30 Sep 2024
Submitted by Admin
135

(Дар тамҷиди Мавлоно ва Шамс)

Ин ойинаи нур кӣ будаст, кӣ будаст,

К-аз оби рухаш чашмаи хуршед намудаст.

Оҳ, ин чӣ гузаштан зи бари мо ба хамӯшӣ,

Хомӯш, ки хомӯшии ӯ авҷи суруд аст.

Дар ғунчаи лабҳош агар бӯйи баён нест,

Шаҳр ин хабари тозаи ишқ аз кӣ шунудаст.

Хуш мераваду рафтани ӯ нест видое,

Ӯро, ки ба ҳар мақдами падруд, дуруд аст.

Ӯ масҷиду дайреву куниште нашиносад,

Аммо ҳама афтода ба пояш ба суҷуд аст.

Гар дасти сахо мояи ноз аст башарро,

Ин ӯст, ки аъзои вуҷудаш ҳама ҷуд аст.

Ин банда, Худоё, чӣ Худоест, ки банда-ш

Будоиву тарсову мусалмону яҳуд аст.

Як бор, ки бар боми фалак рафт, дигар рафт,

Ойини ҷаҳон гарчи фароз асту фуруд аст.

Он аст, ки аз рӯзи азал нест суқуташ,

Роҳе, ки кунад азм, сууд асту сууд аст.

Моро ҳама ин дидаи ҳайрон зи қафояш

Бо шавқу хитобе, ки кӣ будаст, кӣ будаст?!

ҒАЗАЛҚАСИДАИ ВАТАН

Ғазали ишқ ба номи ту бихонам ватани ман,

Ки ту ширинтарӣ аз шираи ҷонам ба тани ман.

Ҳама аъзои ман аз хоки ту рӯйидаву сабз аст,

Низ ҳар нахли ту пайванд зада бо бадани ман.

Реша дар оби ҳаёт аст, гар аз мо шаҷаре ҳаст,

Сабз аз чашмаи Хизр аст чамони чамани ман.

Чун зи ҳар кӯ расад овои кишоварзии Зардушт,

Сар занад сабзаи сарвода зи яшти куҳани ман.

Ман аз он шавкати дерина чӣ гӯям, ки туӣ, ту,

Тахти Ҷамшеду Бухорову Хуҷанду Хутани ман.

Чун ба Хатлону Бадахшону ба Суғдат набинозам,

Ки ба ҳам ҷамъи ҷамиланд ба ҳар анҷумани ман.

Дар Хуросон, ки зи ҳар банд кушояд гираҳ осон,

Мефитад даҳр ба зону ба пайи илму фани ман.

Аз Ҷаму Кова, Фаридуну Сиёвахшату Курӯш

Мерасад шуълаи тобони Каён то замани ман.

Ҳар гаҳ аз Борбади нағмазан орам сухане чанд,

Мешаванд ин ҳама мурғони чаман чангзани ман.

Зуҳра дар боми фалак ахтару маҳро диҳад ангез,

Дида покӯбии сармасту шикан дар шикани ман.

Рӯдакӣ пардаи Омуя навозад ба Бухоро,

Мавҷ дар мавҷ равад то ба само каф задани ман.

Бӯалӣ набзи маро даст гирифтаст абадуддаҳр,

Чун башаррост саломат сиҳати ҷону тани ман.

Қиссаи Рустаму Суҳроб бихонем ба такрор,

Шояд ин бор шиносад писараш Таҳмтани ман.

Ҳеҷ махлуқи Худоро, ки ба раҳ чоҳ накандам,

Кош, андар чаҳи худ ҳам нафитад чоҳкани ман.

Ту агар марди набардӣ, ба раҳи шаъну шуҷоат,

Тан диҳӣ худ ту ба зӯроварии танбатани ман.

Ба само(ъ)и азал омехт чу Мавлоно бо Шамс,

То абад гирди сарам гашт фалак чархзани ман.

Ринди Ҳофиз ба ҷаве равзаи ризвон бифурӯшид,

Чун биҳиштест, ки дилхоста дашту дамани ман.

Дӣ, ки дил додаву дил бурд ба Табрез Камолат,

Даҳр аҷаб карда зи дил бурдану дил бохтани ман.

Гоҳ буда, Ватанам, хиттаи байтулҳазане ту,

Шукри Эзад, ки шудӣ хурраму байтулҳасани ман.

Баски оростаӣ ҷумла ҷаҳонро ба ҳунар ту,

Ҳоҷатат нест дигар бар сухани бесунани ман.

Ба санои ту вале шеъру чакома кунам оғоз,

Фавҷи истора бирезад ҳама шаб аз даҳани ман.

Ҷилваи парчами ту барги умеди падарон аст,

Танг ояд зи фараҳ бар тани ман пираҳани ман.

Зинда бошӣ, ки сухан гӯям агар аз дили тоҷик,

Бешумар шукри ватан мерасад аз ҳар сухани ман.

Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, сарходими шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рўдакӣ АМИТ

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО