Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
01 Oct 2026
Submitted by Admin
24

Боиси ифтихору сарфарозии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ аст, ки Ваҳобзода Сулаймон, ходими илмии шуъбаи адабиёти муосири Институт, дар даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» сазовори ҷойи дуюм гардид.

Ин дастоварди шоиста аз донишу маърифати баланд, маҳорати суханварӣ ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и безаволи ӯ дарак медиҳад.

Раёсат ва кормандони Институт Ваҳобзода Сулаймонро ба ин комёбии арзанда самимона муборакбод гуфта, барояш дар роҳи илм ва эҷод комёбиҳои пайваста ва дастовардҳои нав ба нав орзу менамояд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО