04 Aug 2026
Submitted by Admin
31

Бузургтарин дастоварди Тоҷикистон

Тоҷикистон дар зарфи 35 соли даврони мубораки истиқлоли давлатӣ дастовардҳо, бидуни шак, зиёд дорад, аммо дарёфти сулҳу оштӣ яке аз муҳимтарин ва бузургтарини онҳо мебошад.

Аз пажӯҳишҳои донишмандони сиёсатшинос ва коршиносони масоили сиёсӣ метавон чунин натиҷа гирифт, ки модели нодири сулҳи тоҷикон на танҳо аҳаммияти миллӣ, балки арзиши муҳимми байналмилалӣ низ дорад ва истифодаи таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар гӯшаҳои доғи сайёра гувоҳи гуфтаҳои болост.

Аҳаммияти сулҳи тоҷикон дар он аст, ки барои давлати тозаистиқлоламон ва миллати куҳанбунёди тоҷик зиндагии осоиштаро таъмин сохт ва ба тамоми пешрафтҳои кишварамон заминаи устувор гузошт.

Арзиши сулҳи тоҷикон дар он аст, ки тамомияти арзии Тоҷикистонро ҳифз кард, кишварро аз порашавӣ, миллатро аз нобудиву парокандагӣ наҷот дод.

Ба сухани дигар, арзишмандтарин дастоварде, ки дар охири ҳазораи дувуми мелодӣ насиби миллати тоҷик гардид, истиқлоли давлатӣ мебошад, зеро ба қавли шоир «Ҳеч неъмат беҳтар аз истиқлол нест» ва бузургтарин дастоварди миллати тоҷик ин оштии миллӣ ва сулҳ миёни тоҷикон аст.

Бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа 27-июни соли 1997 дар шаҳри Маскав маълум гардид, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём ҳамеша ҷонибдори сулҳ буданд ва ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба номаи тақдири миллати тоҷик табдил шуд ва барои хотима ёфтани ҷанги таҳмилӣ, ки беш аз се сол ё дақиқтараш 1171 рӯз идома ёфт, нуқтаи охиринро гузошт. Котиби вақти генералии СММ Кофе Анан, ки дар музокироти тоҷикон борҳо иштирок дошт, аз ҷумла гуфта буд, ки: «таҷрибаи сулҳи тоҷикон сазовори он аст, ки ҳаматарафа омӯхта шавад».

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳаҷман санади бузург нест. Он ҳамагӣ аз 4 банд, 2 саҳифа ва 52 сатрро ташкил медиҳад. Аммо аз лиҳози арзиши миллӣ ва таърихии хеш ба шумули беҳтарин ва боарзиштарин асноди муҳимми сиёсӣ ба шумор меравад.

Ба сухани дигар, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози арзиши фавқулодаи худ ба Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамболу ҳамрадиф аст. Агар яке ба сарзамини бостонии мо ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёриро овард, дигар сулҳу сафо, оромиву осудагӣ ва оштию ваҳдатро дубора барқарор намуд.

Мо ба ин рӯзи босаодат маҳз бо талошҳои ҷонфидоёна ва хидматҳои шоистаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон расидем. Аз корҳои бузурги ӯ кофист, ки танҳо аз ҳамин сулҳи тоҷикон ном бибарем, ки номи Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои давлатдории навини тоҷикон бо хатти заррин навишта шавад. Дарвоқеъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меъмори сулҳ аст ва ба ӯ аз ҷониби мақомоти қонунгузори мамлакат унвони баландтарини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат дода шуд, ки подоши хидматҳои бесобиқаи ӯ дар назди халқу Ватан мебошад. Сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ вақте устувор ва бебозгашт мешаванд, ки агар онҳо ба фарҳанги сулҳи ҷомеа табдил ёбанд. Маҳз бо ибтикор ва ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар кишвари мо сулҳи тоҷикон ба фарҳанги чомеа мубаддал гардид, ки аз лиҳози аҳаммият камтар аз марҳалаи сулҳофаринӣ нест, балки арзиши бештар дорад.

Шароити феълӣ, мухолифати абарқудратҳо ва чолишҳои ҷаҳонӣ аз ҳар кадоми мову шумо тақозо менамояд, ки ба қадри сулҳу субот, оромиву осудагӣ ва ваҳдати миллӣ бирасем, онҳоро беш аз ҳар вақти дигар азизу муқаддас бидонем, ҳифз намоем ва ба ҳадди камол бирасонем.

Бояд ёдовар шавам, ки ҷанги таҳмилии тоҷикон аз 5 майи соли 1992 оғоз ёфта, то 27 июни соли 1997 идома ёфт.

Ман дар ибтидои солҳои навадум донишҷӯ будам. Дар шаҳр нон набуд. Барои дарёфти як буханка хлеб, мо гоҳе як шабонарӯз навбат мепоидем ва гоҳе гурусна ба дарс мерафтем. Баъзан одамон тартиби сафи нонро вайрон мекарданд. Навбат бисёр тӯлонӣ буд ва қумандонҳо ба осмон тир мепаронданд. Ё нонро кам меоварданд, зуд тамом мешуд. Имрӯз шукрона ҳама ҷо серию пурист, ҳозир садҳо гуна нон мефурӯшанд ва фаровонист. Ин неъмати бебаҳои сулҳ аст, мо бояд ба қадри он бирасем. Шукрона кунем, ки дар Тоҷикистон сулҳу амният барқарор аст. Маҳз ҳамин нуктаҳоро ба назар гирифта, Душанбе-пойтахти тоҷиконро шаҳри сулҳ интихоб карданд.

Ё мисоли дигар. Дар солҳои ҷанг, вақте ки мо донишҷӯ будем, пас аз соати ду нақлиёти шаҳрӣ умуман кор намекард. Шаҳр холӣ буд. Дар шаҳр қумандонҳо ҳукмфармоӣ мекарданд.

Имрӯз, ҳазорон шукр, ки нақлиёти шаҳрӣ бо навбат тамоми шабонарӯз кор мекунад. Шаб мегардӣ ё рӯз, касе ба касе кор надорад. Душанбе имрӯз яке аз шаҳрҳои амнтарини сайёра эътироф шудааст ва ҳамаи ин аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ва хидматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат аст.

Аз хизматҳои дигари барҷастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки маҳз бо талошҳои пайваста ва бесобиқаи ӯ беш аз 1 миллион гуреза ба Ватан баргардонида шуд ва дар ин замина барои обод кардани ҷойҳои харобгашта маблағҳои муайян ва масолеҳи сохтмонӣ ҷудо гардид.

Пешвои миллат ваҳдати миллиро номаи тақдир, шарти пешрафти мамлакат, омили муттаҳидкунандаи давлату миллат, кафили сарҷамъии хушбахтии имрӯзу ояндаи Тоҷикистон номидаанд, ки воқеан дуруст аст.

Ваҳдати миллӣ, на танҳо асоси оромиву осудагии халқ, балки кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошад.

Имрӯз ваҳдати миллӣ дар меҳвари сиёсати дохилии Тоҷикистон қарор дошта, яке аз аркони асосии устувории давлат мебошад ва мо - шаҳрвандонро зарур аст, ки дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ шуда, барои сабзу шукуфо гардидани кишвари маҳбубамон саъю талош варзем.

Мардуми шарифи кишвар дар зарфи 29 сол дар фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ зиндагӣ мекунанд. Ваҳдати ҷомеа имконият фароҳам овард, ки халқи Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорад ва дар кӯтоҳтарин муддат натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардад.

Мо имрӯз аз ҳарвақта бештар дарк мекунем, ки ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ боқӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш бирасад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад.

Маҳз соли 1997 пас аз имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон барои ҳифзи дастовардҳои сулҳ созмони ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис дода шуд ва аз соли 1999 рӯзномаи Ваҳдат ташкил карда шуд, ки 27 сол инҷониб дар фазои иттилоотии кишвар фаъолият дорад.

Имрӯз бо гузашти солҳо зарурате эҳсос мегардад, ки дар шаҳри Душанбе Осорхонаи махсус оид ба сулҳи тоҷикон таъсис дода шавад.

Дар таърихи давлатдории муосири тоҷикон рӯзи 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад ва барои миллати мо ҳамчун яке аз боарзиштарин ва муқаддастарин идҳои миллиамон эътироф шудааст. Ин рӯз воқеан рӯзи ваҳдати миллӣ, ҳамраъйӣ, ҳамфикрӣ ва якдиливу ҳамгироии миллӣ мебошад. Рӯзе, ки дар кишвари мо бо имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” дар таърихи 27-июни соли 1997 сулҳу сафо, оромиву осудагӣ, оштию ваҳдатро дубора барқарор намуда буд. Бояд ба қадри ин неъмат расид ва онро ҳифз кард.

Умриддин Юсуфӣ, д.и.ф., мудири шуъбаи таърихи адабиёти ИЗА АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО