд. Дар ҳамин муддат, дар раванди кори худ соли 1953 дар мавзӯи “Очерки эҷодиёти даҳанакии тоҷикони вилояти Кӯлоб (Сарихосор)”, бо роҳбарии узви вобастаи АИ СССР, профессор Е.Э.Бертелс, рисолаи номзадӣ дифоъ кард.

Ҳамин тавр, устод Раҷаб Амонов бештар аз 50 сол дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакии Фарҳангистони Тоҷикистон кор карда, тамоми умр барои ҳарчи бештар гирд овардан, нашр кардан, пажуҳиш намудани осори адабиёти шифоҳии мардуми тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ шиносонидани он талош варзид.

Устод аз соли 1958 ба баъд наздик ба 40 сол сарвари бахши фолклори Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик буд. Дар ҳамин пажуҳишгоҳ Амонов соҳиби унвонҳои баланди илмӣ, яъне доктори илми филология (1968), профессор (1969), узви вобастаи фарҳангистон (1976), узви пайвастаи фарҳангистони Тоҷикистон (1981) гардид.

Раҷаб Амонов аз давраи таҳсил дар мактаб мисли ҳамаи ҷавонҳои тоҷик ошиқи шеър буда, нахустин машқҳои ӯ низ аз навиштани шеър шурӯъ шудааст. Тавре ки зиндаёд Р.Амонов ба ин ҷониб гуфта буд, барои чопи ашъори худ кӯшиш накардааст. Аммо аз соли 1939 ва асосан аз соли 1947 ба баъд ба таври мунтазам ба навиштани мақолаҳо дар мавзуъҳои мухталиф, таълифи ҳикоя ва дигар осори адабӣ машғул будааст.

Фаъолияти асосии устод, то охири умр таҳқиқ ва пажуҳиши осори фарҳанги мардуми тоҷик буд. Вале дар фурсатҳои муносиб гоҳе ҳикоя, қиссса, мақолаҳо дар бораи шахсиятҳои маъруф ва ёддоштҳо низ навиштааст.

Устод Раҷаб Амонов ба таври мунтазам байни мардум мерафт, матнҳои шифоҳиро гирд меовард, нашр менамуд ва ҳамчунин онҳоро бо назари илмӣ ва диди олимона таҳлил мекард ва моҳияти аслии асарҳои шифоҳии мардумро ба хонандагон мефаҳмонд. Аз ҷумла гирдоваранда ва мураттиби маҷмуаҳои зерини адабиёти шифоҳии тоҷик мебошад: “Ҳикмат Ризо” (1950), “Эҷодиёти даҳанакии аҳолии Кӯлоб” (1956, 1963), “Афсонаҳои халқи тоҷик” (1957, 1959, 1960 бо ҳамкории Клавдия Улуғзода), “Намунаи фолклори диёри рӯдакӣ” (1958; 1963 бо ҳамкории Муҳаммадҷон Шукуров), “Таронаҳои наврӯзӣ” (1960 бо ҳамкории Сангин Норматов), “Фолклори сокинони саргаҳи Зарафшон” (1960), бозгӯии “Афсонаҳои халқи тоҷик» (1963, 1998 борҳо нашр шудааст), “Латифаҳо” (1994) ва ғ. Ҳамчунин даҳҳо матнҳои шифоҳиро дубора бозгӯӣ карда, ба диди хонандагони хурдсол наздик сохта ба нашр расонидааст, ки аз он ҳазорон-ҳазор кӯдакон ва навҷавонон ғизои маънавӣ гирифтаанд.

Устод Р.Амонов асарҳои зиёди илмӣ таълиф намудааст. Ӯ дар асарҳояш моҳияти матнҳои гуфториро ва дар ҳар муҳит чи гуна иҷро шудан ва нақл гардидани онро таҳқиқ ва таҳлил намудааст. Дар ҳар кадоме аз асарҳои илмии ӯ, ки дар шакли китоб нашр шудаанд, чандин ҷиҳатҳои муҳими матнҳои шифоҳӣ баррасӣ гардида, хонандаро бо бадеият, ҳунари гӯяндагӣ, маҳорати сарояндагӣ ва монанди ин ошно сохтааст.

Яке аз асрҳои илмии эшон “Очерки эҷодиёти даҳанакии аҳолии Кӯлоб” (Дар асоси материалҳои фолклори Сари Хосор) (1963) ном дорад. Дар ин китоб Р.Амонов роҷеъ ба муҳити ҷуғрофӣ, суруд, рубоиёт, ҳамосаи қаҳрамонӣ, намоишномаи мардумӣ, афсона, чистон, зарбулмасал сухан ронда, дар байни мардуми ин минтақа чӣ гуна маъмул будани ин матнҳоро ва дар рӯзгори маънавии онҳо чи арзише доштани онҳоро бо мисолҳо нишон дода аст. Масалан, дар бораи «сурудҳои айёми меҳнат» мушоҳидаи ҷолиби худро ба таври зерин нигоштааст:

«Дар маҳалҳои Сари Хосор ду навъи сурудҳои меҳнатро мушоҳида мекунем. Яке «Ман доғ» ва дигаре «Майдо» ном дорад. «Ман доғ» дар протсеси дарави ғалла (айёми тобистон ва тирамоҳ) дар охирҳои июл, август, сентябр ва аввали октябр иҷро карда мешуд…

Одатан дар давоми ҳашари дарави ғалла гурӯҳи ҳофизон суруди «Ман доғ»-ро месароиданд. Барои иҷро намудани суруд ҳатто аз қишлоқҳои дигар сарояндагони махсус, ки овози форам дошта, дар ҳофизӣ шуҳрат пайдо карда буданд, даъват карда мешуданд.

Вазифаи онҳо дар ҳашар танҳо бо сурудхонӣ маҳдуд мешуд. Сарояндагон аз қафои даравгарон сурудхонон оҳиста-оҳиста пеш мерафатанд ва бо ҳамин восита барои тезонидани суръати кор, сабук ва номаълум гузаштани вақт ёрӣ мерасониданд» (с.23-24).

Дар ҳар пажуҳиши Р.Амонов ин гуна мушоҳидаҳо, ки бевосита худи ӯ шоҳиди он будааст зиёданд, ки барои наслҳои имрӯз ҷолиб аст. Ҳамин гуна мушоҳидаро дар ин китоб роҷеъ ба афсона ва анвои дигари фарҳанги мардум низ метавон дид.

Китоби дигари ҳаҷман бузурги Р.Амонов “Лирикаи халқи тоҷик” (1968) ном дорад. Дар ин асар эшон он матнҳоеро, ки дар қолаби назм гуфта шудаанд ва дар байни мардум чи шӯҳрате доранд бо далелҳо мавриди таҳлил қарор додааст. Китоб бештар аз 400 сафҳа аст. Дар он роҷеъ ба рубоиёт, мавзуъҳои ишқ, хонавода шикоят аз нодорӣ, ғурбат, марг, тақдир, ҳунари бадеии рубоиёт ба монанди ташбеҳ, рамз, истиора, маҷоз, муболиға, тавсиф, такрор, сохтор, қофия, радиф, нусхаҳои гуногуни матн ва амсоли ин баррасӣ гардидааст. Дар китоби мазкур ҳамчунин анвои дигари назми гуфтории тоҷик ба монанди байти шифоҳӣ, ашӯла (тарона), суруд, бадеҳа таҳиқиқ ва таҳлил шудааст. Муаллиф бо далелҳои мустанад ҳар гуфтаи худро тасдиқ менамояд.

Китобҳои дигари устод Амонов “Эҷодиёти бадеии халқ ва замон” (1970), “Адабиёт ва бачагон”, “Адабиёти бачагонаи тоҷик” (1981), “Ҳақиқати зиндагӣ ва ҳақиқати бадеӣ” (1984), “Рубоиёти халқӣ ва рамзҳои бадеӣ” (1987) ва садҳо мақолаҳои илмии эшон ҷиҳатҳои назарраси фарҳанги мардуми тоҷикро дар асоси равиши илми фолклоршиносӣ, адабиётшиносӣ ва мардумшиносӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дода, барои хонандагон ва пажӯҳандагони улуми инсонӣ пешкаш намудааст. Устод тавассути ҳар кадоми ин асарҳо барои мо нуктаҳои муҳим ва муфиди таърихи адаби шифоҳии тоҷиконро ошкор сохта, розҳои матнҳои шифоҳиро, ки ҳамеша дар он ҳунари сарояндагӣ, иҷро кардан ва баёни гӯяндагон будааст, шарҳ додааст.

Устод Амонов дар китоби «Ҳақиқати зиндагӣ ва ҳақиқати адабиёт» (1984) бархе аз масъалаҳои хеле мубрами муносибати адабиёт ва фолклорро пажуҳиш намуда, барои таҳқиқ ва таҳлили минбаъда роҳ кушодааст. Унвони як бахши ин китоб «Маҳсули назари шоиронаи халқ» ном дорад. Дар ин асар эшон роҷеъ ба баъзе ҷиҳатҳои таъсирбахши рубоӣ сухан мегӯяд. Бархе нуктаҳои эшон дар бораи никоҳи маҷбурӣ, ғаму ғусса, тасвири марг ва ҳамчунин шикоят аз фалак диққати устодро бештар ҷалб менамояд. Ба гуфти устод: «Мардум дар қайди ғаму кулфат аз тақдир нолидаанд ва фалакро сабабгори ҳама фалокату нокомиҳои худ дониста, ба он сахт эътироз кардаанд:

Ситораи равшанама куҷо кардӣ, фалак?

Субҳа ай миёни шаб ҷудо кардӣ, фалак!

Моро ба фалак то қиёмат гила,

Ай акай ширинум ҷудо кардӣ, фалак!» (с.13).

Пас аз ин рубоӣ устод Р.Амонов пай дар пай чанд рубоии дигар оварда, шарҳ медиҳад, ки зулми золимон дар рӯи замин аст, на дар фалак ва мардум бар зидди зулмкорон дар сурудаҳои худ эътрози менамоянд.

Дар бахшҳои дигари ин китоб зери унвонҳои «Фоклор ва адабиёт», «Масъалаҳои насри советии тоҷик», «Оид ба назми имрӯз», «Адабиёт ва бачагон», «Чеҳраҳои аҳли адаб ва ҳунар» ба таври муфассал оид ба равобити фолкор ва адабиёти классик, фолклор ва адабиёти муосир, нуктаҳои назараси адабиёти хурдсолон мубоҳиса шудааст. Ҳамчунин устод Амонов дар бораи баъзе ҷиҳатҳои бадеӣ, ҳунарӣ ва срояндагии шахсиятҳои маъруфи адабиёти имрӯзи тоҷик ба монанди Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҳошим, Мирсаид Миршакар, Саидалӣ Вализода, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ва Аҳмад Бобоқулов андешаҳои худро баён намудааст.

Фаълияти Амонов хеле густурда буд. Бархе аз осори эшон навиштани ҳикоя ва қисса (повест) буд. Дар навиштаҳои ҳикоя, қисса ва хотирот низ тасвири раму оинҳои мардум ва ба хусус мавқеи истифода бурдан аз матнҳои шифоҳӣ назаррас аст. Осори адабии устод чун китобҳои “Дар доманаи кӯҳҳои кабуд” (1961), “Аз паи ҳикмати халқ” (1963), “Афсонаи сеҳазорсола” (1973), “Шарораҳои меҳр” (1983), “Дар нимароҳи умр” (1988), «Қиссаи сари кӯҳи баланд», «Қиссаи беди баланд, чанори пургул ва себи Самарқанд», «Қиссаи боло ва баланд» (1990), “Ишқи найнавоз”, “Нимкосаи таги коса”, “Арӯс ва ё қиссаи зангирии ҳамсоя” (1994), “Қиссаи диёри чашмасорон” (1995) ва ғайра хонандагони тоҷикро на фақат бо лаҳзаҳои дилнишини рӯзгори шахсони гуногун ошно месозад, балки онҳоро бо расму оинҳо, тарзи иҷро, маҳорати гӯяндагон, ҷойгоҳи истифодаи матнҳои шифоҳӣ дар рӯзгори мардум ва амсоли ин низ шинос менамояд.

Дар солҳои шастуми садаи ХХ маводи фаровоне дар бойгонии бахши фолклори Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик ҷамъ шуд. Бо сарварии Раҷаб Амонов ва яке аз пажӯҳандагони фолклоршиноси рус Исидор Левин аз шаҳри Ленингрод (ҳоло Санкт-Петербург) ба Тоҷикистон ташриф овард. Аз ҷониби эшон пешниҳод гардид, ки матнҳои гирдоваришуда тибқи равиши илмии кишварҳои аврупоӣ табақабандӣ шавад. Устод Амонов ин кори некро зуд дастгирӣ кард. Дар муддати кӯтоҳ маводи дар бойгони мавҷуд буда, бо равиши тозаи илмӣ танзим шуд. Дар натиҷаи ин табақабандӣ каталогҳои (баргдонҳои) матнҳои зарбулмасал, байт, рубоӣ, чистон, суруд ба вуҷуд омад ва ҳамчунин дар 40 ҷилд куллиёти фолклори тоҷик бо гуфтори омиёна ва шарҳу эзоҳи илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба чоп омода шуд. То охирин лаҳзаи умри худ устод Р.Амонов талош дошт, ки ба ҳар воситае “Куллиёти фолклори тоҷик” ба нашр расад. Мутассифона, то ба имрӯз фақат панҷ ҷилди он чоп шуду халос.

Устод Амонов ба тарбияи фолклоршиносон ва тадриси ин ришта дар донишгоҳ низ машғул буд. Ӯ солҳои тӯлонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон аз фолклоршиносӣ дарс мегуфт ва ҳамчунин зери назари эшон чанд тан аз фолклоршиносони имрӯзи тоҷик рисолаҳои илмӣ навиштанд ва аз он дифоъ карданд. Дар навиштани китоби дарсии “Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик” (1980), ки бо ҳамкории профессор Воҳид Асрорӣ таълиф шудааст ҳиссаи Р.Амонов арзанда аст. Ногуфта намонад, ки китобҳои дарсии марбути адабиёти синфҳои сеюм ва шашуми мактабҳои тоҷикиро низ устод Р.Амонов бо ҳамкории омӯзгорон таълиф намудааст, ки ин китобҳо дар давоми бештар аз 50 сол дар мактабҳои тоҷикӣ тадрис мешуданд.

Соли 2001 маҷмӯаи “Афсонаҳои халқи тоҷик”, ки борҳо бо бозгӯии Амонов нашр шудааст аз ҷониби бунёди Институти «Ҷомеаи кушода» (Бунёди мадад Тоҷикистон) ба нашр расид. Ин маҷмуа аз ҷиҳати ҳаҷм бузургтарин афсонаҳои тоҷикӣ мебошад, ки 131 матнро дар бар мегирад, ки нависандаи ин сатрҳо ифтихори виросторӣ ва кӯшиши ба нашр омода кардани ин матнҳоро дошт.

Маҷмуаи дигари афсонаҳои тоҷикӣ дар соли 2001 ба чаҳор забон (тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, қирғизӣ) бо коғази сифатан аъло ва тасвирҳои ҷаззоб ба нашр расид, ки ин ҳам ҳадияе буд Институти «Ҷомеаи кушода» (Бунёди мадад Тоҷикистон) барои хонандагони тоҷик. Ин маҷмӯа ҳамагӣ 13 афсонаро дар бар гирифта бо виросторӣ ва кӯшиши ин ҷониб (Раҳмонӣ) ба нашр расидааст.

Ду китоби устод: “Қиссаи зангирии писари ҳамсоя” (1999) ва “Рубоиёти халқӣ ва рамзҳои бадеӣ” (2002) ба алифбои форсӣ дар Эрон ба нашр расида, пешкаши хонандагон ва пажуҳандагони ҳамзабон гардид, ки онҳо бо муҳаббат ин асарҳоро мутолиа менамоянд ва аз арзишҳои адабӣ ва адабиёти гуфтории тоҷикон лаззати маънавӣ мебаранд.

Дар таърихи 27 майи соли 2002 қалби саршор аз муҳаббати устод Раҷаб Амонов аз задан боз монд. Ҳарчанд ӯ ин дунёи фониро падруд гуфт, аммо бо осори арзишманди худ дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик номи хешро ба таври ҳамеша сабт намуд. Ҳамин тавр зиндаёд академик Раҷаб Амонов тамоми умр бо фаъолияти густурдаи омӯзиш ва пажуҳиши фарҳанги мардум машғул буд, ки дар таърихи илми фолклор ва адабиёти муосири тоҷик ҷойгоҳи вежаи худро доро мебошад.

 

Ба муносибати 100-солагии академик Раҷаб Амонов

Равшан Раҳмонӣ

профессори ДМТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО