Шарифзода Фарангис Худоӣ – олими забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (2002), мудири кафедраи ДТИКТ (2006), проректор оид ба корҳои таълими ДТИКТ (2007-2009), доктори илмҳои филологӣ (2013), дотсенти кафедраи таърихи забони ДМТ (2015), профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ (2017), директори Инсититути забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рудакии АМИТ (13.07.2022), аълочии маорифи ҶТ.                  

Шарипова Фарангис Худоӣ 10-уми октябри соли 1970 дар шаҳри Душанбе дар оилаи муаллим таваллуд шудааст. Соли 1992 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст.

Солҳои 1997-2000 аспиранти кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Соли 2002 рисолаи номзадиро бо муваффақият дифоъ намудааст. Солҳои 2001-2005 ба ҳайси муаллимаи калони кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2006-2007 дар вазифаи мудири кафедраи филология ва рўзноманигории Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2007-2009 вазифаи проректори аввал оид ба корҳои таълими ДТИКТ-ро ба ўҳда доштааст.

Аз соли 2009 то соли 2010  ба ҳайси дотсенти кафедраи  таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 2010-2013 докторанти ДМТ. Соли 2013 рисолаи докториро бомуваффаққият  дифоъ намудааст. Аз соли 2013 дар вазифаи дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ кор мекунад.  Аз соли 2016 профессори кафедраи Таърихи забон ва типологияи ДМТ. Аз 13 июли соли 2022 директори Инсититути забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рудакии АМИТ.

 Фаъолияти илмӣ

Соли 2002 рисолаи номзадиро зери унвони “Хусусиятҳои лексикӣ-семантикии “Кашф-ул-маҳҷуб”-и Ҳуҷвирӣ” дар шаҳри Душанбе дифоъ намудааст. 

Соли 2013 рисолаи докториро дар мавзуи “Таҳаввули ҷумлаи содаи забони тоҷикӣ” ба анҷом расонида онро дар шаҳри Душанбе дифоъ намудааст.   

       Шарифзода Фарангис бештар дар атрофи вижагиҳои луғавиву маъноӣ ва наҳвии осори  асрҳои Х-ХІ пажӯҳишҳои илмӣ бурдааст.  Пажӯҳиши  ӯ дар атрофи вижагиҳои луғавии асари тасаввуфии “Кашф-ул-маҳҷуб”-и  Ҳуҷвирӣ сурат гирифтааст, ки баъдан дар шакли монография интишор шудааст. Ба ғайр аз ин мақолаҳои мавсуф дар атрофи вижагиҳои луғавӣ ва дастурӣ дар “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолудддини Балхӣ, “Баҳористон”-и Ҷомӣ, ашъори Рӯдакӣ интишор шудаанд.

      Дигар аз самти пажӯҳиши Ф. Шарифзода омӯзишу пажӯҳиши сохтори наҳвии ҷумла дар осори се давраи инкишофи таърихи забон  мебошад, ки доир ба ин мавзӯъ мақолоти зиёд ва монография бо номи “Таҳаввули ҷумлаи содаи забони тоҷикӣ” (2013) ба чоп расонидааст.

         Бо кӯшиши Шарифзода Ф. баҳри огоҳӣ ёфтан ва омӯхтани пешинаи таърихии забон ва адабиёти ниёкон китоби дарсии “Забони паҳлавӣ” (муаллифон  ̶ А.Тафаззулӣ ва Ж.Омӯзгор) баргардон шуда бо муқаддимаи ӯ ба чоп расид. Инчунин   Ф. Шарифзода осори пурарзиши форсии миёнаро гирдоварӣ намуд, ки он   бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти ҶТ аз чоп баромад.

Солҳои охир Ф.Шарифзода баҳри ҳамгун кардани грамматикаи забони тоҷикӣ бо грамматикаҳои суннатӣ, бартараф кардани иштибоҳоти дастурҳои муосири тоҷикӣ машғул аст ва дар ин асно чандин мақолаҳо ба чоп расонидааст, ки аз ҷумла инҳоянд:  “Вижагиҳои маъноӣ ва наҳвии пасоянди –ро дар забони порсии дарӣ”, “Ҳамгунсозии дастур ва истилоҳоти забоншиносӣ”, “Корбурди ҳарфи  ی  (артикли -е) дар осори марҳилаи аввали инкишофи забон” , “Инкишофи таърихии ҷонишинҳои энклитикии забони тоҷикӣ”.  Илова бар ин Ф. Шарифзода андешаҳои ҷолибро дар  масоили шаклгирӣ ва рушди забон, шаклгирии афкори забоншиносӣ  иброз намудааст, ки ин масоил дар  мақолаҳои зерин дарҷ гардидаанд: “Раванди шаклгирии забони порсии дарӣ”, “Мавқеи забони тоҷикӣ дар масири таърих”, “Назари мантиқӣ ба ҷумла”,   “Шинохти ҷумла дар забоншиносии Эрон”, “Шаклгирии аввалин дастурҳои забони форсӣ дар Русия”. 

         Ба корҳои илмии магистрант, аспирант ва унвонҷӯён роҳнамоӣ мекунад.

         Ф.Шарифзода яке аз посдорандагон ва ҳомиёни забони тоҷикӣ буда, муаллифи китоби дарсии забони тоҷикӣ барои синфҳои 11 ақаллиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Китобҳо (монографияҳо):

1.Хусусиятҳои вожагонии “Кашф-ул-маҳҷуб”-и Ҳуҷвирӣ. ̶  Душанбе, 2012.

2.Таҳаввули ҷумлаи содаи забони тоҷикӣ. ̶ Душанбе,  2013.

Китобҳои дарсӣ:

1.Забони паҳлавӣ. Ж.Омӯзгор ва А.Тафаззулӣ (Баргардон ва тасҳеҳи Ф.Шарипова)  ̶  Душанбе,2012.

2. Китоби дарсӣ барои синфҳои 11 забони таҳсилашон русӣ – “Забони давлатӣ”.- Душанбе: Маориф, 2018.- 271с.

3. Китоби дарсӣ барои синфҳои 11 забони таҳсилашон узбекӣ  – “Забони давлатӣ”.- Душанбе: Маориф, 2018.- 271с.

4. Китоби дарсӣ барои синфҳои 11 забони таҳсилашон қирғизӣ – “Забони давлатӣ”.- Душанбе: Маориф, 2019.- 271с.

5.Шарипова Ф.Х. (бо ҳаммауаллиф). Стандарти забони тоҷикӣ (давлатӣ) барои синфҳои 2-4 МТМУ.-Душанбе,2021.-56с.

6.Барномаи забони тоҷикӣ (давлатӣ) барои синфҳои 2-4 МТМУ.- Душанбе, 2022.- 70с. (бо ҳаммуаллиф)

Адабиёт

1. Мероси хаттии бостон.Гирдоварӣ ва тадвини Шарипова Ф.- Душанбе, 2017 -400с.

2. Динкард. Гирдоварӣ ва тадвини Шарипова Ф.- Душанбе, 2018.-343с.

 

                     Шарифзода Фарангис Худоӣ

Санаи                      10.10.1970          

таваллуд:    

Зодгоҳ:                    ш. Душанбе

Мамлакат:             Тоҷикистон                     

Муҳити илмӣ:       Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ҷойҳои кор:           кафедраи таърихи забон ва типологияи 

                                 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,

Унвонҳои илмӣ:   Номзади илми филология(2002)

                                 Доктори илми филология  (2013)

Дараҷаҳои илмӣ: Дотсент

Донишгоҳ:             Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1987-1992)

Забондонӣ:            тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ

Ҷоизаҳо ва:           аълочии маъорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

мукофотҳо:

1987 - 1992       донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон 

1997-2000         аспиранти кафедраи таърихи забон ва типологияи ДДМТ

2001-2006         муаллими калони кафедраи таърихи забон ва типологияи

                          ДДМТ

2006 - 2007        сардори департаменти забони англисии                             

                            Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсияи

                            Тоҷикистон

2007 – 2009        проректори аввал оид ба корҳои таълими ДТИКТ

2009 – 2010        дотсенти кафедраи таърихи забони ДМТ

2010 – 2020        вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои Сино ва Сомонӣ

2010 – 2013        докторанти кафедраи таърихи забон ва типологияи  ДМТ

2013 – 2016        дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ

2016– 2022         профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи

                            ДМТ

2022                    директори Институти забон ва адабиёти ба номи 

                            Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ (13.07.2022)                

 

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО