20 Mar 2023
Submitted by Admin
330

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ – ойини баробаршавии шабу рӯз ва эҳёи табиат самимона табрик мегӯям.

Дар айёми омодагӣ ва таҷлили ҷашни Наврӯз мо шукрона мекунем, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ барои таҳқиқу омӯзиши ҳамаҷонибаи суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва маросиму ҷашнҳои асили миллиамон, аз ҷумла Наврӯз, Сада, Тиргон, Меҳргон ва оммавӣ гардонидани онҳо имконият пайдо кардем.

Дар замони соҳибистиқлолӣ мо на танҳо ҷашну ойинҳои бостониамонро эҳё намудем, балки онҳоро ҳамчун падидаҳои дорои аҳаммият ва арзиши умумибашарӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври шоиста муаррифӣ кардем.

Соли сездаҳум аст, ки Наврӯз – ҷашни бостонии миллии мо ва мардумони ҳавзаи тамаддуни он дар миқёси байналмилалӣ таҷлил мегардад.

Наврӯз мисли дигар ҷашнҳои аҷдодии мо ҳикмату фалсафа ва аҳаммияти бузурги илмӣ дорад.

Омили муттаҳидкунанда ва василаи ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳои гуногун будани Наврӯз яке аз бузургтарин ҳикматҳои он ба ҳисоб меравад, ки дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза бисёр муҳим мебошад.

Густаришу ситоиши хираду дониш ва муҳаббату самимият дар байни одамон, сулҳу субот миёни қавму миллатҳо ва шодиву нишоти ҳамаи афроди ҷомеа моҳият ва фалсафаи зиндагисози Наврӯз аст, ки тайи ҳазорсолаҳо ба мардуми мо ва халқҳои дигар хизмат кардааст.

Қобили зикр аст, ки маҳз ҳамин хусусиятҳои Наврӯз дар замири мардуми мо инъикос ёфта, аҳли башар тоҷиконро ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз мешиносанду эҳтиром менамоянд.

Воқеан, Наврӯз бо ойину анъанаҳои деринаи маънавии он ҷашни моҳиятан ва аслан фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.

Боиси ифтихору қаноатмандист, ки Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи ғаниву рангинаш ҳамчун рамзи рӯзи нав, оғози соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо табдил ёфтааст.

Аз ин лиҳоз, мо Наврӯзро дар баробари ҷашни истиқлол азизу гиромӣ медорем ва ин ду ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва тантанаву самимияти беандоза таҷлил менамоем.

Наврӯз тарғибгари арзишҳои таҳаммулгароӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба гуногуншаклии фарҳангӣ ва сулҳу созиш мебошад.

Маҳз ба ҳамин хотир, ин ҷашни бостониро хурду бузурги мардум, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ, бо шодиву нишот ва дастҷамъона таҷлил мекунанд.

Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ҳамин хусусияту арзишҳои Наврӯз ҳангоми қабули пешниҳоди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни он доир ба мақоми байналмилалӣ додан ба ин ойини бостонӣ нақши ҳалкунанда бозиданд.

Эҳёи Наврӯз ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани он, ки боиси боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардид, моро водор месозад, ки суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва иҷтимоиву фарҳангии онро минбаъд низ инкишоф диҳем ва онҳоро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.

Зеро мо – тоҷикон, дар ҳақиқат, миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун буда, ба арзишҳои ҷовидонаи инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ва зебоипарастиву созандагӣ ҳамчун асоси маънавиёти миллиамон ҳамеша арҷ мегузорем.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон намоям, ки мардуми заҳматпешаву созандаи мо дар баробари эҳё намудани суннатҳои наврӯзӣ дар давраи омодагӣ ба ин ҷашн ба тозаву озода кардани хонаву кошона ва маҳалли зисти худ, боз ҳам ободу зебо гардонидани гулгашту хиёбонҳо ва бунёди боғҳои нав таваҷҷуҳи махсус медиҳанд.

Воқеан, бо фарорасии баҳор ва омадани Наврӯз на танҳо табиат зинда мешавад, балки дар қалби инсонҳо низ меҳри заҳмату талош ба хотири ободиву беҳтар намудани шароити зиндагӣ даҳчанд мегардад.

Қадамҳои зиндагибахши Наврӯз баъди фасли сармо ҳамчун рамзи пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва рӯшноӣ бар торикӣ рӯҳи инсонҳоро болида ва қалби онҳоро саршор аз фараҳу шодӣ ва умеду орзу мегардонад.

Наврӯз, инчунин, ҷашни кишоварзон аст ва онро аз ҳама бештар аҳли киштукор, яъне рӯзирасонҳои мардум интизорӣ мекашанд.

Бовар дорам, ки кишоварзони асили мо имсол низ ба хотири фаровонии дастурхони мардум корҳои баҳориро вусъати бештар мебахшанд ва ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода карда, барои ба даст овардани ҳосили фаровон замина мегузоранд.

Хусусан, дар шароите, ки бар асари буҳронҳои иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вобаста ба он – камобиву хушксолии паёпай, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ раванди камчин шудани маводи ғизоӣ ва болоравии нархҳо идома дорад, мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, аз обу замин самаранок истифода бурда, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, фаровонии бозори истеъмолӣ ва рӯзгори осудаи аҳолии кишварамонро таъмин намоем.

Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки имсолу соли оянда вазъи ҷаҳон дар масъалаи таъминот бо озуқаворӣ боз ҳам мураккабу вазнин мегардад.

Бинобар ин, мо бояд ҳар як ваҷаб заминро самараноку оқилона истифода бурда, кишти такрориро васеъ ба роҳ монем, аз заминҳои обӣ ҳатман ду – се ҳосил рӯёнем, фикри аҳли оила, фарзандон ва ҷомеаи худро кунем.

Соли гузашта кишоварзони мо содиқона заҳмат кашиданд ва дар кишвар захираи кофии маводи ғизоӣ фароҳам оварда шуд.

Дар натиҷа мардуми мо фасли тирамоҳ ва махсусан, зимистони сардро ба осонӣ ва бе мушкиливу муҳтоҷӣ гузарониданд.

Ҳамчунин, хотиррасон месозам, ки бо дарназардошти шароити вазнини ҷаҳони муосир мо бояд сарфаю сариштакор бошем ва ҳаргиз ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву зоҳирпарастӣ роҳ надиҳем.

Мардуми мо аз қадимулайём хони наврӯзиро бо меваю шириниҳои дастӣ ва таомҳои аз гиёҳу алафҳои баҳорӣ омодашуда меоростанд.

Мо бояд ин анъанаи хуби аҷдодиро идома диҳем.

Дигар ин ки ба тарзи либоспӯшии миллии худ, ки мисли баҳор бисёр зебо мебошад ва эҳё кардану рушд додани ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла таомҳои миллӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем.

Инчунин, ба таълиму тарбияи фарзандонамон ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар барои онҳо бо масъулияти баланд муносибат кунем.

Ҳамватанони гиромӣ!

Чунонки медонед, то имрӯз якчанд ташаббусҳои инсондӯстонаи Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти глобалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, дар миқёси сайёра амалӣ шуда истодаанд.

Мояи ифтихору сарфарозии мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалии имсола рӯзҳои 22 – 24-уми марти соли 2023 дар заминаи татбиқи ташаббуси Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 – 2028 дар шаҳри Ню-Йорк бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид доир мегардад.

Қобили зикри махсус аст, ки ин рӯйдод эътирофи саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли муҳимтарин мушкилоти глобалӣ мебошад.

Ҳамчунин, бо қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва муқаррар гардидани 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» далели возеҳи робитаи амалҳои башардӯстонаи мо бо ҷашни пайванди инсон ва табиат, яъне Наврӯзи байналмилалӣ, ҳифзи захираҳои об ва муҳити зист буда, албатта, боиси сарфарозиву қаноатмандии шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.

Итминон дорам, ки Наврӯзи имсола бо қадамҳои мубораки худ ба мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ гузошташуда фатҳу кушоишҳои нав хоҳад овард.

Ҳамватанони азиз!

Яке аз рамзҳои Наврӯз оростани хони идона ва ба намоиш гузоштани навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ, ба бар намудани либосҳои миллии идона ва пешкаш кардани дастранҷи ҳунармандони чирадаст ба ҳисоб меравад, ки инъикосгари фарҳанги ғании рӯзгордорӣ, либоспӯшӣ ва ҳунармандии тоҷикон мебошанд.

Зарур аст, ки ҳангоми баргузории чунин чорабиниҳо ба мазмуну муҳтаво ва сатҳу сифати онҳо, инчунин, ғановату зебоии фарҳанги асили аҷдодӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки мардуми мо табиатан тозагиву озодагиро дӯст медоранд.

Ойинҳои наврӯзӣ низ тозагии ботину зоҳири инсонро тарғиб мекунанд.

Аз ин лиҳоз, мо бояд дар айёми наврӯзӣ ва чорабиниҳои ҷашнӣ хонаву кошона ва деҳаву маҳалли зисти худро тозаву озода нигоҳ дошта, ҳамчунин, қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятиро ҷиддӣ риоя намоем.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки мо – мардуми Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалиро бо шукронаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҷлил менамоем ва кору фаъолияти созандаи худро ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ вусъат мебахшем.

Мо бо заҳмати аҳлона ба тамоми ҳадафҳои неки худ мерасем, Ватани маҳбубамон – Тоҷикистонро дар ояндаи наздик ба як мулки ободу пешрафта табдил дода, нуфузу обрӯи онро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.

Бори дигар фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалиро ба тамоми мардуми кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик тандурустӣ, саодати рӯзгор, иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.

Соли нави аҷдодӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

http://www.president.tj/node/30231

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО