04 Mar 2026
Submitted by Admin
26

Дар ҳама давру замон ҷиҳати шарҳу тафсири захира ва таркиби луғавии забон донишмандон ба таҳияву тадвини луғату фарҳангномаҳо рӯ овардаанд, ки миёни онҳо луғатҳои тафсирӣ мақоми хос доранд. Метавон гуфт, ки маҳз дар фарҳангҳои тафсирӣ қудрату ғановатмандии таркиби луғавии забон зоҳир гардида, бо ин роҳ низоми маъноии он барои соҳибони забон дар шакли содаву оммафаҳм пешниҳод карда мешавад. Ба қавли профессор Ҳ. Маҷидов «дар байни анвои мухталифи луғатҳои забони муосири тоҷик луғати тафсирӣ мавқеи махсус дорад. Агар дар луғатҳои дузабона системаи маъноии забонамон ба дигар забонҳо тарҷума карда шавад ё ки маъноҳои калимаҳои забонҳои бегона ба тоҷикӣ баргардонида шаванд, дар луғати шевагӣ маъноҳои маҳаллии калимаҳои тоҷикӣ тафсир ёбанд, дар луғати этимологӣ таърихи пайдоиши калимаҳо маънидод карда шавад, дар луғати тафсирии забони адабии муосири тоҷик системаи маъноҳои имрӯз мустаъмали калимаҳо бо мавқеи истеъмол ва доираи ҳамнишиниҳояшон шарҳ дода мешаванд» [8, с. 151-152].

Агар ба таърихи фарҳангнигории тоҷику форс назари иҷмолӣ андозем, маълум мегардад, ки анъанаи фарҳангнигории мо аз асрҳои Xва ҳатто пештар аз он ибтидо гирифтааст. Бо гузашти солҳо фарҳангнигорӣинкишоф ёфт ва дар қарнҳои баъдӣ рушд ёфт ва тибқи маълумотҳо наздик ба 200 фарҳанг таълиф ёфтааст, ки қисмати камтари онҳо имрӯз ба дасти хонанда расидааст. Таъкидан зикр менамоем, ки вазифаи фарҳангҳо, пеш аз ҳама,фарҳангҳои тафсирӣ ҳамагӣ шарҳу тавзеҳи захираи луғавӣ ва системаи маъноии забон буд ва имрӯз низ ин хусусият яке аз вазифаҳои асосии ин навъи фарҳангҳо ба ҳисоб меравад. Дар онҳо вожаҳои мавҷуддартаркибилуғавии забони тоҷикӣ бо вожаҳои дигари забон мавриди тафсири амиқи илмӣ қарор мегиранд. Имрӯз фарҳангнигории тоҷик дар ҳоли рушдбуд, он то ҳадди лозимӣ таркиби луғавии забони адабии тоҷикиро дар доираи имкониятҳои луғавию маъноии худ инъикос менамояд.

Муқаррар шудааст, ки ҳар як вожаи забон дар ҳамнишиниву алоқамандӣ бо вожаҳои дигар метавонад тобишҳои маъноии гуногунеро соҳиб гардад, ки онҳо тадриҷан ба маъноҳои мустаъмали забон табдил меёбанд. Ин падидаи забонӣ бештар ба ҳамон вожаҳое хос мебошад, ки доираи ҳамнишинии васеъро соҳиб буда, имконоти зиёди вожасозиву маъноофариниро доранд. Чунин афзалият, пеш аз ҳама, ба он вобастагӣ дорад, ки онҳо то кадом дараҷа аз ҷумлаи унсурҳои луғавии фаъоли забон маҳсуб мешаванд ва дар ҳама қабатҳои истеъмоливу услубии он корбурди баробар доранд. Яке аз ҳамин гуна вожа-истилоҳҳои фаъолу серистеъмол вожаҳои зан, модармебошад. Мо дар ин мақола кӯшиш намудеам, ки шарҳи маъноии вожаҳои мазкурро дар заминаи фарҳангҳои тафсирӣ муайян намуда, доираи ҳамнишиниву алоқамандии онҳоро бо дигар вожаҳои забон баррасӣнамоем. Ҳамчун сарчашма мо бештар аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1969), «Фарҳанги гӯйишҳои забони тоҷикӣ» (2012), «Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ» (1990), «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (2008), “Луғатнома”-и Деҳхудо (1342) ва дигар сарчашмаҳое истифода намудем, ки дар онҳо мафҳумҳои зан ва модар шарҳи бештар доранд.

Вобаста ба мафҳумҳои зан ва модар дар илми забоншиносии тоҷик як қатор пажуҳишҳои судманд рӯйи кор омадаанд, ки онро аз паҳлуҳои гуногун шарҳу тафсир додаанд. Ба ин ҷумла метавон асару мақолаҳои забоншиносон Абдуллоева Г. (Лексика Каратагского говора, 2013), Гадоев Н. (Лексикаи лаҳчаи Тагнов, 2012), Замонов З. (Лексика даштиджумского говора, 2009) ва Исмоилов Ш. (Лексикаи лаҳҷаи водии Рашт, 2018)-ро ворид намуд, ки ба таҳлилу баррасии мавқеи мафҳумҳои мазкур дар шеваву лаҳҷа ва гӯишҳои манотиқи гуногун бахшида шудаанд. Масалан, донишманди риштаи луғатшиносӣ ва фразеология, профессор Гадоев Н. дар китоби худ муродифоти гуногуни калимаи модар, аз қабили нана, нъна, оча, оч, ма ва ғайраро дар ҳамнишинӣ бо калимаҳои дигар дар таркиби ибораҳои озод ва устувори лаҳҷаи мардуми Тагнов таҳлил менамояд [2].

Таҳқиқоти мукаммали илмӣ вобаста ба майдони маъноии калимаи зан дар забони тоҷикӣ аз ҷониби муҳаққиқи забоншинос Сафарова Г. анҷом дода шудааст. Дар ин монографияи илмӣ муаллиф ба таҳлилу баррасии мафҳумҳое таваҷчуҳ намудааст, ки аз ягон паҳлуи маъноӣ ба калимаи зан иртибот дошта, майдони маъноии онро мукаммал мегардонанд. Ба ин мафҳумҳо калимаҳои зиёде дохил мешаванд, ки миёни онҳо вожаҳои модар, маҳбуба, маъшуқа, арӯс, бону, хоҳар, духтар ва ғайра бартарӣ доранд. Ӯ таъкид медорад, ки “калима ва ибораҳое, ки маънои калимаи зан-ро ифода карда, майдони маъноии онро ба вуҷуд меоранд, бо ҳодисаҳои иҷтимоӣ ва қонуниятҳои дохилии инкишофи забон иртиботи зич доранд” [10, с. 5].

Бояд зикр намуд, ки мафҳумҳои зан ва модар дар аксари забонҳои олам ҳамчун ифодакунандаи ҷинси муқобили мард ва падар шарҳ дода шуда, ба онҳо тобишҳои маъноии гуногун, аз қабили раҳму шафқат, меҳрубонию назокат, иффату зебоӣ, ҷасорату далерӣ, ҳунармандӣ ва ғайраро нисбат медиҳанд. Воқеан, ҳангоме дар мавриди моҳияти ин мафҳумҳо андешаронӣ менамоем, қабл аз ҳама, симое пеши назар ҷилва менамояд, ки маҳз бо чунин хислатҳо шинохта ва эътирофшуда буда, сарчашмаи мавҷудияти ҳама гуна эҳсосоти хуби инсонӣ дар зиндагӣ мебошад. Мо дар рафти таҳлил кам ҳолатҳоеро вохӯрдем, ки ба мафҳумҳои зан ва модар тобишҳои маъноии манфиро муносиб дониста бошанд. Баръакс, дар бештари маворид ба онҳо тобишҳои маъноии мусбатро мансуб донистаанд ва бароитаъйиди фикр аз осори адибони гузаштаву муосир намунаҳои фаровонеро овардаанд. Масалан:

Зан арчи зираку ҳушёр бошад,

Забуни марди хушгуфтор бошад.

                          (“Вис ва Ромин”)

Зани хуби фармонбари порсо,

Кунад марди дарвешро подшо.

                                     (Саъдӣ)

Зане кун з-ин сипас бар ту сазовор,

Ки бошад ҳамчу Висо сад парастор.

                    (Фахриддини Гургонӣ)

Ё ҷойи дигар ба вожаи зан тобишҳои маъноии вафодорӣ, ростқавлӣ ва итоаткорӣ илова гардидааст, ки мазмуни онҳоро боз ҳам ҷолибу ғанӣ сохтааст. Ин ҳолат, албатта, вобаста ба тақозои андешаву матн сурат мегирад ва дар ҳамнишинии маъноӣ бо вожаҳои дигар имконпазир мегардад:

Зан, зан зи вафо шавад, зи зевар нашавад,

Сар, сар зи даҳо шавад, зи афсар нашавад.

                                                           (Саноӣ)

Он ки на гӯяд, на кунад, зан бувад,

Ними занаст он ки бигуфту накард.

                                          (Мавлавӣ)

Зан арчи зираку ҳушёр бошад,

Забуни марди хушгуфтор бошад.

                            (“Вис ва Ромин”)

Вожаи зан, тавре зикр кардем, баъзан бо тобишҳои маъноии манфӣ низ корбаст гардидааст, ки ин ҳолатро бештар ҳангоми тафсири маъноии он дар лаҳҷаву гӯйишҳои забон вохӯрдан мумкин аст. Маълум аст, ки дар лаҳҷаҳои забон унсурҳои ифодакунандаи қабатҳои гуногуни эҳсосоти манфии инсон бештар мушоҳида мешаванд ва ин падида дар вожаи зан низ ба назар мерасад. Албатта, чунин тобишҳо бештар дар унсурҳои луғавие ҷой доранд, ки аз ҷиҳати сохтор сохта ё мураккаб буда, яке аз унсурҳои онҳоро вожаи мазкур ташкил додааст. Барои муқоиса, масалан,вожаҳои занбъзърг, занкалон, занҷафо, занмизоҷ, занталоқ, занталоқӣ, ки бештар дар лаҳҷаҳои ҷанубии забони тоҷикӣ истифодаи фаъол доранд:

занбъзърг//занкалон – он ки дар тобеияти зани худ бошад, марди мутеи зани худ, пойбанди зани худ;

занҷафо – марде, ки зани бадхӯ дорад, марде, ки аз зан ҷафо дидааст.

занмизоҷ – марде, ки табиат ва феълу атвораш занона аст.

занталоқ – касе, ки занашро талоқкардааст, аззанҷудошудааст.

Занталоқӣ – занталоқ кардан, аз зан ҷудо шудан.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар фарҳангҳои қадима ва имрӯза бо вожаи зан унсурҳои луғавии зиёде дар қолаби калимасозии мураккаб сохта шудаанд. Ин гувоҳи он аст, ки вожаи зикршуда ба қатори вожаҳои сермаъно ва фаъоли забони адабӣ ворид гардидааст ва дорои имкониятҳои васеи вожасозиву маъноофаринӣ мебошад. Новобаста ба ин, дар тафсиру дастабандии маъноҳои зиёди вожаи зан ҳамон маъное ҳамчун маънои асосӣ ва сарсилсила ҳисобида мешавад, ки барои тамоми соҳибони забон мафҳум аст. Яъне, он маъноест, ки дар ҳама фарҳангҳо пас аз сарвожа дар аввал тафсир дода мешавад:

зан – муқобили мард, инсони мода[17].

зан – 1. аёл, ҷинси муқобили мард. 2. завҷа, ҳамсар, ҳамболин [13].

занак – 1. калимаи таҳқирнисбатбазан. 2. муносибат ба зани ношинос (як зан омад). 3. муроҷиатимард ба занаш[17, 12].

зан – ҷинси муқобили мард[12].

Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод,

Гӯйӣ магар он бод ҳаме аз Хутан ояд (Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ).

Дар фарҳангҳои мавриди таҳлил вожаҳои зиёдеро ошкор намудем, ки дар қолаби вожасозии мураккаб ба вуҷуд омада, яке аз ҷузъҳои онҳоро вожаи зан ташкил додааст. Ҳамнишинии вожаи мазкур бештар бо асосҳои феълӣ сурат гирифта, дар ин замина вожа ва маъноҳои нав ба вуҷуд омадаанд. Мавҷудияти ҷузъҳои феълӣ дар таркиби ин гуна вожаҳои мураккаб ба маънои умумии онҳо тобишҳои эҳсосотиву баҳодиҳиҳои манфиро илова намудааст. Масалан, дар фарҳангҳои гуногун дар ҳамнишинӣ бо асоси замони ҳозираифеъл: шикан, параст, афкан, гир, бозвожаҳои мураккаби навъи заншикан, занпараст, занафкан, зангир, занбоз-робо чунин тобишҳои маъноии манфӣ дарёфт намудем:

заншикан – мутеъкунандаи зан, таҳқиркунандаи зан.

Ман аз он бо замони заншикан,

Гирёни хандон қуръа мебозам. (Гулрухсор)

занпараст//зандӯст1. дӯстдорандаи ҷинси зан. 2. занбоз, айёш[12].

занафкан – аз пой афканандаи зан, моту маҳбуткунандаи зан.

Нигоҳи масти занафкан надорӣ,

Шукӯҳу шасти шерафган надорӣ. (Гулрухсор)

занбоз – марди айёше, ки аз дунболи занон мегардад, занпараст, зандӯст[12].

- Дузана ҷазои ҷиноӣ мегирад, занбоз ҷазои маъмурӣ (У. Кӯҳзод).

Дар калимаҳои мазкур дар баробари ифодаи мафҳум ва маъноҳои муайян, ҳамчунин муносибатҳои гуногуни баҳодиҳӣ ва эҳсосотии манфӣ мушоҳида мешавад, ки тавассути унсурҳои луғавӣ ифода ёфтаанд. Зоҳиршавии чунин тобишҳои маъноӣ дар заминаи ҳамнишинии мувофиқи калимаи зан бо асосҳои феълӣ сурат гирифтааст, ки дар ин маврид саҳмиасосҳои феъл дар ифодаи тобишҳои мазкур бештар аст, яъне маҳз асосҳои феълии вожаҳои зикршуда дар ифодаи комили тобишҳои баҳодиҳиву эҳсосотии манфӣ нақши асосӣ доранд.

Ба ҷуз аз асосҳои феълӣ вожаи зан бо исму сифат низ вожаи мураккаб сохта метавонад. Дар ин ҳолат низ он ҳамчун унсури аввал омада, дар доираи ҳамнишинии мантиқан мувофиқ маъноҳои мухталифи мусбату манфиро ифода мекунад:

занбашара – занмонанд, бо афту андоми занона[12].

занмурда – марде, ки занаш мурдааст[12].

занғар – таҳқир ба марде, ки нисбат ба сабукпоии занаш беаҳаммият аст, даюс, қалтабон[12].

Рӯзи маргаш суруши олами ғайб,

Соли таърих гуфт: занғари г...ҳ. (Дониш)

занҷафо – марде, ки зани бадхӯ дорад, марде, ки аз зан ҷафо дидааст[12].

занзалил – он ки аз занаш метарсад [15].

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар қолаби вожасозии мураккаби зикрёфта вожаи зан на ба маъноҳои марбут ба ҷинси латиф, балки бо тобишҳои маъноии ифодагари хислату табиати гуногуни мард ишорат намудааст. Яъне, ҳамнишинии он бо вожаҳои исмӣ на барои ифодаи тобишҳои маъноии ба мафҳуми зан вобаста, балки ҷиҳати муаррифии аломатҳои барҷастаи ҷинси муқобили он сурат мегирад.

Дар баробари вожасозии мураккаб, бо вожаи зан дар фарҳангҳои тафсирӣ боз ба вожаҳое дучор шудан мумкин аст, ки дар қолабҳоигуногуни морфологӣ сохташудаанд. Дар ташаккули чунин қолабҳо нақши пасвандҳои калимасоз бештар аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ташаккули сохтории чунин вожаҳо дар баробари пасванди – ак (занак, занакак), нақши пасванди -ӣ бештар ба назар мерасад. Пасванди мазкур дар алоқамандиву ҳамнишинӣ бо вожаи зан ва ҷузъҳои дигар унсурҳои луғавиеро месозад, ки бо маъноҳои тоза истеъмол мешаванд. Дар ин қабил калимаҳои сохта, ки бештар дар қолибҳои исм+асоси феъл+пасванд, исм+ исм+пасванд шакл мегиранд, бори асосии ифодаи маъно маҳз бар дӯши вожаи зан аст.Вожаҳои сохтаи навъи зандорӣ, зандӯстӣ, занакабозӣ, заношӯйӣ, занталоқӣ дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» чунин ташреҳи маъноӣ ёфтаанд:

зандорӣ – зан доштан, оиладор будан, хонадорӣ[12].

зандӯстӣ – амали марди зандӯст, занпарастӣ[12].

занакабозӣ – занбозӣ, амали марди занбоз[12].

заношуйӣ – вазъу ҳолатизанушавҳар, зану шавҳар шудан, издивоҷ[12].

занталоқӣ – занталоқ кардан, аз зан ҷудо шудан[12].

Бар замми вожасозии мураккабу сохта дар фарҳангҳои тафсирии мавриди таҳлил вожаи зан дар таркиби ибораҳои озод ва рехтаи изофӣ низ корбаст гардидааст. Албатта, дар ин маврид имкониятҳои иборасозии вожаи мазкур нисбат ба калимасозии он фарохтар буда, он метавонад дар таркиби чунин ибораҳо ба вазифаи ҷузъи асосӣ ояд. Калимаҳои исмиву сифатии гуногунмаъно дар ибораҳои изофӣ ба вазифаи ҷузъи тобеъ омада, мафҳуми занро аз ягон ҷиҳат муайян ва шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Дар ибораҳои изофии озоду устувори навъи зайл мафҳуми зан вобаста ба аломатҳои барҷаста, ки мантиқан ба худ гирифта метавонад, шарҳу тавзеҳ меёбад:

зани меҳнатӣ – зани меҳнатдӯст, зани серғайрат[12].

зани муштипар – зани нотавон, оҷиза, заиф[12].

зани бева – зани бешавҳар, бевазан[12, 13].

зани бепарда – зани бешарму ҳаё [13].

зани мънгъл – пиразан, зани барҷомонда (фартут)[13].

Акнун чанд назареро вобаста ба мафҳумимодарпешниҳод менамоем. Муқаррар шудааст, ки ин калима баромади ҳиндуаврупоӣ дошта, имрӯз дар забонҳои мухталиф бо гунаҳои зиёд истифода мешавад. Масалан, дар форсии қадим ба шакли mot, помирӣ-рушонӣ –mod, юнонӣ – meter,олмонӣ – mutter ва англисӣ –mathe[10, с. 12-13].Вожаҳои зан ва модар мантиқан аз якдигар сарчашма гирифта, баъзан метавонанд бо тақозои матн муродифи ҳамдигар низ бошанд. Мафҳуми модар низ ҳамеша дар иртиботи маъноиву мантиқӣ бо вожаи зан таҳлилу баррасӣ мегардад ва дар бештари ҳолат ифодакунандаи тобишҳои маъноии мусбат мебошад. Ҳамин аст, ки ин вожа дар қиёс бо вожаи умумиистеъмоли зан истифодаи нисбатан маҳдудтарро доро буда, дар ҳар шеваву лаҳҷа ва гӯйишҳои забони тоҷикӣ ҳамвазнҳои муайяни пайдо кардааст. Аз қабили, оча, она, нана, ма, нъна, ая, бува, бивӣ ва ғ. Калимаи модар вожаи адабии умумиистеъмол аст, ки унсурҳои лаҳҷавии зикршударо дар ҳама ҳолат иваз карда метавонад. Тафсири он дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1969) ба чунин шакл омадааст:

модар1.волида, зани фарзанддор. 2. киноя аз замин.

Ҷони киромӣ ба падар боз дод,

Колбади тира ба модар супурд. (Рӯдакӣ)

модари боғ киноя аз замин, хок.

Модари боғ сутурван шуд, зодан бигзошт,

Чӣ кунад, номия иннину табиат азаб аст. (Анварӣ)

Вожаи мазкур низ ба монанди вожаи зан имкониятҳои зиёди вожасозиву маъноофарӣ дорад. Он бештар бо вожаҳои исмиву феълӣ ҳамнишин гардида, калимаҳои мураккаби дорои тобишҳои маъноии манфиву мусбатро тавлид кардааст. Дар ин қабил вожаҳои мураккаби дуҷузъа низ унсури модар дар мавқеи аввали вожа меояд ва ифодаи маънои асосии вожа бештар ба он вобастагӣ дорад. Ба монанди модарандар, модарбахато, модарбезор, модарзод, модаркалон, модармурда, модарсаг, модаршаҳр, модаршӯй ва ғайра. Шарҳи чанде аз калимаҳои зикршуда дар фарҳанг чунин аст:

модарандар – модари угай [12].

Шумо меҳрипадарбармангуморед,

Сулуки модарандар вогузоред! (Нозим)

модарбахато – таҳқ. ҳаромзода, ҳаромӣ, валадуззино[12].

модарбезор – он ки модарашро тарк кардааст, нохалаф, фарзанди ноқобил[12].

модарзод – 1. Аз модар таваллудшуда; бо нақсе ё фитрате аз модар таваллуд шудан: кӯри модарзод; 2. сифат ва хосияте, ки табиатан дар шахс зоҳир мегардад, фитрӣ дар ягон ҷиҳат; истеъдоди модарзод[12].

Носеҳо, ман ошиқам, ин пандро додан чӣсуд,

Гар тавонӣ, тарки ин савдои модарзодкун! (Ҳилолӣ)

Вожаҳои сохта ҳамбо калимаи модар дар фарҳангҳои гуногун ба чашм мерасанд, ки дар ташаккули онҳо низ аксаран пасванди исмсози -ӣ саҳми калон дорад. Чунончи, дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ва «Фарҳанги Муин» бо чунин тарзи вожасозӣ вомехӯрем:

модарзодӣ – мансуб ба модарзод; бемории модарзодӣ. [12, 15].

модарсолорӣ \\ модаршоҳӣ – як шакли ҷамъияти ибтидоӣ, ки дар он зан ҳукмронӣ мекард, модарсолорӣ[12].

модарӣ – модар будан, муқобили падарӣ[12, 15]:

Ҷаҳонро чу нодон накӯҳиш макун,

Ки бар ту мар ӯро ҳаққи модарист. (Носири Хусрав)

Ба ин тариқ, аз шарҳи маъноии калимаҳои зан, модар дар фарҳангҳои тафсирӣ бармеояд, ки онҳо ба ҷумлаи вожаҳои фонди асосии забон дохил буда, доираи васеи ҳамнишинӣ ва алоқаманд шудан бо вожаҳои дигари забонро доранд. Қудрати вожасозиву маъноофаринии ин вожаҳо дар он зоҳир мешавад, ки онҳо дар асоси ҳамнишинии бештар бо вожаҳои исмиву феълӣ унсурҳои нави луғавиеро созмон медиҳанд, ки дар ифодаи маънои муайян ягонаанд. Аз ин ҷиҳат, саҳми калимаҳои зикршуда дар ғанӣ гардидани захираи луғавӣ ва системаи маъноии забони тоҷикӣ баръало эҳсос мешавад.

Адабиёт:

1. Абдуллоева Г. Лексика Каратагского говора. АКД. – Душанбе, 2013. – 22 с.

2. Гадоев Н. Лексикаи лаҳчаи Тагнов. – Душанбе: Ирфон, 2012. – 209 с.

3. Гулназарова Ж. Таснифоти маъноии феъл дар «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ. – Душанбе: Шуҷоиён, 2011. – 168 с.

4. ДеҳхудоАлиакбари. Луӯатнома. Теҳрон, 1342.

5. Дӯстзода Ҳ. Маънои забонӣ ва навъҳои он //Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. – Бахши илмҳои филологӣ, 2020. – №7. – С. 32-39.

6. Замонов З. Лексика даштиджумского говора. АКД. – Душанбе, 2009. – 19 с.

7. Исмоилов Ш. Лексикаи лаҳчаи водии Рашт. – Душанбе: Ирфон, 2018. – 333 с.

8. Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик. – Ҷилди I. –Луғатшиносӣ. – Душанбе, 2007. – 243 с., 151-152 с.

9. Маҷидов Ҳ. Сеҳри сухани форсии тоҷикӣ. – Душанбе, 2014. – 352 с.

10. Cафарова Г.Ф. Семантическое поле слова «зан» (женщина) в таджикской поэзии. – Душанбе, 2021. – 210 с.

11. Фарҳанги забони тоҷикӣ. /Мураттибон Капранов В.А., Рауфов Ҳ., Зеҳнӣ Т. ва дигарон. – Иборат аз 2 ҷилд.– М.: Советская энциклопедия, 1969. – Ҷ.1. – 951 с; Ҷ. 2. – 948 с.

12. Фарҳангитафсириизабонитоҷикӣ. – Душанбе, 2008, ҷ. 1 – 949 с.

13. Фарҳангигӯйишҳоиҷанубиизабонитоҷикӣ. – Душанбе, 2012. – 946 с.

14. ФарҳангиашъориРӯдакӣ. – Душанбе, Маориф. 1990. – 367 с.

15. Фарҳанги форсии Муин. – Теҳрон, 1963-1973.

16. Ҳошимов С. Луғатнигорӣ. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2004. – 79 с.

17. Vajehyab. com.

Раҷабова Сарвиноз, ходими илмии шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ИЗА АМИТ

Бабаева Сумая, унвонҷӯи шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ИЗА АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО