24 Apr 2025
Submitted by Admin
18

Имрӯз (24.04.2025) бо ташабусси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмии байналмилалӣ ба ифтихори 147-солагии Садриддин Айнӣ таҳти унвони “Устод Айнӣ ва ҳаракати маорифпарварии тоҷик дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX” баргузор гардид.

Дар оғоз филми мустанад дар бораи устод Айнӣ намоиш дода шуд. Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Муҳаммаддовуд Саломиён ҳусни оғоз бахшид. Сипас Аслиддин Қамарзода - д.и.ф., профессори Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд, Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар мавзуи “Садриддин Айнӣ ва ҷадидони Самарқанд” гузориш намуд.

Дар идома Сайфиддин Назарзода - д.и.ф., узви вобастаи АМИТ, профессор, мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти ИЗА ба номи Рӯдакӣ дар мавзуи “Дар бораи мақолаи устод Айнӣ «Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик”, Қарор Муҳаммадизода - н.и.ф., мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ дар мавзуи “Нақши зиёиёни тотор дар рушди андешаҳои ислоҳотхоҳонаи ҷадидони тоҷик”, Субҳони Аъзамзод - н.и.ф., дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар мавзуи “Сайри як андешаи устод Айнӣ (бозҷустҳои камолшиносӣ)” суханронӣ намуданд. Кори конференсия дар ду бахш дар толорҳои Институти забон ва адабиёт идома ёфт.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО