04 Aug 2026
Submitted by Admin
52

ФАРҲАНГИ СУЛҲҶӮЁНА

Сулҳ маҷмуи дӯстии иҷтимоию ҳамдилӣ, ҳамраъйӣ, меҳрубонӣ ва адолату баробарӣ ва ормони аҳли башар аст, ки дар ҷаҳони пуртазоду пурташвиши имрӯз пойдориву нигоҳдориаш басо мушкил шудааст, зеро ангезаҳои зиёде барои барандохтани низоъ дар ҷомеъа ба хотири пиёда сохтани ҳадафҳои нопок аз дохилу хориҷи кишварҳо мушоҳида мешавад. Таърихи башар чархаи гардони ҷангу сулҳ аст ва бо садои муҳиби бӯқу табли размӣ ҷанг оғоз ёфта, бо порчаи матои сафед навиди сулҳ расонида мешавад, аммо бо чӣ қадар қурбониву мусибату хисороту балоҳои ба сари фарзанди одам омада, ин сулҳу созиш ба даст оварда мешавад.

Тоҷикон аз қадим мардумони сулҳдӯсту инсондӯст буданд ва дар канори ақвоми мухталиф бо мусолиҳаву мудорову мурувват ва таҳаммулпазирӣ ҳаёти осоиштаро ба сар мекарданд, яъне сулҳпарвариву сулҳофарӣ ҷузъи фарҳанги бостонии мо – тоҷикон буд ва боқӣ хоҳад монд. Фарҳанги сулҳҷӯёнаи тоҷикон решаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дорад: Нахуст ин ки тоҷикон ба фарҳангу қавмиятҳои гуногун эҳтиром гузошта, ҳамзистии мусолиматомез бо ҳамсоягон дар тули таърих доштанд. Дигар ин ки ҷашнҳо ва суннатҳои куҳани мо монанди Наврӯз паёмовари дӯстӣ ва шодӣ мебошанд. Ниҳоятан, бузургони илму адаб монанди Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ҳамеша андешаҳои сулҳу хирадварзиро тараннум мекарданд.

Маншури Куруши Кабир (539 п.м.) – нахустин паём ва намоди сулҳи ҷаҳонӣ, омили аслии суботи сиёсӣ ва сулҳи тулонӣ дар аҳди бостон буд, ки бо номи Pax Persica – “Сулҳи порсӣ” дар ҷаҳон машҳур аст. Тасвири ҳакшудаи ақвоми гуногун дар Тахти Ҷамшед далели ҳамзистии ин ақвом дар фазои сулҳу оромиш дар даврони фармонравоии Ҳахоманишиён аст. Дар андарзномаҳои даврони Сосонӣ низ пирӯзии хирад бар хашм ва парҳез аз озору ҷанг сутуда шудааст. Аз ҷумла, дар андарзномаи Бузургмеҳр, сухан аз дӯстӣ меравад, ки омили аслии сулҳу оромиш аст:

“Чӣ чиз судбахштар аст?
Бо некон якҷо ва дӯст будан.
Чӣ чиз зиёновартар (бесуд) аст?
Бо золим ва нодон якҷо ва дӯст будан”.

Дар кардаи 177-и “Динард” дар бораи неруи дӯстӣ, ки аз сиришти инсон бармеояд ва зудудани бадӣ андешаи арзишманде баён шудааст: “Ҳар гуна меҳри мардумон ба хештан ва фарзанд меҳре сириштин аст ва ба гунае ниҳодин ва сириштин барои дигаре ва хештан ва фарзандон, на бадӣ, ки некиро боястманд медонанд.

Аз базри сириштини меҳр нисбат ба хештан ва фарзандон аст, ки дар андаруни тан меҳрубонӣ барои ҳам ҳамагӣ ва ҳам андакӣ аз мардум мерӯяд ва шукуфа мезанад; аз ҳамин базри сириштин аст, ки ҳеч гуна бадиро барои якдигар боястманд намедонанд ва ҳама гуна некиро барои ҳамаи мардумон боястманд медонанд; ба гунае ки ҳамаи дигар мардумон ва офаридагонро чун он хештан ва фарзанди хеш дар назар меоваранд.

Рӯй баргирифтан аз бадӣ рӯй кардан ба некии ҳамагии мардумон ба сабаби ҳамин ниҳоди сириштини ҳамагии мардум аст”.

Хирадварзӣ, беозор будан ва парҳез аз бадиро ҳаким Фирдавсӣ чунин талқин мекунад:

Хирадманд бошу беозор бош,
Забонро зи гуфтори бад нигаҳдор бош.

Ҳофиз муруввату мудороро асоси оромишу осоиш медонад:

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст:
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мудоро.

Шайх Саъдӣ оштиро аз ҷанг ва пазириши сулҳи душманро аз ҳама авлотар медонист:

Ба наздики ман сулҳ беҳтар, ки ҷанг,
В-агар пилзӯрӣ в-агар тангчанг.

***

Агар сулҳ хоҳад аду сар мапеч
В-агар ҷанг ҷӯяд инон бар мапеч.
Ғояи асосии ашъори Саъдӣ ҳамдилӣ, инсондӯстӣ ва ваҳдати башар буд:
Бани одам зи як пайкаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

***

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

***

Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

Ба масоили сулҳ олимони ғарбӣ низ таваҷҷуҳ карда, андешаҳои судманде баён кардаанд. Чунончи Эмануел Кант – файласуфи номдори олмонӣ ҳанӯз дар соли 1795 китобе бо номи “Сулҳи мондагор” омилҳои аслии расидан ба сулҳро қайд карда, хостори расидан ба сулҳ дар ҷаҳон шудааст. Ба андешаи Кант сулҳи мондагор ё сулҳи ормонӣ дар натиҷаи пазириши давлатҳо аз низоми мардумсолор ва иттиҳоди оштиҷӯёна ва қавонини ҷаҳонгустар ба даст меояд.

Ғояи асосии мардумони Иттиҳоди шуравӣ сулҳу ҳамраъйӣ буда, зери шиори “Пролетарҳои ҳамаи кишварҳо як шавед!” ва “Дӯстии халқҳо” дӯстию бародарии халқҳо, ёрӣ ба меҳнаткашони мамлакатҳои дигар ва муттаҳидии миллатҳои гуногунро ташвиқу тарғиб мекард. Хусусан иди 1 Май – Рӯзи байналхалқии меҳнаткашон шаҳрвандонро ба роҳпаймоиҳои оммавӣ бо шиорҳои «Сулҳ, меҳнат, май» чамъ оварда, ҳамдиливу ҳамраъйии миллатҳоро намоиш медоданд. Иттиҳоди шуравӣ ҳомӣ ва пуштибони аслии сулҳ дар ҷаҳон буда, зери шиори “Сулҳ барои ҷаҳон” (Миру мир!) дар баробари таҳдидоти империалистӣ муқовимат мекард. Кумитаи сулҳи иттиҳоди шуравӣ саҳми боризе дар ташвиқи дӯстӣ, гуманизм ва халъи силоҳи ҳастаӣ бозидааст. Аз чеҳраҳои саршиносу маъруфи ин кумита шоири мииллӣ ва шахсияти ҷаҳонӣ Мирзо Турсунзода буданд. Соли 1969 устод Турсунзода дар номае таҳти унвони «Ба маҷлиси Умумии СММ» аз сулҳу даст кашидан аз ҷанг менависад: «Ғояи сулҳ сарҳад намешиносад! Ҳар як моҷарои нави хунини империалистон танҳо мавҷи эътирози мардуми оддии саросари ҷаҳонро шиддат мебахшад ва сафи муборизони роҳи сулҳро афзун месозад... Мо зидди ҷанг ҳастем, зеро мардумро дӯст медорем ва намехоҳем, ки талафоти ҷонӣ, марги падарону писарон ва ё андӯҳи модарону фарзандон рух диҳад» (Куллиёти Турсунзода, ҷ. 5.- Саҳ. 24).

Ба қавли устоди сухан Лоиқ Шералӣ тоҷикон табиатан мардуми сулҳдӯст буданд ва пархошгариву ҷангҷӯйӣ пешаи онҳо ҳаргиз набудааст:

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне,
Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина
Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст.
Таърих гувоҳ аст, ки дар арсаи таърих
Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таассуб
Бар фарқи саре найзаю ханҷар накашидаст.

Солҳои 90-ум пас аз фурупошии Иттиҳоди шуравӣ ва соҳибистиқлол шудан ҷумҳурии тозатаъсис ба доми низоъ ва оташи ҷанг афтода, беш аз як миллион афрод бехонумон шуда, ҳазорон афроди бегуноҳ ҷони худро аз даст доданд. Шуруъ аз соли 1994 ҳафт даври музокирот (дар солҳои 1994 то 1997) баргузор шуд ва билохира дар даври ҳаштуми гуфтушунид миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин, дар шаҳри Маскав, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳодияи неруҳои мухолифини тоҷик Сайид Абдуллои Нурӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон»-ро имзо карданд. Паймони сулҳи Тоҷикистон дар ҷаҳон ба унвони яке аз муваффақтарин намунаҳои ҳалли низоъ аз тариқи гуфтушунид шинохта мешавад. Албатта, расидан ба сулҳу оромиш ва ҳаёти осоишта кори саҳлу осон нест ва ҳифзу нигаҳдории сулҳ ба маънои том набуди ҷанг нест, балки кӯшишу талош барои эҷоди адолат, ва рафъи решаҳои муноқиша мебошад.

Сулҳ бар мабнои се шохаи асосӣ ҳифзу пойдор мемонад: 1) сулҳи фардӣ, ки оромиши зеҳну равони афроди ҷомеаро ташкил медиҳад. Инсон узви ҷомеа буда, вазъи ҷомеа аз ҳолати равониву амали ӯ вобаста аст, аз ин рӯ ҳар фарди огоҳу бедордили ҷомеа бояд эҳсосоти худро аз қабили хашму ғазабу худхоҳӣ идора карда тавонад, кинаву ҳасодату душманиро аз зеҳну қалбаш дур кунад; 2) сулҳи иҷтимоӣ, робитаи фард бо хонавода, дӯстон ва ҳамкорону атрофиён бо пазируфтани дидгоҳу фарҳанг, сабки зиндагии инсонҳо бидуни хушунат ва бо таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмию созиш ва эҳтирому муҳаббат, инчунин ҳаллу бартараф кардани низоъу ихтилофот мебошад; 3) сулҳи ҷаҳонӣ ба нақши давлат ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар пешгирӣ аз ҷанг мебошад, ки аз ҳалли масоилу мушкилоти ҷомеа ба монанди коҳиши фақр, таҳкими адолат, ҳалли мушкилоти сиёсӣ аз роҳи дипломатӣ, омӯзиши мафҳуми сулҳу ҳуқуқи башар барои наслҳои оянда мебошад.

25-уми июн Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" қабул намуд, ки мувофиқи муқаррароти ин санад солҳои 2027-2036-ро ҳамчун солҳои таҳкиму истиқрори сулҳ барои наслҳои оянда эълон шудааст. Бояд қайд кард, ки ин ташаббуси шашуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар Созмони Милали Муттаҳид қабул мегардад. Барои расидан ба сулҳу оромиш чунон ки мебинем, ин се шохаи асосии сулҳ дар замони Истиқлоли Ҷумҳурӣ бо кӯшишу талошҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми сулҳпарвару инсондӯсти кишварамон парвариш дода, ба як дарахти тануманди сершоху барги сулҳу оромиш расонидаанд. Барои наслҳои оянда расонидани ин неъмати бебаҳо – сулҳ, ки дар ҷаҳони пурташвишу пуртазоди имрӯз ҳифзу нигаҳдориаш хеле сахт шудааст, бояд камари ҳиммат бандем ва қавли Мирзо Турсунзодаро шиори худ қарор диҳем:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

Шарифзода Фарангис Худоӣ, д.и.ф., профессор, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО