10 Apr 2023
Submitted by Admin
454

Вазъи забони тоҷикӣ дар асрҳои XVII-XVIII дар Афғонистон (бар мабнои китоби Пешвои миллат "Забони миллат-ҳастии миллат, китоби 2-Забон ва замон")  Қисми 1

Дар сарзамини паҳновари давлати Дуррониҳо ва сипас Афғонистони он замон забони тоҷикӣ забони расмӣ ба шумор мерафт ва тоҷикон як бахши муҳимми аҳолии ин давлат, махсусан, шаҳрҳо буданд. Дар ин давра ба забони тоҷикӣ як силсила асарҳои таърихӣ ба вуҷуд омад, ки барои рушди забони мо дар ин сарзамин нақши бузурге дошт.

Қаҳрамонӣ ва фидокориҳои беназири мардумони Афғонистон дар муқобили истеъморгарони англис мавзӯи достонҳои таърихии «Ҷангнома»-и Ғуломии Кӯҳистонӣ ва «Акбарнома»-и Ҳамиди Кашмирӣ гардида буд, Достонҳои мазкур ҳамзамон ба давраи ҷанги ватанӣ яке пайи дигаре солҳои 1842 ва 1843 дар пайравии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба риштаи назм кашида шуда буданд.Достони «Акбарнома»-и Ҳамиди Кашмирӣ соли 1843 дар Кашмир таълиф шудааст. Ҳамиди Кашмирӣ маълумоти заруриро барои асари худ аз муосирон ва иштирокчиёни мустақими ҷанг гирдоварӣ намуда, тавсиф кардааст.

Азбаски истеъморгарони англис амалиёти таҷовузкоронаи худро бар зидди Афғонистон минбаъд ҳам давом доданд, бинобар ин достонҳои «Ҷангнома» ва «Акбарнома» аҳамияти муҳимми илмӣ, адабӣ ва сиёсӣ пайдо карданд. Аввалан, онҳо як манбаи муҳим барои омӯхтани таърихи ҷанги аввали байни Англия ва Афғонистон ба шумор мераванд. Ғайр аз ин онҳо ба равияи ҳамосасаройӣ дар Афғонистони муосир ибтидо гузоштанд. Гузашта аз ин, азбаски ҷангҳои истилогарӣ дар таърихи Афғонистон пай дар пай такрор шудан гирифтанд, инъикоси корнамойӣ ва қаҳрамонии мардуми Афғонистон ва ғалабаҳои дурахшони онҳо аз болои истилогарони хориҷӣ мавзӯи ифтихор ва сарфарозии миллии мардуми Афғонистон қарор гирифт ва дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва адабии кишвар нақши муҳим гузошт.

Машҳуртарин шоирони тоҷикзабони давраи Дуррониён Вақиф, Оҷиз, Мир Ҳутак, Шаҳбоз, Идӣ, Васфӣ, Ризо, Ишрат ва дигарон мебошанд, ки аз таваҷҷуҳи Темуршоҳ бебаҳра намонда буданд. Маҳз дар ҳамин давра аввалин пайравони мактаби Бедил ба майдони адаб қадам гузоштанд ва анҷумани бедилхонӣ таъсис ёфт. Пайравӣ ва тақлид ба ашъори Бедил ба ҳукми анъана дохил шуда, шоирони Хуросону Мовароуннаҳр мушоира ва мусобиқа ташкил менамуданд.

Шоирон ва нависандагоне, ки ба сифати муншӣ ва таърихнигор ба дарбор ҷалб карда мешуданд, дар ашъори худ шоҳони дуррониро ҳамду сано гуфта, асарҳои таърихии худро саропо ба васфи корнамоиҳои онҳо бахшидаанд, ки намунаи чунин таълифот «Таърихи Аҳмадшоҳӣ»-и Маҳмуд ал-Ҳусейнӣ, «Зинати таърихҳо»-и Ҳусейн Алӣ ва ғайра шуда метавонад.

Бояд гуфт, ки густариши забон ва адаби тоҷикӣ-форсӣ дар Афғонистон танҳо ба дарбор маҳдуд набуд, балки симоҳои барҷастаи он дар марказҳои маҳаллӣ, мисли Ҳирот, Балх, Бадахшон ва Ғазнӣ вуҷуд доштанд, ки онҳо аз қайду басти дарбор озод буда, эҷодиёти онҳо рангоранг ва пурмуҳтаво буда, тараққихоҳӣ ва ҳақиқатнигорӣ дар эҷодиёти онҳо бештар ба мушоҳида мерасад. Дар манбаъҳо ва маъхазҳои охири қарни XVIII ва ибтидои асри XIX дар бораи бештар аз 60 нафар шоир маълумот дода мешавад. Аз ҷумлаи онҳо Мирзо Алихони Кулаб бо тахаллуси Шарар мебошад, ки дар замони Темуршоҳ мезистааст ва баъдтар ба дарбори Дӯстмуҳаммадхон ҷалб карда шуда, бештар ашъори маддоҳона навиштааст. Шарар дар қасида ва достонҳои худ, мардуми ғариб ва бенаворо пуштибонӣ намудааст.

Касбу камолашон ҳама дуздию раҳзанӣ,

Ризқи ҳалолашон ҳама доим шаробу банг,

Карданд мулк ғорату бар қатли моликаш,

Шамшери тезу ханҷари хунрезашон ба ҷанг.

Чун молу мулки халқ гирифтанд дар иваз,

Бар соҳибаш дареғ накарданд чӯбу санг.

Қавме чунин ситамгару дорем ҳокиме,

Бо шер ҳамчу рӯбаҳу бо муш чун паланг.

Эй шоҳзода, чун ба ту ҳақ дода мамлакат,

Таъмири дилу дин куну таҳсили ному нанг,

Ғофил машав зи гӯшанишинони бенаво,

Моил машав ба нағмасароёни шӯхи шанг.

Яке аз шоирони номдори ин давра Мир Ҳутакхон, мутахаллис ба Афғон мебошад, ки дар пайравии Бедил шеър менавиштааст.

Лаълмуҳаммад Оҷизи Кобулӣ низ яке аз шоирони соҳибдевони ин давра ба шумор меравад, ки илми тибро аз падари худ Пирмуҳаммад омӯхта, дар натиҷаи мутолиаи амиқи ин илм ба дараҷаи табиби касбӣ расида, дар дарбори Темуршоҳ ин вазифаро иҷро мекардааст, ки ин вазифа барои хонадони Оҷиз то замони Амир Ҳабибуллохон меросӣ гардидааст. Намунае аз ашъори Оҷиз:

Эй матлаи абруят, дар кеши сухандонҳо,

Дебочаи девонҳо, сарномаи унвонҳо.

Аз чашми ту сад рахна, аз зулфи ту сад зуннор,

Дар қалби мусулмонҳо, дар гардани имонҳо.

Сӯзи дилу чашми ту дур аз ту ба ман он кард,

К-оташ ба найистонҳо, селоб ба вайронҳо.

Зулматкадаи олам аз гашти фалак чун ту

Кам дида ба давронҳо, эй шамъи шабистонҳо.

Аз бесару сомонӣ дар кӯчаи зулфи ту

Оҷиз сару сомонҳо доранд парешонҳо.

Қобили ёдоварист, ки аз байни занҳо ҳам чандин нафар суханварон, мисли Оишаи Дурронӣ, Маҳҷубаи Ҳиротӣ, Мастураи Ғӯрӣ пайдо шуда, мақоми шоистае ишғол мекарданд. Машҳуртарини онҳо Оишаи Дурронӣ мебошад, ки соли 1819 дар синни 51 солагӣ чашм аз ҷаҳон пӯшидааст. Девони ашъори Оиша соли 1898 дар матбааи Кобул нашр шуда ва яке аз шеърҳои аввалини вай матлаи зеринро дар бар мегирад:

Шафақро лолагун дидам намози шом бар гардун,

Магар хуршедро кушта, ки дорад домани пурхун.

Як шеъри пурсӯзу гудози Оиша дар марги бемаҳали писараш навишта шудааст. Оиша ба хонаводаи соҳибмансаби дурронӣ тааллуқ дошта бошад ҳам, аз зулму ситами подшоҳи замони худ чашм напӯшидааст:

Дасти зулмаш доғ карда синаам,

Теғи бедодаш диламро пора-пор.

Хонаҳо шуд хонакак дар асри ӯ,

Хоса ман гаштам фақиру хоксор.

Сифлапарвар шуд, намедонам чаро,

Хусрави кишварситон он номдор?

Адлу инсофу мурувват шуд ба бод,

Ҳаққу ботилро напурсад шаҳриёр.

Аз вай ин беэътидолӣ дар ҷаҳон

Сабти дафтарҳо бимонад ёдгор.

Банда аз беғаврии Маҳмудшоҳ

Ранҷу меҳнатҳо кашидам бешумор.

Яке аз барҷастарин мактаби илмӣ ва адабии ин давра дар Ҳирот вуҷуд дошт, ки худи Темуршоҳ ҳам таълимёфтаи он мебошад. Ризоқули Навоӣ мутахаллис ба Ҳумо аз анҷумани Ҳирот нашъу намо гирифта, дар замони шиддат ёфтани ҷангҳои хонаводагӣ вай ба Эрон ҳиҷрат намуда, дар дарбори Фатҳалишоҳи Қоҷор ба рутбаи муншулмамолик сазовор мегардад. Ба мисли ҳамин Ҳозиқи Ҳиравӣ – фарзанди Суфӣ Исломи Карухӣ ба Мовароуннаҳр ҳиҷрат намуда, шоири номдор ва овозадор мегардад. Абдулло Шаҳоби Туршезӣ аз шоирони баландпоя ва нависандаи чирадасти Ҳирот, соҳибдевон ва муаллифи асари насрии «Дуррат-ут-тоҷ» мебошад. Дар таҳқиқоти олими афғон Парвини Сино 299 шоири номдори тоҷикзабони замони Дуррониҳо бо манбаъ ва маъхазҳо муаррифӣ шудаанд.

Ҷунбишҳои машрутахоҳӣ ва маорифпарварӣ дар ин давра пайдо шуданд, ки ба забони он замон таъсири зиёде дошт. Дар Афғонистон пешоҳанги ҷунбиши машрутахоҳӣ «Анҷумани уламо» буд, ки 50 нафар олим ва ашхоси бомаърифати замонро муттаҳид карда, аз тарафи ҳукумати вақт вазифадор шуда буданд, ки дар асоси омӯхтани вазъи молӣ ва идории мамолики ҳамҷавор ва мутолиаи рӯзномаҳои эронӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва ғайра пешниҳодҳои худро дар хусуси такмилу инкишофи кишвардорӣ ба ҳузури амир тақдим намоянд ва дастуру низомномаҳои зарурӣ тартиб диҳанд. Яке аз манбаъҳои муҳимми ғоявӣ ва назариявии онҳо рӯзномаи «Ҳуб-ул-матин» ба шумор мерафт, ки аз соли 1893 дар Калкутта бо саъю кӯшиши тарафдорони мактаби сиёсии Саид Ҷамолиддини Афғонӣ нашр мегардид.

Саид Ҷамолиддини Афғонӣ баъд аз фарогирии илмҳои суннатӣ дар кишвари худ Афғонистон дар соли 1856 ба Ҳинд сафар кард ва ба касби илмҳои муосиру ҷадид пардохт, сипас баъд аз адои ҳаҷ равонаи Шомот, Байтулмуқаддас, Ироқ ва Форс гардиду дубора вориди Афғонистон шуд ва дар аҳди Амир Шералихон рӯзномае бо номи «Кобул» таъсис дод.

Ақидаҳои маорифпарварона ва ислоҳҷӯёнаи ӯ дар Ҳинду Эрон, Туркияву Миср ҳамовозии зиёде пайдо кард ва тарафдорони ӯ дар ин кишварҳо ба ислоҳоти маорифу тарбияи кадрҳои миллӣ иқдом намуда, ба ҷунбишҳои иҷтимоӣ поягузор гардид.

Саид Ҷамолиддини Афғон афкори худро барои пешрафти ҷаҳони ислом бар чаҳор усул устувор мекунад:

Усули аввал, аз он иборат аст, ки мусулмонон бояд мафкура ва равони худро аз ҳар гуна хурофоту ақидаҳои ботил покиза сохта, онро чун оина софу пок нигоҳ доранд.

Усули дувум, инсон бояд барои ба даст овардани ҳадафу мақсадҳои неки худ аз тамоми имконияти дастрас истифода намояд ва ба қазову қадар ба ғайр аз дараҷаи пайғамбарӣ, ки рутбаи осмонӣ аст, қаноат накунад.

Усули сеюм, инсон бояд ба адлу адолати иҷтимоӣ бовар дошта бошад ва танҳо ба таҷрибаи меросии гузаштагон такя накунад.

Усули чаҳорум, аз назару андешаҳои бузургон дар бахши маърифату маорифпарварӣ ба таври васеъ истифода кунад ва танвири афкору зеҳни мардум бояд ба таври доимӣ ба роҳ монда шавад.

Иқболи Лоҳурӣ. Муҳаммад Иқбол (1877-1938) фарзанди шайх Нурӣ Муҳаммади Лоҳурӣ аз шоирони номдори адабиёти форсии дарӣ ва урду ва аз нобиғаҳои Шарқ мебошад.

Осори Аллома Иқбол ҳудуди 16 асари калонҳаҷмро ташкил медиҳад: «Тавсеаи ҳикмат дар Эрон, «Асрори худӣ», «Таърихи Ҳинд», «Паёми машриқ», «Забури Аҷам» (ин маҷмӯа шомили ғазалиёту қитаот ва мустазод аст, маснавии «Гулшани рози ҷадид» мебошад). «Ҷовиднома» (Иқбол ин манзумаи форсиро ба номи фарзандаш – Ҷовиди Иқбол суруда) ва ғайра аст.

Осори Иқбол гуногунранг буда, бештар мавриди таваҷҷуҳи ӯ ҳамоно ғазалу дубайтӣ ва маснавӣ қарор дорад. Агарчи теъдоди маснавиҳои Иқбол нисбат ба ашъори дигари ӯ бештар аст, аммо ғазал бо табъи саршору завқи худододии ӯ созгор буда, ғазалиёти шевои ӯ дар «Ҷовиднома» гувоҳи ин гуфтаҳост.

Орзуи Иқбол он буд, ки миллати ӯ худ сарнавишташро таъйин кунад на истеъморгарон, ки ба таъбири вай, хешро бозофаридаанд. Дар номае ба нақл аз Николсон дар муқаддима бар «Асрори худӣ» навиштааст: «Зиндагӣ талош дар роҳи озодӣ аст».

Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,

Эй ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо.

ӯ шоирро дар синаи миллат чун диле тапанда медид, ки офаринанда ва парварандаи орзуҳои шариф барои онҳо аст. Аз ин рӯ ному ёди ӯ дар назди миллати Покистон ва мардуми Машриқзамину форсизабонон пас аз ӯ низ гиромист ва овозааш рӯ ба афзунӣ:

Миллатеро рафт чун ойин зи даст,

Мисли хок аҷзои ӯ аз ҳам шикаст.

Ҳастии муслим аз ойин асту бас,

Ботини дини Набӣ ин асту бас.

Ту ҳамедонӣ, ки ойини ту чист?

Зери гардун сирри тамкини ту чист?

Он китоби зинда Қуръони ҳаким,

Ҳикмати ӯ лоязол асту қадим.

Навъи инсонро паёми охирин,

Ҳомили ӯ «раҳматан лилоламин».

Арҷ мегирад аз ӯ ноарҷманд,

Бандаро аз саҷда созад сарбаланд.

Гар ту мехоҳӣ, мусулмон зистан,

Нест мумкин, ҷуз ба Қуръон зистан.

Иқбол Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхиро роҳнамои хеш медонад ва таълимоти ӯро машъали роҳи хеш қарор дода, аз афкори ҳаким Саноии Ғазнавӣ, Мавлоно Ҷомии Ҳиравӣ, Бӯалӣ Синои Балхӣ ва Амир Хусрав судҳо бурда ва ба нидои равшанфикронаи Саид Ҷамолиддини Афғонӣ гӯш фаро додааст:

Ато кун шӯри Румӣ, сӯзи Хусрав,

Ато кун сидқу ахлоқи Саноӣ.

 

Гаҳе шеъри Ироқиро бихонам,

Гаҳе Ҷомӣ занад оташ ба ҷонам.

Ва ё:

Пири Румӣ хокро иксир кард,

Аз ғуборам ҷилваҳо таъмир кард.

 

Эй шиносои мақоми Бӯалӣ,

Ҷуръае орам зи ҷоми Бӯалӣ.

Иқбол шоирест, ки дар дабистони Мавлавии Балхӣ Қуръони паҳлавӣ мехонд, яъне ки Иқбол танҳо шоире нест мутааллиқ ба забони урду, балки ба забони мо тамоюли бештар нишон медиҳад:

Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Иқбол муборизаи доиму кори хастанопазирро қонуни табиӣ медонад ва муътақид аст, ки одамӣ бояд шахсияти худро бишносад, худро нишон диҳад ва нерӯи хуфта дар даруни хешро биозмояд ва гуфта: (Вонамудан хешро хӯйи худист) ва низ Иқбол таъкид мекунад, ки асли низоми одамӣ аз худи ӯст, бад-ин маъно, ки:

Чун худӣ орад баҳам неруи зист,

Мекушояд қулзаме аз хӯйи зист.

Ба назари Иқбол, талош дар зиндагӣ ва мубориза бо мушкилоти аслии ҳаёт аст ва акси мубориза оромишу марг ва нобудӣ мебошад ва мегӯяд:

Эй бародар, ман туро аз зиндагӣ додам нишон,

Хобро марги сабук дон, маргро хоби гарон.

Аллома Муҳаммад Иқбол ҳамвора дар эҷодиёти худ аз иттиҳоду қудрати мусулмонон сухан рондааст, ӯ ҳама мусулмононро гулҳои як навбаҳор ва ғунчаҳои як шохсор медонад:

На афғонему не турку таторем,

Чаманзодему аз як шохсорем.

Тамизи рангу бӯ бар мо ҳаром аст,

Ки мо парвардаи як навбаҳорем.

Иқбол мусулмононро озод, омода ва муттаҳид мехост, ӯ таъкид мекард, ки мусулмонон ҳама бо ҳам баробаранд, ом аз фармонраво ва фармонбар, коргару корфармой чунин мегуфт:

Пеши Қуръон бандаву мавло якест,

Бӯрёву маснади дебо якест.

Ва ё:

Аҳли ҳақро ҳуҷҷату даъво якест,

Хаймаҳои мо ҷудо, дилҳо якест.

Иқбол дар осори худ аз вожаҳои ноби забони тоҷикӣ ба таври эҷодкорона истифода кардааст. ӯ бо истилоҳоти «худӣ» ва «бехудӣ» назарияи маърифати худро поягузорӣ кардааст. Дар зери мафҳуми «худӣ» ӯ таҷрибаи меросии инсониятро дар вуҷуди он фаҳмида, худшиносиро ҳамчун мафҳуми фалсафӣ дар дарки моҳияти инсон муҳим мешуморад:

Пайкари ҳастӣ зи осори худист,

Ҳар чӣ мебинӣ, зи асрори худист.

Вонамудан хешро хӯйи худист,

Хуфта дар ҳар зарра неруи худист.

Чун ҳаёти олам аз зӯри худист,

Пас, ба қадри устуворӣ зиндагист.

Иқбол дар китоби «Рамузи бехудӣ» истилоҳи «бехудӣ»-ро шарҳ дода, таълиму тарбия ва омӯзишу парвариш инсонро дар робита бо фарду миллат ва ташаккули нафси инсон дар алоқамандӣ бо ҷомеаи инсонӣ медонад. Бинобар он, ҳамин мафкураи Иқбол, рамзи бехудиро, дар дарки робитаи фард ва миллат метавон дарёфт:

Фардро рабти ҷамоат раҳмат аст,

Ҷавҳари ӯро камол аз миллат аст.

Фард мегирдад зи миллат эҳтиром,

Миллат аз афрод меёбад низом.

ӯ дар ин равиши хеш пайрави аллома Саид Ҷамолиддини Афғонӣ мебошад, ки саҳнаи муборизоти башардӯстонаи худро ҳар рӯз вусъат бахшида, дар тамоми кишварҳои исломӣ ва Шарқ инқилоботи зиндагибахш эҷод кард ва ҳеч гоҳ аз ҳеч қудрате наандешид. Аллома Иқбол барои мусулмонон диле зинда ва неруманд хоста, шарқиёнро барои ба даст гирифтани зимоми зиндагӣ ва умури марбут ба ватани худашон таҳрик мебахшад ва изҳор медорад, ки:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сари коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Иқбол дар яке аз асарҳои худ бо номи «Ҷовиднома» Саид Ҷамолиддини Афғониро мубаллиғи тавонои ҷунбишҳои озодихоҳӣ дониста мегӯяд:

Сайидуссодот Мавлоно Ҷамол,

Зинда аз гуфтори ӯ сангу сафол.

Аллома Саид Ҷамолиддини Афғонӣ ва аллома Муҳаммад Иқбол дар мавриди иттиҳоди мусулмонон низ назари мушобеҳ ва наздик ба ҳам доранд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО