15 Apr 2026
Submitted by Admin
36

Дар ҳамоиши илмӣ-адабӣ ва фарҳангии “Солонаи Айнӣ”, ки рӯзи 14 апрели соли 2026 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дар толори Қасри фарҳанги ноҳия баргузор шуд, ҳамзамон аз Куллиёти 22-ҷилдаи устод Айнӣ ва Куллиёти 6-ҷилдаи Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардида, ҳар ду нусхаи комили Куллиёт ба хонандагони ноҳияи Айнӣ тақдим гардид.

Дар ҳамоиш Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, олимону адибони шинохта, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, инчунин дӯстдорони илму адаб иштирок намуданд. Ҳузури доираи васеи аҳли зиё ва ҳаводорони фарҳанг ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати бештар бахшид.

Равшан Раҳимзода, Раиси ноҳияи Айнӣ дар баромади худ аз ҷумла чунин гуфт: – Бисёр хушҳолам, ки имрӯз дар ҳамоиши илмӣ-адабӣ ва фарҳангие, ки бахшида ба зодрӯзи Бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ баргузор гардидааст, иштирок дорам. Ин чорабинӣ на танҳо шарафи таърих ва адабиёт, балки омили тарбияи маънавӣ ва худшиносии миллии аҳли ҷомеа мебошад. Ҳамон тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: «Адабиёт, илму фарҳанг ва таърих неруи рӯҳии миллат мебошанд. Мо бояд ба қадри мероси ниёгон расем ва онро ҳамчун асоси худшиносии миллӣ ва таҳкими маънавият гирем.»

Устод Садриддин Айнӣ бо эҷодиёти худ на танҳо адабиёти тоҷикро пойдор намуд, балки меъёрҳои баланди маънавӣ ва худшиносии миллӣ ба мо мерос гузошт. Аз ин рӯ, гиромидошти шахсият ва осори ӯ вазифаи ҳар як сокини кишвар мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Дар паёми мазкур аз нақши барҷастаи устод Айнӣ дар рушди адабиёт, илм, фарҳанг ва худшиносии миллӣ ёдовар шуда, таъкид гардид, ки осори ӯ то имрӯз аҳамияти бузурги тарбиявию маънавиро нигоҳ доштаанд.

Қисмати илмии ҳамоиш бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва таҳлилҳои амиқи олимону муҳаққиқон идома ёфт. Намояндаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Махсумзод, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасан Султон, доктори илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Нуралӣ Нурзод, Мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Беҳрӯзи Забеҳулло, муҳаққиқу адабиётшинос Анзурати Маликзод ва директори китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов гузоришҳои пурмуҳтавои хешро ироа намуда, мақом ва хидматҳои беназири устод Айниро гиромӣ доштанд.

Дар поёни ҳамоиши пуршукӯҳ Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ аз ҷониби мақомоти ноҳияи Айнӣ ба хотири ҳамкориҳои судманди илмӣ-адабӣ ва фарҳангӣ бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ сарфароз гардонида шуд.

Ҳамоиши мазкур бори дигар собит сохт, ки гиромидошти шахсиятҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанг нақши муҳим дорад.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО