22 Oct 2026
Submitted by Admin
18

Гули лола дар фарҳанги мардумони ориёӣ ҷойгоҳи вежа дошта, оинҳое дар робита ба ин гул баргузор шуда, дар намунаҳои беҳтарини ҳунар - наққошӣ, гулдӯзиву зардӯзӣ, минокориву хотамкорӣ ва тавсифу таърифи онро дар адабиёт гузашта ва имрӯзаи мо метавон дарёфт.

Шарҳи гули лола. Гули лола (олола, шақоиқ) аз вожаи лол – “сурх” ва муарраби он лаъл – номи санги гаронарзиши Бадахшон аст. Лола гуле сурхранг ба шакли ҷом аст, ки дар арабӣ шақоиқ ва шақоиқ-ун-нуъмон номида мешавад ва дар китобҳои «Муфрадот» ва «Адвия» ҳам ба ҳамин ном шинохта аст. “Нуъмон” дар арабӣ ба маънии хун аст ва лола ба муносибати ранги сурхи он нуъмон хонда шудааст (яъне лолаи хунранг). Дар забони форсӣ гоҳе лоларо озарюн ё озаргун гуфтаанд ва дар фарҳангҳо онро гули оташранг, ки канораҳояш бағоят сурху миёнааш сиёҳ бошад, таъриф кардаанд.

Макони рустани лола Гули лола аз гурӯҳи гулҳои савсан аст, ки 100 то 150 гуна дошта, “ороиши саҳро” ва “аруси сол” ном мебаранд. Маҳалли аслии рӯйиши лолаҳои худрӯй ё ваҳшӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ин гул дар Афғонистон, Туркия, Эрон, қисмати аз ғарби Сурия, соҳили баҳрҳои Арал, Хазар ва Сиёҳ, кишвари Юнон, Итолиё, Испониё ва соҳили баҳри Миёназамин дар шимоли Африқо ба сурати худрӯ ёфт мешавад. Маҳал ва макони гулҳои лолаи худрӯй қариб дар ҳама ҷои Тоҷикистон, махсусан дашту теппа ва боғу чаманҳои Ҳисор, Шаҳринав, Файзобод, Данғара, Фахробод, шаҳру рустоҳои ноҳияи Хатлон, Истаравшан, Исфара, қисматҳои кӯҳии Деваштич, теппаву доманаҳои Кӯҳистони Мастчоҳу Айнӣ, Ваҳдат, Норак, Ёвон, Ванҷу Дарвоз, Вахё, Рашт, аз куҳҳои Помир то Тияншон ва ғайраҳо воқеъ буда, баҳорон дашту даман ва талу теппаҳои Тоҷикистонро боз ҳам зеботар мекунад.

Таърихчаи гули лола. Дар гузашта, миёни аҷдодони тоҷикон ва дигар халқҳои Шарқи қадим, лола на танҳо як гули саҳроӣ, балки ҷузъи фарҳанг ва ҷаҳонбинии мардум будааст. Ҷашнҳои марбут ба гули лола реша дар анъанаҳои куҳани халқҳои эронитабор доранд, ки онҳоро метавон дар даврони ориёиҳо, суғдиён ва бохтариён пайгирӣ кард. Аз нуқтаи назари бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, маълум аст, ки одамон аз қадим баҳорон ва эҳёи табиатро ба таври рамзӣ бо гулҳо таҷассум мекарданд. Дар ин миён, гули лола, ки рамзи бедории табиат дониста мешуд ва бо рангҳои дурахшон ва шеваи хосаш ҷилва мекард.Қадимтарин осори бостоние, ки нақши лола дар онҳо бар ҷой мондааст, муҳрҳои биринҷӣ ва сангӣ аз Афғонистон ва Эломи Эрон марбут ба 20 қарн пеш аз мелод мебошанд. Инчунин гули лола замони салтанати юнониён ва замони Сосониён дар зарфи нуқра ва муҳрҳо бо се гулбарг ва дар осори садаҳои баъдӣ бо 5 гулбарг тасвир ёфтааст. Аз ёдгориҳои муҳим аз тасвири кандакории гули лола тасвири он дар Тоқи Бӯстони Кирмоншоҳи Эрон аст.

Дар фарҳанги мардуми Суғди бостон гулҳо на танҳо унсури зебоии табиат, балки рамзи ҳаёт, баҳор, Наврӯз ва эҳёи табиат ба ҳисоб мерафтанд. Дар миёни ин гулҳо, лола – ҳамчун рамзи зебоӣ ва таровати ҷавонӣ ҷойгоҳи хос дошт. Тасвири он дар деворнигораҳои Панҷакенти қадим шоҳиди возеҳи мақоми бадеӣ ва рамзии он дар зеҳни мардуми бостонӣ аст. Ин гул, ки имрӯз низ дар ҷашнҳои баҳорӣ, аз ҷумла “Ҷашни лола”, мавқеи хос дорад, реша дар анъанаҳои дерини зебоишиносии аҷдодӣ дорад.

Тасвирҳои зиёди гули лола дар деворнигораҳои Панҷакенти қадим (асрҳои V -VIII) мебошад, ки яке аз маъруфтарин ёдгориҳои фарҳанги ибтидои асрҳои миёнаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Деворҳои нахустини қасри ҳокимони Панҷакенти қадим низ пур аз наққошиҳои рангоранг буданд. Яке аз ҷолибтарин деворнигораҳои ин қаср аз ҳуҷраи 13 (андозаи ҳуҷра ба 3,2 × 5,6 метр), ки солҳои 1988-1992 мавриди омӯзиш қарор гирифта буд пайдо гардиданд, ки дар онҳо гулҳои лола бо усули хоса тасвир ёфта буданд. Се қабати андоваҳои девори ҳуҷраи мазкур бо тасвири гулҳои лола дар як усули хос тасвир ёфта, ҳамаи онҳо дар муддати нисбатан кӯтоҳ, шояд ҳар сол як маротиба офарида шудаанд. Ду қабати поёнӣ як композитсияро ташкил медоданд, ки қабати андоваи девор бо хатҳои сиёҳ ба росткунҷаҳои андозаашон 33×33 см тақсим шуда буд ва дар ҳар кадом тасвирҳои лолаҳои зард ҷой доштанд. Дохили нақши росткунҷаҳо бо ду ва се лола навбат ба навбат ҷойгир шуда буданд ва қисми поёнии композитсия бо ҳошияи махсус оро ёфта буд. Қабати сеюм, ки эҳтимол дар марҳилаи дертар кашида шудааст, унсурҳои нави ороишӣ ва нақшҳои бо рангҳои сурх ва гулобӣ кашидашударо дар бар мегирад.

Тасвирҳои гули лола на танҳо дар Панҷакенти қадим, балки дар дигар ёдгориҳои аҳди бостон – зарфҳо, тасвирҳои барҷастаи рӯйи санг ва гил, низ дида мешаванд, ки яке аз онҳо маъбади Ҷартепа II ба шумор меравад. Ин маъбад дар деҳаи Варағсар, дар роҳи аз Самарқанд ба Панҷакент (дар ҳудуди Ӯзбекистони имрӯза) ҷойгир аст. Муҳаққиқони ин маъбад қайд мекунанд, ки расмҳои қабатҳои поёнии ин маъбад, аз ҷиҳати мазмун ва услуб ба деворнигораҳои маъбади дуюми Панҷакенти қадим монанданд. Дар ҳар ду ҳолат, саҳнаҳои тақдими ҳадя ба худоён тасвир ёфтаанд. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки тасвири лола дар маъбади Ҷартепа метавонад бо ҷашни баҳории эҳёи табиат, яъне ҷашни лола, алоқаманд бошад, ки онро мардуми Суғд дар охири баҳор таҷлил мекарданд. Ин шабоҳат нишон медиҳад, ки анъанаҳои маросимӣ ва рамзҳои гул дар фарҳанги ниёгони халқи тоҷик густариш ёфта буданд.

Оину маросимҳо бо гули лола. Мувофиқи андешаи мардумшиносон маҳз дар оғози баҳор – аз 10 то 20 апрел ҷашни гули лола миёни тоҷикон бо шукӯҳу шодмонӣ таҷлил мегардид, ки он дар замони Истиқлолияти давлатӣ дубора эҳё гардид. “Сайри гули лола” ё “Сайри гули сурх” аз сайрҳои наврӯзии мардумони Осиёи Марказӣ буда, русуми хоси худро аз қабили рафтан ба сӯи чаману чашмасор, лола чидан, зиёрати мазору мавзеи махсус, хон густардану хӯрок хурдан, ба бозиҳои варзишӣ ва рақсу мусиқӣ машғул доштанд. Садриддин Айнӣ аз ин маросим бо номи “сайри гули лола” ёд кардаанд: “...сайре буд, ки ҳар сол дар сари мазори Баҳоуддини Нақшбанд, ки аз шаҳр дар масофати даҳ километр дар тарафи шаҳр воқеъ шудааст, дар моҳҳои апрел-май, дар аввали шукуфтани гули сурх ташкил мешуд”.

Бозтоби гули лола дар адабиёт. Лола ба унвони машҳуртарин гули ваҳшӣ чунон дар фарҳангу адаби тоҷикиву форсӣ нуфузу ҳузур ёфта, ки бисёре аз шоирон бар рағми зиндагӣ дар муҳитҳои хушку биёбонӣ, анвоъи лолаҳоро мешинохтанд ва даҳҳо таъбиру тасвиру кинояву истиъора монанди: лоласор, лоласон, лолафом, лолагун, лоластон, лоларанг, лолаи доғдор, лолапӯш ва … дар фарҳангҳо роҳ ёфтаанд ва метавон намунаҳое аз онҳоро дар луғатномаҳо ва осори адабӣ мулоҳиза кард. Чунончи:

Бихандад лола бар саҳро,

Ба сони чеҳраи Лайло.

Бигиряд абр бар гардун,

Ба сони дидаи Маҷнун. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

***

Ту гуфтӣ ҳаво жола борад ҳаме,

Ба санг андарун лола корад ҳаме. Фирдавсӣ

Хайёми бузургвор дар «Наврӯзнома»-и хеш фармудаанд:

Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,

Бархезу ба ҷоми бода кун азми дуруст.

К-ин сабза ки имрӯз тамошогаҳи мост,

Фардо ҳамагӣ зи хоки мо хоҳад руст.

Соиб мегӯяд:

Наврӯзу ҷаҳон чун бути навойин,

Аз лола ҳама кӯҳ бибаста озин.

***

Ёсуман дастзанон бар сари гул метозад,

Лола дил аз дили ман сӯхтатар меорад. Аттор

***

Дили мо ба даври рӯят зи чаман фароғ дорад,

Ки чу сарв пойбанд асту чу лола доғ дорад. Ҳофиз

***

Чу дид аз лола кӯҳе, ки ҷом овард мастонро,

Зи гиря абри найсоне, дами сарди зимистоне. Мавлоно

***

Ба боғ ой, ки дар пешвози рӯйи накӯят
Шақоиқу суману лола даста-даста барояд! С. Айнӣ

***

Он чуноне дар адирҳо
Лола мехезад баҳорон,
Дар сари рухсорае бишкуфтаанд
Бӯсаҳоям, лолаҳоям,
Шоҳидони ишқу армон. Бозор Собир

***

Чу нақши чакан лолаҳои Душанбе,
Чакан дар чаман лолаҳои Душанбе.

Дар ин шаҳри зебо, саропо фиребо
Барад чашми ман лолаҳои Душанбе.

Раҳмоналӣ Мирализода

Ранги сурхи лола боис шудааст, ин гул мазҳари ранҷу гудоз муаррифӣ шавад то он ҷо, ки шоирон ғолибан майдонҳои ҷангро, ки аз кушта пӯшида шуда бошад, ба дашти шақоиқ ё лолазор ташбеҳ кардаанд: Биёбон чу дарёи хун шуд дуруст, Ту гуфтӣ, зи рӯи замин лола руст. (Шоҳнома) Ҳазрати Одам пас аз ихроҷ аз биҳишт ва ҳубут ба замин он қадр гирист, ки аз ашкҳои хунинаш лолаҳо рӯид. Дар достони ошиқонаи Лайлию Маҷнун низ лола ҳамроз ва ҳамтои дили хунини Маҷнун аст, ки дар ишқи Лайлӣ хун шудааст. Лолаи сурх ба иллати шабоҳате, ки ба ҷоми шароб дорад, дар шеъри ирфонӣ ҷоми май ё соғар ва таври куллӣ мазҳари дили ранҷида ва меҳнаткашида ва махсусан қалби ориф дониста шуда, ки ҷойгоҳи маърифати Ҳақ ва ошно ба исрори “Фарҳанги асотир ва достонвораҳо” дар адабиёти форсӣ аст. Адабиётшинос Муҳаммадҷаъфар Ёҳақӣ дар мавриди вожаи лола мегӯяд, ки “шигифт ин аст, ки агар вожаи «лола»-ро қалб кунем ва ҷои ҳуруфи онро тағйир диҳем, номи муқаддаси Аллоҳ ба даст меояд ва аз қазо ҳуруфи ин ду калима низ баробаранд. Шояд ба ин далел бошад, ки гули лола ғолибан дар машоҳиди мутабаррика ва кошикориҳои масоҷид ва бар девори обанборҳои умумӣ ва санги мазорҳо ба унвони зинат манқуш аст”.

Намодҳои гули лола:

• намоди баҳору ҷашни Наврӯз, эҳёи табиат;

•намоди устураӣ – намоди бегуноҳӣ аст;

•намоди зебоӣ ва ҳунар: тасвирҳои коху кушкҳои шоҳӣ, дар канори шоҳ ва сиккаву зарфҳои гилину сафолӣ бо гули лола ороиш ёфтаанд;

•намоди пойдорӣ: лолаи худрӯй дар саҳро ва дашту даман мерӯяд ва дар боду борон устувор мемонад.

•лола – рамзи ишқу муҳаббату зебоист;

•лола арӯси кӯҳсорони Тоҷикистон аст;

•лола ҳадяи мулоқоти ошиқон аст.

Шарифзода ФАРАНГИС - директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО