21 Sep 2024
Submitted by Admin
604

Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ, доктори илмҳои филологӣ, сарходими илмии шуъбаи забон ва адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

 

«БӮИ ҶӮИ МӮЛИЁН» Ё

«БОДИ ҶӮИ МӮЛИЁН»?

(шакли мухтасари мақола)

Шоири ҳасуд Абӯзироа дар мазаммати устод Рӯдакӣ чӣ гуфтааст?

Устод Рӯдакӣ кӯри модарзод буд ва ё дар натиҷаи ихтилофҳои дарборӣ ҷабран кӯр карда шуд? Қатраборон чист? Гиёҳ ё қатраборон ?. «Бӯи ҷӯи Мӯлиён…» ё «Боди ҷӯи Мӯлиён…» ? Дар ин бора худи устод Рӯдакӣ ва Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ чӣ гуфтаанд?

Дар яке аз шабҳои адабиаш дар музеи Политехникии Москва ба Маяковский барои мулзам кардани ӯ чунин мактубча дода буданд: «Шеърҳои Шумо аз ҳад зиёд рӯзмарраанд. Онҳо фардо мемиранд. Худи Шуморо фаромӯш мекунанд. Абадият насиби Шумо нест…»

Маяковский дафъатан ҷавоб гуфта буд:

–Баъд аз ҳазор сол дароед, он вақт гуфтугӯ мекунем! Ҳарчанд Маяковский ин ҷавобро бадоҳатан гуфтааст, аммо меъёреро, муҳлатеро ки ӯ ба забон овардааст, барои муайян кардани абадияти ашъори шоир бояд кофӣ бошад.

Ҳазор сол. Ду сол пеш аз ин 1125 солагии устод Абӯабдулло Рӯдакӣ буд. Дар абадияти устод Рӯдакӣ ҷои шубҳа нест. Шоире, ки шеъраш дар тӯли ҳазор сол дар забони мардум будааст, яқинан ҷовидона аст. Аммо дар замони устод Рӯдакӣ ҳам касоне буданд, ки ё аз ҳасад, ё аз нофаҳмӣ ба қадри пояи баланди шеъри ӯ нарасидаанд. Яке аз ин гуна мисолҳо то замони мо ҳам расидааст, ки шеъри шоири ҳамзамон, вале ҳасуд, Абӯзироа, дар мазаммати устод Рӯдакӣ мебошад.

Шарофати устод Рӯдакӣ чунон бузург аст, ки номи мазамматкунанда ва ҳасудашро ҳам дар ҳазор сол зинда дошт. Ҳоло манзури мо аз шеъри Абӯзироа дигар аст. Ӯ навишта буд:

Агар ба давлат бо Рӯдакӣ на ҳамсонам,

Аҷаб макун, сухан аз Рӯдакӣ на кам донам.

Агар ба кӯрии чашм ӯ биёфт гетиро,

Зи баҳри гетӣ ман кӯр буд натвонам.

Ҳазор як з-он, к-ӯ ёфт аз атои мулук,

Ба ман диҳӣ, сухан ояд ҳазор чандонам.

Дар масъалаи кӯри модарзод ва ё дар натиҷаи ихтилофҳои дарборӣ минбаъд кӯр карда шудани устод Рӯдакӣ мубоҳисаи дуру дароз ҳаст. Ҷонибдорони ҳар ду тахмин ҳам дар байни тадқиқотчиёни аҳвол ва ашъори Рӯдакӣ бисёранд. Ҳар кадоме аз ин гурӯҳ, агар барои тақвияти тахмини худ аз маъхазҳои ҳар қадар қадим санад ёбад, онро ҳамон қадар муътамад ва асли воқеа ба қалам медиҳад. Ин, бешубҳа, кори дуруст аст. Аммо, дар айни ҳол, ба назари ман, аз ин шеъри Абӯзироа, ки ҳамзамони устод Рӯдакӣ ва аз ҳоли вай огоҳ будааст, маъхази қадимтаре нест. Ин шеър санади қадимтарин ва бурҳони қотеъ аст дар масъалаи муайян кардани кӯри модарзод будан ва ё ҷабран кӯр карда шудани устод Рӯдакӣ. Аммо А. Тоҳирҷонов дар асари худ («Рӯдакӣ», «Ҳаёт ва эҷодиёт», «Таърихи омӯзиш» Нашриёти Университети Ленинград 1968, боби 11) ва ҳамаи онҳое, ки ин шеъри Абӯзироаро барои тасдиқи кӯри модарзод будани Рӯдакӣ овардаанд, аз маънои мисраи чаҳоруми шеър сарфи назар ва ё онро нодуруст маънидод кардаанд. Абӯзироа дар байти дуюми ин шеър гуфтааст:

Агар ба кӯрии чашм ӯ биёфт гетиро,

Зи баҳри гетӣ ман кӯр буд натвонам.

Шоири ҳасуд, агар дар мисраи аввали ин байт гетиро ба ду маъно истифода карда, ҳам ба олами маънавӣ ва ҳам ба молу сарват расидани устод Рӯдакиро таъкид карда бошад, дар мисраи дуюм барои он мазаммат мекунад, ки ӯ гӯё барои гетӣ, яъне молу сарват аз чашм ҷудо шудааст. Ин таъна ба он далолат мекунад, ки устод Рӯдакӣ дар натиҷаи ихтилофҳои дарборӣ ҷабран кӯр карда шуда, ҳаргиз кӯри модарзод набудааст, зеро кӯри модарзодро таъна задан ба ҳеҷ адаби инсонӣ рост намеояд.

Аз овардани ин шеъри Абӯзироа ду мақсад буд, ки аввалаш баён шуд ва дуюмаш он аст, ки дар таъйин кардани асли воқеа на фақат дар маъхазҳои ҷинси луғат, тазкира, таърих ва ғайра, балки дар худи шеър ҳам маълумоти дақиқ ва бурҳонҳои раднопазир ҳастанд. Мисоли дуюми он дар охири ин навиштаҳо оварда мешавад.

Ин мақола пас аз чопи нави ашъори устод Рӯдакӣ, ки дар нашриёти «Ирфон» (соли 1984) бо номи «1000 мисраи Рӯдакӣ» бо саъйи Расул Ҳодизода ва Ансор Афсаҳов ба табъ расид, ба қалам омад ва мақсадаш баён кардани чанд нуктаест, ки баъди мутолиаи он пайдо шуд. Ҳар нашри осори устод Рӯдакӣ барои мо ҳодисаи фараҳбахш аст, зеро он, аз як ҷиҳат, ташнагони шеъри устодро шодоб кунад, аз ҷиҳати дигар, мекӯшад нуқсҳоеро, ки дар нашрҳои пешина буданд, бартараф созад ва барои дуруст, комил ва нусхаи асл шудани ашъори Рӯдакӣ хидмат кунад. «1000 мисраи Рӯдакӣ» ҳам ба ҳамин мақсад ба ду забон: ба тоҷикӣ ва ба русӣ бо тарҷумаҳои нав таҳия шудааст. Ҳамин ҷо бояд гуфт, ки аввалин бор муаллифон мундариҷаи китобро аз рӯи мисраъҳои аввали шеърҳо тартиб дода, хонандаро аз заҳмати барзиёдӣ, ки барои ёфтани ин ё он шеър сарф мекард, халос кардаанд. Азбаски китоб ба ду забон аст, дар муқова овардани номи русиаш ҳам зарур буд, зеро хонанда то китобро варақ назанад, аз қисмати русӣ доштани он хабар намеёбад. Бинобар ин, хонандагони русзабон аз он бехабар монданашон мумкин аст. Ҳоло фақат қисмати тоҷикии ин китоб мавриди гуфтугӯ мебошад.

Маро, ки матншинос, муҳаққиқи осори Рӯдакӣ ва ё адабиёти классик нестам, чӣ водор месозад, ки дар бораи матни ин маҷмӯа изҳори ақида кунам? Пеш аз ҳама худи осори устод Рӯдакӣ. Бисёр халқҳо имрӯз мероси ҳазорсолаи худро (агар дошта бошанд) бе тарҷума, тафсир ва ё луғатҳои махсус ба осонӣ хонда ва ё хуб фаҳмида наметавонанд. Масалан, забони асарҳои Шекспир, ки забони асрҳои XVI-XVII мебошад, аз забони ҳозираи инглисӣ бо куҳнагии худ сахт фарқ кунад, забони «Достони полки Игор», ки ёдгори охири асри XII адабиёти рус аст, аз забони ҳозираи русӣ чунон дур аст, ки онро фақат дар тарҷума хонда фаҳмидан мумкин мебошад. Аз ин сабаб, ин асарро чанд бор ба забони имрӯзаи русӣ тарҷума карданд, ки охиринаш бо қалами шоир Игор Шкляревский ба наздикӣ ба ҷо оварда шуд. Аммо забони тоҷикии имрӯза аз забони тоҷикии асри X дар шеър қариб тафовут надорад ва ин ҳаргиз аломати аз инкишоф мондани забон набуда, далели пештар ба камолот расиданаш мебошад, ки рушди он минбаъд дар сайқал хӯрдани услуб ва афзудани захираи луғаташ давом мекунад. Ба ин сабаб, шеъри устод Рӯдакӣ дар давоми ҳазор сол дар маърази забон ва адабиёти тоҷику форс буда, то имрӯз дар ҷараёни шеър зиндагӣ ва таъсири фаъолона дорад. Яке аз сабабҳое, ки маро дар бораи китоби тозаи устод Рӯдакӣ ба сухан гуфтан водор мекунад, ҳамин ҳастии фаъолонаи шеъри ӯ дар ҷараёни адабӣ ва асари он ба шеъри замон аст.

Дар асл, барои ман ибтидои қариб аксари ҷараёнҳои асосии шеъри тоҷику форс, дар давоми ҳазор соли мавҷудияташ, аз осори устод Рӯдакӣ мебошад. Инро ман ҳатто аз ҳамон миқдори ками ашъор, ки дар ҳудуди ҳазор ва ё бештар аз якумин ҳазор мисраъ то мо расидааст, эҳсос мекунам. Масалан, ман дар он ашъори пароканда сарчашмаи фалсафӣ ва ҳаётии рубоиёти Хайём, ҳикмати ашъори Саъдӣ, маънавиёти Ҷалолиддини Балхӣ, ошӯби ирфонии ғазалиёти Ҳофизро сари ҳар байт дармеёбам. Фақат як намуна меорам:

Шод зӣ, бо сиёҳчашмон, шод,

Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.

З- омада шодмон бибояд буд

В- аз гузашта накард бояд ёд.

Ману он ҷаъдмӯи ғолиябӯй,

Ману он моҳрӯи ҳурнажод.

Некбахт он касе, ки доду бихӯрд,

Шӯрбахт он, ки ӯ нахӯрду надод.

Боду абр аст ин ҷаҳон, афсӯс,

Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо бод…

Ҳар байти ин пораи ғазал нуктаҳои болоиро ба хубӣ тасдиқ карда метавонад. Ба ғайр аз ин, ба байти охир таваҷҷуҳ кунед:

Боду абр аст ин ҷаҳон, афсӯс,

Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо бод.

Ин ҷо калимаҳои ҳамоҳанги бод, бода, бодо бод таҷниси лафзианд, ки ин санъат минбаъд, масалан, дар осори Ҷалолиддини Балхӣ, махсусан дар «Девони Шамси Табрезӣ» ва ҳамчунин дар ғазалиёти Соиб фаровон истифода шуда, яке аз рукнҳои асосии санъати лафзии осорашонро ташкил додааст. Ҳоло дар ашъори шоирони имрӯз ҳам, масалан, бештар аз ҳама дар Лоиқ, корбасти ин санъат – дар асоси калимаҳои ҳамоҳанг ва ҳамқарина сохтани шеър ривоҷ дорад. Аз ин пайдост, ки ашъори устод Рӯдакӣ ҳамеша яке аз сарчашмаҳои тозакориҳои шоирони минбаъда мебошад. Вақте ки дар бораи тозикориҳо дар шеър сухан ронда мешавад, шеъри куҳанро ҳамеша хуб дар ёд бояд дошт, зеро навовариҳои асил фақат дар ашъори шоироне буд, ки шеъри куҳанро хуб медонистанд ва ҷиҳатҳои беҳтарини онро бо фикру эҳсоси навини худ барои хидмати шеъри замон истифода мекарданд. Яъне, дар ҳунари шеър гузашта ҳаргиз гузашта нест, вай дар байни имрӯз ва фардост, вай пулест, ки имрӯзро ба фардо мебарад. Ин яке аз меъёрҳоест, ки барои шинохтани абадияти осори ин ё он шоир пешниҳод карда мешавад. Меъёри дигари муҳим он аст, ки осори шоир ба насл ва замонҳое, ки пас аз ӯ меоянд, чӣ гуна иртибот пайдо мекунад, бо онҳо чӣ гуна сухан мегӯяд ва ба ниёзҳои онҳо чӣ гуна ҷавоб медиҳад. Ба шоири оддӣ бо замони худ сухан гуфтан осон набошад ҳам, ба ҳар ҳол дастрас аст, аммо бо замон ва наслҳои оянда ва махсусан, пас аз гузаштани ҳазор сол сухан гуфтан кори ҳар шоир нест, ба ин фақат шоири классик, шоири нобиға қудрат дорад.

Устод Рӯдакӣ бо мо на танҳо сухан мегӯяд, балки ниёзҳои моро хуб медонад ва ба онҳо ҷавоб ҳам медиҳад. Ман бо ҳамин ният китоби тозаи ӯро мутолиа мекунам. Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки таҳиягарони он Расул Ҳодизода ва Аснор Афсаҳов дар таҳсеҳ ва дуруст кардани калимаҳое, ки дар навишти форсӣ якхела ҳастанду чанд тарзи хониш доранд ва дар нашрҳои пешина нодуруст хонда шуда буданд, дар ислоҳи ноҷӯриҳои вазн, мантиқи сухан, имло меҳнати бисёр кардаанд. Р. Ҳодизода дар сарсухани маҷмуа навиштааст, ки «Тамоми шеърҳои маҷмуа аз назари дурустии матн бори дигар санҷида шуд ва он ҷое, ки дар маҷмуаҳои аз ин пеш саҳву хатое рафта бошад, тасҳеҳ ёфт. Ҳамаи тасҳеҳоте, ки дар ин маҷмуа дарҷ гардидааст, дар қисмати тавзеҳот нишон дода шудааст». Ин суханҳо дурустанд ба он маънӣ, ки дар ҳақиқат бисёр саҳву хатоҳои нашрҳои пешина ислоҳ шудаанд, аммо, мутаассифона, баъзе байтҳои дурустро, баръакс, аз нав ғалат ҳам кардаанд. Бо вуҷуди ин, нашри «1000 мисраи Рӯдакӣ» дар ҳоли ҳозир нисбат ба ҳамаи нашрҳои пешина камнуқс аст. Аз ин рӯ, хидмати таҳиякунандагон қобили тақдир мебошад...

...Акнун дар бораи як нукта, ки дар тавзеҳ баён шудааст, изҳори ақида карданӣ ҳастам: он ҷо ин мисраи устод Рӯдакӣ аз қасидаи «Шикоят аз пирӣ» бо чунин тавзеҳ оварда шудааст: «Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд. Донишманди тоҷик Р. Мусулмонқулов дар мавриди ин мисраъ мақолаи ҷудогона навиштааст, ки гӯё дар ин ҷо Рӯдакӣ дандонро на ба қатраи борон, балки ба гиёҳе бо номи қатраборон ташбеҳ кардааст». Азбаски аз ин ҷумла то чӣ андоза ҳамфикр будан ва ё набудани муаллифон бо Р. Мусулмонқулов дар масъалаи тафсири мисраи Рӯдакӣ маълум нест, мехостам, андешаи худро дар ин бора бигӯям. Барои ин се байти аввали қасидаро оварда бо диққат хонадани онро хоҳиш мекунам:

Маро бисуду фурӯ рехт, ҳар чӣ дандон буд,

Набуд дандон, ло бал чароғи тобон буд.

Сапеду симрада буд, дурру марҷон буд,

Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд,

Яке намонад кунун з-он ҳама, бисуду бирехт,

Чӣ наҳс буд? – ҳамоно ки наҳси Кайвон буд.

Сабаби қатраборонро чун гиёҳ тафсир кардан аз он сар зада буд, ки агар Рӯдакӣ қатраи боронро дар назар медошт, онро ихтисоран ба чунин шакл – қатраборон намеовард, ки гӯё далели заифии истеъдоди суханварӣ будааст. Аввалан, агар Рӯдакӣ ҳамин тавр меовард ҳам, чунонки овардааст, ба эътибори шоирии ӯ халале намерасид, зеро ин тарзи ихтисорҳо дар шеъри классикӣ фаровонанд. Масалан, зиндаи – зин(а)ди, бандаи – банд(а)и, андозаи – андоз(а) и, хонаи – хон(а) и, шуълаи – шуъл(а) и ва монанди ин ихтисорҳо дар назми классикӣ маъмул мебошанд. Мисоле аз Ҷалолиддини Балхӣ меорам:

Чашмбанд аст, эй аҷаб, ё ҳушбанд,

Чун насӯзонад чунин шуъл (а) и баланд.

Мисоли дигар ба ҳамин тарзи истифодаи қатраборон аз Саъдӣ:

Яке қатра борон зи абре чакид,

Хиҷил шуд, чу паҳнои дарё бидид.

Пас, ин шубҳа аз миён бардошта шуд. Ин оид ба қатри борон хондани қатраборон буд. Аммо қатраборон хондани он калима бояд ба мақсади шоир мувофиқ бошад. Зеро дар забони адабии тоҷикӣ ва маҳалҳо бо исми борон таркибҳои гуногуне ҳастанд: шохборон, резаборон, риштаборон, борони гург, борони симсим, борони мӯяк ва ғайра. Бо шаҳодати Муъмин Қаноат дар маҳалҳои Дарвоз имрӯз ҳам таркиби қатраборон маъмул аст, ки бо таъбири дигар борони гург меноманд. Қатраборон боронест, ки ҳангоми дурахшонии офтоб аз як пораи абр калон – калон, бо қатраҳои алоҳида – алоҳида мерезад ва ин қатраҳо дар нури офтоб чун донаҳои гавҳар медурахшанд. Ин боронро ба русӣ грибной дождь мегӯянд. Бешубҳа, дандонро ба қатраҳои чунин борон ташбеҳ кардан бисёр шоирона, зебо ва мувофиқ аст, ки устод Рӯдакӣ ҳам бояд ҳаминро дар назар дошта бошад. Сониян, дар он се байт, ки оварда шуд, сувари хаёле омадаанд, ки аз як олам ҳастанд, ки ба ҳамдигар таносуб доранд: чароғи тобон, ситораи саҳар ва махсусан дурру марҷон, ки бо қатра ва борон дар шеъри классик робитаи бисёр қавии маънавӣ ва услубӣ доранд. Ҳатто ривояте ҳаст, ки дурру гавҳар дар садаф маҳз аз қатраҳои борони найсон, ки ба даҳони як навъи моҳӣ мерезад, пайдо мешавад. Ба ғайр аз ин, сувари хаёли ин силсила ҳама аз фалак ҳастанд ва ҷавҳари пайдоиш, аз рӯи ақидаи шоирони куҳан, аз он ҷо ибтидо мегирад. Мавлавии Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ» мегӯяд:

Қатраи дилро яке гавҳар фитод,

К-он ба дарёҳову гардунҳо надод.

Устод Рӯдакӣ ҳам хушбахтию неъматҳои зиндагии худ, ҷавонӣ ва дандонҳои симрадаи худро бо суратҳои фалакӣ қиёс мекунад ва ҳамчунин фоҷиаи пирии худро аз он ҷо – аз наҳси кайвон ва қазои яздон медонад. Ба замми ин шоир мегӯяд:

Яке намонд кунун з-он ҳама бисуду бирехт… –

ва овардани ин «бирехт»-ро на фақат дандон, балки ташбеҳкунандаи он қатраборон низ талаб кардааст. Бинобар ин дар байни ин пайванди занҷирии сувари хаёл ва таносуби мантиқию маънавии суханҳо баногоҳ пайдо шудани сурати гиёҳ аз эҳтимол тамоман дур аст.

Таҳиягарони «1000 мисраи Рӯдакӣ» на ҳамаи хатоҳои бисёри нашрҳои пешинаро, ки тасҳеҳ кардаанд, дар тавзеҳ нишон додаанд, ки шояд аз фурӯтанӣ бошад. Аммо ду дигаргунӣ, ки дар ду шеъри устод Рӯдакӣ ворид шудааст, ҳатман бояд нишон дода мешуд, зеро он бисёр муҳим аст. Эҳтимол ин ду тағйирот аз тарафи таҳиякунандагон чунон ҳақиқати бебаҳс дониста шудааст, ки нишон додани он зарур нанамудааст. Аммо маҳз ҳар дуи ин тағйирот қобили қабул наменамояд.

Дар мисраи сеюми рубоии машҳури устод Рӯдакӣ калимаи олам ба одам иваз карда шудааст.

Дар манзили ғам фиканда мафраш моем,

В-аз оби ду чашм дил пуроташ моем.

Одам чу ситам кунад, ситамкаш моем,

Дасти хуши рӯзгори нохуш моем.

(саҳ. 66)

Маъхази ин тағйирот нишон дода нашудааст. Ва агар он нишон ҳам дода мешуд ва ба ғайр аз худи шоир ба каси дигар мансуб мебуд, боиси шубҳа мешуд, зеро ҳангоми «олам»-ро ба «одам» иваз кардан ба шукӯҳи сухан, ба шаҳомати шахсияти устод Рӯдакӣ халал мерасад. Ҳарчанд дар рубоӣ устод Рӯдакӣ шикоят мекунад, аммо ин шикояти шахси ҳақиру ночиз нест, ин шикояти шахсияти бузургу бошаҳомат аст, ки дар қиёси бузургии худ фақат аз олам шиква карданаш мумкин аст. Ба замми ин олам дар шеъри классикии мо аз қабили намодҳое ҳаст, ки ба монанди гардун, чархи гардун, чархи фалак, осмон дар қисмати инсон, хушбахтӣ ва ё бадбахтии ӯ нақши аввалиндараҷа дошта, ҳамчун омили иродаи азалӣ зоҳир мешавад. Аз ин рӯ, олам дар ҷои худ аст ва онро бо ягон калимаи дигар иваз кардан дуруст нест.

Тағйироти дуюм ба ин шеъри машҳури устод дахл дорад:

Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Пеш аз он ки дар бораи шакли дурусти ин байт сухан ба миён оварда шавад, ду тасҳеҳро оид ба байтҳои дигари ин шеър қайд мекунам.

Реги Омуву дуруштӣ роҳи ӯ,

Зери поям парниён ояд ҳаме.

Таъбири «дурушти роҳи ӯ» нодуруст буда, шакли услубан сареҳи ин мисраъ чунин бояд бошад:

Реги Омуву дуруштиҳои ӯ,

Дар байти:

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,

Мир наздат шодмон ояд ҳаме. –

вожаи наздат бояд ба варианти дар «Осори Рӯдакӣ» омада, зӣ ту, иваз карда шавад, зеро дар ин ҳолат мақсади устод таъкиди ба назди Бухоро омадани мир набуда, ба худи Бухоро омадани ӯро таҳният гуфтан аст. Ба замми ин, ба шаҳр ба назди ту меоям гуфта хитоб кардан услубан сареҳ нест. Аз ин ҷиҳат дурусташ:

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,

Мир зӣ ту шодмон ояд ҳаме.

Акнун дар бораи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён». Дар хусуси шаклҳои гуногуни ин байт, ки аз асри Х11 то замони мо дар тазкира, баёту маъхазҳои гуногун омадаанд, мақолаи махсуси Ҷамшед Гиунашвили («Як байти устод Рӯдакӣ», дар журнали «Садои Шарқ», 1983, №9 саҳ. 120-124) ба табъ расида ва ӯ таҳриреро, ки дар нашри тоза овардаанд, чун шакли дурусти ин байт пешниҳод карда буд. Эҳтимол таҳиягарони нашри навро далелҳои ин мақола қонеъ кунонидаанд, ки онҳо ин таҳрирро қабул кардаанд. Аммо маро далелҳои мақолаи Ҷ. Гиунашвили қаноатманд намекунанд. Ҷ. Гиунашвили навиштааст: “Дар замони мо ҳангоми хондани таҳрири “бӯи ҷӯи Мӯлиён” ба сабаби шакли марғуб ва оҳанги хуби шеър шояд нуқси маъноие, ки мо зикр кардем (яъне шоир аз масофаи хеле дур ба амири худ бӯи ҷӯи Мӯлиён меояд намегуфт – А. Ҳ.), аз ҷониби тоҷикон ва форсҳо ҳис карда нашавад ва аз ин рӯ шояд ин нуқс ба чашми соҳибони забон барнахӯрад. Вале ҳангоми тарҷумаи ин шеър ба забонҳои ғайр, вақте ки матн бадеияти марғуби забони аслро аз даст медиҳад, ҷанбаи маонии шеър аҳаммияти дараҷаи аввал касб мекунад. Маҳз дар ҳамин маврид аксари мутарҷимон ба вазъияти душвор меафтанд”. Аввалан, худи Ҷ. Гиунашвили менависад, ки «бо сабаби шакли марғуб ва оҳанги хуби шеър шояд нуқси маъноӣ… аз ҷониби тоҷикон ва форсҳо ҳис карда нашавад ва аз ин рӯ шояд ин нуқс ба чашми соҳибони забон барнахӯрад». Маҳз асли масъала дар ҳамин аст, вақте нуқс, ҳол он ки дар ин ҷо нуқс нест, ба чашми соҳибони забон барнамехӯрад, онро чӣ сон метавон нуқс гуфт, он ҳусн аст. Шеърро ба забони модарӣ ва барои соҳибони забон менависанд, на барои тарҷумонҳо. Дар ин гуна ҳолатҳо ҳунари тарҷумон дар он зоҳир мешавад, ки ӯ аз захираи забони худ истифода карда, таъсир ва ҷаззобиятеро, ки шеър дар забони аслаш дорад, барои хонандагони забони худ ҳам ҳосил кунонад. Аз ин рӯ, «бӯй»-ро «ветер» (бод) тарҷума кардани И. Сельвинский кӯшиши бо образи дигар ба хонандаи рус расонидани рӯҳи шеъри Рӯдакист, на ин ки далели дар ин ҳолат бояд маҳз бод гуфтани шоири тоҷик, ки муаллиф дар мақолааш менависад. Дар шеъри ҳар халқ ва дар шеъри тоҷик ҳам як олам сувари хаёле ҳастанд, ки дар забонҳои дигар муродифи худро надоранд ва ба воситаи сувари хаёли дигар тарҷума мешаванд. Ба замми ин боз намодҳои бисёре ҳастанд, ки дар забону адабиёти ҳар халқ мазмунҳои гуногун дошта, дар онҳо ҳиссиётҳои мухталиф бедор мекунанд. Масалан, дар забону адабиёти тоҷик бум рамзи харобӣ буда, дар мо ҳиссиёти ҳаросу мағшуш бедор кунад, дар адабиёти рус он рамзи хирадмандӣ ва табиист, ки дар онҳо боиси эҳсосоти ногувор намешавад.

Ҷ. Гиунашвили дар мақолаи мазкур барои тасдиқи фарзияи худ дар масъалаи муайян кардани хусусияти типологии тасвир ҳангоми дур афтодан аз касе ва ё ҷое, ё ҳангоми ёд кардан аз дурафтода ҷустуҷӯи боарзише кардааст. Ӯ шеърҳоеро овардааст, ки дар онҳо исми бӯй бо калимаҳои дигар ба монанди бод, дилбар, насим ва дигарҳо омада, маънои дурафтодагиро ифода кардаанд. Муаллиф бо инҳо тасдиқ карданӣ мешавад, ки бӯй бо калимаи ҷӯй наомада ва намеояд ва аз ин рӯ ба ҷои он бод-ро бояд овард. Аммо ман аз тарафи худ мегӯям, ки ӯ агар ҳамин гуна ҷустуҷӯро бо калимаи бод ҳам мекард, ба имони комили ман, аз ягон шоири соҳибзавқ шеъре пайдо намекард, ки бод-ро ба ҷӯ оварда, боди ҷӯ гуфта бошад. Пас, қиёси типологии ӯ бо исми бӯй ба сари худ хуб аст, аммо барои рад кардани ба ҷӯй нисбат надоштани он асосе намедиҳад. Ба ғайр аз ин муаллиф муайян карданӣ мешавад, ки ифодаи ин гуна дурафтодагиҳо дар шеъри шоирони классики форсу тоҷик «… чи тарзи хоси таҳкия, чи тасвирҳои қолабие доштанд…», аммо шоири бузург барои он бузург аст, ки аз тасвирҳои қолабӣ парҳез мекунад, бинобар ин ӯ бузургу навовар мешавад, ки Рӯдакӣ аввалқадами онҳост. Соҳиби забони тоҷикӣ, ҳатто оне, ки маълумоти махсуси забон надорад, ҳаргиз боди ҷӯ намегӯяд, зеро ӯ савқан ва сареҳан ҳис мекунад, ки бод дар нисбати ҷӯ бузургтар, фарохтар, тундтар аст ва ба ҷӯ мувофиқат намекунад. Инро ҳатто худи забон ҳис карда, ҳангоми зарурат барои нармтар кардани бод ба он аз қабили сабо, форам сифатҳо дода, таркибҳои боди сабо, боди форамро барои ифодаи мақсади зарурӣ муҳайё кардааст, на фақат бод ҳатто насим, ки аз бод тобиши маъноии хеле нармтар дорад, барои ҷӯй дуруштӣ мекунад ва аз ин рӯ аз насими ҷӯй гуфтан насими ҷӯйборон гуфтан услубан сареҳтар аст. Бинобар мавриде, ки устод Рӯдакӣ нисбат ба ҷӯй ба ҷои бод ва ё калимаҳои дигар бӯйро оварда, бӯи ҷӯ гуфтааст, мавриди зоҳир шудани савқи модарзоди суханшиносии ӯст, ва агар хоҳед, зиёда аз ин, мавриди дар сухан ва услуб падид омадани нозукписандии фавқултабии ӯст.

Як қиёси дигар меорам. Боди ҷӯ гуфтан мумкин нест, зеро номутаносиб ва гӯшхарош аст, аммо накҳати ҷӯ гуфтан мақбул аст, пас чӣ эътироз аст нисбат ба бӯи ҷӯ? Ба замми ин таъбири бӯи ҷӯ дар забони халқ маъмул аст ва ниҳоят ҷӯй фақат ҷадвал, хонаи об нест, дар он даҳҳо навъи гулу гиёҳ мерӯяд, ки аз онҳо бӯйҳои гуворо мерасад. Ва ниҳоят нуктаи аз ҳама муҳим: дар ин байти устод Рӯдакӣ, бӯи ҷӯ на фақат бӯи ҷӯи Мӯлиён аст, балки бештар ва пештар аз ҳама бӯи ватан, зодгоҳ аст, ки онро на фақат аз маҳалли дуртар аз сарчашмаи он, балки аз он сӯйи уқёнус ҳам мешунаванд, ва маҳз ҳамин сабаб аст, ки пас аз хондани ин шеър дар дили мо ҳиссиёти гарм пайдо мешавад, ки маҳсули муҳаббати самимиву гуворо ба ватан аст, ва мо ҳар бори хондани шеър онро аз нав эҳсос мекунем, ва маҳз дар ҳамин аст саҳли мумтанеии ин шеър. Акнун диққати хонандагони муҳтарамро ба аввали мақола, он ҷо ки сухан аз ҳамоҳангии калимаҳо мерафт:

Боду абр аст ин ҷаҳон афсӯс,

Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо бод! –

ҷалб карда, ба мулоҳиза даъват мекунам, ки оё дар байни ин тарзи санъати шеър ва овардани бӯ-ҷӯ-мӯ ва ёд-ёр- дар байти мулоҳизавшаванда, қаробат нест?

Аз хушоҳангии

Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. –

бисёр навиштаанд, ки ман дигар таъкид ва такрори онро ҳоҷат намебинам, вале мегӯям, дар қиёс таҳрири дигари он, ки пешниҳод шудааст:

Боди ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

байтест, ки дар он аз эъҷоз ва афсуни байти боло чизе коста шудааст. Ва ниҳоят Ҷ. Гиунашвили барои тасдиқи фикраш, ки ҷое ҷӯй ояд, ҳатман бод, насим ва ғайра бояд гуфт, аммо на бӯй, қавли адабиётшиноси эронӣ М. Риёҳиро меорад, ки дар хусуси ин байти устодро тазмин кардани Ҳофиз «ба ҷодуи табъ дар он тасарруф кард», гуфтааст, яъне онро таҳрир ва ба он насимро ворид кард:

Хез, то хотир бад – он турки Самарқандӣ диҳем,

К-аз насимаш бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме.

Бисёр хуб. Агар ин тавр бошад, пас чаро Ҳофиз «Боди ҷӯи Мулиён ояд ҳаме»-ро тазмин накарда, «Бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме»-ро тазмин кардааст? Оё қудрати вай барои тасарруф кардани боди ҷӯ намерасид? Не, албатта, мерасид, аммо барои он «бӯи ҷӯ»-ро тазмин кардааст, ки он дуруст аст ва гуфтаи Рӯдакист ва боди ҷӯ саҳеҳ нест. Ба монанди он ки шеъри аввал, аз Абӯзироа овардаамон, кӯри модарзод набудани Рӯдакиро бавосита исбот мекунад, ин тазмини Ҳофиз ҳам ғайри мустақим далели он аст, ки маҳз бӯи ҷӯ дуруст ва ҳарфи устод аст. Агар ба назари касе ҳамаи ин далелҳо нокифоя намояд, пас ба худи устод Рӯдакӣ рӯ меоварам , ки гуфтааст:

Зи оби ҷӯй ҳар соат ҳаме бӯи гулоб ояд,

Дар ӯ шустаст пиндорӣ нигори ман рухи гулгун.

Вақте ки мо дар ин шеър аз оби ҷӯй омадани бӯи гулобро қабул дорем, пас чӣ ҷои баҳсу талош аст, аз бӯи ҷӯ? Ин масъала ба мадади худи устод Рӯдакӣ ҳал шуд.

Бинобар ҳамин ҳам, ба қавли Ҳофиз:

Хез, то хотир бад-он турки самарқандӣ диҳем,

К-аз насимаш бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме.

Январи соли 1985.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО