18 Sep 2024
Submitted by Admin
192

Фарҳангнигорӣ дар таърихи забони тоҷикӣ собиқаи дерина ва намунаҳои барҷаста дорад. Фарҳангу луғатномаҳои фаровон, ки луғатшиносон ва фарҳангнигорони машҳур дар давраҳои гуногун таҳия ва таълиф кардаанд, ганҷинаи бебаҳои вожагони забони тоҷикӣ маҳсуб гардида, то имрӯз қолаб ва шаклу гунаҳои мухталифи калимасозӣ ва истилоҳофаринии забон аз рӯйи онҳо омӯхта мешавад. Дар ин фарҳанг ва луғатҳои гуногунҳадаф муаллифон тағйироту таҳаввулоти бахши вожагони забон ва калимаҳои навсохту тозаэҷоди замони худро бо шарҳу тафсир сабт карда, барои нигаҳдошту такмил ба ояндагон мерос мондаанд.

Фарҳангнигорӣ ё фарҳангшиносӣ, ки риштаи басо муҳими забоншиносии тоҷик буда, таҳлил ва баррасии онҳо яке аз василаҳои асосии пажуҳиш ва таҳқиқи бахши вожагони забон мебошад. Ҳадафи асосии чунин таҳқиқот таҳияи феҳристи мукаммали фарҳангҳои форсию тоҷикӣ, тартиб додани маҷмуи умумии баргаҳои хаттӣ ва компютерии вожагон ва таркибҳои дар ин фарҳангҳо сабтшуда, баррасии илмии усулҳои фарҳангнависӣ, таҳия ва нашри матни интиқодии фарҳангҳои пешин, бунёди як маркази умумии таҳқиқи муқоисавии фарҳангҳо ва ниҳоят дар асоси ин фарҳангҳо таҳия намудани як фарҳанги мукаммали вожагони тамоми минтақаҳои интишори забон мебошад. Муҳаққиқони забоншинос таърихи фарҳангнигории форсию тоҷикиро ба таври шарти ба марҳилаҳои пешазисломӣ ва баъдазисломӣ ҷудо менамоянд.

Албатта, чунин тақсимбандӣ шартӣ буда, дар асосу бунёди илмӣ устувор нест. Аз нуқтаи назари илми забоншиносӣ таърихи фарҳангнигориро ба се давра (давраҳои бостон, миёна ва рушди забонӣ) гурӯҳбандӣ кардан лозим меояд. Аз давраи пешазисломӣ фарҳангнигории тоҷик ба ғайр аз чанд намуна аз фарҳангҳои тафсирию дузабона ва сезабона дигар осоре ба дасти мо нарасидааст, то дар асоси онҳо оид ба сатҳи фарҳангнигорӣ дар як давраи тақрибан 1,500 солаи таърихи забон ба таври муфассал қазоват намоем.

Замони авҷу густариши фарҳангнигорӣ ба давраи навини таърихи забон, ки бо номи форсии нав ё форсии дарӣ машҳур аст рост меояд ва дар таҳияи ин фарҳангҳо аз осори устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба таври фаровон истифода шудааст. Одам-уш-шуаро бо эҷоди ашъори ҷаҳонгираш таъсири амиқе ба забон ва адабиёти давраҳои баъдӣ гузошт. Нақш ва мақоми ӯ дар рушду камоли забони модарӣ ва бунёду поягузории адабиёти ҷаҳонгири форсу тоҷик бемислу беназир аст, ки ин нуқтаро тамоми маъхазҳо ва сарчашмаҳои адабӣ таъкид кардаанд. Манбаъҳои адабӣ осори ӯро хеле зиёд нишон додаанд, вале аз ин осор ба дасти мо то ба имрӯз дар ҳудуди 1050 байт расидааст. Ҳамин осори боқимонда собит месозад, ки ӯ сарояндаи ахлоқи неки инсонӣ, тарғибгари илму дониш ва вассофи ҷаҳонпарастиву одамдӯстӣ будааст. Дар шеърҳои ӯ мо намунаи аксарияти навъҳои адабиро мебинем. Содагӣ ва зебоии сухану забон, камистеъмол будани вожаҳо ва калимаҳои арабӣ ва истифодаи калимаҳои ноби тоҷикӣ хоси услуб ва сабке мебошад, ки имрӯз бо номи сабки Рӯдакӣ машҳур аст.

Нақши Рӯдакӣ дар рушду такомули забони тоҷикӣ хеле бузург аст. Ӯ ва муосирони суханвараш забонро ба ҳадде сайқал додаанд, ки то имрӯз идома пайдо карда, хеле кам тағйир ёфтааст. Ба иборати дигар маҳз осори безаволи Рӯдакиву Фирдавсӣ ва ҳамасрони онҳо боиси мондагории забони форсӣ-тоҷикӣ дар тули беш аз ҳазор сол шудааст. Ашъори Рӯдакӣ аз ҳамон давраи оғози ташаккули шеъри тоҷикӣ таваҷҷуҳи фарҳангнигорон ва луғатнависонро ба худ ҷалб кардааст.

Сайри мухтасар ба мундариҷаи фарҳангҳои тафсирӣ ин гуфтаҳоро собит месозад. Тавре ки маълум аст, аз асри XI сар карда ба забони форсӣ-тоҷикӣ қомусҳои саршуморе, аз қабили “Луғати фурс”-и Асадии Тӯсӣ, “Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ”и Ҳусайни Инҷу, “Баҳори Аҷам”-и Рой Токчанди Баҳор, “Фарҳангнома”-и Ҳусайн Вафоӣ, “Фарҳанги Рашидӣ”-и Абдуррашиди Таттавӣ, “Ғиёс-ул-луғот”-и Муҳаммади Ғиёсуддин, “Чароғи ҳидоят”-и Алихони Орзу, “Бурҳони Қотеъ”, “ Шамс-ул-луғот” ва даҳҳо луғатномаҳои дигар таҳия ва тадвин шудааст. Устод Саид Нафисӣ дар мақолаи “Феҳристи фарҳангҳои форсӣ” 202 луғатро номбар кардааст, ки қисме аз онҳо то ба имрӯз нарасидааст. Дар “Луғатнома”- Деҳхудо шумораи онҳо 250 нишон дода шудааст.

Хулоса, дар таърихи фарҳангнигории тоҷик ва махсусан дар фарҳангҳои тафсирӣ мо луғате пайдо карда наметавонем, ки муаллифони онҳо аз осори гаронбаҳои устод Рӯдакӣ барои вожаву калимаҳои фарҳангҳои хеш шоҳиду намуна наоварда бошанд.

Муҳаққиқон ин давраро ба таври куллӣ ба ду марҳила - марҳилаи фарҳангнигории минтақаи Хуросон (асрҳои X-XV) ва давраи луғатсозӣ дар сарзамини Ҳиндустон (садаҳои XVI-XIX) ҷудо кардаанд. Ба ин даврабандӣ бояд як марҳилаи дигар - марҳилаи фарҳангнигории замони муосир (асрҳои XX-XXI) низ илова карда шавад, зеро дар ин марҳила дар таҳияи фарҳангҳои форсиву тоҷикӣ, дар ҳақиқат, инқилобе рух дод ва махсусан таҷрибаи фарҳангнигорӣ дар Эрону Тоҷикистон бояд мавриди баррасиҳои амиқи илмӣ қарор гирад.

Дар фарҳанги «Луғати фурс», ки авалин фарҳанги тафсирии забони тоҷикии ба дасти мо расида ва маҳфузмонда аст, намунаҳо аз ашъори Рӯдакӣ ба тафсири вожаҳо хеле зиёд вомехӯрад. Ин фарҳанг аз тарафи Абӯмансур Алӣ ибни Аҳмади Асадии Тусӣ дар соли 1085-и мелодӣ таълиф шудааст. Аҳаммияти ин луғат дар он аст, ки вожаҳо ва таркибҳои забонро бо намунаи шеърҳои зиёда аз 100 нафар шоирони Мовароуннаҳр ва Хуросони шарқӣ дар қарни Х аввали қарни ХI аз ҷумла Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ Фаррухӣ ва дигарон фаро гирифтааст. Ин фарҳанг аз ҷиҳати сохт ва таркиби луғавӣ ба фарҳангҳои баъдии тафсирии забони тоҷикӣ таъсири зиёде расондааст. Дар он аз ашъори Рӯдакӣ калимаҳое монанди сипор, хошок гурбуз, челон, худойгон, поликона, заған, шаман бо намунаҳои шеърӣ дода шудааст.

Бояд гуфт, ки дар “Луғати фурс”-и Асадии Тусӣ намунаҳое низ дида мешавад, ки аз осори Рӯдакӣ буда, ба адибону шоирони дигар нисбат дода шудаанд. Ба қавли таҳиягари “Девони Рӯдакӣ” (2007) Қодири Рустам, ин фарҳанги боарзиш, ки бисёре аз абёти шоирони қадим танҳо ба тавассути нусхаҳои он то ба рӯзгори мо расидааст, бо он ки дар асл мансуб ба қалами Асадии Тӯсӣ будааст, ба назар мерасад, мукарраран мавриди таҳрир қарор гирифта ва эҳтимоли он ҳам ҳаст, аз он чи ҳосили қалами Асадӣ буда, имрӯз ҷуз қолабе боқӣ намондааст. Ин аст, ки нусхаҳои мухталифи он айни як байтро ба ду, се ва ҳатто чаҳор шоир мансуб донистаанд. Барои намуна байти зеринро мисол меорад, ки «дар се нусха аз Луғати фурси Асадӣ ба Рӯдакӣ, дар ду нусха ба Хусравонӣ ва дар ду нусхаи дигар ба Хусравӣ мансуб аст”.

Зулфинаки ӯ ниҳода дорад,

Бар гардани Ҳорут зовлона.

Ба таври намуна, чанд мисол аз осори Рӯдакӣ баргирифта аз «Луғати Фурс»-и Асадии Тусӣ.

Кундиз - яъне куҳандиз ва ин дижи шаҳрӣ бошад .

Рӯдакӣ гуфт:

Гаҳ бар он кундизи баланд нишин,

Гаҳ дар ин бӯстону чашм гушой. (ЛФ, с.158)

Гурбуз - таррор бошад. Рӯдакӣ гуфт:

Гурбузони шаҳр бар ман тохтанд,

Ман надонистам, чи тунбал сохтанд! (ЛФ, с. 158)

Дар нусхаи Аббоси Иқбол ин байт чунин омадааст:

Гурбузони шаҳр бо ман тохтанд,

Ман бидонистам, ки тунбал сохтанд. (ЛФ, с. 182).

Челон – санҷиди гургонӣ бошад. Рӯдакӣ гуфт:

Санҷиди челон ба ду нима шуда,

Дар нусхаи Аббоси Иқбол ба гунаи ҷелон ба ҳамин маънӣ (с. 370), дар Муҷтабоӣ ин вожа наёмадааст. Дар Сурмаи Сулаймонӣ гунаҳои шелона, челона ва шелон низ омаадааст (с.249).

Ин байти Рӯдакӣ дар Девони Рӯдакӣ (Ҳодизода, Хуросонӣ) чунин омадааст:

Санҷиду челон ба ду нима шуда,

Нуқтаи сурма ба як-як барзада (ЛФ, с. 342).

Худойгон - подшои бузург бувад; ва хидев худованд бувад, чунон-к гӯйӣ, кишвархидев; ва гайҳонхидев худойро шояд гуфт. Рӯдакӣ гуфт:

Хубон ҳама сипоҳанд, ӯшон худойгон аст,

Мар некбахтиямро ба рӯйи ӯ нишон аст.

Дар нусхаи Аббоси Иқбол ҳам худойгон ва «малики бузургро хонанд» ва боз аз Унсурӣ ҳам шоҳиди байтӣ оварда шудааст (с. 375), дар Муҷтабоӣ ва Фарҳанги Қаввос ин вожа наёмадааст. Дар Сиҳоҳ-ул-фурс (с.239) «подшоҳи бузург бувад» омадааст.

1963Мусаҳҳеҳи матн дар ҳошия менигорад, ки зоҳиран «кишвархудой ва гайҳонхудой низ шояд гуфта» буда бошад (Дабирсиёқӣ, с.3750.)

Поликона - дари мушаббаки кӯчакро гӯянд, агар оҳанин бувад ва агар чӯбин бошад - панҷара. Рӯдакӣ гуфт:

Биҳиштойин саройеро бипардохт,

Зи ҳар гуна дар ӯ тимсолҳо сохт.

Зи уду чандан ӯро остона,

Дараш симину заррин поликона!

Дар нусхаи Аббоси Иқбол (с.446) ва Муҷтабоӣ (с.218) ин вожа андаке дигар ташреҳ ёфтааст: Даре кӯчак бувад дар девор, ки аз ӯ пинҳон берун нигаранд ва бувад низ ки мушаббак кунанд. Аммо шоҳиди байтӣ дар ҳар ду ба гунаи мо оварда шудааст. Дар «Туҳфат-ул-аҳбоб» (с.147) ба гунаи полкона вале ба маънии луғати мо омадааст. Дар «Сурмаи Сулаймонӣ» (Балаёнӣ) болкона ва полкона ва боз ба маънии «дирамсанг» ва «посанг» ташреҳ ёфтааст (с.79). ФЗТ: Пол(и)гона// пол(и)кона - дарча, дарича; равзан, панҷара (ҷ. 2, с.83).

Заған - мурғи гӯштрабой бувад. Рӯдакӣ гуфт:

Ҷумла сайди ин ҷаҳонем, эй писар,

Мо чу саъва, марг бар сони заған!

Дар нусхаи Аббоси Иқбол (с.361) ва Муҷтабоӣ (с.194) гунаи дигари ин модда - ход дар баробари заған ба ҳамин маънӣ оварда шудааст. Дар ҳар се нусха байти Рӯдакӣ яксон омадааст.

Шаман - бутпараст бошад. Рӯдакӣ гуфт:

Бутпарастӣ гирифтаем ҳама,

Ин ҷаҳон бут асту мо шаманем. (ЛФ, с.373)

Рабун ва Армун - пешмузд бошад. Рӯдакӣ гуфт:

Эй харидор, ман туро ба ду чиз:

Ба тану ҷону меҳр дода рабун!

Дар нусхаи Аббоси Иқбол рабун ба маънии симе, ки «пеш аз музд ба муздорон диҳанд» маънидод шуда, ба ҷуз Рӯдакӣ боз аз Ҷулоби Бухороӣ мисол оварда шудааст. Вожаи армун дар нусхаи Аббоси Иқбол наёмадааст (с.384). Дар «Сиҳоҳ-ул-фурс»-и Нахҷувонӣ рабун (с.243) ва армун (с.230) алоҳида оварда шудааст, вале шарҳи яксон ва наздик ба шарҳи нусхаи Аббоси Иқбол дорад.

Бахту ва Тундур ва Раъд - ҳама яке бошад. Рӯдакӣ гуфт:

Оҷиз шавад аз ашку ғиреви ман,

Абри баҳоргоҳӣ бо бахту.

Роҳшоҳ - гузаре фарох бошад, ки аз он ҷо ба роҳҳо ва ҷойҳо бисёр тавон шуд ва гӯянд, сайёҳ бошад ва ҷодда бошад. Рӯдакӣ гуфт:

Ба роҳ - андар ҳамешуд роҳшоҳе,

Расид ӯ то ба назди подшоҳе.

Роҳшоҳ дар нусхаи Аббоси Иқбол ва дигарон наёмадааст. Танҳо дар «Сиҳоҳ-ул-фурс» он омада ва «роҳгузаре фарох бошад, яъне ҷода» шарҳ ёфтааст (с.278).

Дар фарҳангҳои баъдина аз осори Хоқонӣ, Низомӣ, Саъдӣ ва дигарон низ шоҳид оварда шудааст. Ба ин тариқ, фарҳангҳо тадриҷан ташаккулу такомул ёфта, забони тоҷикии форсиро дар тамоми қаламрави интишори ин забон дар бар гирифтаанд. Метавон гуфт, ки фарҳангҳои то асри 15 таълифшуда дар минтақаи Осиёи Миёна ва Хуросону Эрон идомаи мантиқии ҳамин “Луғати фурс”-и Асадии Тусӣ мебошад.

Дар асри XV ва махсусан дар асри XVI баъд аз барқарории давлати Темуриёни Ҳинд ва ба мақоми давлатӣ расидани забони тоҷикии форсӣ дар Ҳиндустон фарҳангнигорӣ равнақи тоза ёфт ва ин сарзамин маркази илми фарҳангнигорӣ ва фарҳангнависии тоҷик гардид. Дар асрҳои XV-XVII дар Ҳиндустон фарҳангҳои машҳуре, мисли “Шарафномаи Мунярӣ”-и Иброҳими Форуқӣ (асри XV), “Туҳфат-ус-саодат”-и Зиёуддини Муҳаммад (асри XV), “Муаййидулфузало”-и Муҳаммад ибни Лоди Деҳлавӣ (1519), “Мадор-ул-фазоил”-и Файзӣ (1593), “Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ”и Ҳусайни Инҷу (1608), “Бурҳони Қотеъ”-и Муҳаммадҳусайн ибни Халафи Табрезӣ (1652), “Фарҳанги Рашидӣ”-и Абдуррашиди Тоттавӣ (1654) ва дигарон таълиф ёфтаанд. Дар садаҳои XVIII-XIX дар минтақаҳои форсизабон фарҳангу луғатномаҳои зиёде таҳия мешаванд, ки намоёнтарину муҳимтарини онҳо “Баҳори Аҷам”-и Рой Текчанди Баҳор (1739), “Сироҷ-ул-луғот” ва “Чароғи ҳидоят”-и Сироҷиддин Алихони Орзу (миёнаҳои асри XVIII), “Ҳафт қулзум”-и Гозиуддин Ҳайдар (1816), “Ғиёс-ул-луғот”-и Муҳаммади Ғиёсиддин (1827), “Фарҳанги Онандроҷ”-и Муҳаммад Подшоҳ (1888) мебошад.

Ошноии мардуми Шарқ, аз ҷумла тоҷикон бо дастовардҳои илмӣ ва фарҳангу тамаддуни аврупоиён ва нуфузи сиёсию иҷтимоии ҷаҳони Ғарб дар фарҳангнигории анъавии то садаи XX низ дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуҷуд овард. Вуруди ҳазорон мафҳум ва луғоту истилоҳоти нав, аз забонҳои пешрафтаи дунё дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва зиндагии рӯзмарраи мардуми Эрон аз соҳибони забон тақозо мекард, ки барои онҳо муодил (баробарӣ) пайдо кунанд ва ё дар луғатномаҳое онҳоро ҷамъ оварда ба мардум тақдим намоянд.

Бинобар ин дар луғатсозӣ низ марҳилаи нав оғоз шуд ва чандид фарҳангномаҳои муътабар таҳия ва тадвин гардид, ки “Луғатнома”-и Алиакбари Деҳхудо, “Фарҳанги Амид” Фарҳанги Нафисӣ ва ё “Фарнудсор”-и Алиакбари Нафисӣ, “Фарҳанги форсӣ”-и Муҳаммад Муин, “Фарҳанги бузурги сухан” намунае аз онҳо мебошад. Фарҳангҳои тафсирии забони тоҷикӣ дар замони шӯравӣ нисбат ба луғатҳои дузабонаи русӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ-русӣ таърих ва умри кутоҳтаре доранд. “Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик” ва “Фарҳанги забони тоҷикӣ” дар ду ҷилд аст, ки 45000 вожа ва таркиботро дар бар мегирад, намунае аз фарҳангҳои тафсирии тоҷикӣ дар садаи XX мебошад.

Баъд аз чопи “Фарҳанги забони тоҷикӣ” дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон рӯйдодҳои басо муҳим ва дигаргуниҳои бисёр амиқ ба вуқуъ пайваст. Махсусан, пас аз эълони истиқлол ва давлатӣ шудани забони тоҷикӣ дар бахши вожагону истилоҳоти он тағйироти зиёде ба вуҷуд омад. Ин таҳаввулот ва ин ҳама истилоҳоту наввожагон дар таркиби луғавии забон бояд ҷойгоҳи худро пайдо мекард.

Аз ин рӯ, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” (120 ҷузъи чопӣ, 2 ҷилд) бо фарогирии беш аз 86 ҳазор калимаву ибора ва истилоҳоти тамоми давраҳои рушду такомули забони тоҷикӣ мураттаб ва нашр шуд. Дар он низ вожаву таркибҳои зиёде аз устод Рӯдакӣ бе овардани намуна оварда шудааст.

Фарҳанги дигаре, ки бо супориши бевоситаи Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ба таҳияи он даст заданд, “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” буд, ки соли 2011 ҷилди аввали он, ҳарфи “А”- ёздаҳ ҳазор вожаву ибора ба чоп расид. Баъд аз ёздаҳ соли нашри ҷилди аввал соли 2022 ҷилди дувуми он, ҳарфи “Б” бо 13 ҳазор вожаву таркибҳо нашр гардид . Дар ҳарду ҷилд аз захираи вожагони осори Рӯдакӣ ба таври фаровон истифода шудааст. Танҳо дар ҷилди дувум, ҳарфи “Б” 130 намуна бо овардани шарҳу тафсир аз ашъори Рӯдакӣ оварда шудааст. Ба таври мисол вожаҳои базеб, базм, базмхона, бало, балоя, банд, бандагӣ...

БАЗЕБ بزیب 1. зебо, хушрӯй, ҷамил.

Гули садбаргу мушку анбару себ,

Ёсамини сапеду мӯрди базеб

Ин ҳама яксара тамом шудаст

Назди ту, эй бути мулукфиреб. Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 65)

БАЗМ بزم ҷашну сур, маҷлиси айшу ни¬шот; зиёфати арусӣ ва ғ. бо ҳузури ҳофизону раққосон ва ромишгарон; маҳфили унс, зиёфати ҳамдилон.

Чун сипарам неҳ миёни базм ба Наврӯз,

Дар маҳи Баҳман битозу ҷони аду сӯз! Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 67)

БАЗМХОНАبزم‌خانه базмгоҳ, базм¬ҷо; хо¬нае, ки дар он базм барпо мегар¬дад.

Баҳори Чин кун аз он рӯй базмхонаи хеш,

Агарчи хонаи ту Навбаҳори барҳаман аст. Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 72)

БАЛО маҷ. озмойиш, имтиҳон, санҷиш; балои сахт а) бадбахтӣ ва мусибати сахт; муқ. балои азим; б) киноя аз оз¬моиши сахт, имтиҳони бузург.

Андар балои сахт падид ояд

Фазлу бузургмардию солорӣ. Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 116)

БАЛОД(А) بلاد//بلاده 1. фосиқ, бадкирдор, ба䬬кор, фосидкор. 2. фоҳиша, руспӣ, қаҳба, лода, бадкора, балоя, бағоба.

Ҳар он карим, ки фарзанди ӯ балода бувад,

Шигифт бошаду он аз гуноҳ сода бувад. Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 65)

БАЛОЯ بلایه кит. 1. нобакор, палид, фу¬рӯмоя.

Биёред ин палиди бадкунишро,

Балоя гандапири сагманишро.

Фахриддини Гургонӣ

2. фоҳиша, қаҳба, руспӣ, сабукпо.

Аё балоя, агар кораки ту пинҳон буд,

Кунун тавонӣ боре хашук пинҳон кард? Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 120)

БАНД بند пайванд, ҷойи ба ҳам пайвастани устухонҳои бадан, мафсал, мафосил, буғум; умуман ҷойи пайваст шудани чизҳо.

Хаёли разми ту гар дар дили аду гузарад,

Зи бими теғи ту бандаш ҷудо шавад аз банд. Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 126)

БАНДАГӢبندگی 1. банда будан, ғуло¬мӣ; асорат; муқоб. озодӣ.

Ту Рӯдакӣ ба ғуломӣ агар қабул кунӣ,

Ба бандагӣ написандад ҳазор Дороро. Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 135)

БАРАبره 1. бачаи гӯсфанд ва оҳу, оҳу¬бара.

Дар зери фалак нишоти мо чист?

Рақси бараву дукони қассоб! Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 150)

БАРҚ а.برق 1. ҳодисаи табиат, ки дар на¬тиҷаи бархӯрдани зарядҳои мус-бату манфии абрҳо бо дурахшиш ва таркиши босуръату пурқувват дар фазо ба амал меояд, озарахш, соиқа; гуфт. оташак, чароғак.

Замоне барқ пурханда, замоне раъд пурнола,

Чунон модар абар сӯги аруси сездаҳсола. Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 192)

БАРТАР برتر 1. болотар, авлотар.

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон

Бартар аз дидори рӯйи дӯстон. Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 224)

Хулоса, дар рӯзҳои ҷашни Истиқлоли давлатӣ “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” ҳарфи “Б” бо фарогирии 13 ҳазор вожаву таркибот, ки инъикосгари таърихии вожаҳои забони тоҷикӣ, осори забонии таърихи чандҳазорсолаи вожагони он, аз ҷумла осори безаволи Рӯдакӣ намунаи рушду нумӯи илму фарҳанги тоҷик ва дар амал пиёда шудани сиёсати хирадмандонаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти кишвар ва Сарвари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Адабиёт

1.Айнӣ С. Луғати нимтафсилии тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик// С. Айнӣ. Куллиёт.- Ҷ.12.-Душанбе, 1976.

2. Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик, Душанбе, 2007, ҷ. 1.

3. Назарзода С. Имло ва забони адабӣ.- Душанбе, «Андалеб-Р», 2015.

4. Назарзода С. Пояҳои густариши забони миллӣ. Душанбе, «Эр-граф», 2016.

5. Намунаҳо аз Фарҳанги Асдии Тӯсӣ, Луғати фурс, муқаддима, таҳия, таълиқот, ҳошия, луғот ва феҳристи Нурулло Ғиёсов.- Хуҷанд, «Нури маърифат», 2015.

6. Рӯдакӣ Абуабдуллоҳ. Девон. таҳия, тасҳеҳ ва сарсухану ҳавошии Қодири Рустам. Олмотӣ, 2007.

7. Саймуддинов, Д. Фарҳангномаҳои форсии миёна / Д. Саймиддинов. – Душанбе: «Дониш», 1994.

8. Фарҳанги забони тоҷикӣ (ФЗТ): иборат аз 2 ҷ. / дар зери таҳрири М.Ш. Шукуров, В.А. Капранов, Р. Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ.- М.: Советская Энциклопедия, 1969.

9. Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ, ҷилди аввал, ҳарфи А, Душанбе, “Шарқи озод”, 2011.

10. Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ, ҷилди дувум, ҳарфи “Б” Душанбе, “Дониш”, 2022.

Сайфиддин Назарзода, доктори илми филология, профессор, узви вобастаи АМИТ, Мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО