20 May 2026
Submitted by Admin
16

(Гузориши масъала дар бораи баъзе хусусияҳоти поэтикаи шеъри устод Лоиқ Шералӣ, ки бояд минбаъд тавзеҳу баррасии мукаммал шавад)

Зуҳури Лоиқ дар адабиёти тоҷикии садаи XX ҳодисаи ба куллӣ нодире ба шумор меояд. Вай ба сифати як шоири озодандеши худшинохта, қолабшикани тозаназар, воқеъбини даруннигар ва якрӯю ҳақгӯ ба шеъри нави тоҷикӣ тағйироти ҷиддие ворид кард: муҳтавову дарунмоя ва тору пуду шеърро аз мавқеъи як инсони мустақилу мухтор ва масъулу соҳибғурур такил кард, балки нав сохт ва умри тоза бахшид. Бисёр мавридҳо ман ба сари ин масъала меандешам, ки инсонҳои бузург ва раҳкушо дар илму адабиёт ва ҳатто сиёсат бо ниёзи давру замон ба майдон меоянд ва айни замон дар рушди ҷомеа саҳми назаррасе мегузоранд. Ба ин маънӣ онҳо зодаву тақозои таърих ҳастанд. Дар мавриди устод Лоиқ низ ҳамин андешаи банда сидқ мекунад. Бино бар ин, барои равшан шудани ин қазия лозим аст, ки то андозае аз замону рӯзгори эшон ёд карда бошем.

Лоиқ Шералӣ дар замони ҷанги ватанӣ ба дунё омадааст. Зандагии кӯдакии вай ба замони ҷанг ва баъдиҷангии мардуми шӯравӣ рост омадааст, ки аз солҳои гарон ва пурошӯб буданд. Аммо умеди беҳбуди зиндагии хуши оянда ва дунёи орзуву ормонҳои зиндагидӯстонаи бачагӣ барои бовар ба оянда имкон медоданд, то ки мушкилоти ҳаррӯза паси сар карда шавад. Воқеан бачагӣ бо он ҳама заҳмату бозиҳо, ҳамнафасӣ бо бародарону дӯстон, ҷангу ҷӯши кӯдакона, аҷобатҳо ва дунёи покизаву рангин буданаш, ҳарчанд ба мушкилоти сангини мишию оилавӣ рӯ ба рӯ мегардид, боз ҳам дунёи пурасрору ширин ва зебое ба ёду хотираҳои ширин мондаанд. Лоиқ Шералӣ деҳқонзода аст, дар деҳи Мазори шарифи ноҳияи Панҷекат ба дунё омадааст. Банда гумон мекунад, ки ба ҷуз аз нуфузу таъсири падари сахтгиру меҳрубониҳои модари ҷонсахт ва зиндагии мушкилписанди кӯҳистон, боз ҳам мавҷудияти мақбараи шайхи машҳур ва донандаи ҳадисҳо Хоҷа Муҳаммади Башоро (782/783–866), ки асрҳои Х1-Х1У бунёд ёфта ва номи деҳа баргирифта аз исми ӯст ва ҳамоно овозаи ба ҳаққиқат рост омадаи ватании падари шеъри форсӣ, Одамушшшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (858-941) будани Панҷрӯди Панҷекат барои дар таҳтушшууури писараки ҳушёру бедор доштани масъулияти маънавие дар назди ин бузургон ва ҳофизаии таърихии диёраш як омили муҳимме гашта метавонистанд.

Ҳамин нукта низ муҳим аст, ки Лоиқ Шералӣ пас аз хатми мактаби ҳафтсола ба омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷекат дохил мешавад ва онро соли 1958 хатм менамояд. Воқеан ин замоне буд, ки дар Тоҷикисон ва тамоми мамлакати собиқ Шӯравӣ 1100-солагии устод Рӯдакӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешуд. Гӯё Лоиқи ҷавон ҳамзамон бо омодагии ин ҷашн меомӯхту камол меёфт ва дар анҷоми ин ҷашнвораи таърихӣ дар шеъри форсӣ, ки дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи мазкур анҷом ёфта буд, барои ба паҳнаи бузурги омӯзиш ва шеъру шоирӣ баромадани ӯву бисёр наврасони ҳамдиёраш такони муҳимме доданд. Бисёр рамзист, ки пас аз ҳазору сад соли фавти ин устоди сухан шароите фароҳам омад ва гӯё Худованд ба сифати вориси ин бузургвор ҷонишини арзандаеро ба арсаи эҷод баровард. Инак, вай барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе – пойтахти тоҷикон омада, ба Донишгоҳи омӯзгорӣ вориди таҳсил мешавад ва онро соли 1963 онро хатм менамояд.

Лоиқ ба эҷоди шеър аз солҳои донишҷӯи омӯзишгоҳи омӯзгорӣ будан иштиёқ пайдо мекунад, вале солҳои таҳсил дар донишгоҳ таҳти таъсири муҳити пойтахт, аҳли илму адаб ва устодону дӯстони ҳамфикр ба таври ҷиддӣ ба таълифи шеър мепардозад ва нахустин шеъраш низ дар ҳамин айём таҳти унвони «Ном» (маҷаллаи «Садои Шарқ», 1959, № 6) ба табъ расидааст. Дигар аз шеъри ӯ бо номи «Зарафшон» низ дар ҳамин радиф эҷод мешавад, ки ҳар ду ҳам аз ҷиҳати муҳтаво ва сохт хеле ибратбахш ва умеддиҳанда буданд. Ҳамин нукта ҷолиби диққат ва сазовор ба ёдоварист, ки ӯ аз аввал ба тарҷумаи адабиёти асили воқеъгароёнаи миллимазмун рӯ овард ва нахустин китобе, ки ба табъ расонид, «Савтҳои форсӣ» (1965)-и Сергей Есенин мебошад. Дар ин ҳама кору таълифи ӯ чизе ғайримунтазира ва навназарона ҷиҳати асосӣ буд. Ҳамин тавр маҷмуаи нахустини вай соли 1966 бо унвони «Сари сабз» таҳти назари устод Сотим Улуғзода аз чоп баромад.

Вале дар ин байн ҳодисае рӯй медиҳад, ки дар таърихи адабиёти навини тоҷикӣ бесобиқа будааст. Охири соли 1964 Лоиқ шеъре таҳти унвони «Ба модарам» таълиф менамояд (декабри 1964) ва он дар маҷаллаи «Шарқи сурх» (1965) ба табъ мерасад. Ин шеъри заминию миллӣ, воқеию ғиноӣ ва ҳамосӣ, тавсифию мадҳӣ дар таҷассуми модари тоҷик билкул сухани нав буд, ки мислаш пеш аз ин дар шеъри тоҷикӣ ба чашм нарасидааст. Шеърҳои то он рӯз дар мавзӯи модар эҷодкардаи чи шоирони тоҷик ва чи форсизабон ҳама олӣ, вале дар як зовияи дид: ё бо тавсифии иҷтимоӣ ва ё бо мадҳу ситоиш маҳдуд монда буданд, аммо шеъри Лоиқ он ҳама ҷанбаҳои зиёдеро дар як кул фаро гирифтаву симои табииӣ, заминӣ, воқеӣ ва ҳамзамон ҳамосии модари одии тоҷикро таҷассум намуда буд ва аз саҳифаи тозаву равиши нави нигориш дар щеъри тоҷикӣ паём медод. Шояд ба хотири ҳамин хасоис буд, ки бо пешниҳоди устод Мирзо Турсунзодаву дастгирии Боқӣ Раҳимзода ва дигар устодон Лоиқ Шералӣ бар хилофи расмияти маъмул бе чопи маҷмуаи ашъор ба сафи Иттифоқи нависандагон қабул карда мешавад.

Дарвоқеъ, устод Турсунзода истеъдоди фавқулодаи Лоиқро амиқ пай бурда буд ва мехост, ки ба сифати як сарвари иттиҳодияи эҷодӣ ва устоди адибони ҷавон ба ин васила ба зуҳури итеъдодҳои воқеӣ роҳ боз карда бошад. Лоиқ низ минбаъд бо кору амал ва таълифу эҷод ба субут расонид, ки ӯ дар ҷодаи адабиёт шахси тасодуфӣ набуда, балки як шахсияти муҳимму ғайримунтазира ба шумор меояд.

Дар ин маврид суханони шоири тавоно ва суханшинос, устод Гулназарро ба хотир овардан бамаврид аст, ки дар китоби «Лоиқе чун Лоиқе» (Душанбе: Сурушан, 2000) изҳор дошта буд: «Шояд ғалат кунам, ба гумони ман адибе мисли Лоиқ ба ин шиддат ба адабиёт наомадааст, ба ин шиддат ташаккулу такомул наёфтааст ва ба ин шиддат мақоми аввали худро дар адабиёт ҳифз накардааст» (саҳ. 5) Таъкиди Гулназар сари таркиби «ба ин шиддат» бесабаб нест, балки баёнгари тезу тунд ва бо бовару ибтикороти ҷиддӣ ба адабиёт омадану дар як муддати кӯтоҳ мавқеи худро устувор кардани шоирро мерасонад. Вай боз илова мекунад: «Ман ба эҷодиёти Лоиқ чун ба як адабиёт муносибат мекунам. Бурду бохти Лоиқ бурду бохти адабиёт аст ва омӯхтани танқидии навиштаҳои ӯ ба рушду камоли наҷибтару шоистстари шеъри тоҷик мусоидат хоҳад кард» (Ҳамон китоб, саҳ. 6). Ҳақиқати ин суханонро ҷустору ибтикороти Лоиқ дар риштаҳои дарунмоя, мавзуъ, ситеми образҳо, ҷасорати масъалагузорӣ, тасвирҳои ҳаётӣ, ба кор гирифтани сужаҳои мардумиву мазҳабӣ, таҷдиди жанру сабки шеър ба субут мерасонанд.

Аслан шеъри тоҷикии то солҳои 50 бо роҳи нигориши мушаххаси таърихӣ қадам бардошта буд, вале асосан дар мавқеъи сирф гражданию иҷтимоӣ побарҷо меистод. Аммо Лоиқ ин шеърро аз қайду банди иҷтимоъгароӣ озод кард ва ба мадду ҷазри дили инсон ҳамнаво сохт (Суруде хоҳаму шеъре, Ки мадду ҷазри дарёи дили моро фаро гирад, Куллиёт, саҳ. 84), ба он ҷанбаи ҳикамию ахлоқӣ, шахсӣ ва равониро афзуд. Дар натиҷа бисёр мақулаҳои нақди адабӣ, мисли қаҳрамонӣ, гражданӣ будан ва тасвири ҳамосию ғиноӣ бо мафҳуму маъниҳои тозае ғанӣ гардиданд, шеър (адабиёт) воқеитар, ҳаётитар, аз буда бештар инсонитар шуд ва аз ин рӯ, руҳи халқию миллиаш қавитар гардид.

Лоиқ аз аввал шиор назад, декламатсия нагуфт, суруди тавсифию умумимазмун нахонд, балки дар шеъри барномаӣ мақсаду мароми худро ошкоро эълом дошт: «То нашӯям доғи дилҳоро ба хуноби дилам...,То нагӯям достони тозаи боби дилам, Ман намемирам, ман нахоҳам мурд!». Ва аз ҳамин роҳи дардогоҳию дилшиносӣ ба бозгӯ кардани шодию ғамҳои мардум ва дарду ормонҳои миллат пардохт, то он ҷо ки шеъри вай ба воситаи шинохти ҳастии шахс, бозгӯкунандаи ҳамаи ҳолоти инсон ва ибрози худшинотагии миллии он табдил ёфт. Аз ҳамин ҷост, ки сурудаҳои Лоиқро имрӯз хосу ом аз бар мекунанд, зери лаб замзама менамоянд, барои тасдиқи фикрашон шоҳид меоранд, дар таъйин кардани ҳасту нест, маргу зист ва чиз ё ночиз будани инсон санги маҳак қарор медиҳанд...

Шеъри Лоиқ чӣ мазиятҳое дошт, ки то имрӯз дар шеъри тоҷикӣ дида намешуд?

Албатта ба ин савол дар як мақола ҷавоб додан корест мушкил ва мо низ ин вазифаро ба уҳда нагирифтаем. Вале ба таври умумӣ метавон чанде аз муҳимтарин хасоиси онро чун мушоҳидаи хусусӣ ёдрас шуд.

Нахустин мазияти шеъри Лоиқ Шералӣ дар мушаххасоти мазуъ ва ҳаётӣ будани муҳтавои он зоҳир мешавад. Ин мушаххасгӯӣ ҷиҳатҳои гуногун дорад ва аз мавзуъу масъалаҳои муқаррарию ҳаррӯза сар карда, то масъалаҳои дардноки ҷаҳону инсоният, аз рӯзгори имрӯзи мардуми тоҷик то таърихи пуршараф ва дарду аламҳои миллати мо, аз кору бори ҳаррӯзаи инсонҳои заҳматкашу ҳалолкор то рисолати инсонию шаҳрвандии онҳо, аз олами дарунии мураккабу рангини афрод то дунёи маънавӣ ва худшиносии ахлоқиву миллии инсон, аз хушиҳои зиндагӣ то тавсифи марг, аз ишқи зебову дардҳои ӯ то масъулият дар назди оила ва ҷомеа, хуллас зиндагии иҷтимоӣ, дунёи пурихтилофи ботинӣ, шодиву нишот ва дарду алам, ҳасту нест, буду набуди як инсони муосирашро фаро гирифта буд. Ба ин сабабҳост, ки дар шеъри ӯ ба ҳар маврид, дар ҳар ҷиҳати зиндагӣ, ба ҳар ҳолати одам мисол ва ҷавоб дарёфт кардан имкон дорад. Ба фикри банда, омили асосии чунин фарогирии ҳамаҷиҳата аз савияи маънавию ахлоқии шахси шоир, худшинохтагиву дардогоҳии вай, дониши фаровон ва масъулияти бузурги ӯ дар назди рисолати азалии адабиёт, ки илми инсоншиносӣ дониста шудааст, ба шумор меояд. Зиёда аз он, ба қавли дурусти донишманди мумтоз, учстод Сатторзода: «Қаҳрамони Лоиқ парвардаи обу ҳавои хоки Тоҷикистон, фазои ҷомеаи мо мебошад. Аммо худро фарзанди тамоми ордамизод, номбардори Замину Замон, пайвандгари соҳили дирӯзу имрӯзу фардо, чун сабза миёнҷии Замину Хуршед, посбони зиндагону рӯҳбони мурдагон, яъне ҷузъи имнсоният мешуморад» (Лоиқ, Куллиёт,саҳ.11).

Шеъри Лоиқ аз оғоз оҳанги пандгирӣ, ба назари ибрат нигаристан ба падидаҳои зиндагӣ ва омода будан ба хидмати бетамаъу ҷоннисорона барои Ватан, халқ ва ҷомеаро дошт. Чунон ки гуфтем, хоҳ «Ном» ва хоҳ «Зарафшон», аз ин сифатҳо бархурдор буданд. Зиёда аз он, аз оғоз ба баъд шоир назаре ба таърихи наздику дур меандохт, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Мавлоно, савти «Наврӯзи Аҷам», Қуръонро мисол меовард, дар радифи арҷ гузоштани модар аз қаҳрамонони сангарҳову майдони адаб (Ҳабиб Юусуфӣ, Исмоил Ҳамзаалиев) бо эҳтиром ёд мекард. Маҳз дар ҳамин давра буд, ки шеъри «Нӯшбод» (соли 1965) ва баъд «Ифтихор» эҷод мешаванд, ки бо фарогирии масоили имрӯзу дирӯз, масъулиятшиносии шаҳрвандӣ барои дарки рисолати худ ва эҳтором назди ҳофизаи таърихӣ имтиёз доштанд, ки ин ҳама дар шеъри ӯ марҳала ба марҳала таҳаввул меёбанд ва ба сурати як ҷузъи кул дар муҳтаво, ҷаҳоншинохтӣ ва сабки адабӣ табдил меёбанд.

Зиёда аз он ва муҳимтар аз ҳама, аз оғоз ва дар тамоми марҳалаҳои эҷодиёт шеъри Лоиқ ҷанбаи равонӣ дошт. Банда соли 1976 дар мубоҳисаи вобаста ба вазъи шеъри муосир дар мақолае таҳти унвони «Шеър агар эъҷоз бошад» изҳор дошта будам, ки:

«Шеъри Лоиқ, бо он ҳама амиқии андешаҳо ва фарохии мулоҳизаҳо, ки муаммоҳои ибтидоию интиҳоии зиндагиро фаро гирифтан мехоҳад, лирикаи психологист; аз сиришти одами зинда, олами рӯҳии инсони конкрет сарчашма дорад. Қаҳрамони лирикии шоир муҳоким аст ва ба андешаҳои вай паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ дохил мешаванд: дар тафаккури ӯ одам меҳвари таърих, пайвандгоҳи ҳалқаҳои зиндагӣ ва дар айни замон инсони одӣ ва зодаи асри XX, муосири мост:

Мо ҳалқаи байнии аввалу анҷомем,

Парвардаи асри бисту шири хомем.

Хайём кӣ гуфт, буд безурёте,

Модом, ки шоҳписари Хайёмем?»

(Садои Шарқ, 1976, шумораи 10, саҳ. 117)

Инак, ман мехоҳам ин ҷо масъалаи осори ғиноии равонӣ ё равоншинохтиро ба қадри тавон ва фаҳми худ як андоза шарҳу тавзеҳ карда бошам. Шеъри равоншинохтӣ бар бозгӯ ва таҳлили олами дарунии шахси ғиноӣ бунёд меёбад. Шояд баъзеҳо эътироз кунанд, ки навъи ғиноӣ (лирика) худ аз гуруҳи осори дарунгарост. Ин андеша дуруст аст, аммо, ба фикри мо, бояд дарунгароии равониро аз дарунгароии ғиноӣ тафовут дод. Инҳо ҳар ду ҷанбаи зеҳнӣ (субъективӣ) доранд, аммо агар дар дарунгароии ғиноии сирф масъала ба шахси шоир иртибот гирад, пас, дар дарунгароии равонӣ (хоҳ дар ҳамоса ва дром ва хоҳ дар лирика) мавриди таваҷҷуҳ таҳлили вазъи дарунии рангину мураккаби инсон (шахс ё қаҳрамони ғиноӣ) аст. Одатан зеҳнгароии ғиноии сифр аз эҳсоси шахси шоир ибтидо гирифта, ба сӯи таъмими бадеӣ ҳаракат дорад, вале зеҳнгароии равонӣ ба таҳлилу таҷзияи эҳсос ва ҳолати равонӣ мепардозад ва ҳолоти мухталифи афрод ва шахси ғиноиро ба жарфназарӣ паҳно мебахшад. Он танҳо бо зикри ҳолатҳои ҷудогона маҳдуд намемонад, балки дар кулл муайянкунандаи кайфияти равонии қаҳрамони ғиноист. Ба ин маънӣ, шоире чун устод Лоиқ бо он фикру андешаи таҳлилгар ва дониши пурвусъату хурдабин, истеъдоди фавқулодаву жарфназарии инсоншиносона муяссар гардидааст, ки симои нотакрор, мураккабу гоҳо боихтилофи инсонҳоро ба таҳлилу тасвир гирад. Барои намуна шеъри «Користон»-ро ёдовар шудан мумкин аст, ки шоир бо равшании тамом аз дурангӣ, балки мураккаб будани олами равонии қаҳрамон гувоҳӣ медиҳад:

…Даруни синнаи ман корзоре ҳаст,

Миёни ақлду ҷаҳлам гиру доре ҳаст.

Даруни синаам як душмани ҷонсахт

Ва ҳам як қаҳрамони ҷоннисоре ҳаст.

Ман аз он ишқ меварзам,

Ман аз он бода менӯшам,

Ман аз он шеър мегӯям,

Ман аз он доимо дар хеш меҷӯшам,

Ки бо неруи туғёнҳову исёнҳои эҳсосам

Мани бегонаро аз хештан кам-кам бадар созам,

Мисоли он ки фарроше хасу хасрӯбаҳоро

аз замини хона мерӯбад,

Кунам аз хеш тард ӯрову бе ҷурме сар афрозам!

(Куллиёт, саҳ. 85)

Пайдост, ки қаҳрамони шоир маҳдуд ба ҳоле нест, балки дар андешау таҳлил ва баҳои ҳолоти мухталиф дар ботини худ аст. Дақиқтараш дар ҷараёни набарди ботинию худшиносист («Зафар бар хештан ҳам қаҳрамонист!»).

Банда дар ҳамсон баҳс изҳор дошта будам, ки:

«Қаҳрамони лирикии Лоиқ сифатҳои ба худ хос дорад, ки симои ӯро ҳангоми ба ҳисоб гирифтани тамоми эҷодиёташ муайян кардан мумкин аст. Вай шахсест, ки баду неки худро ба таҳлил мегирад, дар хусуси пастию баландиҳои зиндагӣ андеша меронад, дарду шодии онро дар ягонагӣ дарк мекунад, вале ҳамеша ӯро рӯҳи ҳаётдӯстӣ тарк намесозад. Агар мо аз рӯи порчаҳои ҷудогона сифтаҳои қаҳрамон ва умуман идеали шоирро муайян карданӣ шавем, моҳияти эҷодиёти Лоиқро нодуруст шарҳ додаем». Ба қавли устод Муъмин Қаноат: «Аз ҳамосаи зиндагӣ то «Мадҳияи аҷал» – дар ин паҳнои беохир, қаҳрамони лирикии ӯ андеша меронад.

Бамаврид аст, таъкид кунем, ки дар мубоҳисаи мазкур ба шеъри «Тобистони Варзоб» нукта гирифта шуд, ки ба фикрам ноҷоиз буд. «Аввалин, дар ин шеър ҳеч густохие ва ё лағзиши ғоявие нест, балки як андоза ҳақиқат бепарда ва ба аслаш наздик гуфта шудааст. Сониян, Лоиқ ба ин шеъраш Варзобро танҳо на ҷои лофу газофи ошиқона, балки чун макони изҳори садоқати ошиқон низ таъкид мекунад». (Садои Шарқ, 1976, шумораи 10, саҳ. 117).. Ҳоло метавон афзуд, ки устод Лоиқ ошиқи Варзоб буд ва дар ин мавзӯъ шеъри зиёде суруда аст, ки аксаран аз тавсифи ин макони зебоманзар иборат мебошанд.

Шеъри ғиноии равонӣ, гумон мекунам, зодаи даврони фардгароӣ ва худдаркиву худшинохтагии инсон аст ва имкон медиҳад, ки муаллиф аз сурудаҳои сохтаву супоришӣ ва мавсимиву дастурӣ барҳазар бошад, то он чи имонашро ба ҷунбиш овардаву дилаш хоста бошад, бигӯяд. Дар ин мавридҳо ашъори ватанхоҳона ва ба таъриху шахсиятҳои машҳур ва ҳимояи манфаатҳои миллӣ ва худшинохтагии устод таълиф намударо на танҳо бояд чун баёни андешаи иҷтимоии сифр қабул дошт, ки ҳамин тавр ҳам мешававд тавзеҳ кард, балки онҳо, пеш аз ҳама, чун як ҷузъи муҳимми андешаи дарунии қаҳрамони ғиноӣ ва ҳамзамон хонанда ҳам намудор мешаванд, ки арзиши ба маротиб бештаре доро мебошанд. Ин бисёр муҳим аст ва он аз сифати тозаи осори ғиноӣ дар адабиёти муосир дарак медиҳад, ки дар шеъри шоирони тавоно Гулрӯхсор ва Фарзона бештар ба мушоҳида мерасад. Аслан вақте расидааст, ки ҳамаи навъҳои шеъриро аз як меъёр мавриди баррасӣ қарор надиҳем ва тасаввурамонро дар бораи шеър, ки замони рушди инсон дар дар олами равонӣ ва худшинохтагӣ паймудаасту мепаймояд, ба назар гирем ва ақидаҳоро тасҳеҳу такмил кунем.

Ниҳоят, Лоиқро барҳақ метавон дар маъниофарию сухангустарӣ ва тасвиргарию ороиши калом, ибтикороту тозаназарӣ шоире аз табори бузургони шеъри форсии тоҷикӣ ба мисли Рӯдакию Фирдавсӣ, Хайёму Ҳофиз, Мавлавию Соиб, Саййидову Туғрал, Айнию Лоҳутӣ ва Турсунзодаву Қаноат ба шумор овард, ки бо ифтихору эҳтиром аз онҳо ёд кардаву бардоштҳои ибратбахшеро анҷом додааст. Ва ҳоло метавон ба ин натиҷа расид, ки аксари шоирони баъдӣ аз шеъри эшон асарпазир будаанд. Агар аз маҳбубияти ӯ миёни ҳаводорон сухан ба миён ояд, бегумон вай аз паси Хоҷаи Шероз қарор хоҳад гирифт. Ёдат ба хайр, шоири писандидаи мардум ва дардошнои миллат!

Абдухолиқи Набавӣ, н.и.ф., ходими пешбари шуъбаи адабиёти

муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО