23 Nov 2024
Submitted by Admin
49

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси шарафмандии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки халқи бузурги мо боз дар ростои як ҷашни муқаддасу пурифтихор – Рӯзи Парчами давлатӣ қарор дорад.

Ба ин муносибат кулли шаҳрвандони мамлакати азизамонро, ки ҳамасола онро бо дастовардҳои арзишманд истиқбол мегиранд, самимона табрик мегӯям.

Воқеан, имрӯз дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.

Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.

Бори дигар ҳамаи Шумо, ҳамдиёрони азиз, сокинони сарбаланди пойтахт ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати ин ҷашни пурифтихор самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва иқболу хушбахтӣ орзумандам.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО