Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
19 Sep 2024
Submitted by Admin
170

Мусаллам аст, ки нақши Рӯдакӣ дар густариш ва ташаккули забони тоҷикӣ хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Бо ташаббус ва ибтикори чунин шоирону нависандагон буд, ки забони тоҷикӣ сайқал ёфта, тарзи ифодаи вожаву истилоҳоти осори онҳо то ба ҳол ба тағйироти ҷиддӣ рӯ ба рӯ нагардидаанд, ба истиснои баъзе калимаҳои куҳан ва арабии мушкилбаён.

Чун забони суғдӣ яке аз забонҳои муҳимми эронии миёна ба ҳисоб меравад, Рӯдакӣ ҳам дар осори худ аз вожаҳои суғдӣ истифода кардааст, ки роҷеъ ба ин масъала баъзе аз муҳаққиқони соҳа, дар мисоли В. А. Лившитс, А. Л. Хромов, М. Н. Боголюбов дар бархе аз асару мақолаҳояшон маълумоти иҷмолӣ додаанд. Бинобар ин, бо баррасии илмӣ, таҷзия (таҳлил)-и луғоти суғдии осори Рӯдакӣ ба шинохти фарҳанги гузаштагонамон ва билохира ба шинохти таъриху фарҳанги ниёгони худ ва пешинаи забонамон метавон даст ёфт.

Вожаҳои куҳанбунёди забонамон дар соҳаҳои гуногун ва дар давраҳои дуру дарози таърихӣ ба тағйироту таҳаввулоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда, дар натиҷа дучори дигаргунии маъноӣ, тағйири корбурдӣ ва ё дар бархе аз маврид мансух (аз эътибор соқит) гардидаанд. Дар осори боқимондаи Рӯдакӣ дар паҳлуи вожаҳои зиёде, ки имрӯз маъмуланд, калимаҳои мансух низ ба мушоҳида мерасанд. Аз мутолиаи осори Рӯдакӣ маълум мешвад, ки як бахши маводи захираи луғавии онро калимаҳои суғдӣ ташкил медиҳанд. Бинобар ин омӯзиш ва пажуҳиши вижагиҳои маъноӣ ва сохтории онҳо дорои аҳамияти илмии махсус мебошад, чунки устодони назм, дар мисоли Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Абушакури Балхӣ ва шоирони баъдӣ дар ҳар жанр услубҳои гуногунро ба кор бурдаанд. Масалан дар осори боқимондаи Рӯдакӣ калимаҳои суғдӣ бештар истифода шудааст. Аз мутолиаи осори ниёгон маълум мегардад, ки илм ҳамеша дар рушду густариш будааст ва раванди ташаккулу таҳаввули илмро дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ аз осори бозмондаи шоирону нависандагон ва донишмандонамон муайян кардан мумкин аст. сарчашмаҳои илмиву бадеӣ низ дар пояи ҳамдигар таҳия ва такмил ёфта, яке дигареро мукаммал мекунад. Албатта, илм дар навбати худ ба бахшу бахшчаҳои зиёде дастабандӣ шуда, дар робита ба ҳар бахше осори дилхоҳе ба таҳқиқ расидааст, ки яке аз муҳимтарин ин илми забоншиносӣ мебошад. Дар робита ба ҳамин масъала дар ин мақола чанд вожаи суғдӣ интихобан аз осори Рӯдакӣ мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор мегиранд, ки иборатанд аз: поғӯш, карвадандон, фарвор, фарғанд, фарғандосо, Фархор.

Карвадандон. Вожаи карвадандон аз ҷиҳати сохт мураккаб буда, аз ду ҷузъ карва ва дандон корбаст гардидааст. Ҷузъи дуюм дар забони тоҷикӣ маъмул ва фаҳмост, вале ҷузъи аввал истифода намешавад. Вожаи карва куҳанбунёд буда, дар матнҳои суғдӣ-буддоӣ айнан дар ҳамин шакл ба мушоҳида мерасад, ки дар “Фарҳанги суғдӣ” чунин тавзеҳ ёфтааст: krw’[karwā] “ миёнтиҳӣ, холӣ, сӯрох” [1995, 4875]. Ин калима низ дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” низ сабт шуда, “ковок, пӯсида” (дар мавриди дандон) маъно шудааст [ 1969, ҷ. 1. 539], ки мисоли он аз осори Рӯдакист.

Рӯдакӣ дар яке аз мисраъҳои шеърии худ вожаи суғдии карва-ро бо дандон пайваст кардааст:

Боз чун баргирифт парда зи рӯй,

Карвадандону пуштчавгон аст.

(Мирзоев, 2008, ҷ. 1, 554)

Вожаи карвадандон ҳам бо бархе аз тафовутҳои овозӣ дар матнҳои суғдӣ-буддоӣ мустаъмал будааст ва он дар “Фарҳанги суғдӣ” ба гунаҳои зайл ба қайд гирифта шудааст: krw δnt ‘k (h) [karw-δandē, δandāk] “дандони миёнтиҳӣ, дандони кирмхурда” [1995, 4877].

Поғӯш. Ин калима аз рӯйи сохт мураккаб буда, аз ду ҷузъ, ки ҳарду ҷузъ ҳам мутааллиқ ба узви бадананд, яъне аз по(й) ва ғӯш таркиб ёфтааст. Ҷузъи аввал мафҳуми умумитоҷикӣ дошта ҳоҷат ба шарҳу эзоҳ нест, вале ҷузъи дуюм тавзеҳ мехоҳад, чунки маънои он дар забони тоҷикӣ нофаҳмост. Ҷузъи дуюм, яъне вожаи ғӯш марбут ба забони суғдӣ буда, дар забони муосири яғнобӣ низ айнан дар ҳамин шакл ба кор меравад.

Вожаи ғӯш дар матнҳои суғдӣ хеле зиёд ба мушоҳида мерасад ва дар “Фарҳанги суғдӣ” дар шакли ɤwš [ɤōš].©<* gаuša ба маънои “гӯш” сабт гардидааст [1995, 4050].

Дар маҷмуъ вожаи поғӯш маънои “сар ба об фурӯ бурдан, ғӯта хӯрдан; пинҳон кардан, махфӣ кардан”-ро дорад.

Дар осори Рӯдакӣ вожаи мавриди андеша, яъне поғӯш як маротиба ба маънои “ғӯта задан ба об” ба кор рафтааст. Чунончи, дар яке аз мисраъҳои шеъри Рӯдакӣ ин калимаро ба гунаи зайл корбаст намудааст:

Бувад зудо, ки оӣ нек хомӯш,

Чу мурғобӣ занӣ дар об поғӯш.

(Мирзоев, Донишномаи Рӯдакӣ, ҷ. 2, 2008, 332)

Таркиби “поғӯш задан” ба маънои аслӣ истифода шуда, мисли мурғобӣ оббозӣ, яъне ғӯта заданро, сар ба зери обу пойҳо болоро ифода менамояд.

Ин калима дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” низ ба қайд гирифта шуда, ҳамин мисраъҳои шеърии Рӯдакӣ мисол оварда шудааст [1969, ҷ. 2. 90]. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки ин калима хоси осори Рӯдакӣ буда, шоирон ва нависандагони дигар онро истифода накардаанд.

Фарвор. Ин калима низ бунёди қадима дошта, дар матнҳои суғдӣ ба гунаи parβār ба мушоҳида мерасад ва дар бахши луғатномаи китоби “Ягнобские тексты” дар ҳамин шакл сабт гардида, ба маънои “шатер; беседка” шарҳ ёфтааст [ Андреев, Пешерева, 1957, 251]. Вожаи мавриди назар дар забони яғнобӣ низ ба сурати farvor, яъне айнан ба гунаи суғдидошта, ба маънои “хонаи истиқоматӣ, хонаи тобистона” маъмул аст [ Мирзозода, 2008, 205]. дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ҳам ин калима сабт гардида, “хонаи тобистона” маънӣ шудааст [ 1969, ҷ. 2, 412]. Вожаи фарвор дар осори Рӯдакӣ дар як маврид, ба маънои хонаи истиқоматии тобистона ба кор рафтааст. Чунончи, шоир ин калимаро дар яке аз мисраъҳои шеърии худ ба таври зайл корбаст намудааст:

Он кун, ки дар ин вақт ҳамекардӣ ҳар сол,

Хаз пӯшу ба кошона рав аз суффаву фарвор.

(Мирзоев, 2018, 117)

Чуноне ба назар мерасад, ин калима бунёди хеле дерина дошта, то ба имрӯз асолати бунёдии худро дар забони яғнобӣ дар ҳамон шаклу маъно бидуни тағйирот ҳифз намудааст, вале дар забони тоҷикӣ мақомашро аз даст дода, аз истеъмол берун мондааст.

Фарғанд. Ин калима мутааллиқ ба номи гиёҳон буда, алафест, ки ранги зарди ҷилодор дорад ва ба танаи сабзавоту ниҳолҳо печида, онҳоро хушк мекунад. Дар натиҷаи ташаккул ва таҳаввули забони тоҷикӣ, вожаи номбурда ҳам оҳиста-оҳиста ба ёди фаромӯшӣ рафтааст ва ба ҷойи он дар забони тоҷикӣ ва гӯйишҳои он номҳои дигар ба вуҷуд омадаанд. Имрӯз дар забони тоҷикӣ ва бархе аз шеваҳои он бар ивази вожаи фарғанд номҳои дигар аз ҷумла печак, зардпечак, ашақа маъмул гаштаанд, ки дар фарҳангҳои забони тоҷикӣ ба ҳамин маъноҳо шарҳ ёфтааст.

Рӯдакӣ вожаи фарғандро дар яке аз мисраъҳои шеъриаш ба маънои алафи зардпечак чунин корбаст намудааст:

Ҳар дам, ки маро гирифта хомӯш,

Печида ба офият чу фарғанд.

(Нуров, 1990, 250)

Вожаи фарғанд аз рӯйи сохт мураккаб буда, аз ду ҷузъ фар ва ғанд , ки ҳарду бахш дар забони суғдӣ дар шаклҳои ҷудогона низ истифода мешудааст, таркиб ёфтааст. Ҷузъи аввал фар маънои “равшанӣ” ва бахши дуюм ғанд дар шаклҳои ɤnt [ɤand |t] ва ɤns [ɤans]. Дар матнҳои суғдӣ – буддоӣ ба маънои “бӯйи бад, бадбӯ” истифода мешудааст [ Garib, 1995,4125, 4147].

Аз ин вожаи мураккаби дуҷузъа Рӯдакӣ калимаи мураккаби сеҷузъа фарғандосо (фар+ғанд+осо) сохтааст, ки дорои маънои “монанди гиёҳи фарғанд, зардпечак” мебошад.

Ин вожа дар осори Рӯдакӣ як маротиба ба кор рафтааст:

Аз сарвбун дар такопӯи онам,

Ки фарғандосо бипечам бар ту бар.

(Нуров, 1990, 250).

Ин мисраи шеърӣ дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (1969) сабт гардида, вожаи мавриди андеша дар шакли фарғандворе омадааст, ки албатта, маънои ҳар ду ҳам як аст, яъне осо ва вор мафҳуми монандиро далолат мекунанд:

Аё сарви нав, дар такопӯи онам,

Ки фарғандворе бипечам ба ту-бар.

(ФЗТ, 1969, ҷ. 2. 422)

Дар ФЗТ шакли калимаи фарғандосо ба қайд гирифта нашудааст.

Ба ҳамин минвол, Рӯдакӣ, Дақиқӣ ва ҳамасрони онҳо бо истифода аз баъзе калимаҳои суғдии дар он замон маъмул дар ташаккули забони тоҷикӣ нақши муҳимро ба ҷо овардаанд, ки бахше аз онҳо имрӯз ҳам дар забони тоҷикӣ маъруфият доранд.

Дар бархе аз мисраъҳои шеърӣ баён намудани маълумот дар бораи мавзеи муайяни номвожаҳои ҷуғрофии маъруфиятдошта вижагиҳои дигари осори Рӯдакӣ мебошад. Бинобар ин баррасии номвожаҳои ҷуғрофии осори алоҳидаи адибон низ яке аз масъалаҳои муҳимму боарзиш арзёбӣ мешавад, чунки онҳо баёнгари давраҳои гуногун ва дурударози таърихии густариши забону фарҳанги ҳар халқу миллат ба ҳисоб мераванд.

Яке аз вижагиҳои номвожаҳои ҷуғрофӣ дар он инъикос меёбад, ки онҳо раванди давраҳои тӯлониро аз сар гузаронида маҳфуз мондаанд. Номҳои қадима барои насли имрӯза ва минбаъда омӯзанда буда, дар бораи забонҳои аз байнрафта, топографияи ин ё он маҳаллу мавзеъ, сарвати табиии он, тарзи ҷойгиршавии аҳолӣ ва мардуми он ва монанди инҳо маълумот медиҳанд. Чун қисмати асосии номвожаҳои ҷуғрофии минтақаи Мовароуннаҳр дар асрҳои IX-X мутааллиқ ба забонҳои суғдӣ, хоразмӣ ва бохтарӣ буд, баъд аз он ҳам боқӣ мондаанд. ки бархе аз онҳоро Рӯдакӣ ҳам дар осори худ истифода бурдааст. Дар осори Рӯдакӣ номвожаи ҷуғрофии Фархор дар ду маврид ба кор рафтааст, ки бузургии ин шаҳр ва бутҳои зебои он тасвир ёфтаанд:

Фархор бузургу некҷоест,

Гар маъдани он бути навойист.

(Мирзоев, 2018, 127)

Ё ин ки:

Эй ошиқи дилдода бад-ин ҷои сипанҷӣ,

Ҳамчун шамане шефта бар сурати Фархор.

(ҳамон ҷо).

Номвожаи ҷуғрофии Фархор аз ҷиҳати сохт вожаи мураккаб буда, аз ду ҷузъ фар ва хор таркиббандӣ шуда ва дар матнҳои суғдӣ-буддоӣ айнан дар ҳамин шакл , яъне ба маънои “парастишгоҳ, навбаҳор” омадааст.

Ҷузъи аввали калима фар маънои “рӯшноӣ, равшанӣ”-ро дорад.

Номвожаҳои ҷуғрофии Фархор дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ низ дар шаклҳои Фархор, Фарғор, Фарғора ба мушоҳмида мерасад, ки дорои чунин маъноҳо будааст: 1. номи яке аз диловарони туронӣ; 2. номи рӯдхонае (=дарёе), ки аз сарзамини Хутал сарчашма мегирад ва ба Ҷайҳун мепайвандад, имрӯз онро рӯдхонаи Ванҷ гӯянд [Фарҳанги “Шоҳнома”, 1377, 515-516. ].

Вожаи farxār, –и суғдӣ ва vihara–и санскрит ба маънои “дайр, маъбад, бутхона” низ маъмул будааст. Фархор номи чанд шаҳр ҳам мебошад, ки муҳимтарини онҳо “Фархори бузург” дар Тибет аст, ҳамчунин шаҳре будааст дар Мовароуннаҳр, ки замони пеш бо бутхонаҳояш ва хубону соҳибҷамолони худ шуҳрат доштааст. Имрӯз ноҳияе бо ин ном дар вилояти Хатлон дорем.

Ин номвожа дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” низ ба қайд гирифта шуда, ба чунин маъноҳо тавзеҳ ёфтааст: 1. шаҳре дар Мовароуннаҳр, ки дар замони пеш бо бутхонаҳояш машҳур будааст; 2. бутхона; 3. маҷ. ҳар ҷои ороста ва зебо [ 1969, ҷ. 2. 420]. .

Ҳамин тавр, аз решаи фар дар осори Рӯдакӣ калимаҳое корбаст гардидаанд, ки дар нақша метавон онҳоро ба таври зайл ифода кард:

вор

ғанд

фар ғандосо

ғӯл

хор

Ба ҳамин минвол, вожаҳои суғдии осори боқимондаи Рӯдакӣ як бахши муҳим ва пурарзиши забони тоҷикиро ташкил медиҳанд, ки барои омӯзиши таърихи забон бисёр муфиду судманд буда, онҳо ҳамчун вожаҳои бунёдӣ дар рӯзгори мардуми ориёӣ аз замонҳои хеле пеш то ба ҳол такмилу ташаккул ва таҳаввул ёфта, бархе аз онҳо ба ёди фаромӯшӣ рафтаанд. Қисми дигар шаклу маъноҳои нав гирифта, бо роҳу воситаҳои гуногуни калимасозӣ рӯйи кор омадаанд.

Бинобар ин, метавон гуфт, ки баррасӣ ва таҳлили вижагиҳои луғавию маъноӣ, сохторӣ, грамматикӣ, бавижа решашиносии калимаҳои суғдии осори Рӯдакӣ муҳимму судманд арзёбӣ мешаванд, чунки дар ташаккули луғавии забони тоҷикӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ нақши махсусро ба ҷо овардаанд.

Рӯйхати адабиёт

1. Андреев М. С., Пещерова Е. М. Ягнобские тексты с приложением ягнобско-русского словаря, составленного М. С. Андреевым, В. А. Лившицем и А. К. Писарчик. –М.–Л.: Академии наук СССР, 1957.– 392 с.

2. Мирзоев С. Донишномаи Рӯдакӣ. – Душанбе: Дониш, 2018.-Ҷ.3.– 577 с.

3. Мирзозода С. Фарҳанги яғнобӣ-тоҷикӣ. – Душанбе: Анҷумани Деваштич, 2008. – 280 с.

4. Нуров А. Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ. – Душанбе: Ирфон, 1990.

5. Фарҳанги забони тоҷикӣ. – М.: Советская энциклопедия, 1969. Ҷ. 2. – 952 с.

6. Garib B. Sogdian Dictionary (Sogdian-Persian-English).– Tehran: Farhangan, 1995.–11617 c.

7. Hossein Shahidi Mazandarani. Farhang-e Sahnameh. Persons Places. –Balx: Bunyadi Nishopor, 1377. - 814 pp.

Сайфиддин Мирзоев мудири шуъбаи забони тоҷикии Институти забон ва адабиёт ба номи Рӯдакии АМИТ, номзади илми филология

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО