Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
09 May 2025
Submitted by Admin
17

Собиқадарони муҳтарам!

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз сокинони сулҳпарвари кишвари мо дар қатори тамоми мардумони сулҳхоҳи олам ҷашни таърихии 80-умин солгарди Рӯзи Ғалабаро дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 таҷлил менамоянд.

Нахуст мехоҳам ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва онҳоеро, ки барои ба даст овардани Ғалабаи бузург саҳми шаҳрвандии худро гузоштанд, бо ин рӯзи фирӯз табрику муборакбод намоям.

Мо имрӯз бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдати комил дар кишвар, ки бо талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор гардидааст, баҳри пешрафт ва боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои давлати соҳибистиқлоламон бо заҳмати аҳлона машғулем.

Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи башарият аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо ба шумор рафта, оқибатҳои даҳшатбори он то ҳанӯз дар хотираю қалбҳои сокинони кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла халқи тоҷик эҳсос карда мешавад.

Бо ибрози беҳтарин таманниёт бори дигар ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати 80-солагии Ғалаба самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини мамлакат саломативу хонаи обод ва ба Тоҷикистони биҳиштосоямон сулҳу суботи ҷовидона ва ояндаи дурахшонро орзу менамоям.

Ҷашни Зафар муборак, ҳамватанони азиз!

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО