07 May 2025
Submitted by Admin
110

Душман агар дод адолат ба бод,

Урдуи мо урдуи адл асту дод.

Айнӣ

Олмони фашистӣ 22 июни соли 1941 аҳдшиканона ба кишвари мо ҳуҷум кард. Мардуми мо аз нахустин рӯзҳои ҷанг ба мудофиаи Ватан бархостанд ва зери шиори «Кори мо ҳақ аст. Душман торумор карда мешавад. Ғалаба бо мост» ба амал ва фаъолият пардохтанд. Халқи советӣ, чи дар фронт ва чӣ ақибгоҳ, қаҳрамонию далерию меҳнатдӯстӣ нишон медоданд. Ҳамин буд, ки аз ин имтиҳони сахт сарбаландона ва бошарафона гузаштанд ва пирӯзӣ ба даст оварданд. Тоҷикон низ мисли халқҳои дигари шӯравӣ дар торумор намудани фашистон ҳиссаи худро гузоштанд ва бад-ин тартиб садоқат ва муҳаббати худро нисбат ба Ватан ба намоиш гузоштанд. 34 нафар ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф гардиданд, 13997 нафар бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд. Дар ақибгоҳ низ тоҷикон камари ҳимматро маҳкам баста, барои фронт ва ғалаба монда нашуда меҳнат мекарданд, барои Армияи Сурх хӯрокворӣ ва либос мефиристоданд.

Адибони тоҷик низ, чи дар фронт ва чи ақибгоҳ, ҳам бо яроқ ва ҳам бо қалам мубориза мекарданд, корнамоиҳои фарзандони далери тоҷикро дар осорашон васф ва ситоиш менамуданд. Мавзӯи мудофиаи ватан мавзӯи калидӣ дар ин давра маҳсуб мешуд. Адибон тавассути қалам ва эҷоди асарҳои баландғоя ҷанговаронро ба корнамоӣ, ҷоннисорӣ даъват менамуданд ва бад-ин тартиб дар тарғиби рӯҳияи ватандӯстии халқи советӣ саҳми шоиста мегузоштанд. Ҳабиб Юсуфӣ, Сотим Улуғзода, Абдушакур Пирмуҳаммадзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Боқӣ Раҳимзода, Ҳаким Карим дар фронт бар зидди фашистон меҷангиданд. Лутфулло Бузургзода, Ҳаким Карим, Абдушакур Пирмуҳаммадзода, Ҳабиб Юсуфӣ қаҳрамонона дар ҷанг ҳалок гардиданд.

Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пеш аз ҳама, назм инкишофи зиёд пайдо кард. Шоирон дар ашъори худ ба тасвири қаҳрамонии ҷанговарон пардохта, азму иродаи қавии онҳоро баҳри ғалаба дар осорашон нишон медоданд. Устод Айнӣ яке аз ҳамин гуна шоироне буд, ки дар шеърҳояш қаҳрамонию диловарии халқи советиро васф менамуд, дар баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстонаи ҷанговарон саҳм мегирифт. Хусусан, шеъри «Марши интиқом»-и ӯ, ки бо эҳсоси баланд иншо шудааст, дар ин замина ҷолиби диққат мебошад, зеро он дар қалби хонанда нисбат ба душманон нафратро парвариш менамояд. Ин шеър моҳи ноябри соли 1941 навишта шуда буд, он дере нагузашта ба яке аз сурудҳои ба интиқом даъваткунанда табдил гардид:

Эй ҷаҳони башар! Хез, якҷоя хез!

Теғ бар даст гир! Бо матонат ситез!

Хуни ин ваҳшиён беамонона рез,

Зарба зан, то шавад ҷисмашон рез-рез!

Эй ҷаҳони башар! Эй гурӯҳи аном!

Аз фашистони шар интиқом! Интиқом!

Дар деҳу шаҳрҳо рафт кушторҳо,

Канда шуд гӯрҳо, баста шуд дорҳо,

Кушта шуд ҷумла, то пиру беморҳо,

Хуни инсон равон шуд чу ҷӯборҳо,

Ҳеҷ ваҳшӣ накард инчунин корҳо-

Хукҳо, хирсҳо, гургҳо, морҳо.

Эй ҷаҳони башар! Эй гурӯҳи аном!

Аз фашистони шар интиқом! Интиқом!..

Воқеан, дар бораи фаъолияти хастагинопазири илмиву адабии устод Айнӣ, ба вижа дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шеъри «Марши интиқом»-и ӯ, Абдусалом Деҳотӣ дар мақолаи «Садриддин Айнӣ» чунин менависад: «Асарҳои илмӣ-тадқиқотии Айнӣ дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Абӯалӣ Сино, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил ва Восифӣ дар соҳаи адабиётшиносии мо мавқеи муҳимро ишғол мекунанд. Аз қалами ӯ танҳо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ғайр аз як қатор шеър ва очеркҳо, «Исёни Муқаннаъ», «Темурмалик» барин ду асари адабӣ-таърихии муҳим ба вуҷуд омаданд. Хеле характернок аст, ки Айнии куҳансол дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ боз як бори дигар (чунонки дар соли 1918 баромада буд) бо «Суруди интиқом» ба майдон баромада, инсониятро ба несту нобуд кардани душмани ашаддӣ-фашистони одамхӯр, даъват намуд.

Эй ҷаҳони башар,

Эй гурӯҳи аном!

Аз фашистони шар

интиқом! Интиқом!

Аммо, «дар айни замон С.Айнӣ таҷрибаи эҷодиеро, ки дар солҳои аввали баъдиинқилобӣ дар масъалаи офариниши суруд ва маршҳо азбар карда буд, дар давраи нави таърихӣ давом ва инкишоф медиҳад ва ба ҳамин анъанаи офариниши суруду маршро ба дараҷаи баландтар мебардорад. Дурустии ин фикрро марш-суруди дигари С.Айнӣ «Суруди зафар» (сентябри соли 1943) низ тасдиқ мекунад. «Суруди зафар» дар асоси қонуни маршҳои анъанавии С.Айнӣ эҷод шуда, дар шакли жанрии мусаммати мураббаи тарҷеъбанд навишта шудааст. Байти василаи нақарот на танҳо вазифаи суруди оммавиро адо мекунад, балки қуввату қудрати баланди сафарбаркунандагӣ ҳам дорад, чи тавре ки ҳамин гуна вазифаи идеявӣ-тематикӣ ва эмотсионалӣ-сафарбаркунандагиро нақароти «Марши интиқом» адо мекунад:

Эй ҷаҳони башар, Эй гурӯҳи аном!

Аз фашистони шар интиқом! Интиқом!

Ҳар ду суруд-марш («Марши интиқом» ва «Суруди зафар») бо нақарот-байти сафарбаркунандагӣ оғоз ёфта, ҳар бандашон аз чор мисраъ (дар «Марши интиқом» яке аз бандҳо дар натиҷаи туғёни фикру андеша аз 6 мисраъ) иборат мебошанд ва ба таври аааа, бббб, вввв.. қофия доранд, ки ин таври қофиясозӣ ба рабту низоми дақиқ ва оҳангнокию сурудашавандагии шеър ва маршвор тараннум кардани он алоқаманд мебошад. Дар «Суруди зафар» Айнӣ менависад:

Меравад пеш, пеш, пеш-

Лашкари Сурхи мо дар раҳи хеш!

Лашкари Сурхи мо қаҳрамон аст,

Дар набарди адӯ беамон аст,

Фатҳу фирӯзаш бегумон аст,

Гӯиё лови оташфишон аст…».

Устод Айнӣ шеърҳои «Мо зи Гитлер ниқори башарият гирем», «Қаҳрамон Ленингрод», «Тазмин», «Суруди Зафар», «Полвон», «Ман аз дидорат, эй ёри азизам, шод мегардам», «Ҷаҳон то ҷаҳон аст, гарданда аст» (ин шеър дар очерки адабии «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» дохил шудааст), «Тоҷикистон», «Қасидаи ҷанг ва зафар»-ро дар солҳои гуногуни Ҷанги Бузурги Ватанӣ сурудааст. Онҳо ҷанбаи қавии ватандӯстона доранд ва бо маҳорати баланд иншо шудаанд. Мо аз ин шеърҳо муҳаббати устод Айниро нисбат ба Модар-Ватан бармало мушоҳида менамоем. Албатта, онҳо аз рӯҳияи баланди тарғиботию ташвиқотӣ, ки замони ҷанг аз адибон талаб мекард, бархурдоранд.

Зимнан, устод Айнӣ баъд аз инқилоб дар шеъри «Марши ҳуррият» барои аввалин бор мавзӯи интиқомро дар адабиёти мо корбаст намуд ва ин мавзӯъ пасон, ба вижа дар солҳои ҷанг, ба яке мавзӯъҳои марказии осори адибони мо табдил ёфт ва дар онҳо парвариши эҳсоси нафрат, қассос, яъне интиқом аз душман дар мақоми аввал қарор гирифт. Беҳуда нест, ки шеърҳои аксари адибон дар ҳамин рӯҳия навишта шудаанд. Махсусан Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Ҳабиб Юсуфӣ шеърҳояшонро чун «Марши интиқом»-и С.Айнӣ «Интиқом» унвон мондаанд, зеро, ба қавли Деҳотӣ:

Имрӯз, ки рӯзи интиқом аст,

Сустӣ ба шумову мо ҳаром аст.

Аз баҳри ин аждаҳои хунхӯр

Дар хоки худаш канем мо гӯр.

Насри бадеӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар баробари назм, бо ҳаводиси замон ҳамовоз гардид. Хусусан жанрҳои хурд, аз ҷумла очерк, ҳикоя, фелетон, новелла, мақолаҳои публитсистӣ, нақши муҳим ва ҳалкунанда пайдо намудаанд. Аммо дар ин давра бештар очерк ва публитсистика тараққӣ карданд. Нависандагон дар очеркҳояшон ҳам дар бораи қаҳрамонони гузаштаи миллат ва ҳам замони ҷанг асар менавиштанд. Ба ҳарфи дигар, ҳам очеркҳои таърихӣ, ҳам очеркҳо дар бораи қаҳрамонони майдони ҷанг баробар инкишоф меёфт… «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темрумалик» аз очеркҳои муҳимми замони ҷанг маҳсуб мешаванд. Устод Айнӣ дар онҳо аз муборизаи қаҳрамононаи халқи тоҷик дар замони гузашта бар зидди аҷнабиён нақл менамояд. Агар устод Айнӣ дар очерки «Исёни Муқаннаъ» аз ҷониби араб истило шудани ватан ва корнамоии Муқаннаъро (асри VII) ба қалам дода бошад, дар очерки «Қаҳрамони халқи тоҷик Темрумалик» (асри 13) аз истилои муғул ва муборизаи Темурмалик бар зидди муғулон қисса менамояд. Воқеан, дар байни асарҳои насрие, ки устод Айнӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ навиштааст, очеркҳои таърихии ӯ-«Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» аз беҳтарин асарҳои вай маҳсуб мешаванд. Нависанда дар очерки «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» аввал дар бораи аҳволи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маданият, Муҳаммад Хоразамшоҳ ва кишвардории вай, қабл аз ҳуҷуми Чингизхон ба ин сарзаминҳо, маълумот дода, махсусан аз хиёнати Муҳаммади Хоразмшоҳ бо нафрату истеҳзо ва аз диловариҳои писараш бо ҳаяҷон ва ҳисси ифтихор ёд менамояд. Ба қавли ӯ, «султон Муҳаммад ҳамеша монанди як мағрури худписанд лоф аз шуҷоат ва қаҳрамонӣ мезад. Аммо агар мо шуҷоати шахсии ӯро ба мақоли тоҷикӣ ифода кунем, ӯ «хонашери майдонғариб» буд… Султон Муҳаммад, ки дар биёбон Тӯқтағанро ҷустуҷӯ карда мегашт, ба қатлгоҳе расид, ки ӯро бо тамоми нукаронаш Ҷуҷӣ кушта будааст ва дар миён султон ба Ҷуҷӣ рост омада, дар байнашон ҷанг воқеъ шуд. Муғулон ба қалби лашкари султон, ки худаш ҳам дар он ҷо буд, ҳуҷум оварда аскарони ӯро кушта пароканда кардаанд ва қариб буд, ки султон дастгир шавад. Дар ҳамин вақт писараш Ҷалолиддин, ки ҳақиқатан як муҷассамаи шуҷоат буд, аз дасти рост ба мадади падар расида, ӯро аз он таҳлука раҳоӣ дод. Ҷалолиддин хеле мардонагӣ ба кор бурда, ҷангро то шаб давом кунонид. Шабона муғулон ба тарафи урдуи Чингиз рафтанд ва султон ба Самарқанд боз гашт. Аввалин ва охирин масъракае, ки султон Муҳаммад шахсан бо чингизиён рӯ ба рӯ шуда ҷангид, ҳамин маъракаи тасодуфӣ буд. Ӯ ба ҳамин ҷанг на танҳо дили худро бой дод, ҳатто лофҳо ва ғурурҳои забонии худро ҳам якбора тарк карда рӯирост дар паи гурез афтод. Ӯ на танҳо худ мегурехт, балки сардорони хос ва писари далери худ Ҷалолиддинро ҳам ба гурез ташвиқ ва далолат мекард». Аммо устод Айнӣ баръакси маълумоти боло дар бораи азму иродаи қавии ҳокими Хуҷанд-Темурмалик, ки ба дифои ватан, шарафу нангу номуси инсонию миллии хеш бархоста буд, ба хонанда чунин хабари ифтихоромезу ҷасоратофарин ва таҳсинбарангез медиҳад: «Шаҳри Хуҷанд (Ленинободи имрӯза) монанди чандин шаҳрҳо ва районҳои дигари Мовароуннаҳр ва Хуросон дар ҳуҷуми Чингиз ба ҳоли худ гузошта шуда буд… Аҳолии он ҷо ҳам монанди аҳолии дигар ҷойҳои мамлакати султон ба дасти тақдир супурда шуда буданд. Маслиҳате ҳам, ки аз тарафи султон ба онҳо дода шуда буд, ҳамон «маслиҳат» буд, ки ӯ дар вақти гурези худ ба аҳолии сари роҳ дода буд. Ин «маслиҳат» ҳамин буд, ки мегуфт: «…чораи кори худ созед ва барои худ гурезгоҳе ба даст оваред, то аз чанги ҳаводис ва навойиб эмин бошед!» ё чунон ки ба аҳолии Марв кард, фармон медод, ки «Агар гурехта натавонед, таслим шавед!». Аммо ҳокими Хуҷанд-қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик ба ин гуна «маслиҳат» ва фармонҳои хоинона ва агар, сабуктар карду гӯем, беномусона гӯш надод ва аз вақте ки ӯ ҳаракати Чингизи хунрезро ба тарафи Мовароуннаҳр шунид, дар паи мудофиаи ватан афтод. Темурмалик аз аввал медонист, ки як душмани хунхори пурзури монанди Чингизро Хуҷанд ба танҳоӣ шикаст дода нест карда наметавонад. Лекин виҷдони ватандӯстӣ ӯро маҷбур мекард, ки то дар бадан ҷон ва аз ҷон рамақе дорад, вазифаи аз тарафи ватан ба гарданаш гузошташударо адо намояд, то ки дар пеши модари азиз-ватан хоин ва оқи модар ба шумор наравад ва дар таърих номи ӯ бо лаънат ва нафрат ёд нашавад. Ӯ ин нуқтаро ба хубӣ медонист, ки агар ватан аз даст рафта поймоли суми аспони душман шавад, ӯ зинда намемонад ва агар зинда монад ҳам, бономусона ва қаҳрамонона дар сафи ҷанги мудофиаи ватан кушта шудан ҳазор бор аз он гуна зиндагонии сарпастона, асирона ва беномусона беҳтар аст. Бинобар ин, ӯ қарор дод, ки ба ҳар роҳе, ки бошад, ба қадри қувват ва имкон дар мудофиаи ватан кӯшиш намояд».

Зимнан бояд гуфт, ки устод Айнӣ ҳамчун адиби нобиға ва равоншинос барои барҷаста нишон додани воқеаҳо, рӯҳи қаҳрамонони асараш ва парвариши эҳсоси рӯҳияи ватандӯстонаи хонандагон аз шеър, ки бузургтарин сармояи миллати мост, дар ин асари худ хеле моҳирона истифода менамояд. Шеърҳое, ки ӯ дар ин замина аз адибон (Фирдавсӣ, Хоқонӣ ва дигарон), ба вижа аз худ, меорад, имрӯз низ аҳамияти худро аз даст надоданд. Аз онҳо ҷавонони мо дарси ибрат, ҷасорат, далерӣ, меҳандӯстӣ мегиранд ва барои ҳифзи Ватан-модар омода мешаванд. Ашъоре аз ин қабил:

Пароканда лашкар наёяд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

                   ***

Бимирем чун кому ноком мо,

Ҳамон беҳ, ки мирем бо ном мо.

                    ***

Манеҳ дар миён роз бо ҳар касе,

Ки ҷосус ҳамкоса дидам басе.

                    ***

Атри кафан зи хоки ватан кардам орзу,

Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок.

Лозим ба ёдоварист, ки муаллифони китоби «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» ба ин очерки устод Айнӣ, ки доир ба даврони истилои муғул ва қаҳрамонии Темурмалик қисса менамояд, баҳои баланд дода, як асари оригиналӣ, нав ва тоза будани онро чунин таъкид кардаанд: «С.Айнӣ дар ин очерк ҳам аз бисёр материалҳои таърихӣ истифода бурда, манзараи ҳаёти халқи тоҷикро дар давраи истилои муғулҳо бисёр равшан ва таъсирбахш инъикос намудааст. Ин мавзӯъ пеш аз ин ҳам диққати дигар нависандагони советиро ба худ ҷалб карда буд. Дар романи В.Г. Ян «Чингизхон» ба тасвири корнамоии Темурмалик аҳамияти махсус дода шудааст. Аммо С.Айнӣ дар асари худ образи Темурмаликро ба тарзи дигар нишон дода, хусусияти асосии қаҳрамони худро, ки яке ватандӯстӣ, дигаре ҷасорат ва истеъдоди лашкаркашӣ мебошад, дар маркази диққат гузоштааст. Шуҷоат ва далерӣ, зиракӣ ва ботабдирии Темурмалик, ки дар мубориза бар зидди душман равшан намоён мегардид, бо ҳаяҷони баланде тасвир ёфтааст. Дар образи Темурмалик қаҳрамонӣ ва фидокорӣ дар роҳи мудофиаи Ватан чун беҳтарин аломати шарафи инсонӣ талқин мешавад. Муҳаббати обу хоки Ватан ҷасорати Темурмаликро пурра ва истеъдоди ӯро бурро кардааст. Вақте ки вай аз Хуҷанд баромада мерафт, «худ ба худ» ба ин мазмун месуруд:

Меравам з-ин шаҳру дар дил дарди ёре мебарам,

Дарди ёре аз диёре бар диёре мебарам.

Ин гуна рӯҳияи ватанпарварӣ ҷанговарони ӯро дар мубориза бар зидди истилогарони чингизӣ ба ғайрат меовард. Як гурӯҳ ҷанговарони Темурмалик ба ҷанги душмани сершумор даромада истода ин гуна суханони ибратбахшро вирди забон мекарданд:

Ба номи накӯ кушта гаштан ба ҷанг,

Беҳ аз зиндагонии боайбу нанг.

Тамоми очерки «Темурмалик» бо ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ, бо эҳтироси пурҷӯши нафрат нисбат ба истилогарони ваҳшӣ навишта шудааст ва дили хонандаро низ нисбат ба фашизми Германия бо оташи ғазаб ва нафрат шӯълавар мекард».

Устод Айнӣ дар очерки таърихии «Исёни Муқаннаъ» замони истилои араб ва муборизаи қаҳрамононаи халқи тоҷик, хусусан Муқаннаъро ба қалам дода, мисли очерки «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик», дар боби якум, ибтидо дар хусуси вазъи ҷамъиятӣ, сиёсати Хуросону Мовароуннаҳр, ҳуҷуми арабҳо, шуришҳову исёнҳои Язак, Ғурак, Абӯмуслим, Сунбоду дигарон ва дар бобҳои минбаъда дар бораи Муқаннаъ ва муборизаи қаҳрамононаи ӯ бар зидди истилогарони араб маълумоти пурарзиш медиҳад. Ӯ Муқаннаъро идомадиҳандаи роҳи Абумуслим дониста, мақсади асосии онҳоро аз ин мубориза бар зидди аҷнабиён озод кардани ватани худ аз онҳо, ба даст овардани истиқлолият ва ташкили як давлати мустақили миллӣ медонад ва менависад: «Чунонки мақсади охирини Абӯмуслим таъсиси як ҳукумати миллӣ дар Хуросон, Мовароуннаҳр ва вилоятҳои умумии форсизабонон буд, Муқаннаъ ҳам ҳамин мақсадро дар пеши назар дошт…». Мутаассифона, орзуҳои Абӯмуслиму Муқаннаъ, бо сабабҳои айнӣ, ҷомаи амал намепӯшанд ва шуришҳои онҳо бераҳмона пахш карда мешаванд, аммо, ба ҳар ҳол, ба қавли устод Айнӣ, «натиҷаи аввалини исёни Муқаннаъ ҳамин шуд, ки тухми умеди истиқлоли миллиро дар дили мардуми Хуросон кишт ва онҳоро ба ҳамин омӯхт, ки фурсати муносибе ёбанд ва баҳонае ба даст дароранд, ба муқобили арабҳои истилогар хуруҷ намоянд ва дар роҳи ба даст даровардани истиқлоли миллӣ ҷангу ҷидол кунанд…».

Дар ҳақиқат, ҳамин муборизаҳои истиқлолхоҳонаи мардуми Хуросону Мовароуннаҳр, ба вижа қаҳрамононе чун Абумуслиму Муқаннаву Яҳёи Бармакӣ ва дигарон буд, ки тоҷикон-форсҳо охуруламр ба ташкили давлатҳои нисбатан мустақили миллӣ, аз ҷумла Тоҳириён, Сафориён ва ба вижа Сомониён, даст ёфтанд. Дар ин бора устод Айнӣ дар боби V очерки «Исёни Муқаннаъ», ки «Натиҷаҳои исёни Муқаннаъ» ном дорад, чунин менависад: «Фарзандони Асад бинни Сомон ва авлоди онҳо дар андак вақт бо кордонӣ, халқпарварӣ ва маданиятдӯстии худ дар байни аҳолии Хуросон ва Мовароуннаҳр обрӯю эътибори бисёр калон пайдо карданд. Маданияти миллӣ ва забони миллиро ривоҷ доданд ва дар охир дар Мовароуннаҳр, Хуросон ва Эрон давлати миллии мустақили Сомониёнро барпо намуданд, ки марказаш Бухоро буд. Ин буд натиҷаи охирин ва ба назар намоёни таърихии исёни Муқаннаъ, ки мақсади охирини Абӯмуслими Хуросонӣ ҳам ҳамин истиқлоли миллӣ буд».

Дар бораи аҳамияти ин ду очерки таърихии устод Айнӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ донишмандон суханони зиёд ва пурарзиш гуфтаанд, ки ёдоварӣ аз онҳо дар ин маврид бесуд нахоҳад буд. Масалан, Соҳиб Табаров дар мақолаи «Адабиёти тоҷик дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ» чунин менависад: «Дар адабиёти давраи Ҷанги Бузурги Ватании тоҷик муроҷиат ба мавзӯъҳои таърихӣ ва гузаштаи револютсионии халқи тоҷик бисёр ба назар мерасад. Нависандагони тоҷик мақолаҳои публитсистӣ, очерк ва повестҳои таърихӣ эҷод намуда, ба воситаи онҳо муборизаи дуру дарози таърихии халқи тоҷикро бар зиддии ғосибону истилогарони хориҷӣ-аҷнабиён ҳаққонӣ ва конкретӣ нишон медиҳанд. Ба воситаи тасвири ин гуна воқеаҳои таърихии гузаштаи халқи тоҷик ва дигар халқҳо нависандагон меҳнаткашон ва Армияи Советиро ба мубориза ба муқобили истилогарону аҷнабиёни ғоратгари давраи нав-фашистони Германия даъват ва сафарбар мекарданд. Намунаи ин гуна асарҳои бадеӣ, ки оид ба мавзӯъҳои гузаштаи таърихии халқи тоҷиканд, очеркҳои адабӣ-таърихии С.Айнӣ ҳисоб меёбанд. Нависанда ҳам дар очерки таърихии дар бораи исёни Муқаннаъ ва ҳам очерки таърихӣ-бадеии ба Темурмалик бахшидаи худ кӯшиш кардааст, ки симои ин ду аҷдоди баҳодури гузаштаи халқи тоҷикро акс намуда, бо ҳамин Армияи Сурх ва халқи советиро ба мубориза бар зидди фашистони немис даъват кунад. «Исёни Муқаннаъ» (соли 1944) ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темрумалик» (соли 1944) дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар байни хонандагони советӣ муваффақияти калон пайдо карданд, чунки онҳо барои болобардории рӯҳияи ватандӯстии халқҳои СССР ба муқобили истилогарони фашистӣ вазифаи аслиҳаи буррои ҷангиро адо мекарданд».

Устод Айнӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҷуз ин очеркҳо боз як қатор ҳикояву асарҳои ҳаҷвӣ, фелетон, очерк ва мақолаҳои публитсистӣ низ менависад. Ӯ бад-ин тартиб симои манфуру кирдори разилонаи фашистони немисро фош намуда, дар парвариши руҳи ватандӯстию сафарбар кардани ҷанговарон ба фронт ва фидокорию заҳмат дар ақибгоҳ ҳиссаи сазовор мегузорад. Мисли «Фонди мудофиаро табрик мекунам», «Чингизи асри ХХ», «Деви ҳафтсар», «Шерзод», «Талвосаи ҷонкании даррандаи захмдор», «Ҳар зараррасонандаи ба одамро нест кардан даркор аст», «Илҳомгоҳи фикрҳои олӣ ва бошишгоҳи озодидӯстон», «Модар-Ватан», «Бисту панҷ сол», «Бадбӯй будааст», «Хари бедум» ва ғайра, ки аз беҳтарин намунаҳои осори замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳсуб мешаванд ва аз қалами нофакушои устод Айнӣ таровидаанд. Ин асарҳо, ки аз корнамоиҳои халқи советӣ дар фронт ва ақибгоҳ нақл менамоянд ва рӯҳи тарғиботӣ доранд, аҳамияти худро то ҳол нигаҳ медоранд. Хонандагон аз онҳо доир ба корнамоиҳои халқи советӣ дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ огоҳ мешаванд, ҳисси ватандӯстии онҳо боло меравад, мутолиаи онҳо барои ба халқи худ, Ватани худ содиқона хизмат кардан, дӯст доштани он ба эшон ёрӣ мерасонад. Барои мисол мақолаи «Модар-Ватан», ки соли 1942 навишта шудааст ва аз шоҳкориҳои адабиёти мост, ҳаргиз аҳамияти худро аз даст намедиҳад, зеро он ба мавзӯи ҷовидонӣ васфи Модар-Ватан бахшида шудааст ва барои тамоми замонҳо, аз ҷумла замони мо, замони оянда, хусусан баҳри парвариши рӯҳи миллии ҷавонони тоҷик, донистани қадри Ватан, хидмати бошарафона ба Модар-Ватан, маводи судманд медиҳад. Лиҳозо, мо алъон порае аз онро иқтибос менамоем: «Модар-Ватан. Ин ду чиз бо ҳамдигар сахт вобаста буда, ба одам аз ҳама чиз азизтар ва наздиктаранд. Мо дар ин ҷо аз ҳама пештар дар бораи сабаби ба одам маҳбуб ва азиз будани модар як-ду калима гап мезанем. Одам сараввал дар бачадони модар пайдо мешавад, тарбияи ибтидоии худро аз организми дарунии модар мегирад. Ин ҳодиса ҳаминро нишон медиҳад, ки ватани аввалини фарзанди одам шиками модар будааст. Фарзанди одам баъд аз зоида шудан ҳам истироҳатгоҳи якуми худро аз синаи модар меёбад, дӯстдорӣ ва дилҷӯиро аввалин бор аз тарафи модар мебинад ва тарбияи аввалини худро аз ӯ мегирад.

ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА - ходими калони илмии шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО