01 May 2024
Submitted by Admin
1448

Мирзо Турсунзода (1911-1977) аз фарзанди баном ва фарзонаи миллати тоҷик аст, ки наздик ба панҷоҳ сол (1930-1977) дар майдони адабиёти тоҷик эҷодкорӣ карда, ба сифати ҷамоатчии машҳур дар тамомии Иттиҳоди шуравии собиқ маълуму маъруф гардидааст. Ҳарчанд аз маргаш зиёда аз чиҳилу ҳафт сол мегузарад, вале шеъру номи ӯ дар миёни мардуми тоҷик шуҳрати тамом дорад ва аз аҳаммияти эҷодиёташ кам нашудааст. Ба ҳамин сабаб аст, ки дар миёни шаш фарзанди арҷманди халқи тоҷик ӯ низ сарфароз ба гирифтани унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон» (2001) гардидааст.

Аз ҳама муҳимтар вай як ватандӯсти ҳассосе буд, ки парвозҳои баланду дур, авҷи шуҳрат ва обрӯю эътиборашро пайваста ба обу хоки поки Тоҷикистони азиз ва мардуми он медонист, инсоне буд, ки аз он сӯи уқёнусҳо садои меҳан ва рӯдҳои диёраш гӯшашро навозиш медоданд ва ба дилаш қувват мебахшиданд; шахсияте буд, ки мисли гӯшту нохун ҷисму ҷонаш бо кишвараш пайванд хӯрдаву ҳамеша, дар ҳама ҳолат, дар ҳама ҷо бо ёду номи Ватан мезист. Шахсияти Турсунзода ва шеъри Турсунзода ӯро ҳамсафу ҳамрадиф бо устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ гардонидааст.

Бамаврид аст ёдовар шавем, ки устод Турсунзода аз мо зиёдтар дар хусуси оқибати кораш андеша мекард ва аз нияти ба таърих даромадан дида ӯро бештар фикри чӣ тавр аз таърих берун омадан ба худ машғул медошт (1, 6). Яъне худи шоир аз навназариҳои эҳсосотии мо дида зиёдтар ба ҳукми таърих эътимод дошт ва вазифаи мо аҳли тадқиқ он аст, ки ба эҷодиёти ӯ чи ба адабиёти тоҷикии замони шӯравӣ баҳои беғаразона дода бошем…

Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор (имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав) таваллуд ёфтааст. Ба қавли худаш, ки аз забони падараш нақл мекунад, пас аз чор соли заминҷунбии Қаратоғ ба дунё меояд. Тибқи ахбор зилзилаи мазкур соли 1907 ба амал омада, хеле харобӣ ба бор оварда буд. Аз ин ҷо маълум аст, ки таваллуди шоир соли 1911 аст, аммо рӯзи мавлудаш шояд тахминӣ бошад. Баъзеҳо рӯзи 2 майро рамзӣ ва интихоби худи шоир ҳисобидаанд ва рӯзи воқеии таваллуди ӯро 28 октябр медонанд. Ҳарчи бошад зодрӯзи шоир ба таври расмӣ 2 май қайд шудааст ва имрӯз ба сифати далели ибтидои зиндагиномаи шоир шинохта мешавад.

Падари Мирзо – усто Турсун марди дуредгари ҳунарманде будааст. Вай се маротиба хонадор шудааст. Ҳамсари аввалаш бо фарзандон ҳама соли 1907 дар фоҷеаи зилзилаи Қаратоғ фавтидаанд. Баъд, бори дувум ба модари Мирзо - Холбибӣ, аз гузари Чармгарони Қаратоғ, ки дар дӯхтани тоқӣ (сарпӯш) ҳунари расо доштаааст, хонадор мешавад. Аз Холбибӣ се фарзанд: Турсуной, Султон ва Мирзо ба дунё омадаанд, вале дуи аввал дар айёми тифлӣ фавтидаанд. Модари Мирзо низ дар вабои соли 1920, ки водии Ҳисорро фаро гирифта буд, дунёро тарк мегӯяд. Дар ин замон падари Мирзо дар Душанбе иҷборӣ барои бунёди нишастгоҳи амири Бухоро хидмат мекард. Мирзои хурдсол аз марги модараш, ки дар пеши чашмонаш иттифоқ афтода буд, хеле муассир мегардад. Ин марг барои усто Турсун низ хеле ногаҳонӣ ва гарон афтод, зеро ҳам хонааш бесаробон монд ва ҳам тарбияи фарзанди нӯҳсола ба уҳдаи ӯ афтод. Падар ниҳоят маҷбур мешавад, ки барои вайрон нашудани хонавода ва сахтӣ накашидани фарзанди ягонааш бори севум хонадор шавад. Мирзо Турсунзода баъдҳо ин ҳодисаро ба хотир оварда мегӯяд, ки ҳамон вақт аз кӯтаҳбинии бачагона моҳияти ин амали падарро нафаҳмида буд ва шояд як сабаби баъдтар аз деҳа ба Душанбе гурехтанаш низ ҳамин ҳодиса шуда бошад… Ҳарчи бошад, ба пасту баланди муносибат ба модарандар нигоҳ накарда, вай то соли 1925/1926 зери тарбияи хонавода буд.

Падари Мирзо ҳунарманди чирадасте будааст ва ба ҳамин сабаб ӯро бо номи Турсуни Ғолиб мешинохтаанд. Осори дасти вай дар аксари хонаҳои қаратоғиён ва хонаи худи ӯ, дар гузари Тошқурғон, то ба ҳол боқӣ мондааст ва намунае чанд аз онҳо дар музейи деҳаи мазкур нигоҳ дошта мешавад. Ҳарчанд усто Турсун марди бесавод буд, вале таваҷҷуҳи хосае ба илму адабиёт доштааст. Вай бисёр мехост, ки фарзандаш савод дошта бошад. Шояд ба ҳамин далел фарзанди аз ҳама хурдиашро Мирзо ном мениҳад. «Ин ном, - навиштааст Мирзо Турсунзода, - маънии рамзӣ дошта, аксаран ба умеди соҳиби илму дониш шудан ба фарзандон гузошта мешуд. Зоҳиран падарам бисёр мехост, ки ман ҳам босавод ва донишманд шавам» (2, 7).

Ҳамин тавр бо ниятҳои нек Мирзо дар синни 6-солагӣ ба мактаб дода мешавад ва падар нисфи бозёфти устогиашро сарфи таъмини хониши фарзандаш мекунад. Аслан, Мирзо бачаи тезҳуш буда, зеҳни хубе доштааст, ки устоди мадрасааш аз таҳсили хуб ва ояндаи неки вай изҳори ақида кардааст. Бо файзи баракати ин таҳсил, ки шояд шаш-ҳафт сол тӯл кашидааст, Мирзои хурдсол аз асосҳои аҳкоми дин, тиловати Қуръон баҳравар мешавад ва бо намунаҳои осори классикони адабиёти тоҷику форс ошно мегардад. Аз ҷумла, вай хеле баъдтар (соли 1969) аз эъҷози сухан, арзиши бадеӣ ва ҳунарии баёни масоили ахлоқӣ дар Қуръон бо мафтунӣ ёдовар шуда, вале комилан табиӣ аз он норозӣ аст, ки ин китоби муқаддас ва пандҳои ҳаётии он аз ҷониби баъзе афрод ба сифати дастури зӯроварӣ ва шиканҷа истифода мешавад (3, 408). Ҳамин тавр бо баровардани савод Мирзои хурдсол ба олами китоб пайваст ва ӯ сухани адабӣ ва ҳунари суханвариро бевосита дарку ташхис мекардагӣ шуд.

Дар тарбияи завқи бадеии устод Турсунзода падари ҳунармандаш саҳм доштааст. Маълум мешавад, ки падару писар дар вақти холигӣ, бахусус шабонгоҳ, аз хусуси ҳаводиси олам, табиат ва зиндагӣ суҳбатҳои судманде ба амал меовардаанд ва падар ба саволу пурсишҳои кунҷковонаи Мирзо посухҳои шоирона, ҷавобҳои ба диди адабии мардум хос медодааст, ки ин ҳама ба тарбияи завқи бадеии вай таъсири босамар доштааст. Турсунзода ба ёд меоварад: «Падарам савод надошт, вале шеъри бисёреро аз ёд медонист ва ҳар гоҳ барои ман мехонд. Аз ҳамон вақтҳо дар дилам нисбат ба шеър муҳаббат пайдо шуд» (4, 5). Ҳамчунин модари вай Холбибӣ низ ҳангоми тоқидӯзӣ, дар суҳбати занони ҳамсоя бо гуфтани афсона ва хондани шеър машғул мешудааст ва онҳо ба Мирзои кунҷков беасар набудаанд. Зиёда аз он, амакаш Қорӣ Абдурозиқ, хатмкардаи мадрасаи Бухоро, ҳунари шеъргӯӣ дошта, кӯшиш мекардааст то бародарзодаи худро вориди дунёи пурасрори шеър карда бошад. Ҳамин тариқ, то Инқилоби Бухоро Мирзои хурдсол аз афсонаҳо, шеъри халқӣ ва осори Саъдию Ҳофиз, Ҷомиву Бедил, Рӯдакиву Фирдавсӣ хеле намунаҳоро азбар карда буд.

Турсунзода баъдҳо ин тазодҳои зиндагӣ – нодорию камбудии иқтисодӣ ва ҳамзамон таваҷҷуҳ ба сухани бадеиро борҳо махсусан таъкид мекунад: «Халқи ман дар ҳолатҳои тоқатфарсои рӯзгор дили шеъриятпарвар ва муҳаббат ба забонро аз даст надода буд. Одамон барои дар рӯзҳои бозор аз шоирони бузурги гузашта дар чойхона шеър гуфтанам ба ман подош медоданд», - навиштааст вай (5, 19).

Аммо дар хотири Мирзои хурдсол ҳамчунин марги бемаҳали модар, сахтиҳои рӯзгори падар, азобу шиканҷаҳои одамони одӣ ва нодорию беҳуқуқӣ, ноилоиҷиву дармондагии мардуми деҳааш нақши амиқе гузоштааст. Бинобар ин, пас аз ба Қаротоғ омадани «ҳокимияти советӣ» падарашу вай ва мардуми мисли онҳо, яъне аксари аҳолии камбағали деҳа, онро хуш қабуд кардаанд. Бахусус, ки замони нав ва Инқилоби Октябр ба бечорагону нодорон замину об ва озодиву баробарии иҷтимоиро ваъда медод ва ҳар рӯз чизи наве ба рӯзгори мардум ворид мегашт. Ҳатто дар деҳоти кӯҳистон пайдо шудани командири отряди сурху зани рус ба ҷуз аз ҳодисаи ба куллӣ тоза ва гӯшношунид будан, боз андешаи тараҳҳуму шафқатро ҳамроҳ доштааст. Турсунзода яке аз ин гуна лаҳзаҳои муассирро чунин ёдовар мешавад: «Ман номи фарзандони отряд (даста – А.Н.)-ро фаромӯш кардам, вале зани ҷавони рус, чашмони вай, мӯҳояш, дастҳояш дар хотирам мондааст. Вай маро пеши худ хонд ва бо муҳаббат сарамро молид (ин ягона меҳрубонии занона буд, ки ман дар умри бачагиву бекасии худ ба ёд гирифтаам), баъд ба ман пораи ноне дод. Бӯй ва маззаи ин пораи нонро тамоми умр фаромӯш карда наметавонам» (5, 19). Маълум аст, ки минбаъд низ вайро чизҳои тоза ва меҳрубониву марҳаматҳои зиндагонии нав ҳамеша ҳамқадам будаанд ва бинобар ин вай ба тасвиру тавсифи он қалам фарсудааст.

Ҳамин тавр соли 1924 дар Қаротоғ мактаби нав кушода мешавад ва Мирзои хурдсол дар он ҷо ворид ба таҳсил мешавад. Сипас аз боз шудани интернат барои бачагони камбағалу ятим дар пойтахти ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, огоҳ мегардад ва ҳамроҳ бо дӯстони наздикаш Абдураҳиму Муҳаммадӣ пинҳонӣ масофаи чиҳил километрро тай карда ба Душанбе меояд (6). Дар Комиссариати халқии маорифи Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон онҳоро хуш қабул мекунанд ва барои таҳсил ба интернат роҳхат медиҳанд. Маҳз дар ҳамин ҷо шоири оянда бо «одами наҷиб ва шоири мумтоз» , бо «яке аз нахустин устодон ва парасторонаш» Абулқосим Лоҳутӣ шинос мешавад. Соли 1926 дар заминаи ҳамон интернат аввлин Омӯзишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон таъсис меёбад ва Мирзо Турсунзода ба он ворид шуда, баъд аз хатми он барои идомаи таҳсил ба Дорулмуаллимини тоҷикона дар шаҳри Тошканд (1927) фиристода мешавад.

Дорулмуаллимини мазкур аз нахустин таълимгоҳе буд, ки пас аз инқилоб барои фарзандони тоҷик боз гардид ва дар он устодоне чун Собит Манофзода, Нарзуллоҳи Бектош, Шароф Ҷабборӣ ва дигарон аз забону адабиёт тадрис мекарданд. Турсунзода ҳамроҳ бо ҳамсабақҳои худ Сотим Улуғзода, Файзулло Абдуллозода, Баҳодур Искандаров, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Мулло Эркаев, Мастибек Тошмуҳаммадов ва дигарон аз забону адабиёт таълим мегирад. Дар ин таҳсилгоҳ ба ҷуз аз азхуд кардани илму дониш ба иншои шеър машғул мешавад ва бо устод Айнӣ ва осори ӯ ошно мегардад.

Мирзо Турсунзода, ки бо аспу ароба аз Душанбе барои таҳсил баромада буд, соли 1930 пас аз хатми Дорулмуаллимин бо қатора ба Душанбе бармегардад. Ҳамин тавр фаъолияти кории вай дар идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон» - А.Н.) оғоз гардид. Аввал ба сифати мудири шуъбаи оммавӣ ва баъд котиби масъули рӯзномаи мазкур фаъолият намуд. Аз ҳамон айём сар карда очерку ҳикоя ва шеърҳои вай дар саҳфаҳои матбуот ба табъ мерасанд ва фаъолияти адабии Мирзо Турсунзода оғоз меёбад. Барои шаклгирии ҳунари адабии шоири ҷавон ашъори Рӯдакӣ, Ҳофиз, Бедил ва умуман назми классикии форсии тоҷикӣ «муттако» гардидаанд. «Дар айни замон, - иқрор шудааст вай, - таҷрибаи муосирони бузурги худ – устод Лоҳутӣ ва асосгузори адабиёти советии тоҷик устод Айниро, ки офаридаҳояшон ба ман таъсири бузург гузоштаанд, бо иштиёқи тамом меомӯхтам. Тадриҷан бо асарҳои адибони рус ошно шудам» (4, 15).

Табиист, ки диққати адиби ҷавонро, пеш аз ҳама, тасвири ҳаёти нав, мубориза бо аксулинқилобиён ва босмачиҳо, васфи меҳнат ва меҳнаткашон, мазаммати душманони синфӣ ташкил мекард. Аз ин қабил навиштаҳои нахустини вай дар маҷмуаи «Байрақи зафар» (1932) гирд омадаанд, ки дар таҳрири Сотим Улуғзода ва пешгуфтори Шарифҷон Ҳусейнзода ба табъ расидааст. Аз ин маҷмуа равшан буд, ки дар аввали кор таваҷҷуҳи Турсунзода ба эҷоди назму наср баробар будааст. Аммо насраш ҳам равону шоирона ва омехта ба намунаҳои шеъри худашу дигарон мебошад. Баъдҳо шеърнависӣ дар эҷодиёти вай ба ҷои аввал гузарад ҳам, вале эҳсоси замон, баёни гоҳномаӣ (публитистӣ) ҳеҷ вақт шеъри ӯро тарк накардааст, балки мақолаҳои гоҳномаӣ, гузоришҳои илмиву интиқодӣ як риштаи муҳимми фаъолияти адабии вайро ташкил медиҳанд…

Солҳои 1934 Турсунзода ба баъзе сабабҳо ба Хуҷанд рафта, он ҷо ба сифати мудири қисми адабии Театри мусиқии драмавии Ленинобод (ҳоло ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд) ва котиби масъули рӯзномаи «Пролетори Хуҷанд» ифои вазифа менамояд. Намоишномаи вай бо номи «Ҳукм» , ки соли 1933 таълиф шуда буд, дар театри Хуҷанд ба саҳна гузошта мешавад. Ҳамон ҷо бо ҳунарпеша Сабоҳат Низомиддинова хонадор мешавад. Сипас соли соли 1936 ба Душанбе баргашта, дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ба кор сар кард ва баъдтар дар Иттифоқи нависандагон мудири бахши ташкилӣ ва шурои драманависонро ба уҳда дошт. Аз соли 1939 ба Кумитаи ташкилии Иттифоқи нависандагон роҳбар интихоб гардид.

Дар ин давра Турсунзода ба сифати шоир шинохта мешавад. Вай як силсила шеър ва достону манзумаҳо эҷод нумуд. Шеърҳои ӯ асосан дар мавзуъҳои ватандӯстӣ, васфи меҳнати дастҷамъона, дӯстии халқҳо, танқиди ғосибони хориҷӣ бахшида таълиф шудаанд, ки намунаҳои хубашон «Суруди ҷавонӣ», «Мамлакати тиллоӣ», «Оҳанрабо», «Аз оташ ҳазар кун!», «Халқи далер», «Ба духтари Астурия», «Водии Ҳисор», «Ба кӯҳсори тоҷик», «Хаёли хом», «Гул мекунад», «Омад канал» ба шумор меравад. Ашъори дар ин давра навиштаи вай дар маҷмӯаи «Шеърҳо» (1939) гирд омадаанд.

Манзумаҳои «Манзараҳои Ҳуҷанд» (1935), «Офтоби мамлакат» (1935) ва «Хазон ва баҳор» (1937) ва достони «Оби ҳаёт» (бо ҳамқаламии Садриддин Айнӣ, Ҳабиб Юусуфӣ ва Абдусалои Деҳотӣ) низ мавзуъҳои ҳаёти занони озоди тоҷик, сарнавишти талхи онҳо дар замони гузашта, муборизаи мардуми тоҷик барои ҳимояи сохти сотсиалистӣ ва ғайраро дар бар гирифтааст. Шеърҳои индавринаи Турсунзода бештар хусусияти тавсифӣ доштанд ва шоир асосан мутаваҷҷеҳи хушиҳои зиндагӣ шудааст. Аҳли нақду таҳқиқ навиштаанд ва худи устод низ эътироф карда буд, ки дар шеъру манзумаҳои дар ин солҳо навиштаи ӯ аз умқи бадеии воқеаҳо дида, тавсиф бештар мавқеъ дорад, нисбат ба навангезии моҳиятӣ дар қолабҳои санъату воситаҳои суннатӣ баён кардани мақсад ба ҷойи аввал гузаштааст, яъне баёни шуру шавқи зоҳирӣ аз нигориши умқи масъалаҳо боло мегирад (7, 105).

Дар ин давра Турсунзода ба таълифи осори драмавӣ низ машғул шуда, аз рӯи манзумаи Низомии Ганҷавӣ (ҳамроҳ бо шоир Абдусалом Деҳотӣ) матни аввалин либретои операи тоҷикӣ«Хусрав ва Ширин» ва матни либретои операи «Шӯриши Восеъ»-ро (ҳамроҳ бо А. Баласанян) таълиф намуд. Ҳамчунин ба таълифи мақолаҳо дар бораи намояндагони адабиёти гузашта ва гирдоварии фарҳанги мардумӣ низ (фолклор) машғул гардид.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо тақозои замон ва боло рафтани эҳсоси меҳанпарастӣ тараннуми ғояҳои ватанпарварӣ ва дӯстии халқҳо дар эҷодиёти Турсунзода мавқеи муҳим пайдо мекунад. Дар оғоз ӯ шеърҳое навишт, ки рӯҳияи мардуми тоҷикро нисбат ба ҳимояи Ватан ва душмани ғаддор – фашизм ифода мекунанд. Аз ҳама муҳим шоир шакли умумихалқӣ гирифтани мубориза ва боварии мардумро ба ғалабаи шуравӣ ба тасвир мегирад. Ҳамчунин ҷоннисориву қаҳрамониҳо дар сангарҳои ҷанг аз мавзуъҳои муҳимми шеъри Турсунзода будааст. Аз ҷумла, шеърҳои «Хайр, модари азиз!», «Хотираи капитан», «Ҳамшираҳо» (1941), «Сарчашмаи мардонагӣ», «Ҳаргиз», «Ба ҷанг» (1942), «Баҳодури тоҷик» (1943), «Фарзанди ту меояд» (1944) рӯҳияи умумиии мардумро аз оғоз то наздик омадани ғалаба фаро гирифтаанд.

Ин ҳама мавзую масъалаҳо дар достонҳои «Писари Ватан» (1942), «Барои Ватан» (1941) ва «Арӯс аз Маскав» (1945) ба таври барҷаста ифода ёфтааст. Достони «Писари Ватан» яке аз аввалин асарҳои ҳамосӣ дар мавзуи муборизаи мардуми шуравӣ ва хосса фарзандони мардуми тоҷик бар муқобили фашистони Олмон мебошад. Шоир дар канори корномаҳои ҷангии қаҳрамонони асосӣ - тоҷикписар Қодир ва фарзанди мардуми украин Микола, ҳамчунин аз суннатҳои қаҳрамононаи халқ ва муҳаббати онҳо ба Ватан сухан ба миён меоварад.

Ба ин маънӣ, Турсунзода дар солҳои ҷанг, мисли дигар аҳли адаби тоҷик ва шуравии собиқ, бештар мутаваҷҷеҳи асли миллӣ ва таърихи халқаш гардид. Вай аз гузашта, аз аҷдодон ёд мекунад, ҷавонписарони тоҷикро ба идомаи рӯҳия ва кори қаҳрамононаи ниёгонашон даъват менамуд ва худ дар равияи осори меҳанпарваронаи шоирони гузашта асарҳо таълиф кард. Достони «Писари Ватан» (1942) ҳамин гуна як асарест, ки тар пайгирии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ бо оҳанги ҳамосӣ эҷод шуда, саршор аз рӯҳи миллӣ мебошад:

Падар мезад нишаста пеши фарзанд,

Варақ зарин китоби панду ҳикмат.

Ба ӯ мехонд дарси навҷавонӣ,

Саросар достони қаҳрамонӣ.

Дар ҳамин айём буд, ки вай аз ашъори ҳамосасарои тавоно Фирдавсии ватанпарвар чунин байтҳоро ба ҳамватанонаш ёдовар мешавад:

Нахоҳам тани зинда бе ному нанг,

Битозам чу боди дамон сӯйи ҷанг,

Кунам рӯйи кишвар ҳама бесилоҳ,

Синонам гузар гирад аз чарху моҳ.

Ҳама роҳу расми паланг оварам,

Сари саркашон зери санг оварам.

Аз ин қабил андешаҳои бузургони гузашта дар замони ҷанг барои аз ғосибони фашистӣ муҳофизат кардани кишвар ва парвариш додани рӯҳи ватандӯстӣ дар мардум хидмат менамуд ва ин усул аз хусусиятҳои барҷаста дар осори адабию бадеии замони ҷанг ба шумор меомад.

Дар ин маврид аз либреттои операи «Тоҳир ва Зуҳро» (1944) ёдовар шудан бо мақсад мебошад. Аввалан, он як намуна аз муроҷиати шоир ба адабиёти мардум аст, ки боиси таровати халқӣ касб кардани эҷодиёти вай гардид. Сониян, сужаи фолклор сабаби аз нақли воқеъа ва баёноти публитсистӣ сарфи назар карда, ба тасвирҳои рамзӣ ва умумиинсонии неку бад, адлу зулм, покиву зиштӣ рӯй овардани шоир мешавад. Дар натиҷа тасаввуроти халқ ва диди эстетикии он ба масоили ҳассоси даврони ҷанг пайванд мехӯрад; сониян, либреттои мазкур ва дигар асарҳои дар мавзуи гузашта ва дар рӯҳи осори ниёгон навиштаи шоир диди таърихии ӯро таҳким дода, назарашро ба масоили зиндагӣ вусъат мебахшад, муносибаташро ба мушкилаҳои давру замон ва сарнавишти инсон ҳассостар менамояд.

Дар иртибот ба «Тоҳир ва Зуҳро» ҳамин нуктаро низ зикр кардан лозим аст, ки устод Турсунзода чи дар ҳунари драманависӣ ва чи нақди намоишнома то ин замон ва баъд низ саҳми чашмгире гирифтааст ва ин аз баъзе ҷиҳатҳо ба рушди ҳунару фарҳанг, мусиқии нави тоҷикӣ мусоидат намуд. Дар солҳои ҷанг вай як муддат сензори ҷумҳурӣ (главлит) низ буд ва аз соли 1943 сардори Управленияи санъати назди Шурои вазиронро ба ӯҳда доштааст. Турсунзода чунон ба ин вазифа гирфтор шуд, ки ба сабаби серкорӣ 31 июли соли 1944 бо хоҳиши худ аз вазифаи раиси Иттифоқи нависандагон озод гардид.

Маҳз дар солҳои ҷанг нахустин сафари хориҷии ӯ ба амал омад. Вай дар охир соли 1941 ҳамроҳи аҳли ҳунари тоҷик, овозхонҳову навозандагон ба Эрон сафар дошт ва натиҷаи онро ба воситаи мақолае зери унвони «Муваффақиятҳои артистони тоҷик дар Эрон» (9) манзури хонандагон ва аҳли ҷомеа гардонид. Ин гуна сафари ҳунарӣ соли 1942 такрор мешавад, ки гумон меравад, ки дар ин кор низ бояд Мирзо Турсунзода ба сифати сардори Управленияи санъат саҳм гирифта бошад.

Ба ҳамин тариқ, эҷодиёти Турсунзода пайваста дар роҳи ифодаи масъалаҳои зиндагӣ ва замон, асосан дар шаклу қолаб ва воситаҳои суннатӣ ҷараён дошт, фаъолияти вай аз роҳбари ташкилоти адабӣ ба раҳбарии ҳунару фарҳанги кишвар вусъат гирифта, бо робитаҳои хориҷӣ пайванд мехӯрад. Ҳамин тавр, иштирки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои адабиву ҳунариро дар канори эҷодкорӣ аз хусусияти фарқкунандаи фаъолияти вай дар ин давра ба шумор овардан мумкин аст.

Дар солҳои баъдиҷангӣ (1946-1954) Турсунзода ба сӯи камолоти ҳунарӣ қадам мебардорад ва дар фаъолияти ҷамъиятӣ низ ӯ мартабаҳои баланд мерасад. Дар ин давра доираи мавзую масъалаҳо ва назари ӯ паҳноӣ пайдо карданд: вай на танҳо дар мавзуи ҳаёти мардуми тоҷику шуравӣ, меҳнату кори онҳо, аз нав барқарор кардани оқибатҳои ҷанги зиддифашистӣ, дӯстии мардумони шуравӣ асарҳо эҷод намуд, балки доираи андеша ва тасвири шоиронаи ӯ мавзуъҳои муҳимми хориҷӣ, бахусус мубориза бар зидди истеъморон ва ба талоши барои озодӣ бархостани мардумони Шарқ, хоса Ҳинду Покистонро фаро гирифт.

Албатта, пеш аз ҳама мавзуи дӯстии халқҳои шуравӣ дар осори солҳои аввали баъдиҷангии Турсунзода мақоми асосӣ доранд. Дар достону шеърҳои «Уқоб» (1946), «Пиёлаи мо» (1949), «Қонуни бародарӣ» (1951), «Лиму» (1952), «Ду соҳил» (1952) ва дигарҳо шоир бародарию дӯстии халқҳо тавсиф менамояд. Ҳамчунини ӯ дар мавзӯи меҳнати мардуми тоҷик барои барқарор кардани харбиҳои ҷанг ва ривоҷ додани иқтисоди кишвар низ як силсила шеърҳо эҷод мекунад. Шеърҳои «Салламно» (1945), «Ба депутат» (1945), «Аз Бадахшон то Кремл» (1946), «Саҳаргоҳон» (1946), «Шаби котиби райком» (1949), «Дар бо¬раи одаме, ки гоҳ ҳазлро мебардорад, гоҳ намебардорад» (1952), «Муҳоҷир» (1952) аз ҳамин навъ осори вай мебошанд.

Соли 1947 дар ҳаёти Турсунзода воқеаҳои муҳимме ба вуқӯъ пайвастанд, ки барои ба марҳалаи нав расидани дарунмоя ва ҳунари шоирии ӯ сабаб гардиданд: вай намояндаи (депутати) Шӯроии Совети Олии СССР интихоб шуд. Дар ҳамин сол ӯ дар ҳайати намояндагони шуравӣ ба Ҳиндустон сафар намуда, дар Конфоронси якуми мамлакатҳои Осиё иштирок намуд. Аз ҳамон замон ба баъд, ба қавли худаш, «мавзуи Шарқи бедоршаванда моҳияти асосии эҷодиёт»-и ӯро ташкил медиҳад. Баъди сафари мазкур ва иштирок дар Конфе¬ренсияи нависандагони мамолики Осиё ва Африқо (Деҳлӣ, марти 1947) дар эҷодиёти вай дигаргуниҳои назарраси ғоявию ҳунарӣ ба амал омадаанд. Вай силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон»-ро таълиф намуд, ки ҳам дар адабиёти тоҷикӣ ва ҳам адабиёти шуравӣ ҳодисаи тозае шуморида шудааст. Силсилаи шеърҳои мазкур, ки ба Турсунзода шуҳрати эҷодӣ овард, самараи ҳамин сафари якмоҳаи ӯ ба Ҳиндустон буд. Чунонки қаблан таъкид кардем Турсунзода пеш аз ин ҳам ба мавзуи хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда буд. Ин мавзуъ дар назми тоҷикии замони шуравӣ аз навиштаҳои Абулқосим Лоҳутӣ ва Пайрав Сулаймонӣ ибтидо мегирад. Вале дар силсилаи шеърҳои мазкур Турсунзода чи дастоварди пешиниён ва чи таҷрибаи инфиродии худро дар мавзуи хориҷӣ ба таври назаррас такмил дод ва ба пояи боло расонид.

Силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» аз назари сохтор асари ба куллӣ навоварона буд, зеро ҳам мавзуъ нав ва ҳам назари шоир тоза аст. Вай мавзуи хориҷаро аз дидгоҳи кишвари шуроҳо ба тозагӣ дид. Зиндагии мардуми ҳинд, барои озодии худ аз истеъмори ингилисҳо ба талошу мубориза ворид шудани онҳоро бо ҳарорати публитистӣ ба тасвир гирифт. Чизи бисёр муҳим дар ин силсила мушаххасбаёнист. Шоир фикри марказии достонро бо лавҳаву лаҳзаҳо аз зиндагии имрӯза ва таърихи ғании мардуми Ҳинд назаррабову боасос манзури хонанда мекунад. Ин кӯшиши Турсунзода навъе аз қолибшиканӣ буд, ки дар ҷараёни таҳаввули шеъри нави тоҷикӣ сурат мегирифт ва ба масоили тағйири шакл (сурат) аз пайи муҳтавои тоза иртибот дошт.

«Қисссаи Ҳиндустон» аз ду қисм иборат буда, фарогири 13 шеър мебошад. Бахши аввали он соли 1947 таълиф мешавад, ки аз 6 шеър - «Бозгашт», «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони мағрибӣ», «Рӯди Ганг», «Боғи муаллақ», «Тара-Чандрӣ» иборат аст. Бахши дувум соли 1948 таълиф шудааст ва иборат аз 7 шеър - «Дар ёди кас», «Сайёҳи Ҳинд», «Тоҷмаҳал», «Дар орзуи ошён», «Қадаҳи ман», «Кулоҳи профессор Ахвледиани», «Ду роҳ» мебошад.

Аз таърих маълум аст, ки мардуми Ҳинд зиёда аз дусад сол дар зери зулми ғарбиён, хосса ангилисҳо, мавриди талаву тороҷ қарор доштанд. Ба қавли шоир Ғарб «Омаду бар гардани ҳинду нишаст». Бинобар ин Ҳиндустон бо он ҳама табиати зебо, сарвати зиёд ва таърихи ғанӣ соҳибихтиёр набуд ва мардуми кишвар аз одитарин ҳуқуқҳо маҳрум буданд, ки шоир бо алам онро ёдовар мешавад:

Дида рӯйи сиёҳи ҳиндуро

Сӯхтам ман ниҳон зи сар то по…

Зикри ин зидунақизҳоро дар тамоми силсила ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Ба қавли З.Г. Усмонова «Маҳорати Тара-Чандрӣ сеҳрангез аст, вале ӯ духтари сарсахтест ва тақдирии талхе дорад. Ӯ ҳам малика аст ва ҳам канизи зархарид. Боғи муаллақ дар Бомбей ба дараҷае олист, ки қалам дар тавсифи он оҷиз аст, вале ногаҳон аз Ғарб киштии бегонае меояд ва акси боғи сабзро, ки ба об афтода буд, вайрон мекунад ва акнун бахор аз зинда кардани ин боғи афсурда очиз аст. Ҳиндустон мамлакати муъҷизаҳост, табиати зебое дорад, вале эҳтиёҷ афғонписареро аз ватанаш дарбадар карда ба он ҷо оварда водор намудааст, ки мӯзаҳои «бахтдуздон»-ро аз гарду хок пок намояд» (10, 129). Бинобар ин Мирзо Турсунзода ба фошу танқиди мустамликадорон пардохта, «меҳмони нохонда будани мағрибиёнро» махсус таъкид менамояд. Зиёда аз он вай ҳангоми сафар ба мушоҳида гирифтааст, ки мардум Ҳинд дар садади бедорӣ ва озодии кишвар аз истеъморгарон ҳастанд: «Пайкари он гарчи чу хокистар аст, Лек ниҳон дар дили ӯ ахгар аст», - навиштааст ӯ.

Бинобар ин шоир ин нияти мардуми Ҳиндустонро ҷонибдорӣ мекунунад ва дар мисоли рӯди муқаддаси Ганг дар шеъри «Рӯди Ганг» онҳоро ба роҳи озодииву истиқлол даъват менамояд. Дар ин маврид байни мардуми Ҳинд ва рӯди Ганг таносуби хосе пайдо мешавад, ки ҳарду ҳам таърихи дурударозу пурранге доранд ва дар ин маврид мақсади шоир таъкиди ба зиндагии шоиста ҳуқуқи комил доштани як миллати соҳибэҳтиром мебошад:

Ҳарчи бошад, бузург рӯдастӣ,

Ҳиссаи беҳри беҳудудастӣ.

Рӯдворна зиндагӣ кун!

Ҷӯш зан,

ҷӯш зан,

ҷавонӣ кун!

Силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» на танҳо аз ҷиҳати мундариҷаву мазмун, балки аз ҳайси шаклу ҳунари шоирӣ навоварона мебошад, зеро он дар заминаи адабиёти нави асри ХХ ба миён омадааст. Дарвоқеъ дар ин асар банду баст (силсила шеърҳо), вазну оҳанг (бо вазнҳои гуногун навишта шудани ҳар шеъри силсила), лаҳни нақлу ривот (оҳанги равшани публитистӣ) дар адабиёти тоҷикӣ собиқа надоштааст. Аммо асари мазкур ҷанбаи пурқуввати миллӣ низ дорад, ки онро чи дар интихоби вазнҳои хоси достонҳои классикӣ ва дубайтӣ, истифода аз шакли қиссаву ривоят (унвони асар ба ин гувоҳ аст), руҷуъ ба услуби классикон ва ба истифода гирифтан аз тарзи нигориши онҳо (Низомӣ, Ҳофиз ва Бедил) ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Бинобар ҳамин сабабҳо буд, ки соли 1948 барои асари мазкур ба Мирзо Турсунзода унвони лауреати Мукофоти давлатии СССР дода мешавад.

Як нуктаи сазовор ба таъкид дар иртибот бо силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» ҳамин аст, ки баъд аз он мавзуи Шарқи хориҷа ба ҷиҳати хоси эҷодиёти Турсунзода табдил меёбад. Вай соли 1950 асари дигаре бо номи «Ман аз Шарқи озод» дар ҳамин сабку равиш таълиф намуд, ки аз зиндагии мардуми Покистон ва ба роҳи муборизаи озодихоҳона қадам бардоштани он баҳс мекунад.

Дар ин ҷо низ сухан аз дасисаҳои мустамликадорни ғарбӣ меравад, ки байни мардуми мусулмону ҳинду низоъ андохта, кашмакашҳои милливу мазҳабиро оташ мезаданд ва аз ин барои манфаатҳои худ суд мебардоштанд. Силсилаи «Ман аз Шарқи озод» аз чаҳор шеър иборат буда бар мабнои тазоду муқобила таълиф шудааст. Турсунзода зиндагии сахт ва ҳолати равонии дӯсти покистонии худро ба мушоҳида гирифта, ғаму андӯҳи ӯро бо инсони шӯравӣ муқоиса менамояд ва ба ин васила афзалияти сохти сусиолистиро нишон медиҳад. Бинобар он дар тасвири вай симои ду Шарқ - Шарқи шуравӣ ва Шарқи хориҷӣ ба вуҷуд меояд, ки дорои тафовутҳои хоси иҷтимоиву сиёсие мебошанд:

Чаро ин қадар, дӯст, ошуфтаӣ,

Чу ҳарфи заруии ногуфтаӣ?..

Нигоҳи ту ё ин ки донистанист

Миёни ману ту -

ду кас фарқ чист?..

Сари ман баланд аст, оре баланд,

Ки Шарқи советист фирӯзманд.

Чунин аст фарқи ману фарқи ту!

Чунин аст Шарқи ману Шарқи ту!

Аммо тасвири шоир ба муқобилагузорӣ ва афзал донистани як сохти иҷтимоӣ аз дигараш анҷом намеёбад ва ӯ кӯшидааст аз ин тазодҳо маъниҳои ибратбахшу фалсафӣ берун кашида, то ба баёни масъалаҳои неку бад дар ҷаҳони муосир (шеъри «Чашмҳо») расида бошад. (Идома дорад).

Абдухолиқи Набавӣ,
ходими пешбари илмии шуъбаи
адабиёти муосири ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ
Photos: 
Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО