27 Dec 2024
Submitted by Admin
37

Тибқи нақша чорабинии шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 27- декабри соли 2024 бахшида ба 90- солагии зодрӯзи доктори илми филология, профессор, Аълочии маорифи халқ, узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон фолклоршинос Баҳром Шермуҳаммадов конференсияи илмӣ таҳти унвони “ Баҳром Шермуҳаммадов ва рушди фолклоршиносии тоҷик” баргузор гардид. Дар конференсия аз донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт олимону донишмандон иштирок ва суханронӣ намуданд. Конференсия бо сухани ифтитоњии муовини директор оид ба илм ва таълими Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ н.и.ф. Муҳаммадиев Ш. оғоз гардида, дар идома д.и.ф. сарходими илмии шуъбаи фолклор Раҳмонӣ Р. дар мавзуи “Варианти як суруди гуфторӣ ва навишторӣ дар пажӯҳиши Баҳром Шермуҳаммадов”, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти ДДОТ ба номи С. Айнӣ, д.и.ф, дотсент Қосимӣ С. дар мавзуи “Жанри суруд дар таҳқиқи Баҳром Шермуҳаммадов”, н.и.ф.Умарова Ш. дар мавзуи “Хушачини хирмани андарзи мардум”, н.и.ф. мудири шуъбаи фолклор Мажнунов А. дар мавзуи “Саҳми Баҳром Шермуҳамадов дар таҳияи китобҳои фолклоршиносии тоҷик”, муаллимаи калони кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ. Норова Г. дар мавзуи “Баҳром Шермуҳаммадов ва таҳқиқи адабиёти кӯдак” суханронӣ намуданд. Дар конференсия духтарони устод Баҳром Шермуҳаммадов Рухшонаву Фарзона ва дигар пайвандони эшон иштирок ва дар охир аз номи хонадони Шермуҳаммадовҳо ба баргузоркунандагони ин маҳфили ёдбуд изҳори сипос намуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО