16 Apr 2025
Submitted by Admin
90

Дар охири солҳои 30-юм ва ибтидои солҳои 40-уми асри XX оид ба забони тоҷикӣ, дастур, имло ва истилоҳоти он як силсила қарорҳо қабул ва дар асоси он ба низоми дастурӣ, имло ва истилоҳоти он тағйиротҳое, ворид гардид, ки боиси баҳси доманадори пажуҳишгарон дар ин давра гардид.

Ин баҳсу мунозираҳо бо мақолаи бунёдии устод Айнӣ бо номи «Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик» (1952) анҷом меёбад ва тафсилоти навиштани ин мақоларо ёдовар мешавем.

Дар зери таъсири нармиши сиёсии солҳои 50-уми садаи XX ва махсусан ба нашр расидани мақолаи И. Сталин «Марксизм-ленинизм ва забоншиносӣ» (1950) дар Тоҷикистон мақолаи устод С. Айнӣ. «Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик» («Шарқи сурх», 1952, №6) чоп шуд, ки дар ин мақола дар баробари зери тозиёнаи танқид гирифтани баъзе каҷравиҳо дар инкишофи илми забоншиносии тоҷик, ба ду масъалаи асосӣ: дастур ва имло ҳам дахл шудааст. Ин мақолаи устод Айнӣ дар партави дусолагии «нашри асари доҳиёнаи Н.В. Сталин - «Марксизм ва масъалаҳои забоншиносӣ» навишта шуда, дар он нуқсону камбудиҳое, ки то ин дам дар забоншиносии тоҷик ҷой доштанд, зери тозиёнаи танқид қарор гирифтааст. Аз рӯйи намунаҳои таҳияи имло ва сохтмони забонии солҳои 30-юми садаи XX мушоҳида гардид, ки дастандаркорони навсозии забони тоҷикӣ дар намунаи Кумитаи истилоҳот ва алифбои нав, Базаи тоҷикистонии АИ Иттиҳоди Шуравӣ ва Комиссариати маорифи халқи Тоҷикистон ба андозае ба навсозии забони адабии тоҷикӣ саргарм шудаанд, ки ҳатто даст ба таҳрифи сохторҳои дастурии забон заданд, ки ҳеҷ дар қаламрави асосҳои илмии забоншиносӣ ҷоиз набуд. Масъалаи устувор мондани унсурҳои дастурӣ ё грамматикӣ (дар намунаи истифодаи ҷамъбандии асили тоҷикӣ «он» (гон, ён, вон) ва «ҳо», ба зурӣ бароварда партофтани вожаҳои классикӣ «аз фонди асосии лугати забони тоҷикӣ» ва «даровардани яке аз лугатҳои маҳаллии танг», сохтану меъёрӣ кардани ҷумлаҳои нодурусти «Ин Аҳмада китобаш» зери таъсири ҷумлаҳои забони узбекӣ «Бу Аҳмадни китобӣ» ва ғайра (Фармони №1 Комиссариати маорифи Тоҷикистон) дар ин мақола исбот шудааст.

Бояд гуфт ки, дар «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» (1936) қисман ва баъдан дар Фармони №1 Комиссари халқии маорифи РСС Тоҷикистон ба таври куллӣ русикунонии имлои забон оғоз гардид. Баъд аз қабул шудани «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» (1936) раванди саросар ворид намудани калимаву истилоҳоти русӣ ва интернатсионалӣ ба забони тоҷикӣ оғоз шуд. Дар соли 1938 ду маҷлиси машваратӣ ва ё ба истилоҳ, «совешчания»-ҳои забоншиносии Тоҷикистон (феврал ва ноябри соли 1938) барпо шуд, ки дар онҳо роҳҳои минбаъдаи инкишофи забони тоҷикӣ баррасӣ гардида, лоиҳае ҳам дар ин боб таҳия шуд ва моҳи январи соли 1939 Комиссари халқии маорифи РСС Тоҷикистон бо фармони №1- и худ онро тасдиқ кард. Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар ин чорабиниҳо мавқеи хос дошт, чунин буд: «Ин чорабиниҳо ба барҳам додани архаизмҳо, арабизмҳо ва эронизмҳо (таъкиди мо - С. Н.) дар забони тоҷикӣ, ба барҳам додани ҷудоии сунъии байни забони адабӣ ва забони зиндаи гуфтугуӣ, ба наздик кардани шаклҳои зиндаи забон ва советизмҳо равона карда шудаанд». (Дар бораи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ. Қисми 1. Масъалаҳои грамматика //Тоҷикистони Сурх, 25 январи соли 1939, №19; Дар бораи баъзе масъалахои забони тоҷикӣ. Қисми 2. Масъалаҳои терминологияи забони тоҷикӣ // Тоҷикистони Сурх, 26 январи 1939.) Дере нагузашт, ки ин лоиҳа бо номи «Дар бораи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ» ҳамчун санади расмӣ нашр шуд. Он аз се қисм иборат буд: қисми 1 «Масъалаҳои грамматика», кисми 2 «Дар бораи масъалаҳои терминологияи забони тоҷик» ва қисми 3 «Дар бораи масъалаҳои имлои забони тоҷикӣ». (Дар бораи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ. Қисми 1. Масъалаҳои грамматика //Тоҷикистони Сурх, 25 январи соли 1939, №19; Дар бораи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ. Қисми 2. Масъалаҳои терминологияи забони тоҷикӣ // Тоҷикистони Сурх, 26 январи 1939.)

Азбаски ин санад дар таърихи забони тоҷикӣ нақши ҳалкунанда бозида, аксари унсурҳои номатлубе, ки имрӯз аз тарафи бархе аз забоншиносон ҳамчун хусусиятҳои хоси забонӣ тоҷикӣ дар баробари гунаҳои форсӣ ва дарӣ шумурда мешавад, дар асоси ҳамин санад ба забони мо дохил шудаанд, дар бораи ин санад муфассалтар истода мегузарем. Дар се бахши ин санад ба таври фишурда унсурҳои нодурусти зерин қонунӣ гардонда шудаанд:

1. Расмӣ кардани истифодаи пасванди «ангӣ» дар ҷумласозӣ. (Дар қавс иқтибос аз ин ҳуҷҷат оварда шудааст.)

(Одами шабангия (шабангиро) имрӯз боздидам - одами шаб дидагема имрӯз боз дидам... Магазини бозорангӣ бисёр калон аст).

2. Истифодаи шакли лаҳҷавии сохти «нарафтанба» дар забони адабӣ. (Истеъмоли сохти «ман нарафтанба» ҳам дуруст ҳисоб карда мешуд).

3. Аз истифода баровардани шаклҳои адабии пешванди «би-» ва феълҳои «метавон гуфт, метавон кард». («Мо метавонем бигӯем» не, балки «мо метавонем гӯем». Ба истеъмоли шаклҳои «метавонем гуфт, метавон кард» роҳ дода нашавад»).

4. Дар навиштани исмҳо ҷорӣ кардани ҷамъбандиҳои шакли ахборотҳо. (Ташкилот- ташкилотҳо, аъзо-аъзоён- аъзоҳо, ҳуқуқ- ҳуқуқҳо).

5. Расмӣ кардани шакли «Аҳмада китобаш» ва ба ҷои пасванди - ро истифода кардани -а, -я. (Ин китоби Аҳмад- ин Аҳмада китобаш; То кучоя рафтӣ? То Фарғоная рафтам).

6. Дар истифодаи шумора, ҷонишин, зарф, пешояндҳо ҷорӣ кардани унсурҳои лаҳҷавӣ.

а) Шумора (Дар охири шумораҳо ба чои суффикси архаистии «то» шакли зинда ва ба тамоми шеваҳои тоҷикӣ умумӣ будагӣ «та» кор фармуда шавад: сета, чорта, «дуйум» ва «саййум», «чор, чорда, чил»).

б) Ҷонишин (шакли махсуси ҷонишинхои шахсӣ, ки ба суффиксҳои «ҳо, ён» сохта шуда, ҷамъро ифода мекунанд, қабул карда шавад: Моҳо, моён, шумоҳо, шумоён, вайҳо).

Ҷонишинҳо бандак катӣ дар чунин шаклҳо кор фармуда шаванд: (шуморо, шумоҳоя, шумоёна, шумоя-шуморо, онҳоя).

7. Дар истифодаи феъл дар баробари шаклҳои меъёрӣ ҷорӣ кардани шаклҳои лаҳҷавӣ:

а) Дар феълҳои нақлӣ (ба ғайр аз шакли танҳои шахси сейум) пеш аз бандакҷонишинҳо дар байни ду садонок «я» илова карда ҳам кор фармудан мумкин аст (Гӯё, ман рафтабудаям, Вайҳо рафтабудаянд.)

б) Шаклҳои эҳтимолии поёнангӣ ҳам кор фармуда шавад (Аҳмад омадагист, Вай ҳам мерафтагист).

в) Ба вазифаи гузаштаи мутлақ ин шаклҳои феълӣ ҳам кор фармуда шавад (Ман китоб хондагӣ, Ман то ҳол хондагимне).

г) Дар шахси дуйум дар баробари «ед» ҷамъ бо «етон» ҳам сохта шавад. Шаклҳои «Кашида гирифтан, гирифта овардан, бурда расондан, гуфта додан, шикаста мондан, гирифта партофтан, рафта гирифтан ва дигарҳо» қобили қабул ҳисобида шуд.

ғ) Аз истифода хорич, кардани шаклҳои адабии «бояд кард» ва «хоҳад кард» (Мо корамонро хохем кард» не, балки «мо корамонро мекунем»).

д) Ба чои шаклҳои «нишастан, шустан, коб, ёб» шаклҳои «шиштан», «шуштан», «ков», «ёв» кор фармуда шавад.»

8. Дар масъалаи имло ва навишти калимаҳо ин санад ба тарзи навишти русӣ роҳи васеъ кушода, шакли навишти калимаҳои русӣ- интернатсионалиро ба шакли айнан русӣ қонунӣ гардонид:

«1. Калимаҳои интернатсионалӣ ва советизмҳо ба забони тоҷикӣ аз русӣ ва ё ба воситаи забони русӣ даромадагӣ айнан бо ҳарфҳои тоҷикӣ навишта мешаванд. Мисол: Колхоз, комсомол, коллектив, план, аэроплан, кооперация ва монанди инҳо.

9. Дар баъзе калимаҳои хориҷии ба воситаи забони русӣ мегирифтагиамон будагӣ овози «ҳ» агар дар русӣ бо «г» навишта шаванд, дар тоҷикӣ ҳам бо «г» навишта мешаванд. Мисол: гидростансийа, гектар, Гегел».

10. Дар навишти калимаҳои «қуфл, китф» ва «анбор, занбур, занбар...» шакли талаффузи онҳоро дар шакли «қулф, китф» ва «амбор, замбур, замбар» қонунӣ гардонид.

Ба таври умум ин санад ва тадбирҳои баъдӣ оид ба табдили алифбо барои русикунонии истилоҳот ва дар маҷмуъ ба тағйири сарфиву наҳвӣ (грамматикӣ) ва овоии (фонетикии) забони тоҷикӣ роҳи васеъ кушод. Бояд гуфт, ки ин фармон ба алифбои лотинӣ таҳия шуда, сарахборе барои табдили алифбои лотинӣ ба алифбои русӣ дар Тоҷикистон буд ва маъракаи ба алифбои русӣ гузаштан оғоз шуда буд ва тавре ба ҳамагон маълум аст, дар моҳи майи соли 1940, яъне баьд аз як соле бештар дар Тоҷикистон алифбои русиасос ба таври расмӣ ҷорӣ гардид.

Баъд аз гузаштан ба алифбои русиасоси тоҷик дар моҳи майи соли 1940 қоидаҳои имлои забони мо ҳам ба ин алифбо мувофиқ карда шуд ва ба қарори №55 аз 21 -январи соли 1941- и СКХ (Совети Комиссарони Халқ) -и РСС Тоҷикистон «Қоидаҳои асосии орфографияи забони тоҷикӣ» қабул гардид.

Дар бахши аввали мақола қисми якуми ин Фармон, ки «Масъалаҳои грамматика» номгузорӣ шуда буд, мавриди интиқоди сахти устод Айнӣ қарор гирифтааст.

Ӯ менависад: «Ин кор дар амал грамматикаи сахтҷонро бо зӯрӣ (бо режими аракчеевӣ) кушта партофта, ба ҷои он грамматикаи аз ҷумлаи вайрони бегона гирифта шударо ба тарзи сунъӣ даровардан буд». ( Айнӣ С. Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик//Мунтахаби асарҳои илмӣ. - Душанбе, Дониш, 2008.-С.70)

Устод Айнӣ барои исботи фикру ақидаи хеш аз ин асари И. В. Сталин чунин намуна меорад: «Аммо асосҳои сохти грамматикӣ дар муддати хеле дурудароз дар як ҳол боқӣ мемонанд, чунки онҳо чунон ки таърих нишон медиҳад, метавонанд, ки дар зарфи чандин давра бо муваффақият хизмати ҷамъиятро ба ҷо оваранд». (Айнӣ С. Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик//Мунтахаби асарҳои илмӣ. - Душанбе, Дониш, 2008.67) Дар ҷои дигар ба Шавкат Ниёзӣ муроҷиат намуда боз ҳам устувор мондани сохтори дастурии забонро таъкид менамояд: «Агар Шавкат Ниёзӣ асари доҳиёнаи рафиқ Сталин - «Марксизм ва масъалаҳои забоншиносӣ»-ро пухта меомӯхт ва аз он ҷо, аз фонди асосии лугат ҳам дарозумртар будани грамматикаро ёд мегирифт, ба ин гуна хатоҳо намеафтод, балки забони халқи тоҷик ва адабиёти классикии тоҷикро тадқиқ карда, ҳазор сол боз тагйир наёфтани асосҳои грамматикии забони тоҷикро ба гуфтахои рафиқ Сталин мисол меовард...

Шавкат Ниёзӣ намефаҳмад, ё ин ки фаҳмидан намехоҳад, «як деҳқона писараш ба шаҳр равон шуд» тарҷимаи «деҳқонеро писар ба шаҳр равон шуд» набуда, механикии «Бир деҳқонни (нинг) ӯғлӣ шаҳрга йӯналдӣ» мебошад. Яъне ин кор. чунон ки дар мавриди «Аҳмада китобаш» нишон дода шуд, тарҷимаи механикии як ҷумлаи вайрони ӯзбекӣ бо ҷумлаи вайрони тоҷикӣ мебошад.

Шавкат Ниёзӣ бошад ба ҷои фош кардани он лоиҳаи аракчеевие, ки дар замони дар забошиносӣ ҳокимияти мутлақа доштани таълимоти ғайриилмии Марр навишта шудааст, ба муносибати яксолагии нашри таълимоти сталинӣ дар забоншиносӣ мақола навишта он лоиҳаро ба амал татбиқ кардан мехоҳад.

Инчунин баъзе рафиқони ӯзбек маънии «то»-и тоҷикиро ки интиҳоро ифода мекунад ба назар нагирифта, фақат барои зиннат ба аввали ҷумла дароварда, масалан «то Фарғонача бораман» мегӯянд.

Лоиҳанависони «забондони мо» ҳам ин ҷумлаи вайрони махлути «аломати интиҳоӣ»-аш такрорёфтаро ба тарзи механикӣ дар шакли «то Фарғоная меравам» тарҷума карда нависандагонро маҷбур мекарданд, ки ин ҷумларо ба сифати як ҷумлаи «дурусти тоҷикӣ» қабул карда, дар асарҳои худ нависанд.

Ин кор дар амал грамматикаи сахтҷонро бо зӯрӣ (бо режими аракчеевӣ) кушта партофта, ба ҷон он грамматикаи аз ҷумлаи вайрони бегона гирифташударо ба тарзи сунъӣ даровардан буд.

Инчунин дар он лоиҳа баъзе чизҳоро аз фонди асосии луғати забони тоҷик бо зӯрӣ бароварда партофта, ба ҷои он даровардани яке аз луғатҳои маҳаллии тангро таклиф мекарданд. Масалан, ба ҷои «тафс» ки бо ҳамаи муштақоташ монанди «тафсидан, метафсад, тафсид, тафсон» ҳам дар забони халқ ва ҳам дар забони адабӣ ба тарзи умумӣ кор фармуда шудааст, ва кор фармуда шуда истодааст, бо зӯрӣ аз забон бароварда партофта ба ҷои он даровардани калимаи танги хатоӣ маҳаллии аз «тафс» вайрон карда, дар шакли «тасп» гирифташударо таклиф мекарданд (ҳар кас тафсилоти он лоиҳаро донистан хоҳад, шумораи дар 25-26 моҳи январи соли 1939 чопшудаи газетаи «Тоҷикистони Сурх»-ро хонда бинад. Ин мақола аз ин зиёдтар мисол оварданро гунҷоиш намедиҳад». (Иқтибоси дароз барои дуруст ва яклухт фаҳмидани андешаҳои устод Айнӣ оид ба дастури забон буд.) (Айнӣ С. Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик//Мунтахаби асарҳои илмӣ. - Душанбе, Дониш, 2008. -с. 67-71).

Баъдан ӯ таъкид мекунад, ки «Баъзе забоншиносон ҳам, ҳатто баъд аз нашр шудани асари гениалии рафиқ Сталин - «Марксизм ва масъалаҳои забоншиносӣ» ба ҷои он ки он лоиҳаро дар асоси таълимоти сталинӣ фош кунанд, баъзе вайрониҳои он лоиҳаро зинда нигоҳ доштан мехоҳанд» Айнӣ С. Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик//Мунтахаби асарҳои илмӣ. - Душанбе, Дониш, 2008. -с. 67-71).

Ӯ дар бораи масъалаҳои забоншиносӣ ва махсусан вижагиҳои дастурии забони адабӣ чунин ибрози назар кардааст: «...гурӯҳи дигар забони адабии хазорсолаи тоҷикро бо ҳамаи меросҳои адабиаш тамоман инкор карда мехостанд дар асоси забони кӯчагӣ забони «нави адабӣ» созанд ва ба он «забони нав» грамматикаи аҷибу ғарибе ҳам тартиб диҳанд. Яке аз ин ҳуҷумҳои «чап» ки вайро режими аракчеевӣ номидан мумкин аст, дар соли 1937, 1938, 1939 ташкил ёфта буд. Лоиҳанависони ин ҳуҷум дар зери пардаи «забонро ба халқ наздик кардан» мехостанд, ки бо грамматикаи қисман нав як «забони нави адабӣ» созанд. Онҳо нависандагон ва соҳибқаламонро маҷбур мекарданд, ки «ин Аҳмада китобаш» барин чумлаҳоро ҳам чумлаи тоҷикӣ дониста кор фармоянд ва дуруст шуморанд. Ва ҳол он ки ин ҷумла тарҷумаи ҳарф ба ҳарфи вайрони як ҷумлаи ӯзбекӣ буд. (Айнӣ С. Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик//Мунтахаби асарҳои илмӣ. - Душанбе, Дониш, 2008. -с. 68.)

Масъалаҳое, ки дар мақолаи устод Айнӣ «Оид ба вазъияти забоншиносонии тоҷик» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, то ба ҳол мубрам буда, аҳаммияти бузурги илмиву амалӣ дорад. Дар бахши дастури забон имрӯз ҳам баъзе нуқсону камбудиҳое, ки аз давраи шуравӣ боқӣ мондаанд, ислоҳ мехоҳанд. Аз ҷумла, сохтори дастурии забон, ки бар асоси грамматикаи забони русӣ таҳия ва аз он айнан рубардор шудаанд, ҳатман бояд мавриди бозбинӣ қарор гирад ва дар «Дастури забони тоҷикӣ», ки дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ таҳияи он оғоз шудааст, пешниҳодҳои устоди бузургвор ҷойгоҳи худро ёбанд.

Бинобар ин зарурати таҳияи дастури нави забони тоҷикӣ талаби замон аст. Он бояд на танҳо вазъи имрӯзаи дастури забонро тасвир кунад, балки вобаста ба талаботи замони Истиқлол қоидаҳо ва меъёрҳои дастуриро аз лиҳози таърихӣ бо нишон додани хусусиятҳои хоси онҳо аз давраи пайдоиш, такомул, ташаккул ва таѓйироти шаклии онҳо то имрӯз инъикос намояд. Инчунин дар ин муддат дар таркиби истилоҳоти забоншиносӣ таѓйироти куллӣ ба вуҷуд омада, ҷои истилоҳоти русиву байналмилалиро, ки ба таври фаровон ба тариқи ҳамгунсозӣ ба забони мо бор шуда буданд, истилоҳоти аслан тоҷикӣ гирифта истодааст. Танҳо, ба таври мисол истилоҳҳои фонетика – овошиносӣ, морфология – сарф, синтаксис – наҳв, суффикс – пасванд, префикс – пешванд, аффиксатсия – вандпазирӣ, грамматика – дастур, материал – мавод намунаи равшани ба таври бунёдӣ таѓйир ёфтани истилоҳҳои забоншиносӣ мебошад.

Дастури забони тоҷикӣ танҳо фарогири қисмати суннатии дастур – сарфу наҳв намебошад. Он бояд бахшҳои вожагон, вожашиносӣ, ибораҳои рехтаи фразеологӣ, матншиносӣ ва шояд таърихи дастурнависиро фаро гирад. Яъне навиштани дастури ҷомеи забони тоҷикӣ дар назар дошта шавад, ки фарогири тамоми ҷанбаҳои дастурнависӣ бошад.

Хулоса, масъалаҳои баҳсталабу баҳсбарангез дар дастури забони адабӣ моро водор месозад, ки барои таҷдиди назар ба ин масъалаи бисёр муҳими забонишиносии тоҷик бикушем. Ин кор танҳо бо таҳияи дастур аз тарафи як - ё ду муҳаққиқ муайяну ҷамъбаст намешавад. Ҳадди ақал дар қаламрави забоншиносии тоҷик ин масъала пеш аз ҳама дар байни худи забоншиносон ҳамчун ихтисосмандони ин ришта баррасӣ шавад. Масъалаҳое, ки мавриди ѓавру баррасӣ қарор мегиранд ба таври умумӣ ва пешакӣ чунинанд:

1. Ҳамгунсозии истилоҳоти забоншиносӣ. Ин масъала бо бархурди забоншиносии суннатӣ бо сохторгароӣ ва вуҷуд доштани истилоҳоти гуногун барои ифодаи як мафҳум ба як масъалаи бисёр муҳиму мубрам табдил ёфтааст. грамматика – дастур...

2. Масъалаи номгузорӣ ва ҷобаҷогузории ҳиссаҳои нутқ. Дар масъалаи номгузорӣ ба ақидаи мо дастурнависии тоҷик, ки таҳти таъсири забоншиносии рус ё сохторгароёнаи рус қарор доштанд, нисбатан мушаххастар рафтор кардаанд. Масалан, шумора – теъдод, зарф – қайд ва ѓайра. Дар масъалаи ҷобаҷогузории ҳиссаҳои нутқ дар забоншиносии суннатӣ 9 ҳиссаи нутқ (исм, сифат, замир, сифати нисбӣ, адад (шумора), феъл, қайд (зарф), пешояндҳо, нидо). Дар забоншиносии тоҷик аз даҳ ҳиссаи нутқ (исм, сифат, шумора, феъл, ҷонишин, зарф, сифати феълӣ, ҳиссачаҳо, пайвандакҳо, нидо) иборат аст, ки аз нобасомонӣ дар он хабар медиҳад.

3. Дар дохили худи сарфу наҳви суннатӣ ва сарфу наҳви имрӯзӣ аз ба кадом бахш дахл доштани баъзе категорияҳои дастурӣ то фарқ дар шумораи баъзеи онҳо тафовут дида мешавад. Ин тафовутро дар омӯхтани ибораҳо дар дохили сарф (бо исмҳо якҷоя омӯхтани ибораҳо) ва ба бахши наҳв дохил намудани онҳо дар дастури сохторгароӣ мушоҳида менамоем.

Ҳамин тариқ, бо сабабҳои гуногун байни мардуми тоҷикзабон (марзбандиҳои давлативу сиёсӣ, тағйири алифбо, гусастагӣ ва пайдо шудани ноошноӣ ба дастурҳои суннатӣ, пешравиву тақлид ба назарияҳои забоншиносии рус ва тақсимбандии дастур (овошиносӣ, маъношиносӣ, сарф, наҳв) дар асоси ин назарияҳо, таҳияи грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик дар асоси забони тоҷикии асри ХХ ва ғ.) дар дастурнависӣ (на танҳо) тафовуту фарқиятҳо пайдо шудааст. Бинобар ин зарурати таҳияи «Дастури забони тоҷикӣ» масъалаи мубрами илми забоншиносии тоҷик гардида, ки дар таҳияи он бояд аз осори фаровони давраи пешин имрӯз намунагирӣ шуда, табақабандии дастур дар асоси меъёрҳои илмии санҷидашуда сурат гирифта, таҷрибаи фаровони дастурнависии суннатӣ бо истифода аз таҷрибаҳои ҷаҳонии дастурнависӣ асоси фаъолияти илмӣ гардад.

Бахши дуюми мақолаи устод Айнӣ бештар ба масъалаҳои имло бахшида шудааст. Дар ин бора ӯ чунин таъкид мекунад: «Дар имло ҳам дар матбуоти тоҷикӣ ба асоси он лоиҳа вайронкориҳо ҳанӯз хукмрон аст. Дар ягон забони маданӣ ва аз ин ҷумла дар забони русӣ дар навиштан талаффуз асос гирифта нашуда бошад ҳам, дар забони тоҷикӣ талаффузро асос гирифта масалан ба ҷои калимаҳои «анбор, занбар, ҷунбидан» - «амбор, замбар, ҷумбидан» менависанд.

Ва ҳол он ки дар забони тоҷикӣ аз талаффуз то навиштан фарқ доштани монанди суханҳои дар боло қайдшуда тасодуфӣ ва ғалати омма набуда, балки ба як асоси илмӣ такя мекунад, ки ин аз хусусияти забони тоҷикӣ омадааст: Дар забони тоҷикӣ ҳаргоҳ баъд аз нуни сокин (ан, зан, ҷан, қан ва монанди инҳо) ҳарфи «б» ояд, дар талаффуз он «б» ба «м» табдил меёбад.

Имлочиёни мо, ки аз ин хусусияти забони тоҷикӣ хабар надоранд, дар навиштан ҳам харфи «б»-и монанди калимаҳои мазкурро ба «м» табдил дода менавиштанд, бо ин корашон аз як тараф хусусияти- забони тоҷикро поймол кунанд, аз тарафи дигар луғатҳои бисёреро вайрон карда ба халқ тақдим менамоянд.

Катъи назар аз ин хусусияти забони тоҷик, агар дар имло талаффуз асос гирифта шавад, дар забон анархия пайдо мешавад, чунки талаффуз дар ҳар замон ва дар ҳар район дигаргуншавандааст, ҳатто басо дида шудааст, ки талаффузи шахсҳои ҷудогона ҳам аз якдигар фарқ мекунад. Сабаб ҳамин аст, ки то ҳол дар имлои забони тоҷикӣ анархия ҳукмфармост». (Айнӣ С. Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик//Мунтахаби асарҳои илмӣ. - Душанбе, Дониш, 2008.-с. 71-72). Дар натиҷа, бар асари чоп шудани ин мақолаи устод Айни масъалаи бознигарии имло ба вуҷуд омад ва лоиҳаи наве бо номи «Орфографияи забони тоҷикӣ» тартиб дода шуд.

Дар масъалаи имло ҳам асос гирифтани талаффуз дар навишти калимаҳо идома ёфта, меъёрҳои таърихӣ ё шаклӣ ба назар гирифта намешавад, ҳарчанд дар қоидаҳои имлои навқабулшуда барои даровардани баъзе тағйиротҳо дар навишти вожаҳо роҳ кушода шудааст. алифбои забони тоҷикӣ ҳоло аз 35 ҳарф иборат аст. Танҳо барои инъикоси овонавишти садонокҳои забон, ки аз шаш овоз иборат аст, 12 ҳарф истифода мешавад. Ҳарфҳои ётбарсар ё садонокҳои дуовоза тамоман ба забони тоҷикии марҳилаи нав (дар давраи бостон дифтонгу трифтонг вуҷуд дошт) бегона аст, вале зери таъсири алифбои русӣ, он то ҳол дар алифбои мо вуҷуд дорад. Аз тарафи дигар дар навишти феълҳои забони тоҷикӣ, ки дар шакли масдарӣ “ӯ” надоранд, дар асари ба назар гирифтани талаффузи онҳо, ин аломат ҷо дорад: гуфтан-гуфтугӯ, шустан-шустушӯ, ҷустан-ҷустуҷӯ ва ғайра. Аз ҳама аҷиб ин аст, ки барои ифодаи садонокҳо 12 ҳарф вуҷуд дорад.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО