31 Jan 2025
Submitted by Admin
32

Имрӯзҳо боз аз ҷониби туркгароён миллияти баъзе нобиғагони илму адаб, ки дар доираҳои илмӣ кайҳо ба исбот расида, ҳеҷ ҷойи баҳсу талош надорад, бе ягон далелу бурҳон ба миллияти худ мансуб дониста мешаванд, ки камоли бехирадист. Ҳоло Абуалӣ ибни Сино, нобиғаи бузурги ҷаҳонии тоҷику эронӣ мавриди ҳамин гуна ғасб қарор гирифтааст, ки ӯро туркгароён дар шабакаи ҷаҳонии СNN турк эълон доштаанд. Манзури ман ҳоло бо онҳо дар ин бора баҳси илмӣ кушодан нест, зеро тоҷик будани миллати Абуалӣ ибни Сино ва дар заминаи фарҳанги тоҷикию эронӣ ба камол расидани ӯ кайҳо аз ҷониби олимони муътабари ҷаҳонӣ сад дар сад собит карда шудааст ва ҳоҷат ба такрори он нест. Ман фақат номи баъзеи онҳоро зикр мекунам, то ғосибон бубинанд, ки ҳарфи онон дар баробари номи ин донишмандон чи андозу беҳудаву бемаънист. Фарзанди миллати тоҷику форс будани Абуалӣ ибни Синоро олимони муътабар Семенов А.А., Жилбер Уи, Бертелс Е.Э., Забеҳулло Сафо, Павловский Е.Н., Якубовский А.Ю., Садриддин Айнӣ, Саид Нафисӣ, Бобоҷон Ғафуров ва чандин дигарони дигар ба сароҳат дар асоси санаду бурҳонҳои қотеъ таъкиду таъйид кардаанд. Агар санад бештар аз инҳо зарур бошад, ба ин навиштаи худи Абуалӣ ибни Сино дар фасли панҷум аз мақолаи даҳуми “Илоҳиёт”-и “Шифо” таваҷҷуҳ шавад: “Ва агар мардум ночор шаванд, ки хидмати мардумро бикунанд, ногузир бояд бархе хидмати мардуми мадинаи одиларо бикунанд. Ва бад-ин гуна касоне аз мардум, ки дур аз фазилатанд, табъан бандаанд, монанди туркон, зангиён ва рӯиҳамрафта касоне, ки дар ҷойи дигар ба ҷаҳон омадаанд, ки ҷузви иқлимҳои шарифа аст, ки бештар аҳволи он аст, ки дар он мардум некмизоҷ ва дурустқареҳаву ақд ба ҷаҳон меоянд...” Оё касе, ки ин ҳарфҳоро навиштааст, турк ё зангӣ буданаш мумкин аст? Комилан маълум аст, ки ҳаргиз. Пас оё зарур буд, ки туркгароён боз дар ин масъала сохтакорию дурӯғгӯӣ карда, моро водор созанд, ки ин суханони худи Синоро пас аз ҳазор сол бар рӯйи онон бикашем? Қазоват бар шумост.

Акнун ман воқеаеро нақл мекунам, ки дар солҳои ҳаштоди қарни гузашта рух дода буд. Пеш аз ҷашни ҳазораи Абуалӣ ибни Сино, соли 1980, ва баъд аз он ҳам, дар ИҶШС таъкид шуда буд, ки аз миллати Сино сухан нагуфта, ӯро фарзанди бузурги Осиёи Марказӣ ном баранд, ки, албатта, барои ба ин хулоса омадани роҳбарони ИҶШС саҳми ҳамсоягони мо калон буд, зеро дар Бюрои КМ ПК ИҶШС узви худро доштанд. Қиссаи ҷашни ҳазораи Синоро дар Маскав, ки соли 1980 баргузор шуда буд, Одили Нозир аз рӯи китоби нақлии Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ оварда, дар сафҳаи фейсбукии худ ҷой додааст, ки ҳоҷати такрораш нест, вале ҳамин қадар қайд мекунам, ки раиси ин ҷашн дар Маскав, ки устод Шакурӣ ному насабашро ба ёд надоштаанд, Федосеев Петр Николаевич, узви вобастаи АИ ИҶШС буд. Ӯ дар он ҷашн бар хилофи тартиби муқарраршуда, ки аввал ба Президенти АИ Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ бояд сухан медод, суханро ба Президенти АИ Ӯзбекистон дода, мансубияти Синоро ба миллати тоҷик сарфи назар кард. Бинобар он вақте ки ӯ ба Душанбе омад, Ҷаббор Расулов, Котиби якуми КМ ҲКТ дар вохӯрияш ӯро гӯшмоли сахте дода буд, ки дар ин бора Холмурод Шарифов дар китоби худ навиштааст.

Ҳамин тариқ, аз миллати Абуалӣ ибни Сино ном набурдан дар солҳои ҳаштод давом мекард. Ба хаёлам, соли 1985 буд, ки дар Тоҷикистон Рӯзҳои адабиёти рус баргузор шуд ва ҳайати калони адибон ташриф оварда буданд, ки дар байни онҳо кормандони нашриётҳо, аз ҷумла нашриёти муътабару овозадори “Художественная литература” (Адабиёти бадеӣ) ҳам буданд. Ман ҳайатро дар сафарҳо роҳнамоӣ мекардам. Дар ин байн хонуме, ки мудири шуъбаи ин нашриёт будааст, ба ман пешниҳод кард, ки китоби чанд сол пеш дар ин нашриёт нашршуда “Звезди поэзии”-ро бо тасҳеҳу ташреҳи нав ба чоп тайёр кунам. Ин китоб аз рӯйи гуфтаи Ҳӯте, шоири бузурги олмонӣ, ки ҳафт шоири мо – Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҷалолиддини Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Ҷомиро ахтарони дурахшони шеър гуфтааст, омодаву нашр ва зуд ноёб шуда буд. Ман шарт гузоштам, ки ба он ҳафт нафар шоир боз се тан шоири дигар – Сино, Камоли Хуҷандӣ ва Бедилро ҳамроҳ ва бар тоҷик будани Сино ишорат мекунам, дар он китоб танҳо ишорат кардан имкон дошту халос, зеро он “Лирика. Из персидско-таджикской поэзии” (Лирика. Аз шеъри форсию тоҷикӣ) ном дошта, дар он миллияти ҳеҷ шоире ном бурда намешуд. Ин китоб дар серии “Классики и современники” (Классикон ва муосирон) бояд чоп мешуд, ки серии ниҳоят машҳур буда, зуд тамом ба фурӯш мерафт. Банда дар зери ашъори Сино, ки ба русӣ тарҷума шуда буд, навиштам, ки шеърҳо аз забони тоҷикӣ тарҷума карда шудаанд. Ҳамин тариқ, китоб соли 1987 дар ҳаҷми 464 саҳифа як миллион нусха ба нашр расид ва дар як муддати кӯтоҳ тамом ба фурӯш рафта, ноёб шуд. Ҳоло дар китобхонаи ман ҳам ягон нусха намондааст, ки аксашро дар ин ҷо гузорам, нусхаҳои охиринро шояд дӯстон китобдуздӣ савоб гӯён рабудаанд.

АСКАР ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, сарходими шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО