21 Dec 2024
Submitted by Admin
9

Тибқи иттилои ходими илмии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳабиб Ҳуҷаназаров, инқилоби зимистонаи Офтоб 21 декабри соли 2024, соати 14:21 бо вақти Душанбе ба амал меояд. Ин нуқтае мебошад, ки Офтоб аз бурҷи Қавс ба бурҷи Ҷадӣ таҳвил меёбад. Аз сабаби он ки ин нуқта ба уфуқ наздик аст, шаби дарозтарини сол дида мешавад. Ин ҳодисаи астрономӣ дар байни мардуми сарзамини мо ва мардуми ориёинажод бо номи «Шаби Ялдо» маъруф аст.

Аз сабаби дароз будани шаб мардум машваратҳо ташкил менамуданд ва он ҳамчун ҷашнвора гардид. Бо гузаштани вақт Шаби Ялдо анъанавӣ шуда, бо фарҳанг ва маданияти маҳаллӣ омехта шуд. Ин маросим дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон гузаронида мешавад. Дар Аврупо ин ҷашн эътиқод ба пирӯзии нек ва афзалияти он аз бадиро ифода месозад. Сокинони маҳаллаҳо гурӯҳ-гурӯҳ дар атрофи ҳавлиҳо сайру гашт намуда, таронаҳо месароянд ва дар атрофи гулхан рақс менамоянд. Новобаста аз маданияти халқҳо Шаби Ялдо ҳамчун маросими фарҳангӣ шинохта шудааст.

Ҳодисаи табиии Шаби Ялдо бо чунин омилҳо вобаста аст. Сайёраи Замин доимо дар ҳаракат аст ва дар атрофи меҳвари худу Офтоб давр мезанад. Меҳвари Замин хати мебошад, ки аз қутби шимол ба қутби ҷануб тӯл кашидааст ва ба ҳамвории чархиши Замин дар атрофи Офтоб моил аст. Аз сабаби ин моилӣ дар Замин бисёр ҳодисаҳои аҷоиб, масалан, ивазшавии фаслҳои сол, инқилоби зимистона ва дигар ҳодисаҳои астрономӣ рӯй медиҳанд. Замин ҳангоми ҳаракати солонааш дар осмони ситоразор чор мавқеъгирии хосса дорад, ки ду ҳолати он нуқтаҳои эъдидоли баҳорӣ (20-22 март) ва тирамоҳӣ (22-23 сентябр) буда, ду ҳолати дигари он нуқтаҳои инқилоби тобистона (20-21 июн) ва зимистона (21-22 декабр) мебошанд.

Инқилоби зимистона гуфта, лаҳзаи гузариши Офтобро аз нуқтаи ҷанубтарин ҳамвории ҳаракати Замин меноманд. Ин ҳодиса оғози зимистон дар нимкураи шимолӣ буда, бо кӯтоҳтарин давомнокии рӯз ва пасттарин мавқеи Офтоб нисбат ба уфуқ аён мегардад.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО