08 Jan 2024
Submitted by Admin
337

Имрӯз - 8 январ дар толори маркази "Пажуҳишҳои афкори илмӣ ва сиёсии Пешвои миллат"-и раёсати АМИТ нишасти илмӣ дар атрофи нукоти асосии Паёми Президенти кишвар аз 28 декабри соли 2023 баргузор шуд. Ҷаласаро ноиби президенти АМИТ- узви вобастаи Академия, д.и.ф. Абдураҳмон Муҳаммад оғоз карда, дар бораи арзиши Паём дар пешрафти тамоми соҳаҳои муҳимми кишвар сухан карданд. Директори Институти иқтисодиёт д.и.и. Шариф Раҳим дар атрофи масоили иқтидосодии дар Паём ироа шуда, омилҳои пешрафти иқтисодиёти кишвар сухан карданд. Сипас директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Шарифзода Фарангис гузорише зери унвони "Паёми фархундапайи Пешво" дода, масоили илму маориф ва мақоми бонувонро баррасӣ кард. Директори Институти таърих ва этнография - д.и.т. Убайдулло Насрулло дар атрофи ёдгориҳои таърихии тоҷикон, ки соли сипаришуда дар ЮНЕСКО сабти ном гардидаанд, ҳифзи мероси фарҳангӣ суханронӣ намуданд. Котиби ҲХДТ-и Академия, д.и.т. Қурбонзода Ширин дар бораи таваҷҷуҳи хоссаи Ҷаноби олӣ занон, мақому манзалати онон сухан карда, ба нишаст ҳусни анҷом бахшид.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО