03 Oct 2024
Submitted by Admin
197

03 октябри соли равон таҳти унвони “Тоҷикистон бо Пешвои миллат, ба пеш” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфернсияи илмӣ-назариявии ҳизбӣ доир гардид.

Дар конфронс кормандони сохторҳои ҳизбии шаҳриву ноҳиявӣ, роҳброни кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар сатҳи вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе, олимону муҳақиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҷавонони касбу кори гуногун ва намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар иштирок намуданд.

Ба кори конфронс Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”Аҳмадзода Оятулло ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорони конфронсро бахшида ба 30- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон ва ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфтанд.

Дар идома Иброҳим Мирзозода - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, вакили Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшоҳ Матробиён, Фарангиз Шарифзода директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маърӯза намуда, нақш ва муҳиммияти мавзӯро ба иштирокдорон расонида, доир ба нақши таърихиву мондагор гузоштани Пешвом миллат дар арсаи сиёсӣ сухаронӣ намуданд.

Дар интиҳо чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ ва қадрдонӣ намудани иштирокдорон бо сипоснома ва ифтихорномаҳои ҳизб ҳусни анҷом ёфт.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО