15 Apr 2026
Submitted by Admin
19

Худи устод машъал шуд, алав шуд,

Чароғи мардуми дунёи нав шуд.

Турсунзода

Мусаллам аст, ки неруҳои иртиҷоӣ, аморатгаро, панисломистону пантуркистон баъди тақсимоти миллӣ ва ташкили Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ба дасисаву фитна пардохтанд. Онҳо мавҷудияти халқи тоҷикро инкор мекарданд ва мегуфтанд, ки тоҷикҳо туркҳоеанд, ки ба сабаби зери таъсири адабиёти форс мондан забонашонро гум кардаанд. Лиҳозо, онҳоро бояд аз нав турк сохт. Ҳамин буд, ки барои исботи мавҷудияти миллати тоҷик ва илму адабу тамаддуни бузурги ӯ ҳукумати Шуравӣ ва яке аз роҳбарони он Абдуқодир Муҳиддинов ба устод Айнӣ супориш дод, ки «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро бинависад. Устод Айнӣ дар як муддати кутоҳ «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро навишт ва соли 1926 дар Маскав чоп шуд. Аммо пантуркистону панисломистон хомуш нанишастанд ва бо ҳар роҳ ба устод Айнӣ ва китоби ӯ ҳамла оварданд, аммо давлати Шуравӣ, намояндагони пешқадами он аз устод Айнӣ ва китоби ӯ дифоъ намуданд. Бадбахтона, дар замони «бозсозӣ» (бозсузӣ) ҳамин неруҳои аксулинқилобӣ, иртиҷоӣ, айнистез, амалдорони амирӣ, руҳониён, бойҳо, кулакҳо, фарзандону наберагони онҳо аз нав сар бардоштанд ва ба устод Айнӣ ва шоҳасари ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» ҳуҷум намуданд. Хушбахтона, баъди истиқлол Президенти адабпарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳимояи устод Айнӣ камари ҳиммат баст ва аввалқадам ба ӯ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон»-ро арзонӣ дошт ва бад-ин тартиб, пеши роҳи айнистезонро гирифт, аммо ин мавзуи дигар аст.

Албатта, дар бораи аҳамияти бузурги «Намунаи адабиёти тоҷик» беҳтар аз гуфтори худи Айнӣ наметавон далел пайдо намуд. Ба андешаи ӯ, «ин асар дар замони худ ба фоидаи сиёсати миллии партия нақши калон бозӣ кард. Чунки дар он вақтҳо пантуркистон ба муқобили тақсимоти миллӣ иғво паҳн мекарданд ва он сиёсати миллии партияро «парча-парча кардани туркҳо» мешумурданд ва бар зидди барпо шудани Ҷумҳурияти Советии Тоҷикистон бошад, боз ҳам сахттар иғво паҳн мекарданд: «Дар Осиёи Миёна тоҷик ном халқе нест, ҳамон узбеконанд, ки бо таъсири Эрон ва мадраса забони худро гум кардаанд», мегуфтанд. Ана, ин асар – «Намунаи адабиёти тоҷик», бо далелҳои таърих пардаи он иғвогаронро дарронд ва ба даҳони онҳо муҳрӣ хомушӣ зад». 1

Агарчи устод бо иншои «Намунаи адабиёт тоҷик» исбот кард, ки «дар диёри Мовароуннаҳр як қавми муаззам бо номи тоҷик истиқомат дорад» ва бо ин кор ба даҳони бадхоҳони миллати тоҷик ва пантуркистҳою панисломистҳо муҳри хомушӣ зад, аммо масъалаи исботи мансубияти мероси адабӣ ва пуштибонӣ аз ин мерос Айниро водошт, то собит намояд, ки тоҷикону форсҳо дорои мероси муштарак ва ягона мебошанд. Лиҳозо, ӯ ба навиштани асарҳои дигари илмӣ, аз ҷумла «Дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ», «Шайхурраис Абуалӣ Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ» ва ғайра, иқдом намуд. Маҳз ӯ қабули истилоҳи «адабиёти форс-тоҷик»-ро пешниҳод ва расман ба кор андохт ва ба тасбеҳ даровард. Дар ин бора дар сарсухани китоби дастҷамъонаи «Намунаҳои адабиёти тоҷик» чунин маълумот дарҷ шудааст: «Агар асрҳои Х-ХУ-ро гирем, мебинем, ки дар ҳақиқат, тақдири таърихии қавмҳо ва халқҳои форсизабон дар ҳар ду тарафи дарёи Ому, дар ин муддати таърихӣ, аз нашъунамои маданияти давраи Сомониҳо сар карда то ба фалокати зулми муғулон, чунон ба ҳамдигар печдарпеч буд, ки ҳамаи ин халқҳо дар он вақт ба як забон эҷодкори ягона адабиёт шуда мебароянд. Мазмуни реалии таърихии ин давра на фақат дар таъсиррасонӣ ба якдигар, балки маҳз дар печдарпеч будани тақдири таърихӣ аст, ки ба эҷод карда шудани адабиёти ягона оварда расонидааст». 2

Мо медонем, ки халқи тоҷик баъди фурупошии давлати миллии Сомониён фақат дар асри ХХ аз нав соҳиби давлат (аввал мухторият-1924, баъд мустақилият-1929), пойтахт, парчам, нишон ва суруди миллӣ гардид. Лиҳозо, давлатсозӣ, пойтахтсозӣ барояш як кори сода набуд, балки як кори хеле мушкил маҳсуб мешуд, зеро он замон Тоҷикистон на роҳи оҳан, на нақлиёти ҳавоӣ дошт, ки маводи заруриро дар вақташ ба пойтахти давлати навташкили Тоҷикистон бирасонад. Аз ҷониби дигар, ҷанги шаҳрвандӣ, ки босмачиҳои ғоратгар роҳандозӣ намуда буданд ва зидди давлати навташкили Тоҷикистон меҷангиданд, мушкилотро дучандон менамуданд. Бо ин ҳама, Ҳукумати худмухтори Тоҷикистон ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла масъалаҳои хоҷагӣ, иқтисодӣ, маданият, хусусан ба масъалаи омухтани мероси адабӣ, диққати ҷиддӣ медод. Мо ин гуна таваҷҷуҳи давлатро дар мураттаб сохтани «Намунаи адабиёти тоҷик» бармало боздид менамоем. Дар ин бора Абдусалом Деҳотӣ чунин мегӯяд: «Солҳои 1924-25 буд. Тарҳи якуми кучаҳои пойтахти Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон кашида мешуд, таҳкурсиҳои аввалин биноҳои ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ гузошта мешуданд. Ба сабаби набудани роҳи оҳан ва нақлиёт, автомобил заруртарин борҳо аз Тирмиз то Душанбе бо корвони аробаҳо ва шутурҳо дар муддати даҳ-понздаҳ шабонаруз ба зур мерасиданд. Дар бисёр қисми мамлакат ҷанги гражданӣ, ҷанги хунини умумихалқӣ бар зидди тудаҳои ғоратгари босмачиён мерафт. Ҳукумати ҷавонтарин республикаи автономӣ дар масъалаҳои хеле муҳими хоҷагӣ ва маданият: сохтмони роҳу манзил, тараққӣ додани деҳқонӣ, нест кардани бесаводӣ ва монанди инҳо аввалин қарорҳои худро мебаровард. Яке аз ҳамон қарорҳои аввалини ҳукуматӣ ба масъалаи омухтани мероси адабии халқи аз зулму асорат озодшудаи мо, яъне ба тартиб додани «Намунаи адабиёти тоҷик» доир буд. Вазифаи мушкил, вале бошарафи тартиб додани чунин китобро устод Садриддин Айнӣ дар шароити мавҷудаи ҳамон вақт бомуваффақият адо кард. Дар ҳақиқат, ҳамон солҳо-дар шароити набудани ягон институти тадқиқоти илмӣ-адабӣ ё ягон китобхонаи каму беш мукаммали ба кори илмӣ мусоидаткунанда, дар сурате, ки намунаи эҷодиёти ин ё он шоирро куча ба куча ва дар ба дар гашта аз китобдорони алоҳида ба даст овардан лозим меомад, хизмати устод Айнӣ дар тартиб додани аввалин тазкираи адабии тоҷикии замони мо, қатъи назар аз як қисм норасоиҳо ва нуқсонҳои ин китоб, як навъ фидокории қаҳрамонона буд дар соҳаи маданияти советӣ. Агар бо таъбири шоирона гуем, «Намунаи адабиёти тоҷик» пойдевори адабиётшиносии советии халқи мо буд, ки баъдҳо бар он пойдевор бинои бошукуҳи ин соҳаи илм бунёд шуд». 3

Дар бораи аҳамияти «Намунаи адабиёти тоҷик» ва китоби руз будани он забоншиноси маъруф С.Назарзода дар пешсухани ҷилди аввали «Мунтахаби асарҳои илмӣ»-и устод Айнӣ чунин навиштааст: «Садриддин Айнӣ на танҳо ҳамчун адиб ва нависандаи забардаст, муаллифи асарҳои дар ҷаҳон машҳур «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», Марги судхур», «Ёддоштҳо», балки чун донишманд ва олими забардасти риштаҳои мактабу маориф, таърих, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва фарҳангнигорӣ маълуму машҳур аст… Китоби машҳури ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) яке аз асарҳои гаронбаҳо ва пурқимати устод Садриддин Айнӣ буда, барои сарнавишти минбаъдаи халқи тоҷик ва давлатдории он нақши калоне бозида, барои пешгирии дасисаҳои душманонаи пантуркистиҳо, ки мавҷудияти халқи тоҷикро ҳамчун миллат дар Осиёи Миёна инкор мекарданд, аҳамияти таърихсоз дошт. Бояд гуфт, ки ин асар ҳоло ҳам қимати таърихии худро аз даст надодааст». 4

Маълум аст, ки китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) пас аз 14 соли интишори «Намунаи адабиёти тоҷик» 1926 мураттаб ва иқболи чоп ёфт. Он як навъ идома ва такмили «Намунаи адабиёти тоҷик» буда, аз тарафи Холиқ Мирзозода, Ҷавҳарӣ Суҳайлӣ, Ҷалол Икромӣ, Лутфуллоева Кибриё, Лутфулло Бузургзода мураттаб гардида, зери таҳрири умумии устод Айнӣ, С. Улуғзода, А.Деҳотӣ, М.Турсунзода, М.Раҳимӣ, И.Брагинский ва роҳбарии Абулқосим Лоҳутӣ, соли 1940, бо алифбои лотинӣ дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон мунташир гардид. Дар аввали китоб телеграммаи табрикии сардори давлати Шуравӣ И.В.Сталин, ки соли 1925 ба конфренсияи якуми болшевикони Тоҷикистон фиристода буд, ҷой дода шудааст, ки бо чунин суханон сар мешавад: «Тоҷикон таърихи бой доранд. Лаёқатҳои ташкилотӣ ва политикии онҳо дар гузашта барои ҳеҷ кас махфӣ нест. Коркунони Тоҷикистон! Маданияти мамлакати худатонро боло бардоред, хоҷагии вайро тараққӣ диҳед, ба меҳнаткашони шаҳру қишлоқ ёрӣ расонед, дар атрофи худ беҳтарин писарони ватани худро муттаҳид кунед ва ба тамоми Шарқ нишон диҳед, ки шумо беҳтарин авлодони бобоҳои худ мебошед, ки онҳо байрақи озодшавиро дар дастони худ мустаҳкам нигоҳ медоштанд». 5

«Намунаҳои адабиёти тоҷик» аз сарсухани Правленияи Союзи нависандагони Тоҷикистон ва ду бахш иборат мебошад. Дар сарсухан ба бархе аз масъалаҳои адабиёт ва адабиётшиносӣ дар он замон, аз ҷумла танқидан омухтани осори адабӣ, мубориза алайҳи ҷараён ва равияҳои зарарноки адабиётшиносии буржуазӣ, ҳаққу ҳуқуқи тоҷикон дар тақсими мероси адабию маданӣ, корбурд ва қабул гардидани истилоҳи адабиёти «форс-тоҷик», даврабандии таърихи адабиёт, кандуков ва баррасии осори адибони маъруф, баррасӣ ва нақди эҷодиёти даҳанакии мардум ва ғайра равшанӣ андохта шудааст.

Қисми аввали «Намунаҳои адабиёти тоҷик» фарогири осори адибон (аз асри даҳ то бист) буда, дар он роҷеъ ба 26 адиб маълумот дода шудааст. Чун урф дар тазкира аввал тарҷумаи ҳол ва пасон осори адибон пешниҳод гардидааст. Ин ҳамон равиши коре буд, ки устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» оғоз карда буд ва дар ин ҷо мавриди такмил қарор гирифт, пурратар, мукаммалтар гардид. Дигар, барои аввалин бор роҷеъ ба бархе аз адибони гузашта, тарҷумаи ҳоли эшон маълумот дода шуда, осорашон мавриди таҳлилу арзёбӣ ва пешниҳод қарор гирифт. Ҳамзамон, дар ин бахш аз эҷодиёти тоинқилобии даҳанакии халқи тоҷик намунаҳо баргузида шудаанд. Мақолаи «Шоирони куҳистон»-и Деҳотӣ, ки дар ҳамин бахш ҷой дода шудааст, то имруз аҳамияти худро аз даст надодааст. Он дар пажуҳиш ва нашри осори адибони куҳистон нақши вижа бозида ва мебозад.

Бахши дуюми «Намунаҳои адабиёти тоҷик», ки ба адибони советии тоҷик ихтисос дода шудааст, намунаи осори устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Пайрав, Деҳотӣ, Турсунзода, Раҳимӣ, Ҳаким Карим, Улуғзода ва амсоли инро фаро мегирад. Мураттибон дар ин бахш бо зикри соли таваллуди адибон ва овардани намунаи осорашон иктифо кардаанд. Дар бахши «Фолклори советӣ» аз эҷодиёти даҳанаки халқ, намояндагони маъруфи он, аз ҷумла ашъори Сайдалӣ Вализода, Бобюнус Худойдодзода, Юсуф Вафо ва ғайра, намунаҳо оварда шудаанд. Дар хотимаи китоб руйхати сарчашмаҳо мавриди зикр қарор гирифтааст.

Бояд гуфт, ки «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) баъд аз китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926)-и устод Айнӣ дуюмин китобе буд, ки бори аввал хонандаи тоҷикро ба таври муназзам ба ҳаёту осори адибони гузаштаю имрузаи тоҷик ошно менамуд. Аз ин лиҳоз, ин асар аҳамияти калони илмӣ, адабӣ, маданӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, эстетикӣ дошт ва дар тарбияи адибони ҷавон, умуман, инкишофи адабиёти тоҷик, худогоҳӣ ва худшиносии аҳли кишвар нақши мусмир бозид. Ба ҳарфи дигар, мураттаб сохтан, дар дастраси хонандагон ва аҳли адаб қарор додани «Намунаҳои адабиёти тоҷик» қадами дувум баъд аз «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Айнӣ буд. Он на танҳо ҳамчун тазкира, балки ҳамчун маъхази пурқимати илмию адабӣ ва ба масобаи як навъ таърихи адабиёт низ дар он рузгорон хидмат менамуд.

Хулоса, ҳам «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926), ки мо имсол 100-солагии иқболи нашр ёфтани онро ҷашн мегирем ва ҳам «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940), ки як навъ такмил ва идомаи кори оғозкардаи устод Айнӣ дар аввали асри гузашта маҳсуб мешавад, аз оғози тартиб ва таълиф ёфтанашон, то имруз ба илму адаб ва миллату кишвари тоҷик хидмати бузургеро ба анҷом расонданд. Ин ду китоб минбаъд роҳро барои навиштани китобҳои таърихи адабиёти тоҷик ҳамвор намуданд. Агар «Намунаи адабиёти тоҷик», ки дар солҳои аввали асри гузашта барои исботи мавҷудияти халқи тоҷик, ки аз ҷониби пантуркистон ва неруҳои бадхоҳи миллат ва кишвар мавриди инкор қарор мегирифтанд, нақши муҳим ва калидӣ бозида бошад, «Намунаҳои адабиёти тоҷик» дар солҳои 40-ум барои жарфтар ва чуқуртар омухтану фаро гирифтани адабиёти гузаштаву муосир, осори даҳанакии халқи тоҷик, танқидан омухтани мероси адабӣ, мубориза бар зидди адабиётшиносии буржуазӣ, ҳуқуқи тоҷикон ба мероси адабии муштараки тоҷикону форсҳо, қабули истилоҳи адабиёти «форс-тоҷик», ба давраҳо тақсим намудани адабиёт ва дигар масъалаҳои муҳими адабиёту адабиётшиносӣ ва ғайра заминаи мусоид фароҳам оварда, баҳри инкишофу рушди адабиёт, ошноӣ бо мероси ҳазорсола, соҳибӣ кардани он, тарбияи олимону адибону хонандагон, омузишу тадқиқ маводи муҳими илмиву адабиро муҳайё сохт.

Зимнан, ҳам «Намунаи адабиёти тоҷик» ва ҳам «Намунаҳои адабиёти тоҷик» дар оянда низ барои миллати тоҷик, роҳравони роҳи адабиёт, олимону адибону муаррихон ва соири аҳли қалам, ба вижа хонандагон, ҳамчун китобҳои муқаддасу шоҳасарҳои илмиву адабӣ хидмат хоҳанд кард. Ҳамин гуна аҳамияту нақши муҳим доштани «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро дарк карда, пас аз истиқлол, онро ду нашрия ба теъдоди зиёд нашр намуд ва дари омузишу мутолиаро на танҳо барои аҳли илму адаб, балки ҳамагон боз намуд. Дар бораи нақши муҳими ин китоб аҳли илму адаб, муаррихон, рузноманигорон, аҳли сиёсат ва соири қаламбадастони дохиливу хориҷӣ суханҳои зиёд ва дархури аҳамият гуфтаанд. Чунончи, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» онро «корномаи таърихӣ ва шиносномаи миллат» хондааст, ки баҳои бисёр барозанда аст. Ба қавли ӯ, «корномаи таърихии устод Айнӣ – «Намунаи адабиёт тоҷик» дар замони худ воқеан нақши шиносномаи ҳақиқии халқи тоҷикро боздид, беасосии даъвоҳои бадхоҳони миллати тоҷикро фош намуда, ҳуқуқи таърихии халқи моро ба адабиёти ғаниву оламшумул исбот кард». 6

Мутаассифона, «Намунаҳои адабиёти тоҷик», ки соли 1940 бо алифбои лотинӣ нашр шуда буд, то имруз ба хати кириллӣ баргардон нашудааст ва аҳли илму адаб, ба вижа хонандагон, аз мутолиаи он бенасибанд. Умед аст, ки дар кутоҳтарин муддат «Намунаҳои адабиёти тоҷик» низ, мисли китоби «Намунаи адабиёти тоҷик», бо алифбои кириллӣ баргардон мешавад ва ин ду китоб ба масобаи ду боли як парандаи илму адаби тоҷик дар кишвари соҳибистиқлоли мо ба парвоз медароянд ва роҳро барои худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ барои ҳамватанон ҳамвор менамоянд.

Пайнавиштҳо:

1.Садриддин Айнӣ. Осори баргузида. – Ҷ. 1. – Душанбе: Ирфон, 1977. – С. 95.

2.Сироҷиддин Эмомалӣ. Таълифоти адабиётшиносии Сотим Улуғзода дар «Намунаи адабиёти тоҷик». – Душанбе, 2022. – С. 8.

3.А.Деҳотӣ. Куллиёт. – Ҷ.5. – Душанбе: Ирофн, 1966. – С. 92.

4.Садриддин Айнӣ. Мунтахаби асарҳои илмӣ. – Ҷ.1. – Душанбе: Дониш, 2008. – С. 4.

5.Намунаҳои адабиёти тоҷик. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1940. – 637 с.

6.Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. – Душанбе: Эр-граф, 2016. – С. 304.

Ҷамолиддин Саидзода, н.и.п., ходми калони илмии шуъбаи адабиёти муосири ИЗА АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО