25 May 2025
Submitted by Admin
63

Дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон меҳмони курсҳои сиёсии Зан Сарвар муовини директори Маркази Таҳқиқоти Стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод Ҷурахонзода Сабоҳат Ҷурахон буданд. Сабоҳат Ҷурахонзода яке аз кадрҳои пурсамари ҷавони кишвар аз ҳисоби бонувон мебошанд, ки кору таҳқиқоташон мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Зимни суҳбати пурмуҳтаво бо иштирокчиён ва табодули таҷрибаи сарвариашон, оид ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд. Зимни гузориши мазкур, ки дар заминаи таҳқиқоти устод таҳия гардидааст, омилҳо, шароит ва вижагиҳои раванди татбиқи ҳадафҳои мазкур ба амал ва саҳми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалишавии бобарори онҳо мушаххас ва таъкид гардид.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО