05 Nov 2023
Submitted by Admin
2738

Раёсати Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳама шаҳрвандони мамлакат табрику шобош мегӯяд!

Рӯзи Конститутсия тантанаи иқболу истиқлол ва сарфарозию бахту саодати мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин иди муқаддас дар радифи санаҳои фархундаи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчами давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон басе азизу мукаррам аст. Зеро маҳз Истиқлолу озодӣ, Ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ, Забони давлатӣ, Парчам ва Конститутсия ҳамчун шаш рукни ҳастӣ ва шаҳсутунҳои кохи бунёди Тоҷикистони азизу навин ба мардуми мамлакат хатти саодату башоратро нишон доданд. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон ба Конститутсия ҳамчун ба рукни муқаддаси миллӣ, санади сарнавиштсоз ва шаҳкитоби бахту саодат муносибат намуда, бисту нуҳ сол инҷониб дар партави татбиқи меъёрҳои он баҳри таъмини ҳаёти хушбахтонаи оилавӣ ва фардои дурахшони сарзамини аҷдодӣ саъю талош менамоянд.

Имсол аз қабули Конститутсияи давлати навини мо бисту нуҳ сол сипарӣ мегардад, Конститусияе, ки яке аз беҳтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ эътироф гардидааст.

Маҳз Конститутсия ормонҳои давлатдорию манфиатҳои миллии моро ифода намуда, ҷаҳониён ҷумҳурии моро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, татбиқкунандаи сиёсати дарҳои боз шинохтанду эътироф намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз касби соҳибистиқлолӣ ҳамчун давлати мустақил аз тарафи 192 давлат эътироф гардида, бо 183 мамлакат муносибатҳои дипломатӣ дорад ва ҳамзамон узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гардида, дар онҳо овозу мавқеи худро дорад ва дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ фаъолона иштирок менамояд. Ҳамзамон иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ мебошад.

Сад нома аз ин пеш агар буд маро,

Аз номаи бахт кай хабар буд маро?

Сад ояту даҳ сура аз ин сарқонун

Раднома ба чашми каҷназар буд маро.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО