13 Apr 2024
Submitted by Admin
287

Рӯзи 15 апрел зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ— бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951—1954), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон аст. 
Ба ин муносибат ҳар сол дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ нишастҳои илмӣ ва семинарҳои омӯзишӣ бо номи “Солонаи Айнӣ” баргузор мешавад. Имсол низ дар доираи таҷлили 146-умин солгарди устод Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар осорхонаи адабии С. Айнӣ конференсияи илмӣ баргузор гардид. 
Конференсияро директори Институт, доктори илми филология, профессор Фарангис Шарифзода ифтитоҳ намуда, дар бораи паҳлуҳои гуногуни фаъолияти устод Айнӣ маълумоти муҳим пешкаши ҳозирин кард. 
Сипас дар ҷараёни кори конференсия профессор Аъламхон Кӯчаров, узви вобастаи АМИТ, устоди ДМТ дар мавзӯи “Дунявият дар осори устод Айнӣ”,  Беҳрӯзи Забеҳулло, мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дар мавзуи “Ҷойгоҳи таърих дар осори устод Айнӣ, Ҷамолиддин Саидзода, ходими калони илмии Шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ дар мавзуи “Айнӣ ва шоирони сабки ҳиндӣ” ва ноиби ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Сангинзода Дониёр суханронӣ карда, ба таври муфассал хидматҳои устод дар рушди илму адабиёт ва фарҳанги тоҷикро бо далелу санади муътабар баён карданд. 
Дар поёни конференсияи илмӣ маросими рӯнамоии се китоби нав, ки бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба муносибати 146-солагии устод Садриддин Айнӣ ба нашр расидаанд баргузор гардид.  
Китобҳои мазкур иборатанд аз: 
1. Айнӣ, С. Мактубҳо. – Душанбе: “Дониш”, 2024. – 720 саҳ; 
2. Айнӣ, С. “Мир Алишер Навоӣ”. – Душанбе: “Дониш”, 2024.—275 саҳ; 
3. Саидзода, Ҷ. Намунаи адабиёти тоҷик” “Шоҳнома”-и дигар аст. – Душанбе: “Дониш”, 2024. – 416 саҳ. 
Дар анҷоми кори конференсия бо раҳнамоии Абдураҳимов А. - директори осорхонаҳои муттаҳидаи адабӣ-ёдгории Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ширкаткунандагон аз музейи адабии устод Садриддин Айнӣ боздид намуданд.

 

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО