06 Dec 2023
Submitted by Admin
1094

Дар бораи саҳми фарзанди баруманди мардуми тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, Бобоҷон Ғафуров (1909-1976) дар рушди афкори адабӣ, таърихнигории ҳирфаӣ ва адабӣ ва андешаи миллигароёна сухан ба миён оварда, бояд таъкид кунем, ки ибтидои ин фаъолияти ӯ ба замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (набарди шӯравӣ бо фашизми Германия дар солҳои 1941-1945) иртибот мегирад. Бобоҷон Ғафуров, ки аз солҳои 30-ум бо фаъолияти рӯзноманигорӣ ба арсаи фаъолияти иҷтимоӣ ворид шуда буд, дар айёми ҷанг ба сифати мудири бахши ташвиқу тарғиб ва котиби Кумитаи Марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон барои тавсиа ва ба самти дилхоҳи эҷодӣ ҳаракат кардан, бахусус қувват гирифтани ҷанбаи миллӣ дар адабиёти тоҷик, кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст. Вай, ки худ аслан таърихшинос буд ва ба масъалаҳои ҷомеа на танҳо аз дидгоҳи мафкура ва сиёсати ҳизб, балки ба онҳо аз рӯи мантиқи инкишофи таърих, гузаштаи пурифтихори миллат ва таҳкими ҳуввияти он назар мекард. Зиндагии шӯравӣ, ки сиёсати дуҳавоӣ бисёр дошт (масалан дар канори мазмуни сутсиолистӣ шакли миллиро мегузош ва…) ва ин амал дар даврони ҷанг бисёр иттифоқ меафтод, аҳли илму фарҳанг аз аввалин имконият истифода бурда, ҳарчанд бехавф ҳам набуд, барои расидан ба асли худ ва тақвияти заминаҳои миллии андеша ва адабиёт кӯшиш ба харҷ медоданд.

Бобоҷон Ғафуров низ ба сифати роҳбари сиёсӣ аҳли адабро барои эҷоди асарҳои ба рӯҳи замон мувофиқ ва асилу миллибунёд даъват мекард. Аз ҷумла, ӯ дар маҷлиси кормандони санъат, ки 1 декабри соли 1942 дар бинои театри ба номи Лоҳутӣ баргузор гардид, вазифаҳои аҳли адаб ва ҳунарро чунин муайян намуда буд:

«Асарҳои санъат бояд образ ва намунаҳои шоёни ватандӯстии халқҳо, намунаҳои мардонагӣ ва қаҳрамониро муҷассам созанд, …ва аз ҷиҳати сифат ва бадеӣ қимати ин асарҳоро баланд бардоштан зарур аст».

Чунин ба назар мерасад, ки дар ин солҳо дар вуҷуди ин марди донишманд ва сиёсатмадори нозукбин хуни ҷавонмардию ватанхоҳӣ ҷӯш мезад, ҷанг тасаввури ӯро дар бораи Ватан, миллат ва таърихи он боз ҳам мушаххас кард ва иродаашро дар ин масъалаҳо қавӣ намуд.

Маҳз бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров дар рӯзҳои аввали ҷанг диққати аҳли адабу ҳунар ба тасвир намудан ва зинда кардани ному тимсоли таърихи қаҳрамонҳои фарзандони халқи тоҷик бо исрору таъкид ба миён гузошта мешавад. Ин бесабаб ҳам набуд, зеро Бобоҷон Ғафуров худ ба сифати олими таърихшинос аҳамияти ҳофизаи таърихиро, ки асли бақо ва ҳастии ҳар миллат мебошад, дар кори мубориза барои ҳимояи Ватан ва ташаккул додани ҳувияти миллӣ хеле хуб дарк мекард…

Аслан, таърих ва таърихнигорӣ аз суннатҳои муҳимми илму фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ будааст. Ҳатто дар сангнавиштҳои кӯҳи Бесутун, ки иборат аз матнҳои забони форсии қадим буда, бо супориши Доро ҳаккокӣ шудаанд, мақсад аз зикри гузаштагон тасдиқи он ҳақиқат аст, ки вай дар салтанати шоҳаншоҳӣ идомадиҳандаи салафони худ аст. Ба ибораи дигар ғараз таъкиди қонунӣ будани тахту тоҷи худ бар мабнои таърих аст. Маълум аст, ки фикри ибрат ги рифтан аз таъриху гузашта ба осори мазҳабӣ низ хос будааст.

Ба ин маънӣ, дар зарфи садсолаҳо хеле аз таърихҳо таълиф шудаанд. Дар байни онҳо асарҳои зиёди таърихӣ ҳастанд, ки ба сифати сарчашмаи муътабар дорои аҳамияти бузурге ҳастанд. Аз ҷумла, «Таърихӣ Табарӣ»-и Муҳаммад ибни Ҷалили Табарӣ, «Таърихи Бухоро»-и Абӯбакри Наршахӣ, «Зайнулахбор»-и Абӯсаиди Гардезӣ, «Таърихи Байҳақӣ»-и Абулфазли Байҳақӣ, «Равзатуссафо»-и Муҳаммад ибни Ховандшоҳ ибни Маҳмуди Мирхонд, «Ҳабибуссияр»-и Хондамир ва дигаронро ном бурдан мумкин аст. Вале аксари зиёде ба ҷуз аз ин таърихҳо хусусияти зеҳнӣ дошта, ба ному корномаи амиру шоҳе бахшида навишта шудаанд. Як хусусияти ин таърихномаҳо ҳамин будааст, ки дар онҳо далелҳои таърих бо обу ранги бадеӣ, бахусус тасвирҳои муболиғаомез ва иғроқҳои ғайривоқеӣ пайваста омада, симои аслии воқеаву ҳодисаҳо ва амали шахсиятҳо омехта бо тавсифу муболиғот нигошта мешуд. Албатта дар ин осор хеле аз далоил ва воқеоти таърихӣ мавҷуд аст, ки онҳоро ба сифати сарчашма ва маъхази омӯзиши замонҳои гузашта ба кор нагирифтан ғайри имкон аст. Ҳарчи ҳам ҳаст, ба гуфти донишманд Худоӣ Шарифов: «Дар воқеъ шаклҳои гузориш ва қабули хотираи таърих насри адабӣ аз ҳам тафовути зиёде надошт» .

Аммо, ба фикри банда, ин масъала баста ба ташаккули афкори таърихии ҷомеа иртибот мегирад, замону макони муайяни таърихиро тақозо дорад, то ки дар ҷомеа фардгароӣ ба ҷойи авал гузарад ва инсон худнигар шавад, яъне барои дар чӣ марҳалаи зиндагӣ ва чӣ сатҳи маънавӣ қарор доштани худро фаҳмидан омода бошад. Аммо ин вазъият, мисли дигар манотиқи олам, дар кишвари мо танҳо дар замони маорифпарварӣ ва ҷадидизм (рӯшангарӣ) ба миён омад.

Ба ин маънӣ метавон гуфт, ки кӯшиши шинохти замон ба таҳқиқ ва баррасии таърихи он овард. Масалан, асосгузори рушанфикрии тоҷикӣ Аҳмади Дониш (1826-1897), ки мутаваҷҷеҳи вазъи зиндагии замони худ гардид, пеш аз ҳама ба баррасии таърих рӯ овард, то мантиқ ва моҳияти амали ҳукмронони кишварашро сарфаҳм рафта бошад. Вай бо ҳамин мақсад асари «Таърихча» («Таърихи амирони Бухоро»)-ро таълиф намуд. Баъдтар яке аз ислоҳотгарон Абдуррауфи Фитрат (1886-1938) барои «ҳар миллате, ки ҳаёт мехоҳад, донистани таърих лозим аст». Садри Зиё (1871-1932) дигар аз рӯшанфикрони замон силсилаи асарҳои таърихӣ эҷод кард, то барои шинохти замон ба мардум мавод дода бошад.

Баъди инқилоб, мешавад гуфт, устод Садриддин Айнӣ ин суннатро идома дод ва якбора се асари таърихӣ - «Таърихи амирони Манғитияти Бухоро» (1918-1920), «Таърихи интибоҳи фикрии Бухоро» (1918) ва «Таърихи Инқилоби Бухоро» (ба забони ӯзбакӣ, 1922)-ро навишт, ки ин амал барои ба таҳлил гирифтани замони муайян, масъалаҳои муҳимми он ва дарки раванди таърих ба ӯ кӯмаки бузурге карданд. Дар ин маврид аз хизматҳои «Ҷамъияти илмии тоҷикшиносӣ…» (Тошканд, солҳои 1925-1930), ки дар он олимони бузурги шарқшинос ҷамъ омада, барои омӯхтани таърихи тоҷикон корҳои зиёдеро анҷом додаанд, ёдовар бояд шуд. Масалан, маҳз дар ҳамин ҷамъият, аз тарафи яке аъзои он, мусташриқи шаҳири рус Бартолд мақолаи бунёдии «Тоҷикон» (1925) таълиф шуд…

Баъди чанде (соли 1930) Абдураҳим Ҳоҷибоев, раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рисолае таҳти унвони «Тоҷикон» таълиф намуд. Соли 1934, дар анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон И. Бройдо, муншии аввали ҳизби Тоҷикистон, масъалаи таълифи таърихи Тоҷикистонро ба миён гузошт, ки ин вазифаро Нарзуллоҳи Бектош ба ӯҳда гирифт. Вале ба чӣ анҷомидани ин кор ба мо маълум нест.

Дар солҳои баъди инкилоб, дар канори таърихнигории илмии ҳирфаӣ, ҳамчунин таърихнигории адабӣ (ҳунарӣ) низ зуҳур кард, ки намунаҳои беҳтарини он қиссаву румонҳои устод Садриддин Айнӣ будааст. Аммо ин осори чи таърихӣ ва чи адабӣ бар вақоеи ду-се асри охир маҳдуд монда, дар кулл таърихназарии давраи аввал бар мабнои ҷабҳагирӣ ва қазоватҳои табақотӣ бунёд ёфта буд.

Танҳо замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар дарки илмиву адабии таърих марҳалаи тозае гардид ва ин корро сабаб тағйири сиёсати ҳизб ба таърих ва фарҳанги миллӣ будааст.

Муаррихи югославӣ Никола Попович сиёсати ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравиро дар давраи ҷанг ба таҳқиқ гирифта навишта буд, ки: «Дар солҳои ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар сиёсати дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ тағйиротҳо ба вуҷуд омаданд» . Ба мушоҳидаи вай ба таърих ва афроди қаҳрамони он мутаваҷҷеҳ шудан ва тамоми миллатҳои шӯравиро баробар бо халқи рус ба шумор овардани ҳизб будааст.

Маълум аст, ки ин ҳама сабаби саломати нисбии ҷомеа дар масоили маънавӣ гардид. Дар Тоҷикистон низ кормандони ҳизбӣ, бахусус афроде, ки ба масъалаҳои мафкура сару кор доштанд ва онҳое, ки мисли Бобоҷон Ғафуров аз таърихи халқи худ огоҳ буданду онро азиз мешумориданд, аз мавриди муғтанам истифода карда, барои дар заминаи миллӣ инкишоф ёфтан ва дар адабиёт бештар мавқеъ пайдо кардани андеша ва афкори адабии мардуми тоҷик шароит мусоид оварданд. Ба ин мақсад ба Иттифоқи нависандагони Тоҷиистон супоришҳои махсус низ дода шуд.

Воқеан дарсҳои таърих барои рӯзгори ҳассоси замони ҷанг хеле коршоям омад. Бинобар ин Бобоҷон Ғафуров ба қазияи мазкур ҳассосият нишон дода, дар оғоз китобе бо номи «Муборизаи халқи тоҷик ба муқобили истилогарон ва асоратгарони аҷнабӣ» (1942) ва дар охирҳои ҷанги ватанӣ бо ҳамқаламии Н. Н. Прохоров китоби «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти Ватани худ» (1944)-ро таълиф намуд.

Чизи ҷолиби диққат дар китобҳои мазкур ҳамин аст, ки бори нахуст дар бораи силсилаи қаҳрамонони халқи тоҷик дар гузашта - Спитамен, Муқаннаъ, Темурмалик бо ин муфассалӣ аз ҷониби як роҳбари ҳизбӣ сухан ба миён омад ва ҳатто назди аҳли адаб масъала ба миён гузошта шуд, ки ба нигоштани зиндагинома ва чеҳраҳои онҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Гумони ғолиб меравад, ки Бобоҷон Ғафуров муҳим будани масъалаи омӯзиш ва мутолиаи таърихро кайҳо пай бурда буд ва дар замони ҷанг, бо фароҳам омадани имкон, аз мавриди мусоид истифода бурда огоҳона диққати аҳли илму адабро мутаваҷҷеҳи масъалаҳои таърих ва гузаштаи пуршарафи мардуми худ кард. Ба ҳамин маънист, ки ӯ дар ҷаласот ва суҳбатҳои расмиву ғайрирасмӣ аз шоиру нависандагон тақозо мекард, ки ба тасвири бадеии мавзӯъ ва масоили таърихӣ бештар мутаваҷҷеҳ шаванд.

Дар навбати аввал як силсила мақолаҳо таҳти унвони «Аз таърихи халқи тоҷик» ба майдон омаданд, ки мақсади таълифи онҳо иборат буд аз таҷассум кардани чеҳраи ашхоси номдори таърихӣ. Ин мақолот ва боз як силсила мақолаҳое, ки зери унвони «Аҷдодони бузурги халқи тоҷик» дар бораи Маҳмуди Торобӣ, Спитамен ва Муқаннаъ навишта шудаанд. Ҳарчанд ин осор як сохтори қолабӣ доштанд, ки иборат аз маълумоти муқаддимавӣ ва муайяни таърихӣ оғоз шуда, сипас саргузашти қаҳрамонро фаро мегирифт ва бо даъват ба илҳом аз чунин қаҳрамонҳо итмом меёфтанд, бегумон, дар якҷоягӣ як китоби хубе аз муборизаҳои фарзандони далери тоҷикро ба вуҷуд оварда, барои дар зеҳни мардум нишастани қаҳрамонони халқ ва таърихи муборизаҳои ватанхоҳонаи эшон ва ифтихори таърихии онҳо мусоидат менамуд.

Аммо аз тарафи Бобоҷон Ғафуров корҳои ҷолибе дар мавриди тасвири ҳунарии мардони таърих ба нақша гирифта шуд. Дар ин хусус далелҳои ҷолибе мавҷуд аст, ки аз ниятҳои наҷиби миллатгароёнаи ин марди бузург шаҳодат медиҳанд.

Масалан, Абдусалом Деҳотӣ, яке аз раҳбарои Иттифоқи нависандагони Точикистон, дар мактубаш ба устод Садриддин Айнӣ, ки аввали соли 1942 ирсол доштааст, чунин як қайди муҳиммеро дар бораи таваҷҷӯҳи эшон ба мавзӯъи таърихӣ баён мекунад:

«Ман (Деҳотӣ - А.Н.) кайҳо боз дар бораи як-ду масъала, бо вуҷуди ин, ки вазифаи бевоситаи худам нест, фикр ва раъйи шуморо фаҳмиданӣ будам. Якум: дар чанд маҷлисҳо ва машваратҳое, ки дар давоми шаш моҳи Ҷанги Ватанӣ дар КМ Партия ва ё ки дар зери роҳбарии КМ дар ҷойҳои дигар бо нависандагон ва коркунони санъат (ҳунар) шуда гузашт, масъалаи дар адабиёт ва санъат зинда кардани номи гузаштагони диловари халқи тоҷик (мисли Ибни Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва ғайра) бардошта шуд ва рафиқ Ғафуров ин мавзӯъро борҳо ба ҳама пешниҳод кард. Баъзе аз рафиқон дар ин бора пйесаҳо (намоишнома) навиштанӣ шуданд. Аммо ҳанӯз касе ба кори амалӣ сар накардааст гӯем, хато намешавад. Майли ман ба сифати як хонанда, он буд, ки яке аз ин мавзӯъҳоро шумо кор кунед, хоҳ ба шакли ягон асари адабӣ, хоҳ ба шакли як очерки илмӣ-таърихӣ, ба ҳар ҳол, чунин асар бояд муваффақият пайдо кунад ва фоида бахшад...»

Устод Айнӣ худ низ дар мактубаш ба шоир Муҳаммадҷон Раҳимӣ аз 23 апрели соли 1942 эътироф кардааст: «Аз темаҳо (мавзӯъҳо), ки Ғафуров таклиф карданд, барои ман Ибни Муқаннаъ мувофиқ аст. Чунки ман дар ин бора дер боз тадқиқот дорам». Аммо устод ба масъала бо ҷиддияти ба ӯ хос пардохт ва натанҳо дар бораи Ибни Муқаннаъ, балки оид ба қаҳрамони ҷанги зидди муғулҳо - Темурмалик низ як очерки бадеии ҷолибе навишт.

«Исёни Муқаннаъ» (1944), ки қолаби очерки таърихӣ-тадқиқотӣ таълиф шудааст, саршор аз вақоеъи таърихӣ мебошад ва мақсади муаллиф низ бавуҷуд овардани «аҳволоти таърихии» Хуросон ва Мовароуннаҳр будааст. Ин тафсилоти таърихӣ, ки се боби очеркро дар бар мегирад, зимнан аз аввалин қадамҳои ҷиддии шинохти таърихи мардуми мост. Сипас сухан аз ривояту афсонаҳои зиндагии Муқаннаъ ва муборизаи 14-солаи ӯ меравад. Ҳарчанд устод дар ин асар ба тасвири ҳунарии Муқаннаъ камтар эътибор додааст, вале таъкиди шахсият, аҳамияти муборизаи ӯ дар заминаи воқеоти таърихӣ ба ҷанбаи маърифатии китоб хосияти ибратангезӣ илова карда, чеҳраи таъмимии марди диловареро ба вуҷуд овардааст.

Аммо «Қаҳрамони халқи тоҷик - Темурмалик» (1944) очерки адабӣ-таърихист. Дар ин асар ҳам устод Айнӣ барои пеши назар овардани ҳолу ҳавои замони тасвир ҳавсалаи том зоҳир мекунад ва шароити таърихиро муфассал нигошта, чигунагии ба ҷангҳои қаҳрамонона омода шудан, дар набардҳои сангин аз худ ҳисси шадиди ватандустӣ нишон додани Темурмалик, ҳунари сарлашкарӣ, сангаргирӣ, муомилаву якдигарфаҳмии ӯву ҷанговаронашро ба тафсил нақл мекунад. Нақли устод батааннӣ, вале саршор аз сухани баланду пурҷило, ороставу пироста ва ҳамроҳ бо намунаҳои шеъри ҳамосӣ ва ахлоқӣ, забонаш дар пайравии сабки классик равону гиро ва серсадо буда, ҳама дар пайвастагӣ симои инсонии як қаҳрамони таърихӣ ва ватандӯсти некӯхисолро таҷассум менамоянд.

Дар адабиётшиносӣ ва нақди тоҷик бештар дар хусуси ҷанбаи романтикии ин асар сухан рафтааст. Вале бояд таъкид намоем, ки рӯҳи романтикӣ асосан дар сухани худи нависанда, бахусус дар тасвири шахсияти Темурмалик ба кор гирифта шудааст. Мақсади нависанда, ба фикри мо, дар ин маврид офаридани образи таъмимии қаҳрамони халқ аст. Ва Темурмалик дар тасаввури халқ ва ҳатто бино ба маълумоти сарчашмаҳо низ як марди шуҷоъу паҳлавони ҳамосӣ ба назар мехӯрдааст. Ба қавли муаррихони асримиёна, аз ҷумла муаллифи «Равзат-ус-сафо» Мирхонд, ки устод Айнӣ мавридҳои зарура бештар ба ӯ истинод кардааст, Темурмалик бо ҷасуриву далерӣ, лашкаркаши донову размовари шуҷоъ будан қаҳрамонҳои Фирдавсиро мемондааст:

Табиист, ки Айнӣ дар таълифи ин очерки адабӣ-таърихӣ ҳам дар нигориши воқеияти таърихӣ ва ҳам дар офаридани симои қаҳрамон аз доираи далоил ва тасаввури таърихӣ берун рафтан нахостааст. Зиёда аз ин, набояд ҳукм кунем, ки асари мазкур танҳо ҳадафи бадеии сирф дошту бас, балки дар қатори асарҳое, ки «Материалҳо барои таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон» унвони умумиашон буд, чоп шудани он набояд бесабаб бошад. Аммо ин ҳолат қимати адабии асарро як зарра кам накардааст. Баръакс бояд таъкид кунем, ки ба ҷуз аз истифодаи сарчашмаҳои таърихӣ дар тасвири зиндагӣ ва сарнавишти Темурмалик, ҳиссаи зиёдро маълумоти таърихӣ ва иқтисодиву сиёсии Мовароуннаҳр, Хоразм ва Хуросон дар арафа ва замони ҳуҷуми Чингизиён ташкил намудааст.

Бояд гуфт, ки ин асари устод Айниро метавон як кӯшиши ҷиддӣ ва бомуваффақияти таърихнависии бадеӣ ба шумор овард, ки ҳарчанд бо замони ҳозира ҳамоҳанг аст, аммо, пеш аз ҳама, таҷассумгари воқеот, ҳолу ҳаво ва фикру зикри замони мавриди тасвири худ – асри XIII мебошад. Яъне таърихнигории бадеии сарф аст ва нависанда мехоҳад, ки байни воқеаҳои замони худ ва гузашта монандиҳои типологӣ (шабеҳ) ва ҳамхониҳо барпо шуда бошад. Ва инро метавон таърихназарии бадеии сирф номид. Ин таърихнигориро бояд аз асарҳои бо таъсири ошкорои замон эҷод шуда (дроми Фитрат «Шӯриши Восеъ» ва дигар асарҳои ба он монанд) ё насри таърихӣ-инқилобии худи устод тарҷеҳ дод. Бо «Таърихи халқи тоҷик - Темурмалик» ба фикри мо, жанри таърихии асил дар насри тоҷикӣ устувор гардид ва на танҳо мавзӯи гузаштаи дур мавриди тасвир қарор гирифт, балки аз назари маҳдуди табақотӣ низ сарфи назар шуда, намояндаи табақаи ҳоким ба сифати қаҳрамон интихоб шуд ва паёми нависанда низ на ғояи ҳизбӣ, балки иборат аз ватандӯстии асил мебошад.

Нуктаи дигари лозим ба зикр дар қазияи макур ин аст, ки бо талқинҳи Б. Ғафуров ва тақозои замон барои ба арсаи эҷод расидани таърихноманависони ҳирфаӣ низ мусоидат намуд. Сотим Улуғзода, ки аз нависандагони таърихнигори пешкисват дар адабиёти нави тоҷикист, дар суҳбат ба адабиётшинос Ларисо Демидчик аз ин хусус нақл кардааст, ки руҷӯи ӯ ба мавзӯи таърихӣ бо хизматаш дар сафҳои артиш сахт вобаста мебошад. Воқеа чунин будааст, ки соли 1943 вай бо супориши идораи сиёсии марказӣ артиш таърихи мардуми худро омӯхта, дар ҷаласаи мубаллиғон суханронӣ мекунад. Вале ҷараёни ин ҷустуҷӯву тайёрӣ хеле ҷолиб буд. Устодро дар ин маврид чунин нақле дорад:

«Шумо тасаввур мекунед: ман оид ба таърихи халқи худ маълумоти ниҳоят зиёдеро дарёфта аз худ кардам. Барои ман ҳама чиз мафтункунандаву шавқангез менамуд: ҳам Абӯмуслиму ҳам Темурмалик, ҳам Маҳмуди Торобӣ… Ҳамон вақт дар дили ман иштиёқи бузурге нисбат ба таърих тавлид гардид». Улуғзода дар ҳамон мусоҳибааш масъалаи мазкурро тафсил дода, таъкид мекунад, ки дар мавриди қазияи мазкур бо устод Айнӣ низ чандин суҳбатҳо баргузор шуд ва ӯ (Айнӣ) дар бораи ба таърихи мардуми худ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардани дигар халқҳо ёдовар шуда, аз ин ҷараён берун мондани нависандагони тоҷикро бо таассуф қайд карда буд. Пайомади ин таваҷҷӯҳ чунин шуд, ки имрӯз осори намоишӣ ва румонҳои устод Улуғзода дар бораи таърихи муборизаҳои мардуми тоҷик бар алайҳи аҷнабиён ва кору рӯзгори устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, Фирдасӣ, Аҳмади Дониш аз намунаҳои осори таърихӣ дар адабиёти тоҷикӣ ба шумор мераванд.

Аз ин ҷо чунин натиҷа гирифтан мумкин аст, ки ташаккули жанри таърихӣ ва таваҷҷуҳ ба таъриху худшиносии миллии мардум ба ҳам иртиботи бевосита дошта, ба тақозоҳои Б. Ғафурв иртиботи бевосита мегирад. Афсӯс, ки муҳаққиқони тоҷикии замони шӯравӣ ба ин нуктаҳои муҳимми тағйир дар афкори ҷомиа эътибори зарурӣ надодаанд. Эшон гоҳо таърихро аз ахбори рӯз, мавзӯи таърихиро аз жанри таърихӣ, ки ҷиҳатҳои хоси бадеӣ ва поэтик дорад, тафовут намедиҳанд. Дар ин маврид аз тарафи муҳаққиқин мафҳуми таърихияти андеша ва таърихназарӣ ё дақиқ дарк нагардидааст ва ё хеле маҳдуд фаҳмида шудааст. Бинобар ин, дар ин ҷо як тавзеҳи таърихшиноси рус С.Л. Утченкоро манзури назар кардан, ба фикрам, ба мақсад мувофиқ менамояд. Ин муҳаққиқ менависад: «Лозим аст, ки пеш аз ҳама яке аз мафҳумҳои асосӣ - мақулаи таърихиятро муайян карда бошем. Моҳияти он аз чӣ иборат аст? Таърихият дарки ҳодисот (фактҳо) дар инкишофи онҳост. Аммо «дар инкишоф будани ҳодиса» чӣ маънӣ дорад? Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳодиса бояд дар гузаштааш (гнезис) ва ҳозирааш ва дар иртиботи он бо дигар ҳодисот аз назар гузаронида шавад. Дар қайди одии ҳамагуна далел ва ҳаводис ҳануз ҳеч гуна нишонаи таърихият вуҷуд надорад, агар ҷиддӣ гӯем ин тарзи муносибат ба масъала натиҷае намедиҳад ва он дар шумурду номбар намудани механикии далелҳо низ иборат нест. Таърих ва ахбори рӯз (хроника) чизҳои аз ҳам тафовутнок мебошанд» . Дар таълифи осори таърихӣ аз ҳамин шева кор гирифтан мувофиқи мақсад аст…

Аммо дар солҳои ҷанг бо ибтикори Бобоҷон Ғафуров оид ба масъалаи мазкур корҳои бисёри дигари ҷолибе анҷом дода шуд.

Аз ҷумла таваҷҷӯҳ таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ ва пажӯҳиши он низ таваҷҷӯҳ бештар гардид. Тадқиқоти устод Айнӣ «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ» дар таҳрири дувум (1942) ба табъ расид ва минбаъд ба сифати пешгуфтор ба «Мухтасари «Бӯстон»-и Шайх Саъдӣ» (1945) ба чоп расид. Абдулғанӣ Мирзоев ба китоби «Девони мухтасар»-и Сайидои Насафӣ» (1944) як пешгуфтори илмие таҳти унвони «Ҳаёт ва эҷодиёти Сайидои Насафӣ» навишт, мақолаҳои Шарифҷон Ҳусейнзода «Фирдавсӣ ва мудофиаи ватан» (1942), «Саъдӣ - ватанпарвари бузург», ки аввалсухан ба китоби «Саъдии Шерозӣ. Суханҳои ватанпарварӣ ва ҷанговарӣ» (1942) буд, «Доно ва суханвари Панҷрӯд» (Ба муносибати 990-солагии вафоти Рӯдакӣ) ва сарсухани Абулқосим Лоҳутӣ ба маҷмӯаи «Алмосҳои мардонагӣ. Порчаҳо аз «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ» (1943) аз ин қабил пажӯҳишҳо буданд

Ҳамчунин чунон ки устод Муҳаммадҷони Шакурӣ шаҳодат медиҳад, маҳз дар солҳои ҷанг китобҳои дарсии адабиёте таълиф шуданд, ки ҳовии намунаҳои адабиёти гузаштаи форсии тоҷикӣ будаанд. Китоби «Адабиёти Ватан» (хрестоматия, муаллиф Х.Мирзозода) барои синфи У, барои синфи У1 (муаллиф Абдулғанӣ Мирзоев), барои синфи У11 (муаллиф Шарифҷон Ҳусейнзода) таълиф шудаанд, ки ба шаҳодати устод «ба мактаби миёна роҳ ёфтани адабиёти классики форсӣ-тоҷикӣ асосан ба ҳамин китобҳо оғоз ёфт» ва донишҷӯёни мактаби олӣ «низ аз ин китобҳо истифода менамуданд» .

Дар иртибот ба пажӯҳишҳои таърихи адабиёт ва куллан нигоҳи солим ба таърих ҳаминро ёдовар шудан лозим аст, ки дар ин замон сухан бештар аз ягонагии таърихи адабиёту забони мардуми орёитабор меравад ва истилоҳи «адабиёти фосу тоҷик» ва умумияти забонии мардуми тоҷику эрони махсус таъкид мешавад. Аз ҷумла дар сармақолаи рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» маҳдудиятҳои илми тоҷикшиносии то ин замон дар қазовати масъалаи мазкур мавриди танқид қарор гирифт ва суханони рӯзномаи «Правда», ки гуфта буд: «тоҷикону эрониён ҳамхалқ» , ёдоварасон гардид. Ин қаробат ҳангоме, ки аҳди ҳунари тоҷик ба Эрон сафар кардан дар амал собит гардид.

Асли қазия чунин аст, ки охири соли 1941 як гурӯҳ ҳунармандони машҳури тоҷик ба Эрон сафар мекунанд ва дар муддати якуним моҳ дар онҷо зиёда аз консерт нишон доданд . Мирзо Турсунзода, ки дастаи ҳунариро раҳбарӣ мекард, қабули ҳунармандони тоҷикро аз тарафи тамошобинони эронӣ чунин нақл мекунад:

«...дар вақти адо кардани як чанд сурудҳо - «Хуш он замон» (сароянда Артисти халқии республика Рена Ғолибова), «Шоҳдухтар» ва «Гулпарӣ» (Артисти халқии Тоҷикистон Тӯҳфа Фозилова ва Артисти хизматнишондода Ҳалим Тоҳиров), «Себак» (Артисти хизматнишондода Мирбобо Зиёев ва актриса Мушаррафа Орифова) тамошобинони эронӣ намегузоштанд, ки ҳофиз суруди худро осуда ба охир расонад. Дар адои ҳар як банди суруд садои чапакзаниҳои пайваста баланд мегардид...» Ҳангоми консертҳо тариқи родиё гӯё ҳама садои онро баланд карда ва назди он мешитофтаанд ва «мошинаҳоро аз ҳаракат боз медоштанд».

Устод Турсунзода афзудааст:

«Пеш аз сар шудани консерт дар ҳама ҷо мо ба халқи Эрон арз кардем, ки забони халқи тоҷик ва эрон забони форсӣ аст. Адабиёти классикии ин ду халқ аз замонҳои хеле қадим як адабиёт буд... Дар ин баромадҳо, махсусан контата ба шеъри Лоҳутӣ «Бародарон» муваффақият пайдо намуд» . Ба ин маънӣ замони ҷанг баробари бисёр мушкилот, боз дар амали ба ҳам наздик шудану якдигарро шинохтани тоҷикону эрониён, яъне форсизабонон, як саҳифаи муҳимме гардид. Ҳамин тавр, замони ҷанги ватанӣ ва таърихназарии асил, ки дар саргаҳаш Бобоҷон Ғафуров меистод, натиҷаҳои ғайричашмдоште ба бор меоварад…

Уламои таърихшинос дар бораи хизматҳои бузурги Бобоҷон Ғафуров сухан ба миён оварда, бо далелҳои равшан онро ба субут расонидаанд, ки тамоми кори тарғибу ташвиқ, ривоҷи адабиёту фарҳанг ва ранги як падидаи миллӣ гирифтани онҳо аз ҳама бештар ба ниятҳои миллатпарастонаи ин марди бузург вобаста будааст. Натиҷа чунин шуд, ки дар ҷомеаи тоҷикӣ тафаккури таърихӣ устувор гардид, таърихназарӣ оҳиста роиҷ шуд, таърихият чун мақулаи афкори иҷтимоӣ шакл гирифт. Бори нахуст дар замони шӯравӣ, ки ба таърих таваҷҷуҳи камтар зоҳир мешуд, асарҳои сирф таърихии илмӣ ва жанри таърихии сирф адабӣ ба майдон омаданд. Ва инро як марҳалаи муҳим дар инкишофи тафаккури илмиву адабии тоҷикӣ ба шумор овардан лозим аст...

Фаъолияти Бобоҷон Ғафуров дар мавриди рушду такомули таърихназарӣ ва амиқбурди худшиносии миллии тоҷикон барои дар зеҳни ӯ шакл гирифтани косепсиюни таълифи асари бунёдие дар бораи таърихи халқи тоҷик сабаб гардид. Ва дар солҳои минбаъда ба майдон омадани асари илмии «Таърихи халқи тоҷик» ва нашрҳои гуногуни он (1949, 1952, 1955), бахусус дар замони шадид будани сензура ва муборизаҳои идеоложӣ дар ҷомеаи собиқ шӯравӣ ба нашр расонидани шоҳасари «Тоҷикон» (1972) маҳсули ҳамон андеша буд, ки дар солҳои баъд ба ташаккули як насли бузурги шоиру нависандагони худшинохта, таърихназар, мутаваҷҷеҳ ба ҳувияти миллӣ ва ҳайсияти мардуми хеш, мисли Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрӯхсор ва дигарон мусоидат намуд. Ҳатто метавон гуфт, ки рушди босуръати жанри таърихӣ дар замони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар бисёр маврид аз кору фаъолият ва осори гаробаҳои Бобоҷон Ғафуров, бахусус асари мазкури ӯ сарчашма мегирад. Ба ҳамин сабаб аст, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Имомалӣ Раҳмон пас аз устод Садриддин Айнӣ ба эшон унвони «Қаҳрамони Тоҷикистон»-ро сазовор донист. Таъсиси Ҷоизи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавриди дастовард дар илмҳои таърихшиносӣ боз ҳам баёнгари ғамхории дигари Сарвари давлат дар мавриди эҳтиром ба эшон ва ташаккулу таҳаввули таърихназарӣ дар ҷомеаи мо ба шумор меравад.

АБДУХОЛИҚ НАБАВӢ,

ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО