18 Sep 2026
Submitted by Admin
16

18 сентябри соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-009 баргузор гардид. Ҷаласаи Шӯроро раиси Шӯро узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Исҳоқов С.А., оғоз намуда, дар он ҳимояи рисолаи илмии Савлатзода Ф.С. барои дарёфти дараҷаи доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D060100 – Математика, 6D060102 – Таҳлили ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ сурат гирифт.

Роҳбари илмии унвонҷӯ Ҷангибеков Гулхоҷа, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, мудири шуъбаи муодилаҳои дифференсиалии Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ мебошад.

Мавзӯи рисолаи илмӣ «Поликерн-функсияи Бергман барои функсияҳои аналитикӣ ва поликерн-операторҳои онҳо» мебошад. Таҳқиқоти мазкур ба яке аз масъалаҳои муҳимми таҳлили функсионалӣ ва назарияи функсияҳои аналитикӣ бахшида шуда, дар он масъалаҳои марбут ба поликерн-функсияи Бергман ва поликерн-операторҳои функсияҳои аналитикӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Зимни ҷаласаи Шӯрои диссертатсионӣ унвонҷӯ Савлатзода Ф.С. натиҷаҳои асосии таҳқиқоти илмии худро муаррифӣ намуда, оид ба ҳадафу вазифаҳои таҳқиқот, натиҷаҳои бадастомада ва аҳамияти илмии онҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар идомаи ҷаласа аъзои Шӯрои диссертатсионӣ ва иштирокчиён ба муҳтавои рисола таваҷҷуҳ намуда, доир ба ҷанбаҳои гуногуни таҳқиқот саволҳо пешниҳод карданд. Унвонҷӯ ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои дахлдор дода, мавқеи илмии худро оид ба натиҷаҳои таҳқиқот асоснок намуд.

Ҳимояи рисолаи илмӣ дар фазои илмӣ ва созанда баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба таҳлили функсионалӣ, функсияҳои аналитикӣ ва поликерн-операторҳо мавриди баррасии илмӣ қарор гирифтанд. Раёсати Шӯро ва аъзои он ба сатҳи омодагии илмии унвонҷӯ, мазмуну муҳтавои рисола ва натиҷаҳои бадастомада таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуданд.

Баргузории чунин ҳимояҳои илмӣ дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ барои рушди таҳқиқоти бунёдӣ дар соҳаи математика, омода намудани кадрҳои илмии ҷавон ва таҳкими иқтидори илмии кишвар аҳамияти муҳим дорад.

Ҳимояи рисолаи мазкур бозгӯи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди илми ватанӣ, дастгирии олимону муҳаққиқони ҷавон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди корҳои илмӣ мебошад. Ин раванд дар заминаи сиёсати созанда ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди илму маориф ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ сурат гирифта, бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бахусус Президенти АМИТ, ба рушди соҳаҳои илмҳои дақиқ ва омода намудани насли нави муҳаққиқон пайванди ногусастанӣ дорад.

Ҳамзамон, баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ҳадафҳои Барномаи давлатии рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020–2040 аҳамияти хосса касб менамояд. Ҳимояҳои илмӣ ва ба камол расидани муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои математикӣ барои таҳкими иқтидори илмии кишвар ва рушди минбаъдаи илми миллӣ заминаи устувор фароҳам меоранд.

 

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО