Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
13 Nov 2026
Submitted by Admin
23

Имрӯз, 13 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон шудани соли 2026 “Соли вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҳфил китоби дарсии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва Қаландарзода Кароматуллоҳ Қаландар бо номи “Сарваршниосӣ” дар асоси мактаби давлатдории Пешвои миллат рӯнамоӣ гардид.

Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронии худ таъкид намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръати сиёсиву иҷтимоӣ омӯзиши мактаби давлатдорӣ, таҷрибаи роҳбарӣ ва фаъолияти созандаи роҳбарони сиёсӣ аҳаммияти хосса дорад. Таъкид гардид, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки китоби дарсии “Сарваршиносӣ” ба яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ – сарварии сиёсӣ бахшида шуда, аз ду фасли асосӣ: назариявию амалӣ иборат аст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни масъалаи сарварии сиёсӣ бо назардошти воқеияти таърихӣ ва осори олимону донишмандон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки таваҷҷуҳи асосӣ дар китоб ба фаъолияти сиёсии Пешвои миллат ба ҳайси сарвари сиёсӣ ва роҳбари давлатӣ равона гардида, кӯшишҳои ҳамешагӣ ва талошҳои пайвастаи ин шахсияти барҷастаи миллат мадди наззар қарор гирифтаанд. Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол масъалаи сарварии сиёсӣ, ки ба фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст, дар шароити имрӯза басо муҳим арзёбӣ мегардад. Пешвои миллат дар давраи сарварии сиёсиии хеш тавонист кохи муҳташами давлатдории миллиро ба тамоми арконаш бунёд созад.

Китоби дарсии «Сарваршиносӣ» барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла сиёсатмадорон, сиёсатшиносон, файласуфон, ҷомеашиносон, муҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯён ва кулли алоқамандони масъалаҳои давлатдорӣ, сиёсат ва таърихи давлатдории миллӣ пешбинӣ гардидааст. Маводи дар китоб гирдоваришуда метавонад ҳамчун сарчашмаи муҳими омӯзишӣ ва таҳқиқотӣ дар самти дарки моҳият ва хусусиятҳои сарварии сиёсӣ, шинохти мактаби давлатдорӣ, таҳлили таҷрибаи роҳбарӣ ва нақши шахсият дар ташаккули давлату ҷомеа мавриди истифода қарор гирад. Ҳамзамон, асари мазкур барои амиқтар омӯхтани равандҳои сиёсиву таърихӣ, таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ташаккули ҳисси масъулиятшиносиву худогоҳии миллӣ дар байни насли ҷавон аҳаммияти омӯзишӣ дорад.

Китоби дарсии мазкур, ки аз 515 саҳифа иборат аст, дар нашриёти «Эр-граф» ба табъ расида, ҳамчун маводи таълимӣ ва илмӣ барои истифода дар раванди таълим, корҳои таҳқиқотӣ ва омӯзиши масъалаҳои марбут ба сарварии сиёсӣ пешниҳод мегардад. Ин асар ба хонанда имкон медиҳад, ки масъалаи сарвариро на танҳо аз нигоҳи назариявӣ, балки дар заминаи таҷрибаи таърихӣ ва воқеияти давлатдории муосири Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор диҳад.

Дар идомаи маҳфил узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон дар маърузаи хеш зикр дошт, ки масъалаи сарварии сиёсӣ дар ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ нақши калидӣ дошта, омӯзиши ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии он барои дарки равандҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи муосир аҳаммияти махсус дорад. Зик намуд, ки омӯзиши мактаби давлатдории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имкон фароҳам меорад, ки таҷрибаи таърихии ташаккули давлатдории соҳибистиқлоли Тоҷикистон, марҳилаҳои таҳкими сохторҳои давлатӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ аз нигоҳи илмӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шаванд.

Инчунин, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хидирзода Махфират Умар дар суханронии худ ба ҷанбаҳои назариявӣ ва фалсафии сарварии сиёсӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид кард, ки омӯзиши ин масъала дар заминаи мактаби давлатдории Пешвои миллат барои дарки амиқтари нақши шахсият дар таърихи давлату миллат ва равандҳои ташаккули ҷомеаи муосир аҳаммияти хосса дорад. Гуфта шуд, ки сарварии сиёсӣ танҳо мафҳуми идоракунӣ набуда, балки падидаи мураккаби иҷтимоиву сиёсӣ мебошад, ки бо масъулияти таърихӣ, ҷаҳонбинӣ, арзишҳои миллӣ ва қобилияти роҳбарӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, таҳқиқу омӯзиши таҷрибаи давлатдории миллӣ метавонад дар ташаккули тафаккури сиёсӣ, баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву давлатмеҳварӣ нақши муҳим гузорад.

Дар идомаи маҳфил доктори илмҳои фалсафа, профессор, директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадизода Назим Давлатмурод, доктори илмҳои фалсафа, профессор, ҷонишини директори ҳамин институт Зиёӣ Хуршед Махшулзода, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, сарходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Раҳимзода Шариф Махсум ва ходими калони илмии шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Давлатов Зубайдулло доир ба паҳлуҳои гуногуни сарварии сиёсӣ, ҷанбаҳои назариявию фалсафии он, нақши сарвар дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, робитаи роҳбарии сиёсӣ бо рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва аҳаммияти омӯзиши таҷрибаи давлатдории муосири Тоҷикистон андешаронӣ намуданд. Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки омӯзиши мактаби давлатдории Пешвои миллат дар заминаи таҳқиқоти илмӣ барои дарки равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии сиёсиву илмии ҷомеа аҳаммияти муҳим дорад.

Дар фарҷоми маҳфил муаллифи китоб, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш иброз дошт, ки омӯзиш, таҳқиқ ва шинохти ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои дарки амиқи равандҳои ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, таҷрибаи роҳбарӣ ва нақши сарвари сиёсӣ дар таърихи давлату миллат аҳаммияти хосса дорад.

Зикр гардид, ки таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат, ки дар заминаи воқеиятҳои мураккаби таърихиву сиёсӣ ташаккул ёфтааст, метавонад ҳамчун мавзӯи муҳими омӯзишу таҳқиқоти илмӣ барои насли имрӯз ва оянда хизмат намояд. Ҳадафи таҳияи китоби мазкур низ фароҳам овардани заминаи илмӣ барои омӯзиши назариявию амалии сарварии сиёсӣ, шинохти хусусиятҳои мактаби давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву таърихии ҷомеа мебошад.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО