04 Aug 2026
Submitted by Admin
30

МАВЗУИ СУЛҲУ ДӮСТӢ ДАР ШЕЪРИ ЗАМОНИ СОМОНИЁН

Адабиёти навини порсӣ аз нахустин гомҳои хештан ҳамчун тарғибгари ғояҳои олии инсонӣ, ба вижа сулҳу дӯстӣ, арзи андом намуд ва мавриди таваҷҷӯҳ ва истиқболи гарми ҷаҳониён қарор гирифт. Осори Рӯдакӣ, Абӯшакур, Дақиқӣ, Фирдавсӣ ва соирин, ки фарочанги мо қарор доранд, ин қазияро ба хубӣ тасбит месозанд. Дар воқеъ, замони Сомониён нафақат замони хештаншиносӣ, истиқлол, ифтихор, рушду тараққии илму ҳунар, балки замони тантанаи сулҳу дӯстӣ, ҳусни тафоҳум, ҳамраъйиву ҳамзистии нисбӣ низ маҳсуб мешавад. Бад –ин маънӣ, ташвиқи сулҳу дустӣ, ки дар осори аҳли қалами ин даврон боздид мекунем, як амри воқеӣ буда, ҷанбаи амиқ ва қавии иҷтимоию иқтисодӣ, равонию ахлоқӣ, фарҳангию сиёсӣ ва башардӯстонаю тамаддунгароёна дорад. Ин байтро, ки аз рисолатшиносии устод Рӯдакӣ башорат медиҳад, метавон аввалин намунаи шеъри сулҳхоҳона дар адабиёти навини порсӣ қаламдод кард:

Ҳама ниюшаи хоҷа ба некӯиву ба сулҳ аст,

Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу фитнаю ғавғо.

Дар зиндагии башар, ки бо шодиву ғам тавъам аст, авомили шодиовар ва ғамзо хеле фаровонанд. Бидуни шак, яке аз омилҳои шодиофарин дидани дӯстон маҳсуб меёбад. Аз ин байти устод Рӯдакӣ низ ҳамин маънӣ мустафид мешавад.

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Ва аммо:

Ҳеҷ талхӣ нест дар дил талхтар

Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Даврони Сомониён, ки онро метавон баҳори рӯзгори аҷамиён унвонгузорӣ кард, аз ҳар лиҳоз шигифтангезу омӯзанда ва ҳушёрдиҳанда мебошад. Зеро маҳз дар ҳамин давра як ҷунбиши зеҳнӣ, ҳамгароии қавмҳои гуногун ва дар канори ҳам зистану кор кардани мардумони мухталифоину мухталифмазҳаб ба вуқӯъ мепайвандад ва теша бар решаи таассубу хурофот, ҷаҳлу нодонӣ, ҷангу ҷидол, тахту тоҷталабиҳои ифротгароёна ва душманию бадбинӣ задан ба андозае имконпазир мегардад. Ва бад-ин тартиб, дар қаламрави Сомониён як оромии нисбие ба миён меояд, ки онро дар адвори пасин ба нудрат метавон ба мушоҳида гирифт. Ба сухани дигар, дар аҳди Сомониён ба ҳадде таассубу ҷаҳл, бадбинию душманӣ, ҷангу ҷидолҳо коҳиш меёбанд ва мардум нисбатан оромона ба сар мебаранд ва кишвар ба як марказ муттаҳид мегардад. Ҳамин авомил ва соири авомили мусбати ин даврони растохези ақлию сиёсӣ, иҷтимоию ахлоқӣ, рӯҳию равонӣ ва илмию фарҳангӣ аҳли адабро бар он вомедошт, ки ба тарғиби сулҳу дӯстӣ, ваҳдату бародарӣ, бипардозанд ва одамонро ба шоҳроҳи тамаддуну офият ва эҳё равон бисозанд ва аз ин роҳгузар рисолати хештанро, ки иборат аз талқини одамият аст, сарбаландона ба ҷо биёранд. Дигар ин ки Сомониён пайваста мекӯшиданд ва тамоюли зиёд доштанд, ки дар қаламрави хештан оромию осоиш ва дӯстию тафоҳум ҳукмфармоӣ кунад ва байни намояндагони қавму милали мухталиф, оину мазҳабҳои гуногун як навъ дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ эҷод бинамоянд ва бад-ин васила поя ва мояи давлатдории хештанро боз ҳам қавитару комилтар бисозанд. Дар ин амри хуҷаста нақши аҳли қалам ва фарҳанг хеле чашмгир буд ва шуарову удабо ба навъи мухталиф дар осори хештан ғояи сулҳу дӯстиро мутаранним мешуданд. Дар саросари осори Рӯдакӣ ҳамин рӯҳияи хушбинӣ ва сулҳу оштӣ, дӯстию рафоқат ҳокимият мекунад. Ин мисолҳоро ба хониш гирифтан кофист, ки мо то чи андоза нақши бориз доштани ин мавзӯъотро дар осори устод дарк ва тафҳим бинамоем:

Назар чи гуна бидӯзам, ки баҳри дидани дӯст

Зи хоки ман ҳама наргис дамад ба ҷои гиёҳ?

Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯи дӯст

Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Чу ҳомун душманонат паст боданд,

Чу гардун дӯстон воло ҳама сол.

Эй хуни дӯстон-т ба гардан, макун база,

Кас барнадоштаст ба дасте ду харбуза.

Устод Рӯдакӣ ҳамчун марди инсондӯст ва шоири хушбаён, нафақат бо дӯстон дӯстӣ варзидан, балки бо душманон ҳам аз роҳи дӯстию меҳрубонӣ муносибат карданро таълим медиҳад. Албатта, ин нишонаи олии одамият ва хирадмандист, ки ӯ аз хештан зоҳир кардааст. Чунончи, дар ин байт, ки далели бузургию фазл ва инсони накӯкору башардӯст будани ӯ метавонад буда бошад, ин масъаларо бо сароҳат дида метавонем:

Он к-ро донам, к-ӯ-ям душман аст

В-аз равони пок бадхоҳи ман аст.

Ҳам ба ҳар гаҳ дӯстӣ ҷӯям-ш ман,

Ҳам сухан б-оҳистагӣ гӯям-ш ман.

Дӯстӣ як ғояи қадимию ҷовидонист ва ҳар кӣ онро тарғиб мекунад, бегумон, ҷовидонагӣ меёбад. Чунонки ин корро устод Рӯдакӣ дар ин байти зебо ва ҷовидонияш карда ва ҷовидонагӣ ёфта:

Маялфанҷ душман, ки душман яке,

Фузун аст, дӯст ар ҳазор андаке.

Дигар ин ки аз дӯст набояд «ба ҳар чиз» озурда гардид ва доманашро алалфавр раҳо кард. Зеро ба каф овардани дӯст корест мушкил. Бинобар ин, фарзонаи Панҷрӯд мегӯяд:

Аз дӯст ба ҳар чиз чаро боядат озард,

К-ин айш чунин бошад: гаҳ шодию гаҳ дард.

Ӯ хашм ҳамегирад, ту узр ҳамехоҳ,

Ҳар рӯз ба нав ёри дигар менатавон кард.

Урфан дӯст дар ҳангоми нокомӣ шинохта мешавад, на шодкомӣ. Ҳамин ҳақиқати зиндагиро устод Рӯдакӣ чунин ба риштаи назм кашидааст:

Вақти нокомӣ тавон донист ёр,

Чун бувад дар комронӣ сад ҳазор.

Гузашта аз Рӯдакӣ, шоирони дигари ин аҳд низ аз дӯстию рафоқат сухан гуфтаанд. Шаҳиди Балхи яке аз эшон аст. Масалан, ӯ дар ин байташ аз фироқи дӯст нола сар медаҳад ва мегӯяд:

Ҳар рӯз фироқи дӯсте бояд дид,

Ҳар лаҳза видои ҳама мебояд кард.

Абӯшакури Балхӣ, ки аз шоирони тавоно ва дӯстгарои адабиёти аҳди Сомониён ба шумор меравад, ба вуфур дӯстиро дар осораш тараннум кардааст ва аз ин ҳайс миёни гӯяндагони ин аср мумтоз мебошад. Зеро ӯ зиндагии инсонро бидуни дӯст тасаввур ва мулоҳиза карда наметавонад. Биноан, ӯ назири устод Рӯдакӣ дидори дӯстро ҳамчун омили ғамзудо ва нишотовар ба қалам оварда мегӯяд:

Ду чиз аз дил андӯҳ берун барад,

Рухи дӯсту овози марди хирад.

Ӯ дар ин байташ бартарии дӯстро таъкид карда, ӯро ба сипар ташбеҳ менамояд, ки бисёр ҳам барозандаву мантиқист:

Бувад дӯст мар дӯстро чун сипар,

Беҳ аз дӯстмардум кӣ бошад дигар?

Дар ин шоҳбайти олию ҷовидона, ки сухан аз ҷовидонагии дӯстист, Абӯшакур барҳақ дурри маънӣ суфта ва андарзи рӯзгоронро гуфта:

Ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон,

Магар дӯстӣ, к-он бувад ҷовидон.

Тавре ки дар фавқ зикр кардем, Абӯшакур дӯстиро мавфур суруда ва сутуда. Ҳатто роҷеъ ба бархе аз шарту шароити он низ изҳори ақида кардааст, ки нақли баъзе аз онҳо дар ин ҷо бесуд нахоҳад буд:

Ки мар дӯстро ҷовидон панди дӯст,

Беҳ аз гавҳар, ар чанд гавҳар накӯст.

Ҳар он дӯст, к-аз баҳри суду зиён

Бувад дӯст, душман бувад, бегумон.

Шавад дӯст аз дӯст ороста,

Чу бо эминӣ мардум аз хоста.

Киро озмудияш ёри ту гашт,

Манол, ар гуноҳе бар ӯ баргузашт.

Бар он, к-ат буд, магзин дигар,

Пиёда бимонӣ, ар бувад ду хар.

Шуарои замони Сомониён, аз ҷумла Абӯшакури Балхӣ, зеру бами рӯзгорро накӯ шинохта буданд ва ба ғаври ҳаводис ва рухдодҳои фарҳангию иҷтимоӣ назари жарф доштанд. Мо ин гуна бархурди эшонро нафақат аз гуфтари муҳаққиқину муаррихин ва тазкиранигорон, балки аз ашъори онон низ ба вузӯҳ дармеёбем. Ҳини мутолаъа мебинем, ки эшон мардони бисёр хушбину мардумгаро будаанд ва ҳамвора аз адлу инсоф, одаму одамгарӣ, некию накӯкорӣ ва муҳимтар аз ҳама, аз сулҳу дӯстӣ сухан мегуфтаанд ва аксар авқот дар симои амирони Сомонӣ, ки бонии забону фарҳанг ва тарвиҷгари илму адаб буданд, шоҳони адолатрасон, ободгар ва фарҳанггаро, сулҳҷӯро медиданд ва ташвиқ мекарданд. Зеро онон хуб медонистанд, ки бидуни адолат ва сулҳу дӯстӣ инсон наметавонад саодату комёбиро ба даст биёварад ва инсонвор зиндагӣ бинамояд. Ин байти Абӯшакур, ки ба сурати ҳикмати ҷовидона сохта шудааст, ҳамин маънии волоро ба мо мерасонад ва то чи андоза муҳим будани ин мавзӯъ ва хирадманду сулҳгаро будани шоирони аҳди Сомониёнро бозтоб медиҳад:

Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба ҷанг,

Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.

Ва:

Ба нармӣ барорад басе чиз мард,

Ки он барнаёяд ба ҷангу набард.

Намунаҳои зерин низ аз ҳусни нияти шоир ба зиндагии орому осоишта ва хирадмандонаву нишотовар дарак медиҳанд:

Ба нармӣ чу гардан ниҳад рӯзгор,

Дуруштию гармӣ наёяд ба кор.

Шуҷоъ он ки дилро шикебо кунад,

Ба ошуфтан-андар мадоро кунад.

Туркиши Айлоқӣ, ки дар рӯзгори Сомониён зиндагию эҷод кардааст, касеро ҷавонмарду соҳибҳунар меҳисобад, ки нафақат бо дӯстон бисозад, балки бо душманон низ. Ӯ ин матлабро аз роҳи пурсишу посухи зебо ба намоиш гузошта ва гуфтааст:

Родмардию мард донӣ чист?

Боҳунартар зи халқ гӯям кист?

Он ки бо дӯстон бидонад сохт,

Он ки бо душманон бидонад зист.

Дӯстони воқеиро дар зиндагӣ ба нудрат дучор меоем. Лиҳозо, Шокири Бухороӣ ҳақ дорад, ки бигӯяд:

Аз сад ҳазор дӯст яке дӯст-дӯст не,

Аз сад ҳазор мард яке мард-мард не.

Душмани доно беҳ аз нодон дӯст- гуфтаанд. Бино бар ин, дӯстӣ бо абедонишон нафақат барозанда нест, балки сахт нохушоянд ҳам мебошад. Бад-ин маънист, ки Абӯмансури Дақиқӣ мегӯяд:

Чи нохуш бувад дӯстӣ бо касе,

Ки моя надорад зи дониш басе.

Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, ки дар «Шоҳнома»-аш доди суханро додааст, дар боби дӯстӣ низ каломи қиматманд ва лоязолӣ ироъа кардаанд, ки мо ин ҷо арзи онҳоро барои худ фарз медонем. Масалан:

Ҳамон дӯстӣ бо касе кун баланд,

Ки бошад ба сахтӣ туро ёрманд.

Чи некӯтар аз мо вафодор дӯст,

Вафодорӣ аз дӯстон бас накӯст.

Агар дӯст бошад туро тозарӯй,

Бияфзоядаш нозишу рангу бӯй.

Ин байти ӯ бошад, дар мавриди иҷтиноб варзидан аз ҷанг ва пархоши беҳуда гуфта шудааст ва аз сулҳгароии адиб ба мо хабар медиҳад:

Касе, к-ӯ ба ҷангат набандад миён,

Чунон соз, к-аз ту набинад зиён.

Лозим ба тазаккур аст, ки аксари ашъоре, ки шуарои замони Сомониён дар боби сулҳу дӯстӣ халқ кардаанд, асосан аз роҳи панду насиҳат пайрезӣ шудаанд ва ҷанбаи амиқи таълимию тарбиявӣ доранд. Чунонки дар ин шеъри ҳассони Абулфатҳи Бӯстӣ низ боздид мекунем:

Яке насиҳати ман гӯш дору фармон кун,

Ки аз насиҳат суд кунад, ки фармон кард.

Ҳама ба сулҳ гирою ҳама мадоро кун,

Ки аз мадоро кардан сутӯҳ гардад мард.

Агар чи қувват дорию иддати бисёр,

Ба гирди сулҳ гирою ба гирди ҷанг мегард…

Дӯстӣ дар ашъори замони Сомониён аз равзанаҳои мухталиф мавриди тасвир ва баррасӣ қарор гирифтааст ва ҷанбаи муҳимми иршодгароёна дорад. Ин вежагиро мо дар ин рубоии Ибни Сино низ бармало мушоҳида мекунем:

Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,

Бо дӯст нашоядам дигар бор нишаст.

Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,

Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.

Ин ҳакими беадил аз рӯи ҳавою ҳавас ва ба ҳар касу нокас, алалхусус аҳли фитнаву риё ва бадтинатону фурӯмоягон, дӯстӣ варзиданро барозанда намедонад ва маслиҳат намедиҳад. Бинобар ин, мегӯяд:

Ба ҳар хасе зи рӯи ҳаво дӯстӣ мадор,

Ба ҳар касе зи содадилӣ рози худ магӯй.

Бо мардуми музаввири бадасли бадгуҳар

Дар кӯи мардумӣ зи паи дӯстӣ мапӯй.

Гар боядат, ки кам нашавад обрӯи ту,

Фармону ихтилоти фурӯмоягон маҷӯй…

Бад-ин минвол, метавон гуфт, ки ашъоре, ки шуарои замони Сомониён ба мавзӯи сулҳу дӯстӣ бахшидаанд, нафақат дар тарғиби ғояи сулҳу оштӣ, ёриву бародарӣ, дӯстиву рафоқат ва муттаҳидиву ҳамдилии одамон нақши бориз мебозанд, балки рӯҳи волою башардӯстонаи адабиёти пурбору деринсоли моро низ буруз медиҳанд. Ва агарчи аз умри онҳо ҳазору анд сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ҳанӯз тару тоза ва муассиранд ва бисёре аз ин ашъор ва абёт чун зарбумасалу мақоли ширини забони тоҷикӣ садо медиҳанд ва ҳам вирди забони хосу оманд.

Ҷамолиддин Саидзода, н.и.п., ходими калони илмии шуъбаи адабиёти муосри Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО