Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
11 Nov 2025
Submitted by Admin
24

Аз паҳн гардидани хабари нишотбахши фарҳангиву адабӣ дар дунёи маҷозӣ, ки вобаста ба бузургдошти Робиаи Балхист, бениҳоят шод гардидем.

Мувофиқи ин хабар Ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар радифи 65-солгарду ҷашнвора ба феҳрасти таҷлили солҷашнҳо барои соли 2026-2027 инчунин таҷлили 1050-солагии Робиаи Балхӣ - нахустин бонуи суханвари тоҷикро низ ворид намуд, ки воқеан боиси сарфарозӣ ва ифтихори мо ворисони ӯ мебошад.

Робиаи Балхӣ яке аз нахустин ва барҷастатарин бонувони порсигӯйи адабиёти деринаамон буда, дар охири асри Сомониён зиставу бо ашъори худ дар раванди эҳёии адабиёти оламгири он даврон ширкати фаъол доштааст. Дар охири давраи фаъолияти Устод Рӯдакӣ зиставу сабки рӯдакивори шеъру адаби даврони Сомониёнро дар Балхи Бомӣ – яке аз нахустин хостгоҳҳои шеъру адаби ниёгони шарафмандамон бо маром идома бахшидааст.

Шеърҳои боқӣ монда аз Робиа далели боэътимод бар суханвари тавоно ва дорои шуҷоати беназири адабӣ будани ӯянд:

Фишонд аз савсану гул симу зар бод,

Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод!

Бидод аз нақши Озар сад нишон об,

Намуд аз сеҳри Монӣ сад асар бод!

Ва:

Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,

Чаман ранги Аржанги Моно гирифт.

Аз ду девони мукаммали ашъори Робиаи Балхӣ (ки яке ба забони модарии ӯ – тоҷикӣ ва дигаре бо забони арабӣ будааст), 55 байт беш боқӣ намонда. Аммо аз ин мероси андаки ӯ бино ба қавли Авфии шеършиносу шоирдӯст «Духтари Каъб агарчи зан буд, аммо ба фазл бар мардони ҷаҳон бихандидӣ, фориси ҳарду майдон ва волии ҳарду баён, бар назми тозӣ қодир ва дар шеъри порсӣ бағоят моҳир ва ба ғояти закои хотир» будани Робиаи Балхӣ барҳақ аён аст. Дар сатҳи ЮНЕСКО таҷлил гардидани 1050-солагии Робиаи Балхӣ воқеан аз шинохти сухани дилангези ин модари шеъру адаби порсии тоҷикӣ ба шумор меояд.

Бинобар ин барои ҷовидонӣ ва манбаи ифтихору худшиносии доимӣ гардонидани ному корномаи адабии ӯ зарур аст, ки Ҷоизаи ба номи Робиаи Балхӣ низ таъсис дода шавад!

Анзурати Маликзод, н.и.ф., ходими пешбари шуъбаи таърихи адабиёти Институт

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО