27 Jun 2024
Submitted by Admin
239
Ҳамватанони гиромӣ! 27-июн мардуми шарафманди тоҷик 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегирад.
Расо 27 сол муқаддам дар Ватани азизу маҳбуби мо ҷанги хонумонсӯзу бародаркуш хотима дода шуд. Ин санаи тақдирсозест, ки бо маънии томаш ҳамчун санаи саодатофарин ва оғози созандагиҳои бузург мебошад. Дар ин рӯзи саид пас аз қаҳрамониҳову ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Маҳз бо шарофати сулҳу ваҳдати комил дар Тоҷикистон ба бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувор гузошта шуд. Давоми 27-сол мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти комил умр ба сар бурда, барои таҳкими озодӣ, пешрафту ободии Модар – Ватан ва таъмини некӯаҳволию осоиш камари ҳимматро мустаҳкам баста, бо ҳидояту раҳнамоии меъмори сулҳу ваҳдат, Сарвари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои баланди музаффарияту шукуфоиро фатҳ карда истодаанд. Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки роҳи беш аз садсолаи рушдро тай намуда, ба комёбиҳои азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва илмию маданӣ ноил гардад.
Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ неъмати пурарзиш буда, ба некӯаҳволии халқамон ва пешрафту ободии Ватани азизамон заминаи воқеӣ гузошт.
Аз ин лиҳоз, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад.
Дар ин лаҳзаҳои идона бо як ҷаҳон ифтихору шодмонӣ, бо ин санаи муқаддасу тақдирсоз - Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамаи ҳамватанонро муборакбод намуда, бароятон осмони софу беғубор, зиндагии бобарор, саодатмандию сарбаландӣ ва саломатӣ таманно менамоем.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!
TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО